casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

   Таълимимоти ахлоқии Имом Абуҳанифа

     Мавҷудияти ахлоқ, ки пояи устуворӣ пешравии ҷомеа аст, дар тамоми қарну ҷомеъаи башарӣ барои халқу миллатҳо амри зарури ва муҳим буда, пайвасти ногусастани наслҳоро таъмин менамояд.  Ахлоқи ҳамидаи инсон дар ҷомеа  сабаби иззат ва обрумандии инсон, мояи оромии рӯҳ, каромати нафс, адами озори инсонҳо, беҳбудии зиндагӣ ороми ҷомеа, насли солим ва дигар арзшҳое мебошанд, ки ҳасти инсонро дар ҷомеа нишон медиҳад.
      Ҷаҳони муосир бо ҳама ҷолишҳо ва паёмадҳояш ба арзишҳои ахлоқии аҳли башар таъсири манфӣ расонида, ба косташавии ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад. Танҳо мероси фалсафӣ ва арзишҳои фарҳанги метавонад бо ин ҷолишҳо муқовимат кунад. Таълимоти ахлоқии Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит яке таълимотҳои калидие ҳаст, ки барои дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия кардани гароиши љавонону наврасон, пешгирии зуҳур ва густариши таассубу хурофот, ифротгароӣ ва падидаҳои дигари манфию хатарнок дар љомеа   аҳмияти бориз дорад.  
      Вобаста ба ҳамин масъала Имоми Аъзам дар васиятномаи худ ба шогирдаш Юсуф ибни Халиди Самтӣ, ки ҳангоми таъсил ба зодгоҳаш Басра бармегашт, чунин ишора намудааст: “... Ҳангоме, ки ту ба шаҳри Басра дохил мешавӣ ва бо мухолифини мо дар он шаҳр рӯ ба рӯ мегардӣ ва бо истифода аз ғурури  илмиат худро аз онон беҳтар медонӣ ва гӯё мехоҳӣ илматро рӯи онон бикашӣ, ин кашмакаш чунон шиддат мегирад,ки рафта-рафта аз нишаст ва бархост бо онон сарбозӣ мезанӣ (саркашӣ мекунӣ). Онҳо бо ту мухолифат мекунанд ва ту бо онҳо, онҳо бо ту қатъи робита мекунанд ва ту бо онҳо. Онҳо туро дашном медиҳанд ва ту онҳоро. Онҳо туро гумроҳ ва мубтадиъ мехонанд ва ту онҳоро ва саранҷом шахсияти ҳардуямон зери суол меравад. Обрӯямон мерезад. Онгоҳ ту маҷбур мешавӣ, ононро тарк гӯӣ ва ба ҷои дигаре фирор кунӣ, аммо бидон ва огоҳ бош, ки ин тарзи тафаккур дуруст нест, ки инсон бо мардум мадоро накунад ва бо дасти худаш шароитеро ба вуҷуд орад, ки дар он бо мардум муросо карда натавонад... Ҳаргоҳ дохили Басра мегардӣ... қадри ҳар як касро бишинос, мардуми шарифу бошахсияро азиз бидор, уламро таъзим кун, ба бузургсолон эҳтиром бигузор, бо кӯчактарон лутф ва нармӣ кун, бо мардуми авом наздик шав.., ҳокими вақтро кам машмор.., ҳеҷ касро таҳқир макун.., аз пазириши даъват ва ҳадя худдорӣ намо”.[1]
      Аз муҳтавои суханони Имом Абуҳанифа бармеояд, ки ҳар гуна тазодҳои ақидавӣ метавонад сабаби барангехтани низоъ гардад. Назари Имом дар ин масъала ин аст, ки бояд пули устувор байни ҷаҳонбини динӣ ва илмӣ бошад, зеро шароити кунуни ҷаҳони Ислом ба чунин дидгоҳҳо ниёз дорад.  
Имом Аъзам дар Васиятнома ба писараш Ҳаммод насиҳат карда мегӯяд: “Фарзандам! Худованд туро ба роҳи рост иршод ва таъйид кунад, мехоҳам туро ва чанд васият кунам, ки агар онҳоро ба ёд супорӣ ва дар амал пиёда кунӣ, умедворам ки иншооллоҳ саодати дунё ва охиратро ҳосил кунӣ...”
     Дар таълимоти ахлоқии Имом Аъзам ахлоқ ба воситаи ақли инсон ба вуҷуд омада, ба андеша ва ҷаҳони ботинӣ ӯ робитаи мутақобила дорад. Андешаи инсон дар ҳар марҳила ё барои фаъолияти амалии ӯ ё барои офаридани чизе равона гаштааст, ки тавассути мафкураи хеш роҳи дурусти онро интихоб мекунад. Вобаста ба ҳамин масъала Имом Аъзам натанҳо фазилати донанда, балки фазилатҳои ахлоқиро нерӯҳое меҳисобад, ки ба разилатҳои нафсонӣ мубориза мебаранд. «Одами тамаъҷӯ, дуруғгӯ ва муғолатаандоз набош, балки мурувват ва ҷавонмардиро дар тамоми корҳо ҳифз намо».[2] Ё ин ки «Ё ин ки «ҳамеша ғинои қалб дошта бош ва аз худ ҳирсу рағбати камтаре ба дунё нишон бидеҳ  Бо вуҷуди он ки номдор ҳастӣ, худро барои касе зоҳир насоз».[3] Фалсафаи амали Имом Аъзам дар заминаи донишҳои амалӣ вобаста ба кирдору рафтор ва гуфтори  инсон матраҳ мегардад. Дар љаҳонибини ахлоқии вай фард ва ахлоқ ба ҳам тавъам буда, аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Осори фалсафаи ниёгони мо ва мероси фалсафии мутафаккирони юнонӣ, мабдаи ҳаракат ва андешаи инсонро «нафс» - ҷон номидаанд.  Таърихи фалсфа ҳеҷ ҳикматеро ёд надорад, ки аз нафс баҳс накарда бошад ва нафс аз давраҳои қадим то имрӯз мавзӯи ҳамешагии осори фалсафии ба инсон бахшидашуда аст».[4] Масъалаи нафс (ҷон) дар осори мутафаккирони асримиёнагии тоҷик яке аз масъалаҳои баҳсбарангезу доманадор буд, ки на ҳар донишманде метавонист дар атрофи он андешаронӣ кунад. Нобиғагоне аз намояндагони ин миллат ба монанди Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва Абуалӣ ибни Сино тавонистанд, ки дастовардҳои илмӣ-назариявии мактабҳои гуногун ва намояндагони машҳури ҷаҳони илму маърифати тоасримиёнагиро ба риштаи таҳқиқ бикашанд ва андешаҳои бикр ва созандае аз худ ба мерос бигузоранд.  Дар таълимоти Имом Аъзам ин масъала чунин шарҳ ёфтааст. «Касе каромати инсонӣ ва қадри нафси худро бидонад, дунё дар назараш беарзиш бошад ва сахтиҳояш бар вай осон гарданд».[5]
        Пас худи нафс чист? Абубакри Розӣ нафсро чунин менигорад. Нафс – мавҷуди олами дигар аст. Лекин ба сабаби мафтун ва «ошиқ» гаштан ба модда (материя) ва омехтан бо ӯ аз олами худ фаромӯш кардааст. Барои роҳат ва лаззати хеш нафс мехоҳад, ки аз моддаи азалӣ оламе бисозад, лекин тавони онро надорад ва сахт азият мекашад. Офаридгор ба вай раҳм карда барои сохтани олам ба ӯ ёрӣ мекунад».[6] Исботи мавҷудияти нафс барои инсон ин возеҳтарин ва зоҳиртарин чиз андар зоту ҳақиқати вай мансуб меёбад. Сабаби асосии ҳастии инсон, ва мавҷудияти биологии вай, нафси ӯ ба ҳисоб меравад. 
Нафс қобилияти таъсир дар табиати инсон ва сифатҳои ӯро дорад. Ва ин таъсир гоҳо чунон бузург мешавад, ки метавонад ба одатҳои барқароргашта ғалаба кунад ва бар он ҳолате мерасад, ки ба он муқобилият кардан номумкин мегардад. Барои ҳамин одамони ба хоҳишоти нафсонӣ гирифтор гашта, дар натиҷа ба ҳолате мерасанд, ки дигар лаззат аз онҳоро ҳис намекунанд, вале тавони аз онҳо рӯӯгардонданро надоранд. Ба қавли Имоми Аъзам «ҳамеша бар нафси худ муроқибат ва назоратгар бош ва илмро ҳис ва посдорӣ намо, то дар дунё ва охиратат аз он баҳравар гардӣ».[7]
Хулоса, Имом Аъзам дар масъалаҳои ахлоқӣ ва инсоншиносию равоншиносӣ  андешаҳои мубрамро барои ҷомеаи инсонӣ пешниҳод намудааст, ки имрӯз низ аҳамияти баланди тарбиявию маърифатии худро ҳифз кардаанд.
 
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии
дини Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
[1] Васоёи Имом  Абуҳанифа, Теҳрон 1379.С.33
[2] Ҳамон ҷо.С. 53
[3] Ҳамон ҷо С. 45.
[4] Флодров И. Т. О человеке и гуманизм .- М.,1989.С.23
[5] Насиҳатномаи Имоми Аъзам.С. 81.
[6].Абубакри Розӣ. Духовная медицина.  Душанбе, 1990. С. 45.
[7] Насиҳатномаи Имом Аъзам ба Абӯюсуфи Яъқуби ибни Иброҳим.- С. 47.
Муфассал ...
Хондан 230 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Роҳҳои самараноки муқовимат ба паҳншавии ақидаҳои экстремистиву террористӣ дар шароити муосир

     Рақобатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсим намудани қудрат дар арсаи байналмилалӣ бевосита ба Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Таҷриба ва  таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки абарқудратҳо зимни чунин рақобат аз воситаҳои гибридии ҷангҳои насли нав – экстремизму терроризм, кибертерроризму амалиётҳои ҷангии иттилоотӣ-психологӣ (равонӣ) истифодаи васеъ менамоянд. Муфассал ...
Хондан 227 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи ҷавонон дар ҷомеа

     Дар даврони  соҳибистиқлолии кишвар таҳқиқи осори гузаштагони мо беш аз пеш густариш меёбад. Таърихи муосири тоҷик дар марҳалаи кунунии худ бахусус дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо ниёзи бештар ба тадқиқотҳое дорад, ки дар онҳо арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолияти кишвар, ифтихор аз таърих ва фарҳанги аҷдодӣ бояд мавқеи асосӣ гирифта дар баъзе ҳолатҳо саҳифаҳои норавшани таъсироти  хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили ифротгароӣ, терроризму экстримизм ва дигар пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор гиранд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷикро дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо фарзандони сарсупурдааш аз тохтутозҳои ғосибонаи аҷнабиён ҳифз намуда, ганҷинаи бостонии фарҳанг ва тамаддунро ба наслҳои оянда ба мерос гузошта буданд.
     Истиқлолияти Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки  миллати дар тӯли таърих  азобдидаро аз нав эҳё намуда буд ва сарзамини аҷдодиро барқарор карда, ба халқи тоҷик умри дигарбораи озодиро баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ бахшида буд. Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пойдории истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ дар таҳкими мавқеи ҷавонон  низ саҳми арзанда гузоштааст. Роҳбари давлат  имрӯзу фардои Ватанро бар дӯши ҷавонони кишвар вогузор намуда, дар Паёми соли 2017  ба Мақоми Олии Қонунбарори кишвар иброз дошта буданд, ки « Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Пешвои миллат арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонмардонаи насли замони истиқлолият шуморида, изҳор намуда буданд, ки «Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиётҳои нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шӯҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шӯҳратманд гардонанд ва дар назди оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони аслии Исмоили Сомонӣ, Балъамию Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камол Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд».
         Гуфтаҳои роҳбари давлат дорои тарбияи ахлоқӣ буда, бахусус роҳи дурахшони ояндаи миллату давлат  дар онҳо таҷассум ёфтааст. Бояд гуфт,ки тарбияи ахлоқӣ дар ниҳоди ҳар фарди бо ору номус  шӯълаи маърифатро фурӯзон менамояд ва он албатта натиҷаи дилхоҳро ба бор меорад. Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият ва дар замони паси сар гардидани даргириҳои сиёсӣ роҳбари давлат дар мулоқоти худ ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда буданд,ки «Боиси хушбахтист, ки шумо ҷавонон баъди паси сар намудани имтиҳону озмоишҳои шаддиди зиндагӣ бо умеди тарҳирезии ояндаи нек инҷо ҷамъ омадаед, Ҳадафи ман аз суханронӣ дар ин ҷо ҳушдор сохтани шумо ҷавонон аз хатогиҳои гузашта мебошад, ки шумо бояд сабақ омӯзед дар раванди минбаъдаи таърих муттаҳид бошед ва ваҳдату якдилиро пеша намоед. Чунки дар оянда маҳз аз байни шумо ҷавонон пешвои сиёсӣ, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо, вазорату муассисаҳо ба камол мерасанд».
         Баъди 33-соли Иситиқлолияти кишвар роҳбари давлат ба ҷавонони  кишвар баҳои баланд дода, дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олӣ бо қаноатмандӣ изҳор намуда буданд, ки « Ғамхори нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.Яъне ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз ҷумда дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд».
       Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи мубрами имрузу фардо табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст. Даҳшатовар он аст, ки барои ҷавоне, ки дар фазои ороми кившари хеш ба дунё омадаасту кору зиндагӣ дорад, минбаъд ҷониби марг метозад ва дигар барояш Ватан, забон, миллат ва падару модар вуҷуд надорад, балки  фаъолияти террористӣ, хушунату тундгароӣ, ифротгароӣ ва қатлу куштор муқаддас ва арзишманд мегардад.
        Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни  ҷавонони кишвар дар солҳои охир ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад.Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг ва баланд бардоштани маърифати ҳукуқӣ, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дошт.
    Бояд зикр намуд, ки имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда,хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.Вобаста ба ҳамин масъала дар Асамблияи Генералии СММ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд карданд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле, гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида,тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст»
      Ҷавонони кишварро имрӯз зарурияте ба миён омадааст, ки дар навбати аввал зиракии сиёсиро аз даст надода, масъулияти дучандро бояд ҳис намоянд ва якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоянд ва Ваҳдати комили миллиро ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд. Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт,истиқлолияти воқеии кишварро ҳифз намуд ва ҳамчун саънаи муҳимтарин дар таърихи давлатдории тоҷикон бо хатҳои заррин сабт гардид.
     Ҳамини тариқ, ҷавонони кишвар ташаббусҳои бунёдкоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша кушиш намоянд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат варзанд.Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.
 
 
 
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна
Ходими илмии шуъбаи таърихи давлат
ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
Муфассал ...
Хондан 269 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Баъзе мулоҳизаҳо оид ба фалсафаи худшиносӣ

        Фалсафаи худшиносӣ яке аз масъалаҳои мубрамтарини фалсафа то ба ҳол мебошад, ки асоси фалсафаи худшиносиро шинохти худи фард, яъне инсон, ташкил мекунад. Фалсафаи худшиносӣ аз аҳди бостон масъалаи омӯзиши на танҳо файласуфон, балки масъалаи баҳси фалсафаи афроди табақаҳои гуногун ба ҳисоб мерафт ва роҳҳои ҳалли ин масъаларо пайгири ва баррасӣ менамуданд.
        Ибораи “Худро бишнос” натиҷаи фалсафаи инсонмеҳварӣ ё ин ки фардшиносии фалсафаи аҳди бостон аз шуруи ҳафт хирадманди Юнон: Фалес, Питтака, Бианта, Солона, Клеобула, Миссона ва Хилона ба шумор мерафтанд ва принсипи фалсафии онҳо буд. Барои он ки аз фалсафаи худшиносӣ огаҳӣ пайдо кунем, пеш аз ҳама мафҳум ва моҳияти худшиносиро донистан зарур аст.
        Худшиносӣ аз ҷониби шахс омӯзиши хусусиятҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии худ, худфаҳмӣ мебошад. Он аз кӯдакӣ оғоз мешавад ва дар тӯли ҳаёт идома меёбад. Дониш дар бораи худ тадриҷан ташаккул меёбад, зеро шахс дар бораи ҳастии олам шинос мешавад.
         Аз аҳди бостон одамият давра ба давра  масъалаи арзиши худшиносиро  омӯхт ва дар шуураш ҷойгир намуд. Бисёре аз динҳо, мактабҳо ва равишҳои фалсафӣ ва равоншиносӣ асосан бар арзиш ва аҳамияти худшиносӣ ва инкишофёбӣ бунёд шудаанд. Ҳамин тавр, аз дидгоҳи динҳои Шарқи қадим маҳз бо кӯмаки худшиносӣ дарки моҳияти аслии инсон, расидан ба ваҳдати инсон бо худшиносӣ имконпазир ва воқеӣ гардида, бо расидан ба Ақли мутлақ ва олам имконпазир мегардид. Дар масеҳият худшиносӣ «ин кашфи принсипи илоҳӣ дар дохили худ аст ва худшиносӣ роҳи дарки Худо тавассути имон ва иштирок дар маросими калисо мебошад» [1,с.7.].
         Дар психология ва педагогикаи самти илмҳои гуманитарӣ бисёр олимон бар ин назаранд, ки инсон тавассути худшиносӣ метавонад худро дарк кунад, маънои мавҷудияти худро пайдо кунад, ба он чизе табдил ёбад, ки ӯ қодир аст «на он чизе, ки ӯро касе ва чизе маҷбур кунад”.  Худшиносӣ баҳси фалсафиест, ки тақрибан ҳамаи илмҳои ҷомеашиносиро дар бар мегирад. Бинобар ин, дар вактҳои охир дар доираи илмҳои ҷомеашиносӣ татбиқи он дар усулҳои коркарди махсус ба кор бурда мешаванд, то ки таҳқиқи худшиносӣ дар илм ва амалия бартарият пайдо кунад.  
        Аз ин ҷо хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин ҷанбаи таҳлилӣ ва ақлӣ ба ҳисоб меравад ва чигунагии фард ба ин васила, яъне роҳҳои маърифати худ ва ҷомеаву куллро момӯзад, ё худ мешиносад. Метавон гуфт, ки сарчашма ва воситаи асосии шинохти ҳар шахс иборат аз дарки он аст, ки ӯ кист? ва барои чӣ ба ҳаёт омадааст? мақсадаш дар ҳаёт чист?
        Ҳар шахс бояд донад, ки дарки моҳияти ҳастии ӯ дар ҳаёт чист ва дар зиндагӣ чи мақоме дорад. Ҳамзамон донистани муҳити ботин ва беруна ва оламе, ки ӯ дар он умр ба сар мебарад ва барои худшиносии ӯ заминаҳо фароҳам меоварад, дар ҳамбастагӣ қарор мегирад. Одаме, ки ба дараҷаи шахсиятсозӣ расидааст, дараҷаи инкишофи рӯҳӣ дорад ва  қобилияти идора кардани рафтору кирдорашро то андозае ва рушди равонии худро роҳандозӣ мекунад ва ба дараҷаи баланди худшиносӣ мерасад, ки онро ба ибораи дигар шахсият мегӯянд.
         Метавон гуфт, ки дараҷаи инкишофи шахсият дараҷаи рушди озодии ботини инсон буда, дар асоси мақсад, ҳиссиёт ва идеали худ рафтор мекунад. [2,с.148] Яъне худшиносӣ зинаҳои гуногуни расидан ба шахсиятсозӣ ё худ худшиносиро дорад. Ҳар як одам худашро месозад ва роҳи худро дар ҳаёт интихоб мекунад, дар муносибатҳои худ бо одамони дигар ба хатоҳо роҳ медиҳад ва ислоҳ мекунад, ки инро аз нигоҳи дигар шахси ба камол расидаи озод мегӯянд.
        Инсони амалан ва ботинан озод кӣ аст? Л.И. Божович дар монографияааш “Шахсият ва ташаккули он дар давраи кӯдакӣ” (1967)  чунин посух медиҳад: “Фаъолияти рафторӣ, ки шахсият ва сатҳи инкишофи рӯҳиро тавсиф мекунад, вақте имконпазир мегардад, ки шахс сохтори ташаккулёфтаи шахсият дошта бошад” [3,с.149].
         Барои ҳамин раванди худташаккулёбӣ аз тарбия ва таълим шурӯъ мешавад. Таълиму тарбия заминаҳоеанд, ки дар назария ва амалияи худшиносии ҳар фард воситаҳои авалин ва асоситарин ба ҳисоб мераванд. Дар ин ҷо вазифаи оила ва муассисаҳои таълимӣ аз он иборат аст, ки бевосита дар таъсир расондан ба шахсияти одами инкишофёбанда барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ва дар фароҳам овардани шароити зарурӣ барои худсохт, худташаккул ва худомӯзӣ, дар навсозии механизмҳои худшиносию худогоҳӣ заминасозӣ кунанд.
        Ҳама чизҳои дар боло зикршуда донишро дар бораи он, ки худшиносӣ ва худидоракунӣ, дар ҳаёти ҳар фард чӣ гуна нақш мебозад, механизмҳои фаъолияти онҳо чӣ гунаанд, чӣ тавр дар марҳилаҳои гуногуни синну сол инкишоф меёбад, чӣ тавр ва тавассути чӣ шахс метавонад худро шиносад, вусъат меёбад.
        Масъалаи худшиносӣ ин таваҷӯҳи фардии ҳар шахс ба худ ва олимону донишмандон ба ҳисоб меравад. Вазифаи омухтани дунёи ботини инсон аз ҷиҳати хислатҳои шахсии ӯ, инчунин ба шароити дарунӣ ва ҷамъият мутобиқ кардани чаҳони ботинии одам барои ҳар давру замон мувофиқ аст. Дар афкори иҷтимоию фалсафӣ баъзе муҳақиқон худшиносиро «ҳадафи олии таҳқиқоти фалсафӣ» [4,с.444] медонанд.
       Фалсафаи худшиносӣ аз воқеияти объективӣ ва муносибатҳои чамъиятӣ иборат аст. Аз ин рӯ, баррасии худшиносӣ бидуни дарки мафҳуми «шахсият» ғайриимкон аст. Чи хеле, ки дар боло зикр гардид, ба дараҷаи баланди шахсият расиданро худшиносӣ меноманд. Одам як фарди биологӣ аст. Вай бо шуур аст, ҳамчун мавҷуди биологӣ кодир аст олами гирду атроф ва худро дарк намояд ва дар асоси ин оқилона амал намояд. Дар баробари ин, инсон мавҷудияти иҷтимоӣ аст, ки ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи шахсият ҳамчун маҷмӯи системаи муносибатҳои иҷтимоӣ, ки нақшҳои гуногуни иҷтимоиро иҷро мекунад, сухан ронем. [5,с.1]
         Бояд қайд намуд, ки худшиносӣ оғози ҳама гуна шинохтҳои ҳар фард мебошад. Худшиносии миллӣ дараҷаи баланди худшинсии фард аст, ки дар шакли мураккаб яъне, тамоми ҷанбаҳои фардиро дар бар гирифта, ба шахсияти комил расидааст.Зери мафҳуми худшиносӣ дарки мафҳуми донишҳо, арзишҳои ахлоқӣ ва манфиатҳои давлату миллат ва ҳимояи он дар ҷои аввал меистад, ки бешубҳа омӯхтани таърихи фалсафаи худшиносии миллати тоҷик дар шароити кунуни, ки раванди пуртаззод аст, айни муддаост.
       Марҳилаҳои таърихии худшиносии миллиро академик Олимов Кароматулло ба чунин давраҳо ҷудо намудааст:  
        Марҳилаи аввалини худшиносии миллии аҷдоди мо пас аз ислом аз онҷо шурӯъ шуд, ки дар миёни қавмҳои гуногуни эронитабор ҳаракати шуубия падид омад, яъне тақрибан пас аз як асри тасаллути араб, ҳатто камтар аз он, чунин ҳаракати бедории фарҳангӣ зуҳур кард, ки он нисбатан боиси бедории умум гашт. Дар ҳамин замина аст, ки пешвоёни динӣ аз қабили Абӯҳанифа ва дигарон, то тавонистанд ба воситаи дин мақому манзалати халқу миллати худро дар олами ислом зинда карданд, балки дар садри он қарор гирифтанд;
        Марҳилаи дувум, замони ба қудрати сиёсӣ омадани аҷдоди тоҷикон ва эрониён аст, ки яке аз аввалини онон худи Абӯмуслим ва баъдан хонадонҳои ҳукуматгари маҳаллӣ аз қабили Бармакиён, Навбахтиён ва амсоли эшон буд. Ва ҳам дар ин замина буд, ки аввалин давлатҳои мустақили тоҷикон аз қабили Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Бувайҳиён, Ғуриён ва амсоли эшон дар ҳудуди собиқ давлати Сосониён ба вуҷуд омада, анъанаҳои қаблии давлатдорӣ ва дигар расму русуми мардумии худро дар либоси ислом эҳё карда инкишоф доданд. Донишмандони ин миллат дар садри илми ҷаҳонӣ қарор гирифта, номи пуршараф ва таъсири ҳамешагии тамаддуни худро дар минтақа ва ҷаҳон то ҳадде гузоштаанд, ки барои ҳазор соли дигар ҳеҷ ғосибу фотеҳе ҷуръати комил карда натавонист, ки ин миллатро аз байн барад;
        Марҳилаи севвум тақрибан якуним асрро (XI–XIII) дар бар мегирад ва он замонест, ки халқи тоҷик таҳти ҳукумронии Ғазнавиёну Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён қарор дошт, ки дар ин муддат натанҳо нерӯи илмиву эҷодии худро нигоҳ дошт, балки тавонист сохти давлатдории худро дар дарборҳои онон ҷорӣ кунад ва худ низ дар идора кардани ин давлатҳо саҳми равшан дошта бошад;
        Марҳилаи чаҳорум, асрҳои  (XIII–XV) аст, ки асосан замони муборизаҳои шадиди ин миллат баҳри ҳифзи сарзамин, истиқлоли миллӣ ва дар натиҷаи он сохтани давлатҳои хурду миёнаи миллии худ аз қабили Оли Карт дар Ҳирот, Сарбадорон дар Сабзавору Самарқанд ва Музаффариён дар Форс буд;
         Марҳалаи панҷум, асрҳои (XV–XIX)-ро дар бар мегирад, ки онро бӯҳрони тӯлонӣ номидан мумкин аст. [6,с.157] Бо баробари қавӣ шудани Россия ва Англия ҳирси забткории онҳо бештар шуд ва кишварҳои Шарқ, махсусан Мовароуннаҳр, Эрон, Афғонистон ва қораи Ҳиндро муфассал омӯхтанд. Таърих, дин, тиҷорат, мазҳабҳо, забон, адабиёт, этнография, психалогияи мардум, иқтисод, тарзи идоракунӣ, артиш, боигариҳои табиӣ ва муносибатҳои байниқавмҳову қабилаҳоро ба тадриҷ ва дақиқ омӯхтанд ва дар асоси он стратегияи забткоронаи дарозмуддати худро ба вуҷуд оварданд. Англия ва Россияи подшоҳӣ пеш аз ҳама унсурҳои донишманд ва дарккунандаи манфиатҳои қавмии сарзаминҳои мавриди назарашонро бо роҳҳои гуногун аз байн мебурданд. Дар ибтидои асри XIX ба ин раванд Туркия ва дар Афғонистон пуштунизм низ ҳамроҳ шуд. [7,с.207] Тавре, ки таърих собит мекунад, дар охири асри  XIX ва ибтидои асри XX миллати тоҷик бинобар омилҳои зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт. Асолат ва ҳатто бақои таърихии ӯ таҳти хатари бевосита қарор гирифта буд. На фақат асолат ва ҳастии таърихи тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқастона инкор менамуданд, балки бо ҳамбстагӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи мо мекушиданд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати асил ва соҳибватан асири фаромӯшхонаи таърих гардад. [8,с.316]
          Марҳалаи шашум, давраи маорифпарварӣ ва мустамликаи Россия шудан аст. Дар давраи маорифпарварӣ, худшиносии миллӣ бо таҷдиди тафаккури динӣ бо ҳам алоқаманд буд. Ва марҳалаи ҳафтум, давраи шӯравӣ ва соҳиби давлати ҳамноми миллии худ шудани тоҷикон қатъи назар аз маҳрумиятҳои ҳудудӣ ва маънавӣ мебошад.
          Марҳалаи ҳаштум ин давраи истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати мустақилонаи давлати миллӣ шаклу мазмуни нав гирифтани худшиносии миллӣ мебошад, ки дар ин давра ба вуҷуд омадани мафкураи шаҳрвандии умумӣ ва муштарак мебошад, ки “халқи тоҷик” ва тоҷикистонӣ будани ин падидаро ифода мекунад. [9,с.157] Аз инрӯ зарур ба ёдоварист, ки таърихи сохтани фалсафаи форсу тоҷик албатта осон набуд. Ва дар ин замина ба вуҷуд омадани шахсиятҳои маънависозу худшинос, ки дар ташаккулии худшиносӣ ва маънавиётӣ ҷаҳонӣ саҳми беандоза гузоштаанд, назаррас мебошад.
            Хулоса, фалсафаи худшиносӣ, ки заминаи дарки ҳастии фард мебошад, ҷанбаҳои гуногуни омӯзиши дорад. Бояд қайд намуд, ки мавзӯи баҳси фалсафаи худшиносӣ бисёр васеъ буда, тамоми нафаронро барои хубтар омӯхтан ва ба роҳ мондани ин мавзӯъ ҷалб менамояд.
 
Адабиёт
1.В.Л. Блинова, Ю.Л. Блинова. Психологические основы самопознания и саморазвитии: учебно –методическое пособие.- Казань, ТГГПУ 2009-222с.
2.Н.Н. Толстых. “Как возьможна внутренния свобода: Три ответа Л.И. Божович” Вестн. Моск. УН-ТА. СЕР. 14 Психология 2007. №1. 158с.
3.Н.Н. Толстых. “Как возьможна внутренния свобода: Три ответа Л.И. Божович” Вестн. Моск. УН-ТА. СЕР. 14 Психология 2007. №1. 158с.
4.Кассирер, Э. Опыт о человеке. Введение в философию человеческой культуры / Э. Кассирер // Избранное. Опыты о человеке. – М.: Гардарика, 1998. -779 с.
5.Весник МДПУ имя П. Шамякина. Самопознание как важнейший процесс становления личности. Татьяна Валерьевна Мастич 2015 - 5с.
6.Олимов Кароматулло. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ., Душанбе – 2014. 405с.
7.Кароматулло Олимов. Дар қаламрави фалсафа ва сиёсат – Душанбе, ҶДММ “Табъу нашр” 2023. – 320c.
 8.Эмомалӣ Раҳмон. “Чеҳраҳои мондагор”., Душанбе – “Эр - граф”, 2016 – 364с.
  1. Олимов Кароматулло. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ., Душанбе – 2014. 405с.
 
Раҳимов Р.М ­ докторант (PhD)­и шуъбаи
таърихи фалсафаи ИФСҲ­и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

Муфассал ...
Хондан 150 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia