casino malaysia
casino malaysia
  Олими тавоно ва шахсияти воло (Бахшида ба зодрӯзи камолоти академик Кароматулло Олимов)

wrapper

 

Кароматулло Олимов олими намоён, ходими давлатӣ ва сиёсатмадор, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муҳаққиқи шинохтаи таърихи фалсафаи тоҷик  буда, дар байни аҳли илму адаби тоҷик ва бисёр кишварҳои хориҷӣ ҳамчун як шахсияти бонуфузу хирадманду тавоно маълуму машҳур аст.
Кароматулло Олимов дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, айёми кудакию навҷавонии хешро дар ҳамон ҷо гузаронидаанд. Падарашон  ба унвони табиби анъанавӣ-мардумӣ ба табобати мардуми диёри хеш машѓул буданд. Модари бузургвори Кароматулло Олимов фарзанди мударриси шинохтаи ибтидои асри ХХ Киромии Истаравшанӣ буда, аз занҳои босаводу донишманд ва донандаи шеъру адаб буданд. (Ёдашон ба хайру рӯҳашон шод бошад). Устод Кароматулло тарбияи чунин падару модарро гирифтаанд, ки ҳамчун як шахсияти комилу солим ва дорои фазилатҳои хосеанд, ки ифтихори мардуму миллатамон мебошанд. Аз ин ҷо, «Кароматулло Олимов инсони комиланд – барои дӯстон беҳтарин рафиқу ҳамсафар, барои шогирдон – накутарин устоду мураббӣ ва барои фарзандону наберагон – мушфиқтарини падару бобоянд. Ин хислатҳои эшон мерос аз волидайни зиёӣ, самараи тарбият дар оилаи фарҳангӣ… аст».[1]
Кароматулло Олимов соли 1964 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм намуда, ҳамон сол ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ дохил мешаванд. Соли 1971 дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Саноии Ѓазнавӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Фалсафаи Хуросон» (Таҳлили таърихӣ-фалсафӣ) дар шаҳри Тошканд бо муваффақият дифо намуданд.  
Кароматулло Олимов аз соли 1967 то соли1969 бо унвонҳои ходими хурд, ходими калон, ходими пешбари илмӣ ва мудири сектори таърихи фалсафа дар «Шуъбаи Фалсафа» (ҳозира ИФСҲ)-и АМИТ фаъолият ва мудирият кардаанд.[2]   
Зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти академик Кароматулло Олимов гуногунҷанба аст. Ӯ солҳои 1974-1977 ба ҳайси сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шарифи Афѓонистон иҷрои вазифа намудаанд. Баъдан дар солҳои 1980-1984 дар шаҳри Кобул ба унвони роҳбари гуруҳи мутарҷимонҳои Мушовирони ҲК дар КМ ҲХДА ва тарҷумон маслиҳатчии мушовири махсуси КМ ҲКИШ дар назди котиби генералии ҲХДА Бабрак Кормал (ш.Кобул) ва ҳамчунин котиби дуюми сафорати Иттиҳоди Шуравӣ адои вазифа намудаанд.
 Академик Кароматулло Олимов дар бахшҳо ва соҳаҳои гуногун фаъолияту роҳбарият намудаанд, аз ҷумла: мудири бахши Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1985-1990); Мушовири идеологии КМ ҲКТ (1990-1991); мудири кафедраи фалсафаи АИ ҶТ (1992-2000); котиби якуми Кумитаи щаҳри Душанбеи ПК Тоҷикистон (1996-2000); узви комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000); намояндаи Маҷлиси шаҳри Душанбе  (1996-2000); Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004); Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа (2004-2007); Раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои ЮНЕСКО (2001-2012); Директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2008); Директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «2008-2010); Ноиби Президенти Академияи илмҳои ҶТ, - Раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ (2010-2016); узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (2010-2016) ва дар феъли ҳозир сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ шуда кор мекунанд.
Таҳти роҳбарии академик Кароматулло Олимов аспирант ва докторантҳои зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Аз ҷумла Содиқова Н.Н.-доктори илмҳои фалсафа, Зиёев Х.-доктори илмҳои фалсафа, Зиёев И.-доктори илмҳои фалсафа, Мирзоев Ѓ.-номзади илмҳои фалсафа, Диноршоева З.-номзади илмҳои фалсафа (ҳоло доктори илмҳои фалсафа), Муҳаммадхоҷаева П.-номзади илмҳои фалсафа, Асрорӣ М.-номзади илмҳои фалсафа, Муллобоева Д.-номзади илмҳои фалсафа, Иброҳимов Фурқат – номзади илмҳои фалсафа ва гуруҳи унвонҷӯёни Эронӣ – Ашрофӣ, Зиёи Сейед Абдолхамид Сейед Насроллаҳ, Дехешкаргоне Фарахани Махиналсада, Маъсума Махдавӣ, Доизода Ҷилодор Амин Шукруллоҳ рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои фалсафаро гирифтанд.
Чунонки мебинем академик Кароматулло Олимов як шахсияти ҳаматарафа дар соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, иҷтимову сиёсат, роҳбарияту ҳидоят ва ҳамчунин тарбияи шогирдону кадрҳои илмӣ ҳамчун як олиму муҳаққиқи таърихи фалсафаву ирфон, шарқшинос, сиёсатшинос кору фаъолият намуданд. Аз он ҷумла дар таҳқиқи афкори фалсафаи ниёгон саҳми арзандае гузошта, паҳлуҳои мухталифи ҷаҳонбинии Абулмаҷди Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Мустамлии Бухороӣ, Абдураҳмони Суламӣ, Абдулкарими Қушайрӣ, Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ, Носири Хусрав ва дигар мутафаккиронро ҳаматарафа баррасӣ намуда, дар шакли китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ дастраси аҳли илму адаб ва хонандагон намуданд. Устод Кароматулло Олимов шахси ҷӯяндаву омӯзанда буда, ҳикмати Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ,  Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар мутафаккирону донишмандонро омӯхта, таълимот ва равишҳои пешгирифтаи онҳоро баррасӣ намуда,   ҷавҳари онро ба худ гирифтанд.  
Академик  Кароматулло Олимов зиёда аз чорсад китобу мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навиштаанд, ки метавонем чанде аз китобҳои муаллифро ном бибарем: «Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ» (Душанбе,1973), «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» (1988), «Тасаввуфи Хуросон» (таҳлили таърихӣ-фалсафӣ, ба забони русӣ), (Душанбе,1994),[3] «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ» (Душанбе,1995), «Баррасиҳо дар тасаввуф» (Душанбе,1999), тарҷумаи китоби «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишер  Навоӣ ба100-умин солгарди академик А.Баҳоваддинов) (Душанбе,2011), «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» (Душанбе, 2013), «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ» (Душанбе,2014), «Олами ирфон» («Мир суфизма»), (Душанбе,2014.-670с.), «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11 (Душанбе, 2019), «Машъалафрузони хирад» (Душанбе,2021), «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ» (Душанбе, 2024), «Таърихи фалсафаи тоҷик» (ба забони тоҷикӣ - муҳаррир ва ҳаммуаллиф, панҷ ҷилд, ҷамъан ҳафт китоб ), силсилаи мақолаҳо дар бораи таърихи фалсафа, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, проблемаҳои мубрами фарҳангию сиёсии дохилӣ ва дунёи муосир арзиши муҳиме доранд. Бо саъю талоши ӯ аввалин бор «Таърихи фалсафаи тоҷик» дар се ҷилд ба забони русӣ («История таджикской философии с древнейших времён до ХУ века», т.1,2,3) ба нашр расид. Ҳамчунин муаллиф дар таҳия ва нашри осори Абуалӣ ибни Сино ва тарҷумаи асарҳои ӯ ба забони русӣ саҳми арзандае доранд. Аз он ҷумла китоби Абуалӣ ибни Сино «Мабдаъ ва маод» ва рисолаи «Азҳавия»-ро ба забони русӣ аввалин бор тарҷума намуда, дастраси аҳли илму адаб намудаанд. Ҳамчунин китоби «Ишорот ва танбеҳот»-и Абуалӣ ибни Синоро (бо ҳамкории Кишвар Аскардаев ва Оля Зиёваддинова) аз форсӣ ба тоҷикии кириллӣ баргардониданд. Дар баробари инҳо «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишер Навоиро аз ӯзбакӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудаанд.
Кароматулло Олимов мақолаҳои зиёде доир ба ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ навиштанд, ки дар онҳо мақом ва ҷои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин дастовардҳо бузург медонанд.
Нақши академик Кароматулло Олимов дар ҳифзи мероси ниёгон, мероси  фарҳангӣ, маданӣ-тамаддунии кишварамон ниҳоят бузург мебошад, ки далели ин фикр мақолаи ӯ «Защита культурного наследия во время вооружённых конфликтов» шуда метавонад. Дар ҳамин маҷалла мақолаи муаллиф бо унвони «Дастур-ул-мулук»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва аҳамияти он дар омӯхтани шеваи давлатдорӣ ва роҳбарӣ» (саҳ.106-107) чоп шудааст, дорои аҳамияти актуалӣ буда, хидмати Хоҷа Самандари Тирмизиро дар роҳу равиши давлатдорӣ баррасӣ намуданд, ки барои замони муосир низ аз аҳамият холӣ нест.    
Кароматулло Олимов муҳаббату завқ ба шеъру адабро аз волидайни худ, махсусан модари гиромиашон мерос гирифтаанд. «Анвори меҳр» (Маҷмуаи шеърҳо.-Душанбе,2021),  «Паёми садоқат» (Душанбе, наш.: «Адиб», 2014.-194с.) маҷмӯаи шеърҳои он кас мебошад, ки мавзӯҳои гуногуни замону ҳаёти шахсии худи шоиру муҳаққиқи фалсафаву тасаввуфро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки зери назари устод Кароматулло Олимов бисёр маҷмуа, рисолаҳои илмӣ ва адабию маълумотӣ ба чоп расиданд ва дар айни ҳол муқарризи китобҳои зиёде буданд.  
Хизмати  академик Кароматулло  Олимов аз ҳама бештар дар соҳаи таърихи фалсафаи тоҷик бузург аст. Ӯ дар осори худ исбот карданд, ки таърихи фалсафаи тоҷик ва таълимоти мутафаккирони он бою ѓанӣ буда, пур аз дурдонаҳои  илму маърифат, маънавиёту  гуманизм, ахлоқу одоби ҳасана ва амсоли инҳо мебошад, ки дар тарбияи насли муосир ва ҳидояти онҳо дар роҳи дуруст нақши босазое мебозанд. Дар айни замон ӯ муҳаққиқи тасаввуфу ирфон мебошад, ки корҳои зиёде анҷом доданд ва исбот намуданд, ки тасаввуфу ирфон ҷанбаҳои муҳими фалсафӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, худшиносии миллӣ дошта, дар тарбияи инсон ва ба камолот расонидани он нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, муҳаққиқ менависад, ки «…халқи тоҷик ба ҷаҳони тамаддун чунин нобиѓаҳоеро ба мисли Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Имом Ѓаззолӣ, Закариёи Розӣ, Саноӣ, Аттор, Хайём, Ҷомӣ, Биноӣ, Низомулмулк, Байҳақӣ, Наршахӣ, Мавлонои Румӣ (Балхӣ), Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш додааст…». Ва «танҳо номбар кардани ин бузургон ва садҳо адибону олимон, таърихнигорону сиёсатмадорон дар вуҷуди  ҳар тоҷики воқеан дорои эҳсосу идроки миллӣ буда бояд ангезаи бузурги ифтихор ва масъулиятро бештар намуда, тааллуқ доштани худро ба ин миллат, ба ин забон, ба ин фарҳанг ҳамчун тӯҳфаи олитарини сарнавишт ва таърих бояд донад».[4] Аз тарафи дигар хизмати бузурги Кароматулло Олимов дар он аст, ки он кас тавонистанд таъриху фарҳанг ва илму тамаддуни мардуми тоҷикро на танҳо ба аҳли илму адаби ватанӣ, балки берун аз кишвар ба дигар миллату кишварҳои  хориҷӣ  муаррифӣ намоянд. Иртиботи илмӣ-ҳамкории Кароматулло Олимов бо Институти фалсафаи шаҳри Москва, Донишгоҳи технологӣ ва идораи Москва (филиали Мелеуз – МГУТУ) ва Донишгоҳи педагогии давлатии ба номи Акмуллои Башқордостони ФР ва баромадҳои ӯ дар бораи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик дар назди устодону донишҷӯёни он ҷо мисоли равшани фикри боло шуда метавонад.
«Тасаввуфи Хуросон» аз асарҳои барҷастаи  устод Кароматулло Олимов буда, соли 1994 ба табъ расидааст, ки дар он нахустин бор дар илми таърихи фалсафаи тоҷик ҳаёту осор ва таълимоти суфиҳо ва орифони барҷаста ва машҳури Хуросони асрҳои 1Х-Х11 ба таври васеъ ва ҳаматафа мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Муаллиф масъалаҳои муҳими  таълимоти онҳо - ҳастӣ, маърифат, ахлоқ, маънавиёт ва иҷтимоиётро тибқи равиш ва методологияи  пешқадами илми муосири фалсафӣ ва ҷаҳонбиниву арзишҳои умумибашарӣ таҳлилу таҳқиқ намудааст. Ҳамчунин таҳқиқоти ӯ дар бораи ҳаким Саноии Ѓазнавӣ, ки аз бузургони илму адаби асрмиёнагӣ буд, дорои арзиши воло мебошад. Ва чунонки худи муҳаққиқ қайд мекунанд осори Саноии Ѓазнавӣ оинаи равшани муборизаҳои фикрӣ ва тазодҳои феодалии асримиёнагӣ, баёнгари тараққӣ ва вусъати бештари он дар олами исломи он давра мебошад. Мувофиқи навиштаи худи муаллиф ҳаким Саноии Ѓазнавӣ маснавиҳои зиёде навиштааст, ки бузургтарин ва муҳимтарин асари ӯ «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа» буда, бештар аз даҳ ҳазор байтро дар бар гирифтааст.  Дар он масоили фалсафӣ, ирфонӣ, тиббӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, илмӣ ва адабӣ баррасӣ шудааст.[5] Муҳаққиқ ҷаҳонбинии Саноии Ѓазнавиро рӯи ин масъалаҳои номбурда ба таври васеъ таҳлилу таҳқиқ намуда, мақоми ӯро дар таърихи илму фарҳанги тоҷик нишон медиҳад. Ин буд, ки 850-умин солгарди Саноии Ѓазнавӣ ба феҳристи санаҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардидаст, ки аз бузургии шахсият ва мақоми баланди мероси пурарзиши ӯ дар қатори шоҳкориҳои назми ҷаҳонӣ аст, ки ифтихори муштараки мардуми форсизабонон, махсусан тоҷикон мебошад.   Аз ин рӯ, ӯ таъкид менамояд, ки «барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ», солим ва худогоҳии воқеӣ омӯхтани илмҳои ҷомеашиносӣ, фалсафа, ахлоқ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ ниҳоят зарур аст.[6]
Асарҳои илмии Кароматулло Олимов дар Эрону Афѓонистон, Узбакистон, Олмон, Лаҳистон, ИМА, Руссия ва дигар мамлакатҳои ѓарб чоп шуда, арзишу ҳастии илму фарҳанг ва таърихи бою ѓанӣ доштани тоҷиконро боз як бори дигар дар байни мардуми берун аз кишвар собит мекунад. Махсусан баромадҳои ӯ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалии илмию фарҳангшиносӣ, ки масоили умдаи илми фалсафа ва таърихи ташаккулёбии онро мавриди баҳсу мунозира қарор додааст, арзишҳои хоси худро дорад.
Осори гаронбаҳои ин олими тавонои тоҷик дар омӯзишу баррасии масъалаҳои мубрами фалсафа, махсусан фалсафаи тоҷик ва дигар риштаҳои илм ҳамчун чароѓи ҳидоят барои дӯстдорони илму адаб ва олимони ҷавони кишварамон мебошад.
Академик Кароматулло Олимов дар баробари олиму муҳаққиқ буданашон боз дар замони муосир дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор ва хизмат намудаанд. Аз он ҷумла дар вазифаҳои Вазири фарҳанг ва мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон адои хизмат намудаанд. Ҳамчунин чанд сол ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарвари Шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии Академияи илмҳои Ҷумҳуриро низ ба уҳда доштанд.    
Кароматулло Олимов солҳои 2001-2012 раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои Юнеско буданд ва дар ин муддат як қатор корҳои муҳимеро барои фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик анҷом доданд. Махсусан ба феҳристи ёдгориҳои ѓайримоддии Юнеско ворид намудани шоҳасари мусиқии мардуми тоҷик «Шашмақом» (Париж, 2003), ба феҳристи ёдгориҳои таърихии Юнеско дохил намудани Саразм, ба феҳристи ёдгориҳои табиӣ Юнеско дохил шудани «Боѓи миллии Тоҷикистон» ва баргузории Рӯзи Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоштаанд.
Кароматулло Олимов дар тарбияи шогирдони зиёде, аз ҷумла номзадҳои илмҳои фалсафа ва докторҳои илм хидмати босазое намудаанд. Чандин солҳо ба сифати Раиси Шурои диссертатсионии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви шуроҳои дигари диссертатсионӣ ва илмӣ дар тайёр кардани кадрҳои дорои унвонҳои олии илмии номзад ва доктори илмҳои фалсафа масъулияти ҷиддиро ба уҳда доштанд.
Кароматулло Олимов Сармуҳаррири «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010-2016), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои Ҷумҳуриву хориҷӣ, аз ҷумла «Ахбори ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини Раиси Шурои илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», маҷаллаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Оренбург «…Инновация. Инвестиция» мебошад. Ҳамчунин Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Покистон, узви Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, узви Раёсати Кумитаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Сармуҳаррири «Донишномаи Истаравшан» мебошанд. Бо ташаббуси академик Кароматулло Олимов дар деҳаи Боѓи Калони шаҳри Истаравшан ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Академик Кароматулло Олимов барои хизматҳои шоистаашон бо орденҳои «Нишони фахрӣ»-и Иттиҳоди Шуравӣ (1982), «Шараф» дараҷаи 1 (2003), бо медалҳои ҷашнии Раёсати Шурои Олии ИҶШС, нуқрагии «Мавлоно» ва «Ибни Сино»-и ЮНЕСКО (2007, 2009), медалҳои Ҷумҳурии Демократии Афѓонистон «Аз халқи миннатдори афѓон» (1997), бо унвони Сафири сулҳи ҷаҳонӣ (Ню-Йорк. 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), дипломи «Барои саҳми шахсӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ» (СПб, 2013), ҷоизаи байналмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ (2016), грамотаҳои фахрии АИ ҶТ ва ѓайраҳо мукофотонида шудаанд.
Академик Кароматулло Олимов олим, муҳаққиқ, файласуф, бародару ҳамкор, дӯсти хубу бошахсият ва меҳрубону хоксор мебошанд. Ҳамаи ин сифату хусусиятҳо натиҷаи тарбияи хонаводаи дорандаи ахлоқи ҳасанаву фарҳанги воло мебошад. Муҳтарам Кароматулло Олимов ҳамин анъанаи хонаводагии хешро давом дода, фарзандонашонро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ, худшиносӣ, хоксориву одамгарӣ тарбия намуда, соҳиби касбу ҳунар намудаанд. Албатта, дар ин ҷо саҳми оилаи он кас кам нест, зеро ки танҳо модар аст, ки пастиву баландӣ ва мушкилиҳои зиндагиро бар души худ мегирад, ки чаҳор фарзанди хешро дар якҷоягӣ бо ҳамсари меҳрубону ѓамхори худ тарбия намуда, соҳиби касбу кор намудаанд. Фарида – духтур дар таваллудхонаи рақами яки ш. Душанбе кор мекунанд; Фаррух дар кумитаи дин адои вазифа менамояд, Фаросат – мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи омӯзгорӣ ва писари хурдии он кас Ѓуфрон дар шаҳри Москва машѓули корранд. Дар охир мехоҳам устод ва бародари муҳтарамамон Кароматулло Олимов  бо аҳли хонаводаашон ҳамеша тансиҳату шодоб ва хушбахту рӯҳбаланд бошанд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки бигзор нури илму ахлоқи ирфонӣ зиндагии он касро саршор аз маърифату заковат ва паймонаашонро пур аз бодаи хиради оламафрӯз намояд.
 
 
МуродоваТоҷинисо-н.и.фал., дотсент, ходими пешбари
ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia