casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Забони модарӣ бояд чун ганҷ ҳифз шавад

         Имрўзҳо дар ҷаҳон ба ҷашнҳои муқаддас ва миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Аммо муқаддастарин фурсат, номгузории рӯз бо номи рӯзи забони модарӣ аст. Чун забон ва гуфтор хусусияти фарқкунандаи инсон аз дигар мавҷудот буда, бо забони модарӣ сухан гуфтан атои Худованд ба инсон аст. Инчунин вожаи «модар» дорои мазмуни ғанӣ ва пуршараф буда, мавзӯи забони модарӣ низ мебошад. Муҳим барои миллатҳо ва мардумон ин аст, ки равобити онҳо бо ҳамдигар тафоҳум дошта бошад ва чунин масъала ҷуз бо истифода аз забони модарӣ имкон надорад.
         Забон ҳамчун воситаи асосии тафаккур дар баёни ҳувияти ҳар як шахс ё миллат наќши аввалро мебозад. Дар воқеъ, забон зарфи андеша ва дар шаклҳои гуногуни хаттӣ, шифоҳӣ ва фолклорӣ дар рӯи замин ҷараён мегирад ва нақши як шахс ё миллатро дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба дигарон ва наслҳои оянда тасвир мекунад. Дарки мақом ва аҳамияти ҳар як забон дар ҷомеа муҳим аст. Бояд фаҳмид, ки забони ҳар миллат бо рӯҳи он миллат иртибот дорад. Ҳар гуна беэътиноӣ ба ин принсип аслан поймол кардани ҳуќуќҳои аввалиндараҷаи он миллат ва дар натиҷа зарбае ба ҷисми тамаддуни башарӣ мебошад. Забони модарӣ аввалин сарвати бебаҳои ҳар як инсон ва ҳар миллатест, ки дар сайёраи замин кӣ ва чӣ будани ҳузури инсон ё миллатро расман эътироф мекунад. Муфассал ...
Хондан 122 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

  “Мактубот”-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун сарчашмаи илмӣ

 “Мактубот”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҷмуи номаҳои ӯст, ки бо хоҳиши дӯстону пайвандонаш барои амирон, вазирон, ҳокимони замон, донишмандону орифон ва фарзандонаш иншо гардидаанд. Номаҳои Мавлоно Ҷалолуддин дорои арзишҳои баланди илмӣ ва адабӣ буда, ҳамчун сарчашмаи адабӣ ва намунаи ҷолиби номанигорӣ мебошанд. Ҷалолуддини Румӣ андаруни ин номаҳо миқдоре аз оёту ҳадис, ҳикоятҳои дилпазир, ашъори арабиву форсӣ, амсолу ҳикам, луѓоту ибороти ҷолибро мавриди истифода қарор додааст, ки сабаб гардидаанд, ки ин номаҳо ба “манзалаи сарчашмаи муҳимми сухансанҷии форсӣ истиқбол карда шаванд”. Бахусус, пораҳои зиёди шеърӣ, ки дар номаҳои Мавлоно ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ оварда шудаанд, машҳуранд ва шоирону адибони баъдӣ дар мактубҳои худ аз онҳо истифода кардаанд. Дар номаҳои Мавлоно Ҷалолуддин ашъори зиёд истифода шуда, он ба намунаи насри содаву фасеҳ иншо гардидааст, ки ҳамчун ёдгори вижаи адабӣ ва номанигорӣ дар Осиёи Саѓири замони мусаннифи он мебошад. Муфассал ...
Хондан 99 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши Пешвои миллат дар бузургдошти Мавлоноии Балхӣ

 Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бузургдошти шахсият ва фаъолияти фарзандони маъруфи миллати тоҷик аз замонҳои қадим то даврони муосир ба як амри воқеӣ табдил ёфт. Дар саромадии ин амали шоиста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Сабаби асосии ин гуна муносибатро ба таърихи миллат ва намояндагони бузурги он Пешвои муаззами миллат чунин тафсир намудаанд: «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи  шахсиятҳои сарсупурдаи миллат  ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон дар бораашон ҳарф занем». Муфассал ...
Хондан 200 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Посвящается 80 летию академика Кароматулло Олимова Некоторые воспоминания о переводческой деятельности академика Кароматулло Олимова в Афганистане

 

В эти дни все научное, творческое, культурное и экспертное сообщество Республики Таджикистан отметило знаменательную дату - 80 - летие со дня рождения известного таджикского философа, деятеля науки и техники Республики Таджикистан, действительного члена Национальной академии наук Таджикистана, академика Международной академии наук, лауреата Государственной премии Республики Таджикистан имени Абуали ибн Сино, доктора философских наук, профессора Кароматулло Олимова.
В честь этой даты в республике прошли различные мероприятия. Так, 24 сентября 2024 года в зале заседания Президиума Национальной Академии наук Таджикистана (НАНТ) состоялась научная конференция «Состояние и тенденции развития современной таджикской философии (на примере научно - практической деятельности академика Кароматулло Олимова)». Муфассал ...
Хондан 69 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia