Андешаи муҳаққиқон
- Чоршанбе, 11 Сентябр 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Донишмандони тоҷик ва рушди илмҳои табиию риёзӣ дар Асрҳои Миёна
Аз касе пӯшида нест, ки дар олами Шарқ имрӯз илм, хусусан, илмҳои табиию риёзӣ мақоми пешини худро аз даст дода, аз рушд бозмондаанд. Чунин вазъ имрӯз ба Тоҷикистон низ бе таъсир буда наметавонад. Маҳз ба ҳамин нукта ишора карда, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд». Ва хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳои нек ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо иқдоми Пешвои муаззами миллат солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуданд.
Муфассал ...
- Сешанбе, 10 Сентябр 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Имрузу фардои мо маърифат аст (дар ҳошияи Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба “Рӯзи дониш ва “Дарси сулҳ”)
Дарси сулҳи имсола монанди ҳамаи дарсҳои солҳои гузашта ҷолиб, хотирмон, мубрам, коргар буд.
Аввалин нуктае ки дар байни мардум мушоҳида кардем ҳамовозии гарму ҷушон пайдо кард суханони Президенти арҷманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,- Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтироми муаллим аст. Албатта он пешниҳод, ки дар муддати шаш моҳ лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омузгор” омода карда ба мақомоти қонунгузориву ҳукуматӣ пешниҳод шавад, аҳамияти қонуниву воқеъӣ хоҳад дошт.
Ин нукта чӣ дар байни мардум, чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хусусан дар байни муаллимони мактабҳои миёна истиқболи гарму ҷӯшон ёфт.
Муфассал ...
- Сешанбе, 10 Сентябр 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Истиқлоли миллӣ марҳилаи ҷадиди рушди Тоҷикистон
Имрӯзҳо тамоми халқи мо дар саросари мамлакати азизамон 33-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳобати зиёд ҷашн гирифта истодаанд. Бояд тазаккур дод, ки баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ халқи тоҷик соҳибихтиёрии давлатиро ба даст овард ва дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи истиқлолияти давлатӣ ба миён омад.
Аз ин ҷост, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 06 Сентябр 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Истиқлолият ва эҳёи арзишҳои миллӣ
Истиқлолият ва муродифҳои он соҳибихтиёрӣ, новобастагӣ-озодии ҳокимияти сиёсӣ аз ҷумлаи он мафҳумҳое мебошанд, ки ҳолати рӯҳӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии фард, миллат, давлатро, ки дар асоси муносибатҳои ҷамъиятӣ устуворанд, ифода мекунанд. Ин мафҳумҳо танҳо ҳангоме маънӣ пайдо мекунанд, ки акси онҳоро дар мадди назар орем. Акси ин мафоҳим асорат, бандагӣ (убудият),чокарӣ, навкарӣ, вобастагӣ, беихтиёрӣ мебошад. Дар матни сиёсӣ ин мафҳумҳо зери асорати кишваре ё миллати бегонае қарор гирифтан, озодии миллиро аз даст додан аст.
Ҳеҷ як ҷамъияте дурнамои таърихии худро бидуни рушду такомули имконоти фарҳангӣ ва арзишҳои маънавию ахлоқиаш тасаввур карда наметавонад. Арзишҳои фарҳангӣ, ки дар навбати худ шомили ҳар арзишҳои маънавӣ мебошад, дар тули таърихи тамаддуни башар яке аз муҳимтарин омили бақо ва рушду муҳаррики доимии ҳар қавму миллате будааст ва ҳаст. Таърихан ҳамин доштани имконоти қавии билқувваи маънавию фарҳангӣ, баъзе қавму миллатҳоро, аз чанги ҳаводиси харобиовари рӯзгор тавонистааст солим берун орад ва барои рушди минбаъдаи он нерӯ бахшад. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар ин росто, дарку эҳсоси моҳияти аслии он чӣ даврони истиқлолият ба мо дод, бе варақзадани хотираи таърихии миллат комил нахоҳад буд.
Муфассал ...