casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдат кафили сулҳ ва осоиштагии миллат.

wrapper

Моҳияти Ваҳдати миллӣ имрӯз дар илмӣ ҷомеашиносӣ аз он иборат аст вақте, ки дар бораи ваҳдати милли сухан ронем, ин танҳо ба намояндагони як миллат ё тоҷиконе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд тааллуқ дорад.  
Гуфтан ба маврид аст, ки барои ба даст овардани Ваҳдати милли, истиқлолияти миллӣ ва нигоҳ доштани давлатдории милли  нақши худи миллати тоҷик хеле бузург аст. Дарк кардани хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногуни замони муосир ба манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ албатта, на ба ҳар як миллату халқиятҳо муяссар мегардад. Милати тоҷик дар ин масъалаи бисёр ҳассос аз имтиҳони сахти таърихӣ гузаштааст.
Дар илмҳои ҷомеашиносӣ ва ҳам дар таҷрибаи давлатдориамон мафҳумҳои «манфиатҳои миллӣ», «истиқлолияти миллӣ», «амнияти миллӣ», «идеаи миллӣ», «пули миллӣ», «сарвати миллӣ», барин ибораҳо истифода мешаванд. Ҳамаи ин истилоҳҳо умумияти хос дошта, ба кишвар ва сарзамини муайян тааллуқ доштани онро мефаҳмонад, ки дар ин маврид истилоҳи «Ваҳдати миллӣ» айнан ҳамин маъноро ифода мекунад.
Ваҳдати миллӣ, яке аз пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик, ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст. Кишваре, ки соҳиби ваҳдат бошад роҳу равиши хосаи давлатдорӣ ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд пайдо кунад ва набзи давлату миллати худро ба набзи майёра ҳамсадо созад. Дар ин раванд миллати тоҷик тавонист комёб шавад. Мо ба ҷаҳониён собит намудем, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу дериннаи  миллати бофарҳанги миллати тоҷик аст.   
Таърих исбот менамояд, ки зиндагии шоиставу сазовори мардум ва рушди босуботи ҷомеа танҳо ҳангоми ҳукмронии Ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.
Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандона, азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳати Миллии пешвои муаззами миллат Муҳтарам Э.Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати милли  ҳукумрони дорад. Ин бузургтарин дастоварди ваҳдат ва даврони истиқлолият буда, ҳеҷ неъмате баробари сулҳ ва ваҳдати милли шуда наметавонад. Ҳатто истиқлоли кишваре, ки дар он сулҳу субот ва ваҳдати комили ҷомеа пойдор набошад, наметавонад аркони давлатдорӣ ва истиқлолияти  сиёсиро дуруст рушду нумуъ намояд.
Бояд ёдовар шавем, ки барои расидан ба ин рӯзи саид миллати тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, бо шарофати дарки манфиатҳои милли бо мухолифати мусалаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрванди хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки мо метавонем таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талошҳои ватандустона ободу зебо мегардонем.
Муҳммад Абдураҳмон дар китоби худ «Истиклол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» чунин ибрози андеша намудаанд, ки агар миллати тоҷик ва давлатмардони он идеяи мутаҳиддии миллиро амалӣ намекарданд, касе дар ин сарзамин сулҳ оварда наметавонист. Ин нишонаи фарҳангсолорию шуҷоатмандии миллати тоҷик аст, ки ба хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ таъсири худро  гузошта тавонист.  
Маълум аст, ки Ваҳдат раванди ташакуллёбии миллатро метезонад, пас миллат иттиҳоди ризоияти шаҳрвандони як ҷомеа дар як давлати миллӣ мебошад, ки омили асосии унсурҳои ваҳдати миллиро дар як кишвар худи давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад
Ваҳдати миллӣ ин, омолу орзуи  деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи ватани маҳбубамон мебошад. Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон неруи бузург буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза дар кору пешбурди соҳаҳои мухталиф мавқеи ҷавонон  хеле  муҳим аст.
Ҷои баҳс нест, ки ояндаи  ҳар як милату давлат дар дасти ин қишри ҷомеа мебошад, яъне тақдири ҳар як кишвар маҳз дар дасти ин гуруҳ қарор мегирад.  Аз ҳамин нуқтаи назар, то чи андоза бархӯрдор будани ҷавонон аз фарҳанги миллӣ ва доштани ҳувияти миллӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Воқеан ин қишри ҷомеа дорои зарфияти бузурги зеҳнӣ ҳастанд, истифода накардан ва қадр накардани он ба манфиати ин ҷомеа нахоҳад буд.
Мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем,ки тақдири ояндаи халқу миллат ба души мо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани ватани ободу рушдёбанда масулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустӣ кӯшишу талошҳои зиёд намоем.
Барои он,ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад. Онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанти куҳанбунёдамон бархурдор гарданд. Ҳамчунин моҳияти Ваҳдати миллии худро ба хуби дарк карда, бо рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқадасоти миллӣ эҳтиром гузошта ба ин неъмати бебаҳо ва муқаддас Ваҳдати милли  ва сарвари шуҷои ин сарзамин ба қадри ин сарзамини биҳиштосо расему ҷавонони ватандусту ватанпарвар бошем, ки дар оянда, ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт карда тавонем.  
Дар назди мо ҷавонон масъалаҳои қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани ватанро бо қалбамон талаб кунем.
 
Давлатмуродзода Балхия. Ходими хурди
 илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқууқи Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia