casino malaysia
casino malaysia
Маълумотномаи “ҷилди i-и «осор»-и Абӯалӣ ибни Сино”

wrapper

Дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, “Осор”-и Абӯалӣ ибни Сино тарҷума, таҳия ва таҳқиқ мегардад, ки то имрӯз 16 ҷилди “Осор”-и Абӯалӣ ибни Сино аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва пешниҳоди хонанда гаштааст.
Ҷилди I «Осор»-и Абӯалӣ ибни Сино бо талошу кӯшишҳои донишмандон ва тарҷумонҳои забардасти ҷумҳурӣ аз қабилӣ М. Илолов, М. Диноршоев, А. Шарипов, Ғ. Ашӯров, Х. Додхудоев, А. Комилов, К. Қурбонов, Т. Мардонӣ, Ғ. Мироҷов, А. Муҳаммадхоҷаев, Ю. Нуралиев ва С. Сулаймонов соли 2005 ба нашр расидааст.
Академик Мусо Диноршоев дар ин ҷилд бо номи “Афрӯзандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат” муқаддима навиштаанд. Хонандаи огоҳ медонад, ки М. Диноршоев яке аз файласуфони соҳибмактаб ва синошиносӣ бузург буданд. Дар муқаддима эшон доир ба кору пайкори донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино маълумот дода, нақши эшонро дар илмҳои фалсафа, мантиқ, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт ва тиб муайян намудаанд.
Дар китоб  таълифоти зерини Ибни Сино: “Рисолаи саргузашт”, “Донишнома” - бахшҳои “Мантиқ”, “Илоҳиёт”, Табииёт, “Ишорот ва танбеҳот”, “Мабдаъ ва маод” ва рисолаи “Азҳавия” тарҷума, таҳия ва нашр шудаанд.
 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia