casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ваҳдат ҳамбастагии мост

Ҳар миллат сазовори ваҳдату истиқлол аст, агар тавонад барои ҳифзу нигоҳдошти ӯ арзишҳои воқеӣ бунёд намояд. Ин амал замоне қобили таҳқиқ хоҳад шуд , ки миллат аз нерӯҳои иттиҳоди воқеӣ ва ваҳдат баҳра гирад.
 Миллати тоҷик озодии худро аз имтиҳонҳои гарони зиндагӣ ба ҳиммати ҷони хеш раҳо бахшид. Дар хати хунини ҷанги шаҳрвандӣ бо чакидаҳои хуни худ хешро рангу машъал дод. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. To замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешраф­ти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишвар қудрати тоҷикро зери назари худ қарор дода наметавонад. Ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад. Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ чун пойгаҳи рушди иҷтимоию сиёсии ҷавонон дар замони муосир

Дар замони муосири ҷамъиятии дорои фазои мураккабу тезутунди таҳаввулот ватани азизи мо Тоҷикистон ба зинаҳои чашмраси рушд боло рафта, тулли солҳои охир исботи тақвияти пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлатдории миллии тоҷикистониён назаррас мебошад.  Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  имсол 26 сол мешавад. Дар ин муддат кишварамон бемайлон рушду нумуъ ёфта, ҳамзамон асосҳои боэътимоди дастгирии ҷамъиятиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст овардааст ва то имрӯз давлат тамоми кӯшишу захираҳои худро ба таъмини рушди иқтисодии кишварамон ва зиндагии шоистаи халқамон равона намудааст. Тоҷикистон ҳам мисли дигар давлатҳо асолати роҳи таърихии тараққиётро вобаста ба шароити муайяни ҳаёти моддию маънавии шаҳрвандони худ ва бо хусусиятҳои ба худ хос пеша кардааст.      Ин хусусиятҳои хосе мебошанд, ки дар расму оинҳои мо ҷо шуда, аз насл ба насл гузашта  дар инкишоф ва ташаккули ҷаҳони маънавии ҷавонон асар гузошта, вазъи иқтисодию иҷтимоиро муайян мекунанд.
Ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, сари ҳастии инсоният ва ҳастии давлату миллат андеша намуда, ба  хулосае меоем, ки имрӯз дар ҷараёни бозиҳои сиёсӣ ҷорӣ кардани демократия як навъ силоҳ бар зидди оромию суботи зиндагии мардум ва кӯшиши аз байн бурдани баъзе давлатҳои дорои сарватҳои бойи табиӣ шудааст. Муфассал ...

Эҳёи арзишу анаъанаҳои миллӣ ва нақши онҳо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии эҳёи арзишу анаъанаҳои милли миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло ва дигар арзишҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia