casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Як қадам дар роҳи татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот

Дар таърихи 14 июни соли ҷорӣ дар Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Рўзи дарҳои кушод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур, ки бо иқдоми Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон доир шуд, ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов дар қатори институту марказҳои дигари академӣ фаъолона ширкат варзида, дастовардҳои илмии худро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, меҳмонон бо 15 ҷилди осори Ибни Сино бо забони тоҷикӣ, 7 ҷилд бо забони русӣ, китобҳои таърихи фалсафаи тоҷик (5 ҷилд бо забони тоҷикӣ ва 3 ҷилд бо забони русӣ), таҳқиқоту монографияҳои олимони варзидаи Институт, шумораҳои охирини маҷаллаи илмии он ва дигар маводи нашршуда шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар доираи баргузории Рўзи дарҳои кушод инчунин конференсияи илмӣ дар мавзуи «Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон» гузашта, дар он вазифаҳо барои татбиқи амалии дастовардҳои илмӣ вазифаҳо мушаххас карда шуданд. Аз ҷумла, роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов тасмим гирифт, ки минбаъд дар таҳияи дастуру роҳнамоҳо барои кори амалӣ бо ҷавонону наврасон дар самти мубориза бо ҳодисаҳои номатлуби ифротгароӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ, тарғиби худшиносиву арзишҳои миллӣ, китобҳои дарсӣ аз соҳаҳои мухталифи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ва амсоли он бештар саҳм гузорад.
Дар анҷоми конференсия ба магистрантону докторантони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, ки дар озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия ва қонунгузории конститутсионии ҷумҳурӣ» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ғолиб омаданд, диплому туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Муфассал ...

Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино дар рушди тафаккури илмии ҷомеа”

Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино дар рушди тафаккури илмии ҷомеа” баргузор гардид.
Конференсияро директори Институт д.и.ф., профессор Маҳмадизода Нозим оғоз бахшида, аз ҳузури иштирокчиёни семинар изҳори сипос намуда, дар бораи фаъолияти тарҷумонии кормандони Маркази синошиносӣ ва аҳамияти тарҷумаи осори мутаффакирони форсу тоҷикро дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ сухан гуфта, онро барои илми муосир бисёр муҳим шуморид.
Баъдан мудири Маркази Синошиносӣ д.и.ф, профессор Назариев Рамазон ба таври мухтасар доир ба тарҷумаҳо ва таҳқиқоти арзишманди муҳаққиқони тоҷик маълумот дода, нақши онҳоро ба ғайр аз таҳқиқоти осори Ибни Сино ҳамчунин дар омӯзиш ва тарҷумаи осори Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Абубакри Розӣ, Ровандӣ, Эроншаҳрӣ ва мутафаккирони дигар  бисёр арзишманд муаррифӣ намуд.
Баъдан ходими пешбари Маркази синошиносӣ Ҳоҷиев Аҳмад дар мавзуи “Иртиботи “Ҳайат”-и “Китобу-ш-Шифо”-и Абуалӣ ибни Сино бо “ал-Маҷастӣ”-и Клавдий Птоломей” маъруза намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки то ҳол рисолаи “ал-Ҳайат”-и Ибни Сино ба таври густурда ва амиқ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст ва танҳо дар “Маркази синошиносӣ” ин китоб тарҷума ва мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар идома, ходими калони Маркази синошиносӣ Аскардаев Кишвар дар мавзуи “”Нақши тарҷумонҳои Маркази синошиносӣ дар муаррифии “Осор”-и Ибни Сино” суханронӣ намуда, аҳамияти таъсиси ин Марказ ва тақши тарҷумонони ин марказро дар муаррифии “Осор”-и Ибни Сино бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.
Баъдан, н.и.ф., Ҷонбобоев Сунатулло дар мавзуи  “Мақоми тарҷумонҳои осори Ибни Сино ва имконоти шинохти нави “Осор”-и ӯ суханронӣ намуда, аҳамияти тарҷумонӣ ва таҳқиқоти муҳаққиқони тоҷикро дар иртибот бо мероси Ибни Сино ва ҳакимони дигари форсу тоҷик, дар бораи аҳамияти омӯзиши онҳо барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ҳусн ва қубҳи ин раванд ва роҳҳои беҳбуди онро муфассал таҳлил намуд.   
Дар идома, д.и.таърих. професор Аскаралӣ Раҷабов нақши Мӯсо Диноршоевро дар таъсиси Маркази синошиносӣ ва омода кардани мутахассисони Марказ, аз ҷумла Ҳоҷиев Аҳмад ва Аскардаев Кишварро бисёр арзишманд ҳисобид.
 
 
Раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ заминае барои татбиқи илм дар истеҳсолот

Имрӯзҳо аз замони қабули созишномаи Ваҳдати миллӣ 26 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддати Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гашт ва дар сатҳи байналмилалӣ дар тамоми соҳаҳо дорои мақому мартабаи баланд аст. Сулҳу суботи кишвар, ки маҳз бо талошҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гашт, омили дигари касби ин дастовардҳо мебошад. Ин марди хирад, билҳақ, барои пешравии Тоҷикистони азиз ва тоҷикон бо роҳандозӣ намудани сиёсати Ваҳдати миллӣ хидматҳои зиёд кардаанд, ки дар таърих ҳамто надорад.  Маҳз Ваҳдати миллӣ боис гашт, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш шуда, муассисаҳои илмию таълимӣ фаъолияти пурсамар дошта бошанд. Илова бар ин чандин муассиссаҳои илмию таълимӣ бевосита тавассути амру фармонҳои Пешвои миллат таъсис ёфта, дар татбиқи илм дар истеҳсолот саҳми худро гузоштаанд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia