casino malaysia
casino malaysia
Масъалаҳои рушди соҳаи илм (Бардоштҳо аз Суханронии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

wrapper

 

    Дар замони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон низ ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор ва эҷодкору илмпарвар муаррифӣ намояд. Рушди илм дар ҷомеаи имрӯзаи мо далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ин соҳа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, кормандони онро ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар қадр менамояд.

       Чунонки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар гуфтанд, маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини пешрафти илмро дар мамлакат яке аз вазифаҳои муҳим маънидод карда, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.
Бояд тазаккур дод, ки аз моҳи июли соли ҷорӣ дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад.
Пешвои муаззами миллат ҳамзамон изҳори нигаронӣ карданд, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест.
      Аз ин рӯ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор карданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намуда, иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Пешвои муаззами миллат дар хусуси фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сухан ронда, нуктаҳои муҳимро таъкид намуда, вазифаҳо гузоштанд. Аз ҷумла:
- зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтор ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст;
- Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад;
- на ҳамаи кормандони академия дар бист соли охир ба натиҷаҳои хуби илмӣ ноил шудаанд. Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст;
- сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад;
- як қатор камбудиҳои дигар, аз ҷумла вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзӯъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷой доранд;
- баъзе маводди илмии пешниҳодгардида ба самти фаъолияти озмоишгоҳ ё шуъбае, ки корманд дар он фаъолият менамояд, ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
- дар якчанд муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ қаноатбахш нест;
- дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ;
- дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд;
- Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем;
- ҷобаҷогузории кадрҳо дар муассисаҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ қонеъкунанда нест ва ҳангоми пешниҳоди таъсиси ин ё он сохтори илмӣ масъалаи таъмин будани онҳо бо мутахассисони соҳа ба назар гирифта намешавад;
- дастур дода мешавад, ки Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ барои ишғоли вазифаҳои илмӣ озмуни ғайринавбатӣ эълон намоянд ва қабули довталабонро бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монанд.
- Вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ ва вобаста кардани онҳо ба корхонаҳои истеҳсолии алоҳидаи кишвар то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.
- вазъи татбиқи лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотӣ давра ба давра арзёбӣ гардида, натиҷаҳои илмии бадастомада ба таври мушаххас ба Президенти мамлакат пешниҳод гарданд. Илова бар ин, дар ҳисоботи даврӣ ва солонаи Академияи миллии илмҳо натиҷаҳои фаъолияти фонди мазкур ва татбиқи лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотии он алоҳида мавриди таҳлил қарор дода шаванд;
       Албатта, Пешвои миллат дар баробари зарурати инкишоф додан ва омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, инчунин ба муҳиммияти илмҳои ҷамъиятшиносӣ таваҷҷӯҳ намуданд. Пешвои миллат масъалаи муҳим – «мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ»-ро махсус хотирнишон сохтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёиёни кишвар муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки «Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад».
«Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст».
       Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш зарурати ҳалли доираи васеи масъалаҳои мубрами соҳаи илм ва маорифро талаб намуда, кормандон ва масъулони соҳаро баҳри иҷрои он муваззаф сохтанд. Дар маърӯзаи Пешвои муаззами миллат натиҷаи таҳлили фаъолияти соҳаҳои илм ва маориф воқеъбинона арзёбӣ гардида, бурду бохти он нишон дода шуда, самти инкишофи минбаъдаи онҳо асоснок карда шудааст.
 
Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори
илмҳои фалсафа, дотсент, сарходими
илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia