casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ

 

Наврӯз даррасиду ғам аз дил бурун шавад,
Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,
Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бегумон,
Нопокию палидию дун сарнагун шавад.
       Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, ҷашни бедории табиат ва инсон аст, ки ҷузъи ҷудонопазири ин табиати бузург мебошад. Такроршавӣ ва раванди тавлиду бозтавлидӣ махсуси табиат, эҳсос ва ҷамъият аст. Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, густурдатарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Худи вожаи «Наврӯз» – калимаи мураккаби форсии – дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Дар ин айём Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31-уми моҳи Фарвардини авестоӣ ва Ҳамали аҷамӣ рост меояд.  Тибқи шаҳодаи манбаъҳо дар он айём Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса – Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хоса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд. Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад.   Муфассал ...

Озодии виҷдон ва заминаи ҳуқуқии конститутсионии он (Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)

      Мулоқоти сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи мамлакат, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми кишвар дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазан, ҷашни сиюдусолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гаштани соли 2024 – ҳодисаи нодире дар ҳамкории давлат бо аҳли фарҳанг ва ходимони дин мебошад. Гуфтугӯи ошкоро доир ба самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан, масъалаи риояи озодии виҷдон ва кафолатҳои он дар ҷумҳурӣ, масоилҳои мураккаби дар ин самт мавҷуда ва роҳҳои бартарафсозии онҳо хеле рӯзмарра ва муфид мебошанд. Зеро ки ҳамкории давлат бо сохторҳои динӣ ва ходимони намоёни дину мазҳабҳои дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта, яке аз самтҳои ҳассоси ҳаёти иҷтимоӣ буда, ба татбиқи сиёсати давлатии таълиму тарбияи ахлоқию ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон алоқаманд аст.

Муфассал ...

Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём андарбоби Наврӯз

          Яке аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардуми эронитабор Наврӯз маҳсуб меёбад. Тавре аз номи он бармеояд, маънои вожаи «наврӯз» рӯзи нав буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 20-21- уми марти солшумории милодӣ, ҳангоми баробаршавии шабу рӯз рост меояд. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол», «Соли нав», «Иди соли нав» меноманд.
         Наврӯз дар байни мардуми эронитабор ҳамчун иди бузурги бедоршавии табиат ва баробаршавии шабу рӯз, иди пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат таҷлил мегардад ва он бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Аммо ҷанбаҳои таърихии он, ки кай, чи гуна ва дар куҷо пайдо шудааст ва дар тӯли таърихи мураккабу пурпечутоби мардуми орёитабор чи тавр худро ҳифз кардааст, аз масъалаҳои асосие мебошад, ки таҳқиқотро талаб менамояд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia