casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

  Бозтоби чанде аз масоили   фалсафӣ дар шеъри Рӯдакӣ

            Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ на танҳо дар саромади ташаккули забони форсӣ, шеъру адаб ва назми оламшумули он, балки дар фарҳанги форсу тоҷик дар саргаҳи ҳикмат ва андешаҳои фалсафӣ қарор дорад. Бесабаб Муҳаммад Авфии Бухороӣ (вафоташ1237) ҳангоми муайян намудани исми пурраи шоир дар тазкираи машҳураш “Лубоб – ул - албоб” ба ӯ насаби Ибни Ҳаким ар –Рӯдакиро  илова накардааст.
    Дар рисолаҳои фалсафии “Ихвон –ус –сафо” низ аз Рӯдакӣ чун шоир ва файласуф ёдоварӣ шудаву доир ба робитаи назариёти ӯ ба таълимоти ин ҳалқаи илмию энсиклопедӣ ва фалсафии асрҳои миёна ишораҳо рафтааст. Ҳамчунин, мисраи машҳури “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй”, ки таъкиди бевосита дар ин љо бар калимаи “ҳикмат” аст, гӯёи робитаи хеле сахти шеъри Одам - уш - шуаро бар назариёти фалсафиро дорад. Дар баробари ин, як нигоҳи иҷмолӣ ва умумӣ ба осори шоир метавонад ҷой доштани андешаҳои баланди фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтиро дар осори шоир равшан собит созад. Муҳаққиқони муосир низ вуҷуд доштани ғоя ва дидгоҳҳои қавии таълимоти фалсафӣ дар осори Рӯдакиро таъкид намудаанд. Аммо ин хусусияти ашъори шоири бузург то ҳанӯз дар адабиёту дар фалсафаи мо ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.
   Зикр намудан ба маврид аст, ки Рӯдакӣ ба таври системанок асар ё рисолаи алоҳидаи фалсафӣ таълиф накардааст, вале дар қитъаҳои шеърӣ, ғазалиёт, достонҳо, марсияҳо ва дигар жанрҳои бадеӣ ӯ таълимоту масоили ҷавҳарии фалсафиро хеле мӯшикофона ва зарифона дар қолабҳои диниши ақлӣ баён намудааст. Хусусияти хоси таълифоти шоир низ дар ҳамин зоҳир мешавад.   Муфассал ...
Хондан 63 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мавлоно ва Рӯдакӣ

Поягузори адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дар ҳақиқат ҳам дар саргаҳи назми мардуми мо қарор дорад ва аз чашмаи шеъри оламгири ӯ анқариб тамоми намояндагони адабиётамон об хӯрдаанд. Ин маъниро дар мисоли таҳлили қиёсии баъзе ашъори Рӯдакӣ ва орифи мутасаввиф Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273), ки дар мадди аввал аз ҷиҳати фосилаи замонӣ ва мансубияти ҷаҳоншинохтӣ каме аз ҳамдигар дур ба назар мерасанд, метавон ба таври мушаххас собит кард ва дар ин мавзӯъ қаблан муҳаққиқони тоҷик баъзе фикру андешаҳои худро иброз дошта буданд. Аз ҷумла, як мақолаи номзади илми филология К. Саидолимов, ки дар арафаи таҷлили 800-солагии зодрӯзи Мавлонои Румӣ ба чоп расида буд, қобили таъкиди махсус аст. Муаллифи мазкур ду назираи Мавлоноро бар ғазали машҳури Рӯдакӣ «Бӯи ҷуи Мӯлиён ояд ҳаме», ки бо матлаъҳои зайл шурӯъ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода буд: Муфассал ...
Хондан 140 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Умре дар хидмати фалсафаи тоҷик

Шарипов Абдуғафор 16 сентябри соли 1945 дар деҳаи Ҷорди ноҳияи Қалъаи Хуми (ҳоло ноҳияи Дарвоз)-и ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз соли 1952 то соли 1959 дар мактаби ҳафтослаи № 7 ба номи Ҷ.Ҷабаев ва аз соли 1959 то соли 1962 дар интернати назди мактаби миёнаи № 1-и шаҳраки Қалъаи Хум таҳсилро идома додааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1962 ба Факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1967 хатм намудааст.
Баъди хатми Донишгоҳ паз аз сӯҳбату санҷиш фаъолияти кориро дар шуъбаи КМ ИҶКЛ (ЛКСМ) ба ҳайси лектор фаъолияти кориашонро оғоз намудаанд. Соли 1970 ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи АИ РСС Тоҷикистон дохил шуда, баъди якунимсоли таҳсил бемор шудаанд ва ноилоҷ таҳсилро қатъ намуда, муддате чанд дар мактаби № 77 ш.Душанбе аз фанни таърих дарс гуфтаанд. Муфассал ...
Хондан 103 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши Истиқлол дар рушди забони давлатӣ!

 Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма мегирад. Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Муфассал ...
Хондан 78 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia