casino malaysia
casino malaysia
Нигини фалсафа ва шарқшиносии тоҷик

wrapper

Зарина Диноршоева  шарқшинос ва файласуфи муътабар, устоди фарҳехта, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва модари маънавии садҳо шогирдон, 24-уми сентябри соли 1968 дар оилаи файласуфи бузург Мусо Диноршоев ба дунё омадааст.
Муаллима аз зумраи шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа роҳнамо ва пешсаф буда, барои ҷомеа чароғи роҳи илму маърифатанд ва бо корномаи илмии худ дар пешрафту шукуфоии фалсафа ва шарқшиносии тоҷик басо корҳои мондагор анҷом додаанд ва ҳоло ҳам паи пажӯҳишанд.
Агар ба корномаи илмии профессор З.М. Диноршоева назар афканем, мебинем, ки то чӣ андоза ин бонуи гиромӣ дар пешрафти илми фалсафаи тоҷик саҳм гузоштааст ва доим пайи омӯзишу пажӯҳиш, таълифи китобу мақолот, таълими шогирдон ва тайёр кардани олимони соҳаи фалсафа мебошад.
Солҳо бояд, ки як санги сияҳ к-аз офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Зарина Диноршоева, пас аз хатми бомуваффақияти факултети шарқшиносии Донишгоҳии Давлатии Тоҷикистон (ДМТ) соли 1990, Зарина Диноршоева  фаъолияти илмиашро аз Институти фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илми шуруъ намудааст.  Соли 2000-ум рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Муҳаммад Ғаззолӣ ва муносибати ӯ ба фалсафа” ҳимоя намуданд. Солҳои 1999-2010 – ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия кору фаъолият карданд. Аз соли 2010 то 2022  мудир ва профессори кафедраи мазкур буданд. Аз моҳи феврали соли 2022 то ин ҷониб дар шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ба ҳайси сарходими илмӣ пайи омӯзиш ва паҳӯҳишанд.
Ин бонуи хирад соли 2006 рисолаи докторияшро зери мавзуи “Фалсафаи мадании Абунасри Форобӣ” бо мувафақият ҳимоя кардаанд.
Риштаи тадқиқоти Зарина Диноршоева масъалаҳои гуногуни таърихи фалсафа, таърихи дин, таърихи афкори ҷамъиятиву сиёсии файласуфони мусулмони асримиёнагӣ ва гендерро фаро мегирад. Ӯ иштирокдори Конфронси байналхалқии "Фарҳанги маънавии тоҷикон дар таърихи тамаддуни ҷахонӣ", бахшида ба 2700-солагии Абуалӣ ибни Сино (2002), "Абуалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ" (2005) мебошад. Зарина Диноршоева муаллифи ду монография ва зиёда аз 35 кори илмӣ ва илмиву методӣ буда, бештар андешаҳои фалсафӣ-каломии Абуҳомиди Ғаззолӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигаронро мавриди омӯзиш қарор додааст:
  1. Мухаммад аль-Газали и его отношение к философии. - Душанбе, 2002;
  2. Курс лекций по истории религий: Учебное пособие. - Душанбе, 2004;
  3. Гражданская философия аль-Фараби. - Душанбе, 2006;
  4. Абу Хамид Мухаммад аль-Газали и его «Опровержение философов»//Газали М. Опровержение философов (в соавт.). - Душанбе, 2008;
  5. Курс лекций по философии: Учебное пособие. - Душанбе,2010.
Муаллимаи азиз, дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2001) ва аълочии маорифи Тоҷикистон (2013) мебошад. Зери роҳбарии ӯ шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардааннд.
Тамоми хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар муаллима ҳаст. Ӯ калби моро ба омӯзиши фалсафа ва арабшиносӣ ҳамеша гарм нигоҳ медорад. Муаллимаи азиз хеле хоксор, фурутан, нармгуфтор, зебоипараст буда, паси ҳамаи ин хислатҳои накӯи инсонӣ ӯ олим аст. Олими воқеӣ, ки фалсафаро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Илмаш илми зиндагист. Зиндагиаш рушан, вокеӣ, ошкоро, маданияташ хеле баланд, ба иззати нафси касе намерасад, рӯзгори хоксорона ва мардумӣ дорад.
Чашни зебои 55-атон муборак! Ҳамеша сиҳату саломат, зебо, хушу хурсанд бошед ва аз зиндагии шахсиву хонаводагӣ ва иҷтимоӣ ҳаловат баред. Мо бо Шумо ифтихор мекунем. Шумо ифтихори миллии ҳар як шогирд ва ин кишвари азизу мо ҳастед.
Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.
 
 
Рамазониён Аҳтам
Қурбоншоев Илҳом

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia