casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Мавлавӣ ва рушди хештаншиносӣ (Ба ифтихори рузи Мавлоно)

 

Дар шароити Истиқлоли сиёсӣ чандин падидаҳое ҳастанд, ки руҳбахш ва равонбахш мебошанд. Аз он ҷумла рузҳои “Шашмақом”, (12 майи соли 2000 таҳти рақами 294 бо имзои Президент таъсис шудааст)  гумон мекунам барои бештари мардум рӯзҳои бисёр саршор аз тарабу фараҳманди ҳастанд.
Ҳамин гуна хушҳоливу фараҳмандӣ чанд сол ҳаст, ки дар рӯзҳои Мавлоно Чалолиддини Вахшонӣ сурат мегиранд. Рузи Мавлоно, ки 30-юми сентябр ҳаст (соли 2007 аз ҷониби Юнеско соли Румӣ эълон карда буд ) барои аҳли маънӣ, аҳли ишқ, аҳли маърифат, гуё як фурсати бисёр хушбахтона аст, ки дар атрофи гулхани ишқу маънавиёти Мавлоно Чалолиддини Вахшонӣ шуру сур барпо мекунад. Муфассал ...
Хондан 34 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ - арзишҳои муҳимми Истиқлоли давлатӣ

 

Ҷаҳони пуртазодд ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба тамоми равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо, муносиботи байналмилалӣ таъсири боризе ворид кардааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон кишварҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикистонро пайваста ба мустаҳкам кардани мақому мартабаи худ такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода намудани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон - истиқлоли худ водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои бо ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Муфассал ...
Хондан 70 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Қадамҳои  устувор ва аъмоли ояндасоз

Мақоми як фард дар ҷомеа аз чӣ иборат аст? Оё, як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми шароити мавҷудаш дигаргун созаду мардумро рӯи назму низом дарорад ва боиси сарбаландии инсонҳои он ҷомеа гардад? Таърихи инсоният доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ниёз ба такрор нест, танҳо ҳаминро метавон зикр кард, ки ба қавли бузургҳо ҷасорату қадамҳои устувор ва нияти хайр ва созандаи як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд кунад. Сарзамин ва мардуми Тоҷикистон баъди барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ бисёр парешониву сахтиҳоро аз сар гузарониданд, чун дар аввали роҳ кишварро хатарҳои гуногун таҳдид мекард. Шаҳрвандон дар баробари қурбониҳову гирифториҳои қашшоқӣ ва тарси аз нав қарор гирифтан зери зулму ситам, ҳаросҳо ва ғуссаҳои гуногунеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин бесару сомониҳо ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насибашон мешуда бошад ва оё дубора ба як зиндагии осоишта ва нек дар як ҷомеаи пешрафта хоҳанд расид ё не? Муфассал ...
Хондан 39 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши сиёсати иҷтимоӣ дар рушди устувори Тоҷикистон

Рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир натиҷаи талошҳои зиёди Ҳукумат ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон мебошад, ки сиёсати иҷтимоиро ҳамчун яке аз ҷанбаҳои калидии инкишофи миллӣ эътироф намудаанд. Сарвари давлат дар баромадҳои хеш  пайваста ба нақши муҳим ва ҳалкунандаи сиёсати иҷтимоӣ дар таъмини пешрафт ва суботи ҷомеаи Тоҷикистон таъкид мекунанд. Масъалаи мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, ки ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бахшида шудааст, возеҳ ва равшан дарҷ гардидааст.
Сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин соҳаҳои афзалиятноки кишвар, мисли маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифтааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки дар соли 2023 барои таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 40 миллиард сомонӣ аз буҷети давлатӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар мегардад.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таълим ва фарогирии муассисаҳои таълимӣ бо шароитҳои замонавӣ мебошад. То соли 2023 зиёда аз 2,6 миллион нафар хонандагон ва донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки  худ нишондиҳандаи пешрафти назаррас дар ин самт мебошад. Маблағгузории иловагӣ ба соҳаи маориф, хусусан дар бахши сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, яке аз нишондиҳандаҳои муҳим дар ин самт мебошад.
Сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ низ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст. Дар соҳаи тандурустӣ, сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таҷҳизоти муосир равона гардидааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли  2023 зикр шудааст, ки соли 2023 беш аз 3,3 миллиард сомонӣ ба ин соҳа равона шудааст. Бунёди муассисаҳои тандурустӣ дар саросари кишвар ва таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос омили муҳим барои баланд бардоштани сатҳи солимии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият ва нафақахӯрон, дар маркази сиёсати иҷтимоии кишвар қарор дорад. Дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ барои пардохти нафақа, кумакҳои иҷтимоӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ равона шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки ин чораҳо на танҳо сатҳи некуаҳволии аҳолиро баланд бардоранд, балки ба рушди устувори кишвар низ мусоидат намоянд.
Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар сиёсати саноатикунонии босуръатро амалӣ намуда, дар ин раванд ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, сатҳи бекорӣ ва камбизоатиро коҳиш медиҳад. Тавассути таъсиси корхонаҳои нав ва афзудани истеҳсолот танҳо дар соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ  зиёда аз 11 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам овард шудааст, ки ба рушди умумии иқтисодӣ ва беҳбудии зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Нақши муҳими сиёсати иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувор дар ташаккули "иқтисоди сабз" ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зоҳир мегардад. Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешрав дар татбиқи "энергияи сабз" эътироф шудааст. Дар Паёми соли 2023 Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин хоҳад шуд. Ин иқдом дар баробари рушди саноатикунонии кишвар ба устувории экологӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон қарор дорад ва ба  таъмини рушди устувори кишвар ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои тамоми қишрҳои аҳолӣ равона шудааст. Тавассути тадбирҳои пайдарпай ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлатамон қадам ба қадам ба ҳадафҳои стратегии рушди давлат наздик шуда, ҷомеаи устувор, адолатпарвар ва босуботи иҷтимоиро ташкил менамоем.
 
 
Гардоншоев А.М.
Гардоншоев А.М. Ходими хурди илмии шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Муфассал ...
Хондан 49 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia