casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдати миллӣ чун пойгаҳи рушди иҷтимоию сиёсии ҷавонон дар замони муосир

wrapper

Дар замони муосири ҷамъиятии дорои фазои мураккабу тезутунди таҳаввулот ватани азизи мо Тоҷикистон ба зинаҳои чашмраси рушд боло рафта, тулли солҳои охир исботи тақвияти пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлатдории миллии тоҷикистониён назаррас мебошад.  Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  имсол 26 сол мешавад. Дар ин муддат кишварамон бемайлон рушду нумуъ ёфта, ҳамзамон асосҳои боэътимоди дастгирии ҷамъиятиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст овардааст ва то имрӯз давлат тамоми кӯшишу захираҳои худро ба таъмини рушди иқтисодии кишварамон ва зиндагии шоистаи халқамон равона намудааст. Тоҷикистон ҳам мисли дигар давлатҳо асолати роҳи таърихии тараққиётро вобаста ба шароити муайяни ҳаёти моддию маънавии шаҳрвандони худ ва бо хусусиятҳои ба худ хос пеша кардааст.      Ин хусусиятҳои хосе мебошанд, ки дар расму оинҳои мо ҷо шуда, аз насл ба насл гузашта  дар инкишоф ва ташаккули ҷаҳони маънавии ҷавонон асар гузошта, вазъи иқтисодию иҷтимоиро муайян мекунанд.
Ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, сари ҳастии инсоният ва ҳастии давлату миллат андеша намуда, ба  хулосае меоем, ки имрӯз дар ҷараёни бозиҳои сиёсӣ ҷорӣ кардани демократия як навъ силоҳ бар зидди оромию суботи зиндагии мардум ва кӯшиши аз байн бурдани баъзе давлатҳои дорои сарватҳои бойи табиӣ шудааст.
Рӯзномаву мақолаҳои илмии сиёсатшиносонро хонда, ба хулосаи онҳо, ки имрӯз демократия аз тарафи абарқудратҳо василаи таҳмил кардани манфиати геостратегии онҳо шудааст, розӣ шуда метавонем.
Дар арафаи чашнгирии 26 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем ва имкони бори дигар дар бораи ваҳдату ягонагӣ ва таъсири он ба рушди минбаъдаи давлату миллат ва пешравии ҷавонон сухан гуфтан айни мудаост.
Ин ҷашн ва дастоварди бузурги миллатамон  аз дигар ҷашнҳову идҳо бо моҳияти созандагиву ободкории худ фарқкунанда аст. Таҷлили Рӯзи ваҳдатро халқи тоҷик аз самими қалб пазироӣ менамояд.
  Вазъияти имрӯзаи баъзе давлатҳои ҷангзадаро дида, Тоҷикистони аввали солҳои 90-ум, айёми наврасиамро пеши назар меорам.
Тарсу ваҳму фирору сарсониҳои мардум, садову даҳшати резиши тиру  туфанг болои сари занону кудакон, гуруснагиву ночориву нодорӣ,  омадани мошинҳои боркаш дохилаш пур аз даҳҳо ҷасаду мурдагон, ки аз он хун мечакид, ҳар лаҳза нолаву доду фиѓони соҳибони шаҳидгаштагон, ариқу ҷуйборҳои хунин, пур аз кирмҳои хоси ҷасади одаму буйи хундошта, шаҳидону мурдаҳои бесоҳиб, ки аз обу паскучаву зери девор ёфтшуда, ки боиси ваҳму тарси мо наврасону кӯдакон шуда буд.
 Мо медонистем, ки ҷанг рафта истодааст ва хеле дар тарсу воҳима афтода будем.  Чунин ҳодисаҳои айёми кудакиро бисёр ба ёд оварда шукр мекунем, ки аз ин вартаи даҳшати ҷанг халос шудем ва кӯдакони имрӯзаву насли нав, ҷавонони хушиқбол ба чунин ҳодисаҳои мудҳиш бовар надоранд. Чунин ёдовариҳо баҳри он, ки дигарбора чунин рӯзҳои мудҳиш такрор нашаванду сари халқу миллати мо наоянд.
Ҳодисаҳое, ки дар гӯшаву канори дунё рух дода истодаанд, ба афкору зиндагии аксарияти давлатҳою аҳолии онҳо бетаъсир намемонанд. Мутаассифона вазъияти ҷаҳони имрӯза ба арзишҳои миллии мо низ таъсир мерасонанд. Бештар ба арзишҳои моддӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баъзан он арзишҳои миллии маънавии мо мақоми худро гум карда истодаанд.  Дуруст, ки дар таърихи гузаштаи мо арзишҳои динӣ низ ба фарҳанги маънавии халқи тоҷик ва шуури иҷтимоии онҳо таъсири бузург гузоштаанд, аммо имрӯз арзишҳое, ки дар мо ва ниёгони мо ҷой дода буданд, ба таври куллӣ тағйир ёфтанд.
Албатта ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдории худро дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табиию манфиатҳои халқҳо ва қавмҳо табиатан мавҷуданд ва ин фарқиятҳо сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккури гуногун ва боиси пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонунҳо ва санадҳои меъёрии давлатии худро мутобиқи менталитет ва хусусияти хоси худ таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, ба оқибатҳои нохуш мерасонад. Баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронд. Бо таъсири баъзе гуруҳҳо хатари аз даст додани арзишҳои миллӣ ба миён омада буд ва рушди минбаъдаи Тоҷикистонро танҳо дар асоси дину арзишҳои динӣ  таҳрезӣ менамуданд. Мо медонем, ки дар давлате, ки танҳо арзишҳои динӣ амал мекунанд пешравӣ намешавад. Аксарияти мардум дарк карданд, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай, ҳам  амнияти ҷомеа ва ҳам тараққиёти мунтаззами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконнопазир аст.  Ҳамчунин давлат дар раванди тараққиёти худ бе такя ба сарвари оқилу дурандеш наметавонад механизмҳои самараноки давлатдориро дошта бошад. Хушбахтона, халқи тоҷик сарвари худро дуруст интихоб карда тавонист ва Президенти халқии тоҷик тавонист миллатро сарҷамъ ва мамлакатро тадриҷан аз бӯҳрони иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоию раҳоӣ бахшад, ормонҳои чандҳазорсолаи худро амалӣ намояд. Ин фарзияро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад.
Президенти кишвар доимо ҷавононро ҳамчун қувваи солиму  тавоное муаррифӣ менамоянд, ки пеши роҳи ҳамагуна низоъро гирифта метавонанд.
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бесобиқаи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасозу ободкор ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид.
Новобаста аз сахтиву нокомиҳои пай дар пайи пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти беандоза медоданд. Дар ин давра яке аз дастовардҳои арзишманд, мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-умин рӯзи сарварӣ - яъне 2 феврали соли 1993 баргузор гардидааст, ки ин нишонаи дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир, мададгор, сарбон ва парастор будани Сарвари кишварро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд.
Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву фарҳангӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон супорида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Аз ин лиҳоз, таъкидҳои падаронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузор бошем.
Худи зиндагиномаи Пешвои миллат барои ҷавонон як мояи ифтихор ва намунаи ибрат мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки Президенти маҳбуби мо дар як марҳилаи тақдирсози миллатамон аз як навҷавон ба як марди бузург ва фарзонафарзанди миллат табдил ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгириҳои мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои созандаву бунёдкорона мебошанд.
Ҷавонон як гурӯҳи махсуси иҷтимоию демографиро муаррифӣ мекунанд, ки дурнамои воқеии рушди ҳар як кишвар дар даҳсолаҳои наздик бо он алоқаманд аст. Тавре ки дар " Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020" қайд карда шудааст: “Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифахои ҳифз, рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд буда, вориси таърихӣ ва фарҳангӣ бошанд.
Ҷавонони мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи тавоно, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳама ниҳодҳо мебошад. Инро имруз ҷавонони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, бо садоқату муҳаббат ватандории хешро исбот менамоянд, ки сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлати мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст буданашро исбот месозад.
  Фурсате омадааст, ки  ба масъалаи ҷавонон бо назари нав рӯ оварда аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо истифода барем. Чунин муносибат имрӯз яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ҷавонон, ки қишри ояндасозу қувваи пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, дар ҳама соҳаҳои рушдиҳандаи давлат хизмат мекунанд. Барои боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани онҳо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат чораҳои муассир андешида мешаванд, вале бояд аз ҷониби худи ҷавонон фаъолият бештар карда шавад.
Имрӯз ҷавонон бояд дорои ҳисси ватандӯстии бештар буда, дар пешравии кишвари мо фаъолона иштирок намоянд. Новобаста аз он, ки замони имрӯза бо баъзе равандҳои мураккаб, ба монанди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва гузариш ба системаи наву тафаккури нави таъсиррасон фарқ мекунад, ҷавонони мо- кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  ба омодагии равонӣ, ба тарзи фикрронӣ ва умуман, бо як патриотизму гуманизм давомдиҳандаи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик бошанд, ки барои ин ҳама гуна шароит фароҳам оварда шудааст.
  Суханони Пешвои миллат «Фардои ин Ватани азиз аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги шумо, (яъне ҷавонон) оғоз мешавад», як навъ масъулият барои ҷавонони Тоҷикистон мебошад. Ва ин рисолатро ҷавонон танҳо дар фазои суботу осоиштаи Ватан метавонанд анҷом диҳанд, ки асоси онро Ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.
Мо бояд ҷавононро чунин тарбия намоем, ки бо шукргузорӣ  аз фазои озоду обод, аз неъматҳои беназири Истиқлолияти миллӣ, бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намоянд.

Унвонҷӯи Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ,

Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia