casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

“Мавъизаи як рӯҳонӣ” ё фатвои Поп Гапон?

          Чанд муддатест, ки як идда рӯҳонияти кишвари ҳамсояи Афғонистон, бо ном муллою мавлавию фақеҳ ва ғайра, вале дар асл ифротию такфирию ҷиҳодӣ, гӯё ҳама масоили иҷтимову иқтисоду маънавиёти ҷомеаи худро ҳаллу фасл кардаанду ба итмом расонидаанд, акнун бар масоили дохилии дигар кишварҳо, аз ҷумла бар фазои маънавию динии Тоҷикистон ангушти маслиҳату надомат дароз доранд.    Муфассал ...

Терроризм ва хатари он дар шароити муосир

       Дар шароити муосир шаклҳои фаъолияти террористӣ ҳар чи бештар мураккаб гардида, дар муқовимат бо арзишҳои умумиинсонӣ қарор гирифтаанд. Ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои охир, таркишҳои мухталиф дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон, таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ҳаёти иҷтимоии кишварҳои рӯ ба инкишофро новобаста аз сатҳи режими демократӣ ва эътиқодашон фаро мегирад. Махсусан, бо тағйирёбии босуръати тамоюли ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои амниятии ғайри анъанавӣ марзҳои амнияти миллиро убур намуда, ба масъалаи суботи фаромиллӣ табдил ёфтанд. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини амнияти миллӣ сохторҳои дахлдори давлатӣ барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ чорабиниҳои зиддитеррористиро ба роҳ монданд. Зеро дар шароити муосир ба ѓайр аз таҳдидҳои анъанавии сиёсӣ, ҳарбӣ, дипломатӣ, инчунин таҳдидҳои ѓайрианъанавии амниятӣ, ба мисли ҳамлаҳои террористӣ, амнияти иқтисодӣ, офатҳои табиӣ, бемориҳои сироятӣ, норасоии ғизо, оби ошомиданӣ ва ғайра ба мушкилоти глобалӣ табдил шудааст. Муфассал ...

Нашри китоби армуғонии “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”

            Рӯзҳои 7-8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти шоир ва мутафаккири машҳури тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) доир мегардад. Ба ин муносибат дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ китоби армуғонӣ бо номи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр гардида, ба иштирокчиёни Конфронси мазкур тақдим мегардад.

         Дар китоб маълумоти мухтасар оид ба ҳаёт ва осори Мавлоно, зодгоҳ ва мансубияти этникии ӯ дода шуда, намунаи ашъори дилангези шоир бо забонҳои тоҷикию англисӣ оварда шудааст.
 

 

Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia