casino malaysia
casino malaysia
   Хирад гавҳари шаҳриёрон бувад.     (Ба истиқболи 80-умин солгарди зодрӯзи академик Кароматулло Олимов)

wrapper

          

Тоҷикон аз қадимулайём ба илму дониш ва хиради инсонӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доштаву дар ҳама давру замон барои рушду пешрафташон хидмат намудаанд. Ташаккулу рушди илм ва дониш, махсусан илми фалсафа пеш аз ҳама бар дӯши афроди хирадманду равшанзамири миллат будааст, ки дастпарварони баъдинааш донишу таҷрибаи ғании худро дар замони истиқлол низ, дар роҳи пешрафту тараққии Ватан сарф мекунанд. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба мақом ва нақши илм дар инкишофи ҷомеа диққати хосса дода, истифодаи дастовардҳои илмиро дар роҳи тараққии ҷомеа аз самтҳои афзалиятдоштаи сиёсати хеш қарор додаанд ва баҳри густариши он аз тамоми имконоти мавҷуда самаронок истифода менамоянд. Дар амалӣ намудани ин сиёсати созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои ба он рабтдошта дар соҳаи илм ва маориф пеш аз ҳама саҳми олимону донишмандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ хеле муҳим аст.
  Аз зумраи он олимону донишмандон, ки ҳаёту зиндагӣ ва илму дониши фаровони худро барои пешрафт ва ободии кишвар, пеш аз ҳама барои рушди илм ва маорифи он равонаву сарфа намудаанд, устод Кароматулло Олимов мебошад. Он кас аз шахсиятҳои шинохтаи дар Тоҷикистон ва берун аз он аст, ки ба муаррифии алоҳида эҳтиёҷ надорад, вале баёни чанд матлаб дар мавриди осору фаъолияти ин донишманди барҷаста, олими шинохта, муҳаққиқи хушсалиқаву соҳибмактаб, инсони фурӯтану хоксор ва ватандӯсту ватанпарвар барои аҳли назар аз аҳамият холӣ нест. Ӯ дар ҷомеаи мо ба ҳайси олими варзида, сиёсатмадори дурандеш ва ходими давлативу ҷамъиятӣ кайҳо боз соҳиби обурӯву эътибор мебошад.
Дар доираҳои илмии ватаниву хориҷи кишвар ӯ ҳамчун муҳаққиқи соҳаи таҳқиқу омӯзиши таърихи афкори фалсафӣ, афкори иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқии мардумони Шарқ ва инчунин масоили назариявиву методологии фалсафаи муосир шинохта ва пазируфта шудааст. Ба қалами устод бештар аз 400 асари илмӣ тааллуқ дорад, ки дар онҳо таълимоти фалсафиву ахлоқӣ ва инчунин илмии бузургтарин мутафаккирони тоҷик ва Машриқзамин аз зумраи Ҳаким Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Сулламӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Абулҳасани Харақонӣ, Мустамлии Бухороӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Алишер Навоӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва ғайраҳо таҳлилу таҳқиқ шудаанд. Дар ин баррасиҳои худ Олимов аз худ як донишу қобилияти баланди таҳқиқотӣ ва мӯшикофона нишон дода, паҳлуҳои то ба ҳанӯз омӯхтанашудаи афкори ин мутафаккирон ва ҷанбаҳои барои фарҳангу маънавиёти имрӯзаи мо муҳими онҳоро равшан ва ба хонанда пешкаш намудааст. Ҳамаи ин таҳқиқотҳо аз тарафи олимон ва мутахассисони соҳа баррасӣ шуда, баҳои баланд гирифтаанд.
  Намунае чанд аз таълифоти илмии Кароматулло Олимов дар ин самт аз қабили «Ҷаҳонбинии Саноӣ» (Душанбе,1973, бо забони русӣ), «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» (Душанбе,1988), «Тасаввуфи Хуросон» (Душанбе,1995, бо забони русӣ), «Баррасиҳо дар тасаввуф» (Душанбе,1999), «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X- XII» (Душанбе, 2019), «Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Зуфархон Ҷавҳарӣ» (Душанбе, 2020), «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» (Душанбе, 2021)», «Ахтари дурахшони илм (Таҳқиқоте мухтасар дар бораи академик М. Осимӣ), (Душанбе, 2020)» ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст, ки арзиши баланди илмӣ дошта, миёни муҳаққиқон чун асарҳои гаронмоя ва миёни устодону донишҷӯён бошад, ҳамчун сарчашма ва дастури таълимию таҳқиқотӣ қабул шудаанд. Муаллиф дар ин асарҳо бар асоси сарчашмаҳои зиёди таҳқиқнашуда ва чанде таҳқиқоти муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таълимоти мутафаккирони аҳли ирфонро мунсифона аз мавқеи интиқодӣ таҳқиқ намуда, ҳам ҷанбаҳои мусбию арзишманд ва ҳам нуқсони андешаҳои онҳоро муайян кардааст. Ҷиҳати хоси таҳқиқоти муаллиф дар ин асарҳо дар он зоҳир мешавад, ки он кас дар доираи методологияи илмӣ ба масъалаи таълимоти тасавввуф аз мавқеи манофеи имрӯзаи миллию давлатии мо муносибат карда, таълимоти ин ҷараёнро дар муҳити тарбияву ахлоқ ва фазои маънавӣ зарур баррасӣ намуда, дар низоми ҷаҳонбинӣ бошад, таъкид бар он мекунад, ки ин таълимот имрӯз набояд ба илмҳои дақиқ ва ҷаҳонбинии илмиву дунявӣ, ки тақозои замони муосир аст, зиддият ва ба он мушкилӣ эҷод намояд. Муаллиф дар асари тозанашри худ «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асри X- XII» (Душанбе, 2019)  ин матлабро равшантар баён намуда, зикр мекунад, ки сиёсатҳои навистеъмории кишварҳои хориҷиву ғарбӣ ва “иштиҳои” сернашавандаи трансмонополияҳо, ки сарватҳои табии ҷомеаҳои исломӣ ва бозорҳои онҳоро таҳти тасарруфи худ гирифтанӣ ҳастанд, исломи бунёдгаро ва тасаввуфро низ чун нерӯи муқовимати кишварҳои исломӣ дар солҳои охир ба сӯи тундгароӣ равона намудаанд. Вале ба вуҷуди ин, дар ин таълимот дар асрҳои миёна андешаҳои сулҳи кулл ва ваҳдати инсонӣ низ ҷой доштанд, ки ҳанӯз ҳам дорои аҳамият мебошанд ва онҳоро аз назариёти ифротгароёну мутаассибон ҷудо бояд кард.
Дар асари дигараш «Ахтари дурахшони илм (Таҳқиқи мухтасар дар аҳвол ва осори илмии академик Муҳаммад Осимӣ), (Душанбе, 2020)»  Олимов фаъолият ва осори илмии олими намоёни тоҷик, собиқ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимиро ба риштаи таҳқиқ кашида, ба ин хулоса омадааст, ки осори ин шахсияти миллӣ имрӯз ҳам аҳамияти илмӣ ва тарбиявии худро аз даст надодааст ва барои ҳалли масъалаҳои фалсафӣ, таърихӣ ва ховаршиносӣ мусоидат хоҳад кард. Дар китоби дигари худ «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» (Душанбе, 2021)» муаллиф паҳлӯҳои гуногуни фаолияту заҳмати Президенти кишварро дар замони истиқлол баррасӣ намуда, саҳми он касро дар бақо ва рушди давлатдории миллии мо асосӣ арзёбӣ мекунад. Бо таъкиди муаллиф нақши нухбагони сиёсӣ барои миллат дар рафти бархӯрди манфиатҳои геополитикии ҷаҳони имрӯза ва раванди ҷаҳонишавӣ хело муҳим мебошад.   
 Кароматулло Олимов дар баробари ин, дар кори омодаву таҳрир ва ба нашр таёр кардани асарҳои барои илми имрӯзаи тоҷик муҳиме аз қабили нашри «Осори мунтахаби Ибни Сино» ҷилдҳои 1 ва 2, «Мунтахаби осори Ҳаким Саноӣ» дар ду ҷилд, «Мунтахаби осори Зуфархон Ҷавҳарӣ», «Осори Абдуллоҳи Ансорӣ» ва ғайраҳо саҳми бевосита гирифтааст. Ҳамзамон дар таълифи китоби академии калонҳаҷми «Таърихи фалсафаи тоҷик: аз аҳди бостон то қарни ХV» бо забони русӣ ва панҷҷилдаи тоҷикии он роҳбарӣ карадаву саҳми бевосита доштанд. Ӯ ҳамчунин, дар тарҷума ва таҳрири осори фалсафии гузаштагонамон худро чун пажӯҳишгар ва тарҷумони вораста нишон додаст, ки тарҷумаи рисолаи «Азҳавия» ва китоби «Мабдаъ ва маъод»-и Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бо забони русӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Ин асарҳо дар муаррифии фалсафаи тоҷик дар байни муҳаққиқони хориҷи кишвар нақши муҳим доранд.
Устод Олимов дар китоби тозанашрашон “Дар қаламрави фалсафа ва сиёсат” (Душанбе, 2023) дар доираи мақолаҳои гуногун, ки солҳои пешин ва инчунин ба тозагӣ онҳоро иншо кардааст, масъалаҳои мухталифи методологӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи моро баррасӣ намуда, онҳоро аз дидгоҳи нав шарҳу тафсир додааст. Бо таъкиди дурусти муаллиф нигоҳи нав ба ин масъалаҳо барои муҳаққиқони имрӯзаи кишвар, махсусан барои муҳаққиқони ҷавон, аҳамияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалиро доро мебошад. Дар ин навишта муаллиф паҳлӯҳои то ҳанӯз ноомӯхтаи андешаҳои илмиву иҷтимоии донишмандони гузаштаи ватанӣ – академикҳо Б. Ғафуров ва А.М. Баҳоваддиновро, аз қабили масоили ташаккулёбии миллати тоҷик, ҳаматарафа  таҳлилу таҳқиқ намудааст.
Дар асари дигари ба наздикӣ таълифнамуаашон “Абурайҳони Берунӣ донишманди доиратулмаориф”(Душанбе: “Дониш”, 2023), ки ба истиқболи 1050 солагии мутафаккири машҳури Машриқзамин таълиф ёфтааст,  Олимов саҳми ин олими сатҳи ҷаҳониро дар рушди илмҳои нуҷум, ҷуғрофиё, мардумшиносӣ, таърих, забоншиносӣ, диншиносӣ, тақвимҳо ва ғайра баррасӣ намуда, моҳияти маърифати ақлониро дар ҷаҳонбинии ин мутафаккир муҳим арзёбӣ намудааст. Инчунин, муаллиф бамаврид зикр менамояд, ки Берунӣ тавассути асарҳои илмияш дар рушди истилоҳоти илмии забони тиҷикиву форсӣ саҳми бориз гузоштааст.    
 Асари дигари устод «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» низ дар ҳамин рӯҳия таълиф ёфта, заминаҳои таҳкими истиқлолияти давлатиро дар сатҳи ташаккулёбии шуури миллии аҳли ҷомеа баррасӣ мекунад. Дар ин ҷо зикр карданием, ки ин гуна таълифоту мақолаҳои Олимов қимати баланди илмиву таҳқиқотӣ дошта, ҳар кадом дар алоҳидагӣ баробари як рисолаи илмӣ арзиш доранд. Таҳлилу баррасии корҳои илмии Кароматулло Олимов ва ҳатто номбар кардани унвонии онҳо дар доираи як мақола ғайриимкон аст ва умедворем, ки мутахассисони худи ин соҳаҳо ба моҳияту хусусияти ин таълифоти Олимов васеътар равшанӣ хоҳанд дод:
                                  Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон,
                                   Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.         
Кароматулло Олимов дар баробари олими намоён будан ҳамчунин ташкилотчии беҳтарини соҳаи илм низ ба шумор меравад. Ӯ аз ходими илмӣ, мудири Сектори таърихи фалсафаи Инстути фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба вазифаҳои мудири кафедра, директори Инстути фалсафа ва ҳуқуқ, директори Инстутити шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ расида, инчунин дар вазифаҳои дигар низ ифои вазифа намудааст. Дар баробари кори илмӣ, он кас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамзамон дар вазифаҳои вазири фарҳанг, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо бомуваффақият ифои ваизифа намудааст. Аз соли 2001 то соли 2011 Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – ро ба ӯҳда дошт ва барои ба феҳрасти ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид намудани «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон» заҳмати зиёд кашидааст. Ҳамзамон, дар баргузории чорабиниҳои бузурге дар ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз қабили гузаронидани Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 дар Париж ва чандин фестивалу лоиҳаҳои барои ҷумҳурии мо муҳим хидмати арзандаи ватанпарастонаро анҷом додаст. Инчунин, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Покистонро низ раисӣ карда, барои таҳкими муносибатҳои нек бо ҳамсоякишварҳоямон саҳм гирифтааст. Дар ҳама вазифаҳое, ки фаъолият намудааст, фазои солим ва бовариву эътимоди ҳамкорону кормандон ва корхонаро ба вуҷуд овардааст. Саҳми Олимов дар истиқрори сулҳ ва ризоияти милии кишвар низ ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллӣ арзанда мебошад.
Соҳаи дигари бисёр муҳим ва назарраси фаъолияти устод Кароматулло Олимов бахши маорифу таълим ва омода кардани кадрҳои илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарӣ ва мушовараи устод чандин нафар рисолаҳои таҳқиқотӣ навишта, дараҷаҳои илмии докторӣ ва номзадии худро дифоъ намудаанд. Он кас солҳои тӯлонӣ аъзои Шӯрои дифои диссертатсионӣ ва ҳамчунин раисии онро ба зимма дошта, дар тайёр ва омода намудани рисолаҳои илмӣ ва мутаххасисони кисбӣ нақши бевосита бозидааст. Устод дар баробари муносибати нек ва хоксориву нармдилияш бо шогирдон ва унвонҷӯён боз бағоят серталаб ва сахтгир мебошанд. Нармдилии он кас ҳаргиз маънои пуштибонии бепоя ва «чашм пӯшидан» аз камбудиҳои шогирдонро надорад. Худи муаллифи ин мақола низ аз шогирдони устод Олимов буда, боиси сарфарозии худ медонам, ки ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докториямро зери роҳбарии ин шахсияти донишманду серталаб ҳимоя намудаам.
Имрӯз устод Олимов дар арафаи ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзашон қарор доранд ва ҳанӯз ҳам ва бо неруву тавони даврони ҷавонӣ дар рушду пешравии илми тоҷик саҳмгир ҳастанд. Ин неруву қудрати устод пеш аз ҳама аз муҳаббати фаровонашон ба Ватану кишвар ва аз хиради шаҳриёриву ватандорияшон маншаъ мегирад. Мо устодро ба ин ҷашни фархундаи милодашон муборакбод гуфта, аз забони шоир барояшон таманно мекунем:
 Аё устод, дунё бар муродат бод мегӯям,
Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегӯям.
Камоли умратон бар як саду ҳаштод мегӯям.
Ба ҷашни зодрӯзи нав муборакбод мегӯям.  
 
 Мирзоев Ғ., доктори илмҳои фалсафа,
мудири кафедраи фалсафаи Раёсати  АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia