casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Нигоҳе ба дастовардҳои донишмандони асримиёнагии Шарқи исломӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ

Саҳми донишмандони асримиёнагии Шарқи исломӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ниҳоят бузург буд, ки натиҷаҳои онро то ба имрӯз тақрибан дар тамоми ҷаҳон, бавижа дар аврупо мавриди истифода қарор медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки баъзе муҳаққиқон фазои имрӯзаи кишварҳои исломиро ба “давраи торик” мутааллиқ донистанд. Мардуми ин кишварҳоро ба ҷоҳилию нодонӣ муттаҳам мекарданд.
Мо ба баҳси дурӯдарози миёни онҳо ба иллати маҳдудияти ҳаҷми мақола дахолат накарда, ба таври мухтасар дар бораи баъзе аз дастовардҳо ва бозёфтҳои ин олимон дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ назар меафканем: Муфассал ...

Маърифати ҳуқуқӣ –кафили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

Пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани  истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демеократӣ ва ҳуқуқбунёдро ҳадафи ниҳоии хеш қарор доданд. Бо дар назардошти талаботи замон чунин асоси сохтори давлатӣ дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвата кӯшиш намуда истодааст, ки ин ҳадафҳои дар пеш гузошта шуда ҳар чӣ зудтар татбиқ гардида, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва таҳкими истиқлолияти воқеии давлатӣ татбиқ карда шаванд. Муфассал ...

ҶОЙГОҲИ МУАЛЛИМ ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  (дар ҳошияи Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба “Рӯзи дониш ва “Дарси сулҳ”)

       Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 1-уми сентябри соли 2024 дар баробари ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе, суханҳоии пурмуҳтаво ва пур аз ҳикмату панду андарз гуфтанд, ки роҳнамои тамоми омӯзгорон ва дар умум, ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар ин суханронӣ дар бораи мақому манзали омӯзгор, ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои соҳаи маориф суханронӣ намуда, дар мавриди эҳтироми устод чунин сухани ҳакимона гуфтанд: “ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”. Дар ҳақиқат эҳтироми омӯзгор эҳтиром ба ватану миллат аст. Бояд дар ҷомеа аз ҳама баланд мартабаи омӯзгор бошад, ҷомеае, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузорад, ҳатман пешрафта ва ормонӣ хоҳад гашт. Зеро дар натиҷаи омӯзишҳо муайян гашт, ки кишвари Япония замоне пеш рафт, ки ба муаллим эҳтиром қоил шуданд ва қадри ӯро аз ҳама баланд донистанд. Пешвои миллат дар ин маврид низ гуфтанд: “Эҳтироми омӯзгор – эҳтироми миллат” аст. Дар ҳақиқат “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia