casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Инак, монографияи коллективӣ таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмудзода М.А. ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода

Дар монографи мазкур асосан масъалаҳои зерин, ба монанди: асосҳои назариявӣ-методологии маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ; маърифати ҳуқуқӣ дар муносибатҳои никоҳ ва оила; маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; маърифати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, терроризм ва экстремизм; ҳифзи мероси фарҳангии ѓайримоддӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ; таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд, ки он аз ҷониби олимони намоёни соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аз ҷумла, Шарофзода Рустам Шароф – д.и.ҳ., профессор, Зоир Ҷурахон Маҷидзода – д.и.ҳ., профессор, Нематов Акмал Рауфҷонович – д.и.ҳ., профессор, Сангинзод Дониёр Шомаҳмад – д.и.ҳ., профессор, Ҳасанов Шарифхуҷа Қозиевич – д.и.с., дотсент, Қодирзода Тоҳир Қамар – н.и.ҳ., дотсент, Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ – н.и.ҳ., дотсент, Собирзода Исфандиёр Салом – н.и.ҳ., Қодирзода Мирзоқодир Аюб – н.и.ҳ. ва дигарон таҳия шудааст.
Дар монография қайд карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ҳамзамон, тибқи Конститутсия мазмуни қонунҳо ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро таъмин, эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад ва дар раванди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим дорад. Шахсе ҳуқуқҳои худро истифодаю ҳимоя карда метавонад, ки уҳдадориҳои худро иҷро менамояд ва маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошад. Бидуни сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини низому тартибот, ташаккули фарди комилу ватандӯст ва бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати хирадмандона ва маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус дода, пайваста тадбирҳои созандаро анҷом медиҳанд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷўҳи махсус равона шудааст ва дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 марти соли 2006, №94, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018, №1005, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 амалӣ карда мешавад.
Сарвари давлат пайваста ба масъалаи маърифатноккунии аҳолӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат қайд менамоянд, ки “инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад”.
Сарвари давлат бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30 декабри соли 2023 қабул гардида, тибқи он соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудан аввалан аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукмати мамлакат ба масъалаи маърифатноккунии ҳуқуқии аҳолӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, тарғибу ташвиқи рафтори ҳуқуқӣ диққати асосӣ медиҳанд.
Мақсади соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудан ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузор будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Аз ин рў, монографияи пешниҳодгардида, масъалаҳоеро дарбар мегирад, ки онҳо барои тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа равона шудаанд.
Муфассал ...
Хондан 40 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Қадри сулҳпарварӣ ва инсондстӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити 79-уми умумии маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид 24 сентябр, ки бо забони ноби тоҷикӣ, бо лаҳну шеваи устувори президентӣ эрод гардид, як дафъаи дигар дар саросари ҷаҳон иззату эътибори забони тоҷикӣ, шеваи гуфтори зебои онро намоиш дод.
Дар ин гузориш Президенти арҷманди мо вазъияти ҷаҳони имрӯзаро бисёр фишурда ва дар айни замон дақиқ, огоҳона, ғамхорона таҳлил карданд. Аз ҷумла қайд карданд, ки  вазъи муосири ҷаҳон бисёр ҳассосу мурракаб, аз ҳайси геосиёсӣ пур аз таззодҳои хатарнок дар айни замон раванди мусаллаҳшавии бошитоб ҷараён дорад. Муфассал ...
Хондан 66 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Бозтоби симо ва шахсияти омӯзгор дар андешаҳои ҳакимонаи Пешвои миллат

Омӯзгор шахсияти калидии низоми таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар ташаккулу возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, худогоҳию худшиносии муҳассилин ва тарбиягирандагон нақши асосӣ мебозад. Зеро шахсият фитрӣ тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд.
Аз ин рӯ, барои бомақсадона ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия омӯзгор бояд қобилиятҳои дидактикӣ, ташкилӣ, муоширатӣ, идрокӣ, тавсиядиҳӣ, илмӣ-маърифатӣ ва ғайраро, ки бо мазмун ва хусусиятгириҳо аз ҳам тафовут доранд, дошта бошад. Муфассал ...
Хондан 67 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нигини фалсафа ва шарқшиносии тоҷик

Зарина Диноршоева  шарқшинос ва файласуфи муътабар, устоди фарҳехта, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва модари маънавии садҳо шогирдон, 24-уми сентябри соли 1968 дар оилаи файласуфи бузург Мусо Диноршоев ба дунё омадааст.
Муаллима аз зумраи шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа роҳнамо ва пешсаф буда, барои ҷомеа чароғи роҳи илму маърифатанд ва бо корномаи илмии худ дар пешрафту шукуфоии фалсафа ва шарқшиносии тоҷик басо корҳои мондагор анҷом додаанд ва ҳоло ҳам паи пажӯҳишанд.
Агар ба корномаи илмии профессор З.М. Диноршоева назар афканем, мебинем, ки то чӣ андоза ин бонуи гиромӣ дар пешрафти илми фалсафаи тоҷик саҳм гузоштааст ва доим пайи омӯзишу пажӯҳиш, таълифи китобу мақолот, таълими шогирдон ва тайёр кардани олимони соҳаи фалсафа мебошад. Муфассал ...
Хондан 67 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia