casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Рушди илми тоҷик дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон (дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

 

Пас аз баргузор гаштани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо новобаста ба душвориҳои солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ва авҷи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳаи илм дар баробари маориф дар Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятдошта эътироф гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии бештар ёфт ва маблағгузорӣ ба ин соҳа сол ба сол афзуд. Чуноне дар мулоқоти мавриди назар Пешвои миллат зикр намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст... Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст». Бо пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қатъи назар аз мушкилоти ҷиддии дар Тоҷикистон пайдошуда, бо саъю талошҳои Пешвои миллат ва олимон муяссар гардид, ки нерӯи илмӣ ҳифз ва тараққӣ дода шавад. Муфассал ...

Ваҳдат кафили сулҳ ва осоиштагии миллат.

Моҳияти Ваҳдати миллӣ имрӯз дар илмӣ ҷомеашиносӣ аз он иборат аст вақте, ки дар бораи ваҳдати милли сухан ронем, ин танҳо ба намояндагони як миллат ё тоҷиконе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд тааллуқ дорад.  
Гуфтан ба маврид аст, ки барои ба даст овардани Ваҳдати милли, истиқлолияти миллӣ ва нигоҳ доштани давлатдории милли  нақши худи миллати тоҷик хеле бузург аст. Дарк кардани хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногуни замони муосир ба манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ албатта, на ба ҳар як миллату халқиятҳо муяссар мегардад. Милати тоҷик дар ин масъалаи бисёр ҳассос аз имтиҳони сахти таърихӣ гузаштааст. Муфассал ...

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии рушди илм ва маорифи кишвар (Бардошт аз суханронии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

 

    Зимни мулоқот бо  аҳли илм ва маориф пешвои миллат доир ба  муҳимтарин роҳҳои баромад аз буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  маънавии кишварамон ибрози ақида намуданд. Ба вижа, масъалаҳои меҳварие, ки имрӯз дар ҷомеа аз масоили мубрам дониста мешаванд, ин рушди илм ва дурнамои он буда, махсусан масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ гардиданд.
    Пешвои миллат  рушди илм ва маорифро ду самти муҳимтарин барои пешрафти Тоҷикистон дониста,  таъкид мекунад, ки «илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа мебошанд». Аз ин рӯ ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё менамояд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia