casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён

Дар паҳно ё шикастапораҳои Ориёни Қадим Тоҷикистон айни замон ягона кишварест, ки ин тамаддуни бузургро ворисӣ менамояд. Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари озоданажоду фарзонаамон, ки решаву насаб дар ин тамаддуни оламшумул дорад, эҳё ва башарӣ намудани афкору осору пайкори бургмардони илму фарҳангу сиёсати Ориёни Бузург - ро вазифаи муқаддаси хеш ва ҳар як фарди бедордили миллат медонад. Мавриди таъкид аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон таҳкими худогоҳии миллату арҷгузории фарҳангу таърихи пурифтихорамонро аз ҳадафҳои афзалиятноки барномаи амали хеш қарор дода буданд.  Соли 2006 - ро “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ” эълон намудани Пешвои хирадпешаву дурбинамон як далеле аз сад далел ва исботи бебаҳси нигоштаҳои болост. Маҳз ҳамон сол Тоҷикистон хонаи умеди ориёини ҷаҳон муаррифӣ гардид. Баргузории  Конфронсҳои илмӣ – назариявӣ бо иштироки муаррихону олимонни сиёсатшиноси ватанӣ дар Пойтахт ва саросари кишвар,  маҷлиси мутантан бахшида ба Ҷашни истиқлол ва Анҷумани 6-уми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ҳамоиши баналмиллалӣ бо иштиорони донишмандони саршиноси ҷаҳон, интишори асарҳои пажуҳишии мондагори олимон, ташрифи ҳазорон меҳмонон самараи бебеҳои як иқдоми меҳанпарастонаи Сарвари давлат буд. Президенти мамлакат зимни паёми табрикияшон ба аҳли маҳфил аз ҷумла баён дошта буд:

Муфассал ...

Арзише ки бисёр азиз аст

Рӯзгори муосир чуноне, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки фардо чӣ мешавад...”

Ин рӯзгор дар баробари он, ки сахт ғайриинтизор аст, соат ба соат фоҷиабор будани он рӯ ба афзоиш аст. Хусусан? пас аз он, ки Эрон 180 мушак ба суйи Исроил партоб кард, қабл аз ин Исроил Фаластину Ливияро хокбезу хунбор кард, террорҳое кард (аз ҷумла ба истилоҳ террори пейҷерӣ), ки назираш дар таърих вуҷуд надорад. Геносиде, ки Исроил дар Фаластин кард аз назари мутахассисон Гитлер накардааст.
Дар баробари ин гуна касофату разолатҳои рӯзгори муосир мо бо харобкориҳои дигаре ҳам рӯ ба рӯ ҳастем, ки  ин харобкориҳо хокборону хунборонро, ба истилоҳи Мавлавӣ дар ҷони одам мекунанд: Муфассал ...

УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ

 Хешро дар фалсафа устод кард,
Рӯҳи Синою Арасту шод кард.
Ин зан аз ваҷҳи зани озоди Шарқ,
Қиссаи пурҳикмате эҷод кард.
 
Барои ҳар як инсон дар интихоби касб ва ё пешае шахсе боис мегардад, ки дар роҳи интихобкардааш муваффақ ва комёб гардад. Соли 2002 баъди хатми донишгоҳ тибқи роҳхати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси коромӯз-таҳқиқотчӣ ба кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев (ҳозира ба номи С.Айнӣ) сафарбар гардидам. Муддати фаъолият намуданам дар кафедраи зикршуда аз лиҳози потенсали илмӣ баланд доштанаш ва сарҷамъии ин ҳайат бароям институтеро мемонд, ки ҳама барномарезию дурнамоии фаъолияташон дар асоси ченакҳо ва меъёрҳои илмӣ амалӣ мешуд. Бароям як олами дигар боз шуд. Тибқи назарияи илми иҷтимоиёт дар ҳаёти ман таҳарруки иҷтимоӣ сурат гирифт, аз шаҳр ба пойхтахт барои пажӯҳиши илмӣ, пайдо намудани имкониятҳои дастрас, муҳимтар аз ин, бо шахсиятҳое ошноӣ пайдо намудам, ки ҳаёти ман куллан тағйир ёфт. Аз олимони ин даргоҳ нозукиҳои илм ва арзишҳои фалсафиро маърифат намудам. Баъд аз гузашти солҳо бо худ меандешам ва боварибахшона мегӯям, ки он рӯзҳо дар таърихи ҳаёти ман бо ҳарфҳои зарин сабт гаштаанд, чун беҳтарин лаҳзаҳои умри хешро дар чунин фазои илмӣ бо шахсиятҳои шинохтаи натанҳо кишвари азизамон балки  берун аз он обрую нуфуз доштанд сипарӣ намудам. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia