casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

 Санадҳои байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

1 июн- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон                                                          
      Кӯдакон ояндаи миллат ба ҳисоб рафта, ғамхорӣ ва ҳимояи онҳо вазифаи аввалиндараҷаи оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар аксари давлатҳои ҷаҳон 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад.
      Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, яъне фаро гирифтани онҳо ба таҳсил,  ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд. Муфассал ...
Хондан 119 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Олимон - сармояи зеҳнии ҷомеа ва дурнамои рушди он

     Илм - фаъолияти инсон аст, ки ҳадаф ва мазмуни он маърифати олам ҳамчун низоми ягона дар асоси муҳокимаҳои мантиқӣ ва таҷрибаҳо мебошад. Дар тамаддуни муосир илм нақши муассир дорад. Пешравиҳои технологии асри ХXI, ки барои рушди кишварҳои Ғарбу Шарқ такон доданд, бар истифодаи дастовардҳои илмӣ асос мегиранд. Илм на танҳо соҳаи истеҳсолотро муайян мекунад, балки ба самтҳои зиёди фаъолияти инсон тавассути усулу воситаҳои гуногун таъсир мерасонад. Хусусан, илм дар ташаккулёбии шахсият муассир аст. Ба воситаи низоми таҳсилу тарбия, ки қабл аз ҳама барои ҳосил намудани донишҳои илмӣ равона аст, он навъи махсуси дониши инсониро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо, ҷанбаҳои ҳастии илм чунин муайян шудаанд: 1) маърифатӣ (бештар қонунҳои айнии воқеият); 2) навъи махсуси фаъолияти инсон; 3) ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ.
     Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил ва назорат мекунад, самти инкишофи онро муайян менамояд. Натиҷаҳои илм то миёнаҳои асри XIX танҳо ба шакли порчагӣ дар амалия таҳқиқ меёфтанд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи азхуд намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсолот бевосита ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати кишвар баробар бо соҳаи маориф илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандагрдонии олимон пайваста тадбир меандешад. Бахусус, баргузор кардани мулоқоту вохуриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд аз зумраи иқдомҳои наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаҳои илм мебошад.
      Мулоқоти навбатии Президенти кишвар бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи он дар заминаи натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, тақвият додани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад, низ бозгӯӣ он аст, ки олимони тоҷик сармояи зеҳнии ҷомеа мебошанд ва бо заҳмату талош, меҳнати пурмаҳсули онҳо илми тоҷик метавонад дар сатҳи байналмилалӣ эътироф пайдо кунад. Олимони дақиқназару ихтироъкор ҳамчун меросбарони зиёиёни гузаштаи фарҳангофар, ки бо дастовардҳои илмии худ дар риштаи илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, нуҷум, иҷтимоиёт, ҷуғрофия, сиёсат, ахлоқ ва ғайра барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд, имрӯз низ новобаста аз бурхурди тамаддунҳо, вусъат касб кардани тағйиротҳои мудаввоми иҷтимоӣ-сиёсӣ парчамбардори рушди илми муосири башарӣ бошанд. Миллати соҳибфазл, фарҳангофар ва тамаддунсоз будани худро нишон диҳанд то давлати миллӣ пояҳои асосии худро мустааҳкам карда, зиндагии шоистаро барои аҳолӣ муҳайё намояд, тавонмандии истифодаи «зеҳни сунъӣ»-ро барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ соҳиб шавад. Зеро бо таъкиди бевоситаи Пешвои миллат «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».
      Матни суханронии Пешвои миллат, ки дар он ҳамаи комёбиву муваффақиятҳое, ки аҳли илму маорифи кишвар дар давраи истиқлоли давлатӣ нойил шуданд, он масъалаҳои ҳалталаб, ки иҷро ва рафъи онҳо барои дурнамои рушди ҷомеа ҳатмӣ ва шарт мебошанд ба шакли мукаммал дар сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳо рӯйи нашрро дида, дастраси аҳли илму маориф ва кулли аҳолии кишвар гардид. Аз ин рӯ, ин ҷо зарурат барои зикри ҳар як сархати матни мулоқот пеш намеояд ва танҳо таъкид кардан мебояд, ки масъулин, кормандони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии нопурра, таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба камбудиҳои ошкоршуда, ки масъалаҳои ҳалталаби соҳа маҳсуб меёбанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин гардонанд. Бахусус:
- раванди таълиму тарбияро дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монанд, то робитаи се ниҳоди муҳим: оила, мактаб ва ҷомеа мустааҳкам гардида, мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта бартараф карда шавад;
- барои тавсияи хонандагон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ ва довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо завқ ва қобилияти онҳоро ба эътибор гиранд;
- омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои илмиро ба азбарнамоии  забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ сафарбар намоянд, то онҳо дар раванди фаъолияти худ муаррификунандаи дастовардҳои илмӣ, муваффақиятҳои соҳаи маорифи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гарданд;
- ба сатҳу сифати дониши хонандагон, донишҷӯён таваҷҷуҳи зарурӣ диҳанд ва онҳоро ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир тарбия намоянд;
- воситаю таҷҳизоти нодаркор ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ набударо дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо воситаю таҷҳизоти нави замонавӣ иваз намуда, бо ин васила сатҳи ҷаҳонбинии шогирдонро васеъ ва тафаккури техникиашонро ташаккул диҳанд;
- вобаста ба ҷойҳои ҷудошуда довталабонро дар зинаҳои таҳсилоти магистратура, доктор PhD, докторантура бо ба эътибор гирифтани ихтисос таъмин намуда, фаъолияти онҳоро мувофиқи бандҳои нақшаи инфиродӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то дар муҳлати муқарраргардида сазовори дарҷаҳои илмӣ гардида, барои пешрафти илми тоҷик хизмати беғараз гузоранд;
- ҳар шашмоҳа дар ҷаласаҳои воҳидҳои сохторӣ натиҷаи фаъолияти роҳбарони илмии унвонҷӯёну аспирантон ва докторантонро оид ба вазъи иҷрои корҳои илмии шогирдон баррасӣ карда, бандҳои алоҳидаи қарор қабул карда, назорати онҳоро таъмин гардонанд;
- дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самти ихтисос кадрҳои ҷавонро ба кор таъмин гардонанд, барои такмили тахсассус ва бозомӯзии илмии онҳо пайваста тадбир андешанд;
- олимон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба, соҳибмактаб ва фидоии илму маорифро барои сазовор гардидан ба ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла  унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайра тавсия диҳанд;
- барои он ки мавзуҳои фармоишии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда актуалӣ ва самарабахш бошанд (нусхаи кутоҳкардашудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии таҳия ва ё дифоъкрдаи олимон набошанд) шурои экспертиро зарур аст, ки ба сифати муқарриз олимони варзидаи соҳавӣ, воқеъбин ва дақиқназарро таъйин намояд, ба хислати рӯпӯшкунӣ хотима бахшад;
- дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ гардонида шаванд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо ва ғайра мушкилоти мавҷудаи соҳаро бартараф карда, барои рушди илм мусоидат менамояд;
- нисбат ба масъалаи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, ки тақозои талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Тарбия кардани олимони ҷавон аз ихтисосҳои илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоиёт ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра ниёзи ҷомеа мебошад;
- - маблағи лоиҳаҳои ба соҳаи илм ва маориф ҷудо карда шуда самаранок истифода бурда шаванд, то аз татбиқи онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оянд, ки ба рушди бонизоми ҷомеа мусоидат намоянд;
- барои муайян кардани рейтингӣ ҳар як олими тоҷик, самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳои арзёбӣ муайян карда шаванд ва ғайра.
      Ҳамин тавр, вақте давлат аз илму маорифи кишвар ҳимоят мекунад, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамояд, пас мо низ дар ҷавоб фидоии касби худ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бетарфӣ пеша насозем, беасос якдигарро танқид накунем, ба таълифоти якдигар аз ҷиҳати интиқодӣ назар андӯхта, ахлоқи олимро риоя дорем, барои беҳбудии кор ва ба даст овардани самара ба якдигар маслиҳатҳо диҳем. На ин ки аз итиқоди ҳамкасб тухми кина дар дил парварида, нисбаташ ҳарфи носазо гӯем.
      Олимони тоҷик соҳибфазл ва бузургонаш соҳибмактаб мебошанд. Ҳамеша ба ҳамдигар дасти мадад расониданро дареғ намедоранд. Бинобар ин, иттиҳоди онҳо метавонанд ин мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи илм ва маорифи кишварро бартараф карда, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои назариявӣ неруи ақлиро сарфа созанд. Зеро мо метавонем, чунки асли мо фарҳангофар, тамаддунсоз буд ва вуҷудамон пок…
  Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа,
профессор, и.в. мудири шуъбаи фалсафаи
фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ

 

Муфассал ...
Хондан 128 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Масъулияти аҳли илм дар назди давлат ва миллат (Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва  маорифи ҷумҳурӣ 30-юми майи соли 2024)

 

         Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон ба аҳли илм ва рушди илм аҳамияти вижа медоданд. 30- юми майи соли 2024  бори дигар аз муносибаташон ба илм, махсусан илми академӣ,  ки ба таҳқиқи самтҳои бунёдӣ равона шудааст, ёдовар шуданд. Воқеан ҳам, мулоқот бо  Пешвои муҳтарами миллат барои ҳар олим ва корманди илму маориф  як падидаи  фараҳбахш аст, зеро  дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвару миллат барои муайян кардани самтҳои  нави илмӣ,  таҳқиқотҳои бунёдӣ  ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ такони тоза мебахшад. Ҳамчунин зикр карданд, ки дар замони ҳозира  ба зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зиёд буда, илми ватанӣ бояд ба  техника ва технологияҳои навин,  ба истифода ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот бештар рӯ орад.
         Президенти муҳтарам  қайд карданд, ки баъд аз мулоқоташон бо аҳли илму фарҳанги кишвар, ки бори охир дар соли 2020 сурат гирифта буд, хулосаҳои худро роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳои додаашон  баён мекунанд.
         Дар ҳақиқат, Суханронии Пешвои муҳтарами миллат  дар баргирандаи як марҳилаи таърихӣ буд, ки рушди илми ватанӣ , вазъи он ва вазифаҳои олимонро дар оянда  хеле равшан намуд.  Суханронӣ ва суҳбати хеле  амиқназаронаи  Пешвои миллат  гувоҳи муносибати  дилсӯзонаашон  нисбат ба илм ва кормандони илму маориф  буд. Таҳлили донишмандонаи Президенти муҳтарам  хеле амиқ ва  пайгирона буда, вазъи илми ватаниро  дар пайванд бо  роҳи тайкардаи давлати соҳибистиқлоламон  дар бар мегирифт.
         Дар шароити ниҳоят ногувори дохилию  хориҷӣ дар солҳои навадуми асри гузашта  ба халқи азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии бародаркушро хомӯш кунад.  Хидмати бузурги Пешвои миллат барои илм пеш   аз ҳама дар он зоҳир шуда буд, ки  Академияи илмҳои Тоҷикистон  нигоҳ дошта шуд. Дар чанде аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравии собиқ Академияҳои илмҳо ҳамчун маркази таҳқиқоти ҷиддиии илмӣ  амалан барҳам дода шуда буданд. Вале, бо вуҷуди душвориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию психологӣ,  дар солҳои вазнини оғози Истиқлоли давлатӣ маҳз Пешвои миллат аҳамияти бузурги илмро дар назар гирифта, ба  олимон ғамхорӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҳамон давра  илм ва олимонро пуштибонӣ намуданд.
         Мо, як гурӯх кормандони Академияи илмҳо (аз ҷумла олимони шинохтаамон  Зоҳир Аҳрорӣ, Мусо Диноршоев, Раҳим Масов,  Кенҷабой Юсуфов, Додоҷон Обидов, Рақиб Абулҳаев ва чанде дигар) дар як маърака шоҳиди воқеае будем, ки  як нафар аз роҳбарони маркази исломии он солҳо ба воситаи микрофон эълон карда буд, ки Академияи илмҳоро бояд барҳам дод, зеро он маркази куфр аст.
         Бо масъулият ва бемуболиға метавон зикр кард, ки оташи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро шахси дигар ба ҷуз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хомӯш карда наметавонист. Пешвои миллат на танҳо кишвари харобгашта ва тороҷшударо аз ҷанг наҷот доданд, балки барои ҳифз ва рушди маорифу илми он шароити мувофиқ муҳайё намуданд.
         Дар суханронии Президенти муҳтарам бори дигар таъкид гардид, ки танҳо аз соли 2000-ум муяссар шуд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ рӯ оварда шавад. Аз сифр Артеши миллӣ эҷод карда шуд,  Низоми ягонаи энергетикии кишвар ба вуҷуд оварда шуд, барои ҳимояи сарҳадҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир дида шуд. Зиёда аз 2 ҳазор км роҳ, чандин нақб, пулҳо эъмор шуданд.
         Барои илми акдемӣ дар ин муддат зиёда аз як миллиарду 400 миллион сомонӣ ҷудо шуд, ки маблағи қобили мулоҳиза мебошад. Натиҷаи чораҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ буд, ки ҳисоби миёнаи умри шаҳрвандон дар ҷумҳуриамон ба 76, 3 сол расидааст. Аҳолии кишвар аз 5,5 миллион ба 10, 3 миллион расидааст. Ҳар сол аҳолии кишвар 250 ҳазор нафар зиёд мешавад. Нирӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда-1, Сангтӯда-2, Норак, Помир-1, Қайроқкум ва гайра бо маблағҳои зиёд, аз ҷумла бо маблағҳои грантӣ  таҷдиду таъмир шуданд.
Кори сохтмони НБО-и Роғун пайваста идома дорад. Ҳоло дар он ҷо 17 ҳазор нафар машғули кор ҳастанд ва 90 дарсади он коргарону муҳандисони маҳаллӣ мебошанд.
         Ҳозирини маҷлис суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба ҷаҳони муосир ҳамчун узви комилҳуқуқ ворид Шудани Тоҷикистон, пешниҳодҳои аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ки аз тарафи СММ,  ЮНЕСКО  пазируфта шудаанд, аз ҷумла дар бораи ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ғайра бо мароқи том гӯш карданд.  Суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллатро ҳозирин ба нишони тасдиқ ва ифтихор аз нуктаҳои муҳими он борҳо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол менамуданд, ки рамзи ваҳдати аҳли илм бо Президенти кишвар ва тарафдорӣ аз сиёсати  дукандешона ва амалии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд.
         Дар айни замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи  Ҳукумат  ба муассисаҳои илмӣ ва олимон фаъолияти онҳо қонеъкунанда нест, ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошад. Саҳми  аъзои вобаста ва пайвастаи АМИТ ва Академтяи илмҳои кишоварзӣ назаррас набуда, таҳқиқотҳои зарурӣ иҷро карда намешаванд. Бинобар ин дастур доданд, ки ба сохторҳои Академияи илмҳо таҷдиди назар шавад. Мавзуъҳои таҳқиқотӣ ба ниёзмандиҳои ҷомеа мувофиқ карда шаванд. Робитаи илм бо истеҳсолот бояд  бештар бошад. Ҳамчунин ҷобоҷогузории мутахассисон дар пажӯҳишгоҳхои илмӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Бинобар ин дастур доданд, ки барои мутахассисон озмуни ғайринавбатӣ доир карда шавад.
         Яке аз эродҳои ҷиддии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи кадрҳои илмии ҷавон дахл дошт, зикр карданд, ки ба тарбияи олимони ҷавон аз ҷумлаи магистрантон, аспирантон ва докторантон диқкати махсус дода шавад. Дар илм низ анъанҳои хуби ниёгонамон- мактаби устоду шогирд ҷорӣ гардад, то ки  пайванди наслҳо бардавом бошад. Паркҳои технологӣ ба талаботи замон мутобиқ карда шаванд.
         Дар суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили авзои ҷаҳони муосир ҷои махсус дошт. Таъкид намуданд, ки ҷаҳон имрӯз мураккаб ва хатарнок аст. Махсусан раддикализм ва экстремизми динӣ хавфи зиёд дорад. Ҷавононро  аз шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ  бояд ҳифз кард. Дар ин масъала бетарафӣ бадтарин кор аст. Президент  зикр карданд, ки агар дар солҳои 90-ум  як қисми зиёиён бетарафиро ишғол намекарданд, шояд кор ба ҷанг рафта намерасид.
Дар ҳақиқат , ташвишҳои Пешвои миллат аз воқеаҳои ахир комилан  бамавқеъ мебошад.  Дар партави суханронӣ,  дастурҳо ва  супоришҳои боарзиши  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо кормандони  илму маорифи кишвар  масъулияти бузурги ватандӯстона ва инсондӯстонаи худро амиқан дарк намуда,  вазифаҳои  аз тарафи Сарвари давлат дар назди аҳли илм гузошташударо бояд самимона ва шарафмандона иҷро намоем.  Дар атрофи Сарвари бузурги давлатамон муттаҳид шуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам кардан ва барои ободии Ватани азизамон ва осудагии халқамон кӯшиши пайваста намудан кафили бақои давлат ва саодати наслҳои оянлаи миллат хоҳад буд.
 
       Академик Кароматулло Олимов
 
Муфассал ...
Хондан 129 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Баррасии баъзе андешаҳои Аҳмади Дониш доир ба тартиби аскардорӣ

     Дар таълимоти иҷтимоӣ-сиёсии Аҳмади Дониш вобаста ба эътибор гирифтани баромади иҷтимоӣ, ҷойгоҳ, иҷрои нақшҳои иҷтимоӣ, сарчашмаҳои ба даст овардани даромад ва ғайра аҳолии аморати Бухороро ба табақаҳои гуногун тақсим менамояд. Масалан, маорифпарвар дар рисолаи сиёсии  худ “Рисола дар назми тамаддун ва таъовун” қайд мекунад, ки аҳолӣ аз се қишр иборат буд: аҳли сайф (амир, қушбегӣ, қозикалон, сарфармондеҳи аскар ва ғайра); аҳли қалам (мударрисон, толибилмони мадраса, шоирону олимон, мирзои дарбор ва дигарон) ва раият. Раиятро бошад, дар навбати худ ба ду қишр ҷудо мекунад: аҳли ҳирфа (оҳангарон, мисгарон, зарагрон, бофандагон, собунгарон ва ғайра) ва аҳли деҳканат: деҳқонону кишоварзон (А.Дониш. Наводир-ул-вақоеъ. Кит.2.-Д., 1989. – С.155-156)
     Аҳмади Дониш тартиби аскарро барои ҳар як кишвар муҳим ва ҳатмӣ шуморида, пешниҳод мекунад, ки сарвар бояд ҳайати артишро аз ду табақа: аҳли сайф (аҳли шамшер) ва аҳли қалам ороста дорад. Ҳайати аз аҳли қалам иборатбударо барои ҳалли низоъ, баррасии даъво, ҷамъи мол ва дигар корҳои дохилии мамлакат сафарбар намояд, аммо барои ҳимояи марзу бум, таъмини амнияту субот аҳли сайфро сафарбар намояд. Хусусан, ҷиҳати назму тартиби аскардорӣ маорифпарвар барои подшоҳон чанд андешаи ҷолибро пешниҳод менамояд:
- аввалан, ҳайати ҳар ду табақаро ҷиҳати иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ба дӯшашон гузошта сафарбар намуда, нагузорад, ки онҳо ба кори якдигар дахолат карда, монеа эҷод кунанд;
- дуюм, вобаста ба андозаи дахли кишвар ва вусъати мамлакат артиш таҳия дорад. Инчунин, сарбозу саркардагони аскар бояд ҷасур, нотарс, соҳибмаърифат, корозмуда ва аз ҳунари сипоҳигарӣ: тирандозӣ, аспсаворӣ, найзакашӣ ва ғайра огоҳ бошанд;
- сеюм, музди моҳонаи аскарияро аз хазинаи давлатӣ муайян карда, сари вақт пардохт намояд то онҳо барои таъмини ниёзҳои хонаводагӣ ба амалҳои номатлуб даст назананд;
- чаҳорум, сарбозону саркардагони ҷасуру нотарс ва таъминкунандагони амнияту субот бояд аз ҷониби подшоҳ пайваста ҳавасманд карда шаванд. Аз он наандешад, ки ӯро дар атрофи мамлакат душмане маълум нест ва дар ин замина қатъи пардохти музди моҳонаи аскария карда, онҳоро аз додани рутбаю ҳавсмандиҳои моддӣ маҳрум гардонад. Ё аз осудаҳолии мардум ва амнияти кишвар истифода бурда, аз паси пароканда гардонидани лашкария шавад. Зеро душман аз будани худ ногаҳон огоҳӣ медиҳад, аз ҷойе сар боло мекунад, ки дар он ҳол барои тайёрӣ дидан имконият даст намедиҳад;
- саркардагони аскар бояд се сифати шоистаро доро бошанд: аввал, шуҷоат, дуюм, исобати раъй ва сеюм, таҷрибат. Яъне, ҷасур, нотарс, корозумуда бошанд ва аз тиру туфанг ва обу оташ наҳаросанд ва ғайра.
Инчунин, даҳ пешниҳоди маорифпарвар ба подшоҳ, ки сӯйи лашкари дигаре азимати ҷанг мекунад истифода ва татбиқашон барои ҳар як сарвар аз аҳамият холӣ намебошанд. Аз ҷумла:
- аввал, овозаи шурӯъи ҷангро аз тарафи номаълуме карда, баъдан ҷангро аз сӯйи дигар оғоз намояд то душман ғофилгир шуда, бенизоми дар ҳайати он пайдо шавад;
- дуюм, пеш аз омодагии ҳаматарафа ва таҳияи асбобу лавозимоти ҷангӣ ба набард оғоз нанамояд, то ҳангоми задухӯрд шиква накунад, ки фалон лавозимот кам аст ва ё намерасад;
-  аскарияро ҳар рӯз бо хилъату инъом ва ваъда машғуфу масрур дорад;
- чаҳорум, аз вазъи аскар ҳамеша огоҳ бошад ва кору амали онҳоро пайваста зери назорат гирад, то онҳо аз ӯ битарсанд ва ҳадди худ нигоҳ доранд;
- панҷум, он нафаронеро ҳавасманд гардонад ва бо рутбаҳои олӣ сарафроз намояд, ки корозмудаю  кордида ва ҳалиму шуҷоъ мебошанд на он тиҳимағзонеро, ки ба андак ғавғое пушт диҳанд ва лашкар бигузоранд;
- шашум, аз аҳволи душман рӯз ба рӯз маълумот ба даст орад ва нагузорад, ки душман аз ҳоли ӯ хабардор шавад;
- ҳафтум, тавонад бо душман мадоро кунад ва ба сулҳ розӣ шавад, ки оқибати ҷанг харобӣ, қатлу куштор аст;
- ҳаштум, ба назму насақи артиш аҳамияти вижа диҳад, зеро пирӯзӣ аз назму тартиби аскария ба даст меояд;
- нуҳум, ҳангоми тирагун будани ҳаво, бориши барфу борон ҷангро шурӯъ накунад, зеро номусоидии боду ҳаво зиёни ҷиддӣ ба ҳайати лашкария мерасонад;
- даҳум, аз фатҳу зафари бадастомада дарҳол хушҳол гашта, аскарияро пароканда накунад, зеро душман метавонад аз нав ҷамъ шуда, зарбаи ногаҳонӣ занад.
Воқеан, ин нуктаҳои ҷолиб на танҳо барои роҳбарони сиёсии ҷомеаи феодалии аморати Бухоро муҳим арзёбӣ мешуданд, балки дар ҷомеаи муосири башарӣ низ истифода ва татбиқи онҳо барои ҳимояи марзу бум, таъмини амният ва суботи ҷомеа аз манфиат холӣ намебошанд. Барои тартиби аскардорӣ низ метавонанд ба сифати дастури тавсиявӣ мусоидат кунанд.
Самиев Б.Љ. – и.в. мудири шуъбаи фалсафаи
фарњанги Институти фалсафа, сиёсатшиносї
 ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинови АМИТ

 

Муфассал ...
Хондан 130 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia