casino malaysia
casino malaysia
Қадри сулҳпарварӣ ва инсондстӣ

wrapper

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити 79-уми умумии маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид 24 сентябр, ки бо забони ноби тоҷикӣ, бо лаҳну шеваи устувори президентӣ эрод гардид, як дафъаи дигар дар саросари ҷаҳон иззату эътибори забони тоҷикӣ, шеваи гуфтори зебои онро намоиш дод.
Дар ин гузориш Президенти арҷманди мо вазъияти ҷаҳони имрӯзаро бисёр фишурда ва дар айни замон дақиқ, огоҳона, ғамхорона таҳлил карданд. Аз ҷумла қайд карданд, ки  вазъи муосири ҷаҳон бисёр ҳассосу мурракаб, аз ҳайси геосиёсӣ пур аз таззодҳои хатарнок дар айни замон раванди мусаллаҳшавии бошитоб ҷараён дорад.
 “Ҷанги сард” шиддати хатарнок мегирад, низоъҳои маҳалливу минтақавӣ аз баҳсу мунозира ба низои мусаллаҳ мегузаранд. Дар ҳамин раванд тағйирёбии шадиди иқлим ва чандин хатару таҳдидҳои глабалӣ хусусияти дарозмуддат касб кардан доранд.
Муҳим он аст, ки ин таҳлили Президенти Тоҷикистон ҷалб кардани таваҷчуҳи аъзои Созмони Миллали Муттаҳид ба ин масъалаҳо дар ҳузури ҳамон давлатҳое сурат гирифт, ки сабаби ҳамин нооромиҳо ҳастанд, низоъҳои мусаллаҳро ба шакли бисёр хатарнок густариш медиҳанд.
Чӣ аҳли Тоҷикистон, чӣ тамоми ҷаҳониён хуб медонанд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо чӣ тадбиру хирадмандӣ, ҷоннисориву мардонагӣ, вазъияти мудҳиши Тоҷикистонро ба сулҳ оварда расонд. Ин абармарди сиёсати дараҷаи ҷаҳонӣ чӣ таҷрибае дар модели сулҳофаринӣ дорад.
Аз ҳамин нуқтаи назар муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Тоҷикистон, даъвати ӯ ба суйи муттаҳид кардани кушишу талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи амну субот, дар роҳи расидан ба муросо ва сулҳ ба хотири насли оянда дар ин шароити хатарзо, ба назари мо як иқдомест, ки аҳамияти таърихӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Дар ҳамин замина Президенти Тоҷикистон даъват карданд, ки қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид ба унвони  “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Дар ҳамин гузориш пешниҳод карданд, ки “Дар сохтори байналмиллалии молиявӣ ислоҳот ворид шавад”, ки бешубҳа ин пешниҳод мубрам аст, аз он нуқтаи назар, ки раванди сиёсии ҷаҳон дар 30 соли охир марҳила ба марҳила ошкор мекунад, ки Созмони Миллали Муттаҳид дар шакли мавҷудааш ќудрати таъмин кардани вазифаҳои сулҳро дар саросари ҷаҳон надорад, яъне зарурати бознигарии сохторҳо ва вазифаҳои Созмони Миллали Муттаҳид пеш омадааст, аз ҷумла ислоҳоти сохтори байналмиллалии молиявӣ, ки Президенти мо ба он ишора карданд.
Дар ҳамин раванд таъкиди дигари Президенти мо, ки дар натиҷаи нооромиҳои муосир “Аксари кишварҳои дунё ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба ниёз доранд” аз масъалаи рӯзмарра будани худ гувоҳӣ медиҳад.
Мо итминони комил дорем, ки ин иқдоми Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ба монанди ташабусҳои пештарааш, дастгирии ҳамаҷониба чӣ дар Созмони Миллали Муттаҳид, чӣ дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дасгирӣ хоҳад ёфт.
Дар шароите, ки ҳам дар Шарқи Миёна, ҳам дар маркази Аврупо ва дар чандин нуқтаҳои дигари ҷаҳон ҳамарӯза қатлу куштори садҳо бегуноҳону тифлони маъсум дар пеши чашми мо сурат мегирад, миллионҳо инсонҳо кулборашон дар сари китфу дар ба дар гуруснаву ташна, аз обу нон маҳрум, бемору маъюбу маслуқ, бе доруву духтур, хору зор ба сар мебаранд, бидуни шакҳу шубҳа вазъияте аст хатарнок ва ба ҳеҷ ваҷҳ шоистаи ҷомеаи инсонӣ нест.
Аз ин нуқтаи назар ин хизмати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таҷрибаи бомувафақияти ӯ дар сулҳсозии Тоҷикистон, ки ин сулҳсозӣ аҳамияти минтақавӣ ҳам дорад, ба назар гирифта, ба сохторҳое ки ин салоҳиятро доранд пешниҳод мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои шарафёб шудан ба Ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи Нобел пешниҳод карда шаванд.
Ин як фурсати хубест ки дастгоҳҳои Ҳукумати Тоҷикистон, мардуми ҳамҷавор ва бо мо ҳамсояву дӯст, ки дар кишварҳои хориҷа фаъолият мекунанд ин пешниҳодро дастгирӣ кунанд. Хизматҳои Президенти муҳтарами моро дар модели сулҳофаринӣ, хизматҳояшро дар ҳал ва баррасии масоили сиёсати минтақаву ҷаҳон ташвиқу тарғиб кунанд ва ба комитети ҷоизаҳои Нобел расонанд.
Албатта ин ҷоиза ҳаққу ҳалоли Президенти муҳтарами мо ҳаст, дар айни замон ин ҷоиза эътирофу эътибори миллати тоҷик, давлати Тоҷикистон дар раванди сиёсат ва маданияти муосир ҳам ҳаст. Нуктае аз ин муҳимтар ба назари мо ин аст, ки ин ҷоиза қадру қиммат, мақому иззати тамаддуни  Ориёнӣ-тоҷикиро дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон қайд мекунад. Исбот мекунад, ки таълимоти гуманистии Саъдии Шерозӣ, инсонпарварии Мавлавӣ, шуҷоатпарастии Фирдавсӣ воқеъан қудратҳои ободкор ва тамаддунсоз ҳастанд.
 
 
Назри Яздонӣ ходими пешбари илмии
Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ  АМИТ;

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia