casino malaysia
casino malaysia
ҶОЙГОҲИ МУАЛЛИМ ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  (дар ҳошияи Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба “Рӯзи дониш ва “Дарси сулҳ”)

wrapper

       Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 1-уми сентябри соли 2024 дар баробари ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе, суханҳоии пурмуҳтаво ва пур аз ҳикмату панду андарз гуфтанд, ки роҳнамои тамоми омӯзгорон ва дар умум, ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар ин суханронӣ дар бораи мақому манзали омӯзгор, ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои соҳаи маориф суханронӣ намуда, дар мавриди эҳтироми устод чунин сухани ҳакимона гуфтанд: “ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”. Дар ҳақиқат эҳтироми омӯзгор эҳтиром ба ватану миллат аст. Бояд дар ҷомеа аз ҳама баланд мартабаи омӯзгор бошад, ҷомеае, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузорад, ҳатман пешрафта ва ормонӣ хоҳад гашт. Зеро дар натиҷаи омӯзишҳо муайян гашт, ки кишвари Япония замоне пеш рафт, ки ба муаллим эҳтиром қоил шуданд ва қадри ӯро аз ҳама баланд донистанд. Пешвои миллат дар ин маврид низ гуфтанд: “Эҳтироми омӯзгор – эҳтироми миллат” аст. Дар ҳақиқат “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.
Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хидмат мекунад. Яъне дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад. Дар ҳақиқат шоири муосири тоҷик Боқӣ Раҳимзода ин маъниҳоро шоирона тасвир кардаанд:
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
Пешвои миллат дар аксарияти суханрониҳои худ иброз медоранд, ки “Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем”. Ба ин мақсад Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин Қонун мақому манзалати ҳуқуқии омӯзгорро боз ҳам баланд мебардорад. Зеро то ин дам бо дастгириву талошҳои Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар ба кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст.
Дар ин суханронӣ Пешвои миллат боз ҳам аз солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки омӯзгорони мо дар ҳамон солҳо бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он давра содиқона фаъолият намуданд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштанд.
Пешвои миллат омӯзгоронро ёдрас намуданд, ки Шумо – муҳтарам омӯзгорон – ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонед. Бубинед, ки кӯдак вақте ба мактаб меравад, чӣ қадар ақлу фаҳмиш дорад? Чӣ қадар дониш дорад? Чӣ қадар хондаву навишта метавонад ва дарки ӯ оид ба ҳаёту зиндагӣ дар чӣ сатҳ аст? Тақрибан ҳеҷ! Аммо омӯзгор аз ӯ дар муддати 11 сол як инсони комил тарбия мекунад. Ана ин аст рисолати инсонсозии омӯзгор. Яъне ояндаи давлат, миллат ва Ватанро маҳз шумо месозед. Ман боварии комил дорам, ки омӯзгорони мо ин ёдрасро сармашқи кори худ намуда, дар тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ, донишманду ихтироъкор боз ҳам камарӣ ҳиммат мебанданд. Зеро дар дастгоҳи кории омӯзгор инсон тарбия меёбад ва омӯзгор бояд ин рисолатро дуруст иҷро намояд.
Пешвои миллат дар ин суханронӣ  ба омӯзгорон муроҷиат намуда, хотиррасон намуданд, ки ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд. Дар ҳақиқат Пешвои миллат дуруст қайд намуданд, ки омӯзгор бояд завқй дошта бошад, зеро ба андешаи бузурге омӯзгори касб нест, ишқ аст, бояд онро дӯст дошт ва бо як муҳаббат ба он машғул шуд.
Дар ҳақиқат мо дарси чи гуна зиндагӣ карданро аз муаллим омӯхтаем ва тамоми дору надорамон маҳсули заҳматҳои эшон аст. Муаллим ба мо ёд дод, ки то мисли ҳамаи парандаҳо парвоз кунем ва ёдоамон дод, ки ба худшиносӣ бирасем. Ҳама ҷодаҳоееро, ки муаллим нишон медиҳад ба хирад ва рӯшноӣ мерасонад:
Туро як умр хоҳам кард таъзим,
Ки бар ман додаӣ бо сидқ таълим.
Рамазониён А. Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ
 
 
 
 
 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia