casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдат ҳамбастагии мост

wrapper

Ҳар миллат сазовори ваҳдату истиқлол аст, агар тавонад барои ҳифзу нигоҳдошти ӯ арзишҳои воқеӣ бунёд намояд. Ин амал замоне қобили таҳқиқ хоҳад шуд , ки миллат аз нерӯҳои иттиҳоди воқеӣ ва ваҳдат баҳра гирад.
 Миллати тоҷик озодии худро аз имтиҳонҳои гарони зиндагӣ ба ҳиммати ҷони хеш раҳо бахшид. Дар хати хунини ҷанги шаҳрвандӣ бо чакидаҳои хуни худ хешро рангу машъал дод. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. To замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешраф­ти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишвар қудрати тоҷикро зери назари худ қарор дода наметавонад. Ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад.
Фарзонаҳову расонаҳо ин ҷанги шаҳрвандиро тӯфони давр гуфтанд. Таҳлилгарон ин ҳодисаи таърихиро дар мояи ақибмондагӣ, ҳолати ҷуғрофии Тоҷикистон ва таҷовузи ҳамсоягон интишор карданд.
Гардонандагони чархи қудрат онро дар ёд доранд, ки мардуми тоҷик, дар гузаргоҳи тақдир, сангинтарин қурбониҳо додааст, вале иродаи мардонааш ҳанӯз нерӯманд аст ва ҳаргиз хати паём дар баробари ваҳдат ақиб нахоҳад ниҳод.
Тоҷикистон кишвари озод, забони ягона ва мазҳаби ягона дорад. Он чи ки ин қавмро дар канори ҳам қарор додааст, ваҳдати воҳид аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу тараннуми ваҳдати миллӣ ҳамеша таваҷҷӯҳу талош дорад ва бовариҳои мардумро ба ваҳдат афзун менамояд. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки миёни мардуми кишвар шеваҳову бовариҳои нав эҷод намояд. Талош меварзад, ки мисолҳои баҳсиро пайгирӣ намояд ва миллатро дар пайкари ваҳдат муттаҳид созад.
Дар муттаҳид сохтани нерӯҳои ҷомеа, эҳё намудани падидаҳои нав дар нерӯҳои ҷомеа, ваҳдат нақши азим дорад, вале гоҳе фишурдаҳое ҳастанд, ки ба авҷи нерӯҳои ваҳдат имкон намедиҳанд. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд: «... миллате, ки тамоми нерӯяшро дар роҳи таҳқиқи ормону аҳдофаш муттаҳид мекунад ва дар сохтани кишвари обод ва мустақил ҳеҷ гуна кӯшишро дареғ намедорад, метавонад дар гирдоби тӯфони ҳаводиси рӯзгор рӯи пояш бошад ва ситораи иқболаш ҳамвора дар торикӣ бидурахшад».
Чунин миллат қодир аст, ки пурҷамътарин миллати ҷаҳон бошад, агар дорои ҳадафи муштарак ва ҳамбастагии комил бошад. Бо таври дигар, омили муҳими пирӯзии ҳар миллат он аст, ки ӯ фотеҳ дар таърих аст ва вуҷуди асли худро метаво­над ба башар муаррифӣ намояд.
Бешак, Ваҳдат нақши азим дар таҳкими ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Ин ганҷи шойгон дар баҳрабардорӣ аз нерӯҳои нофеъ муҳим аст.
Маҳз тавассути Ваҳдат ҳамбастагӣ густариш меёбад.
Имтиёзи бузурги ваҳдату истиқлол ин аст, ки миллатро соҳибихтиёр месозад, онро ба рангу нажоди худ ва ба сурату забони худ шинос менамояд ва ин ду унсури муҳим фақат дар шакли ҷаззоб дар рӯи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо мекунад.
Ваҳдату истиқлол бо дарки ҳаққонияти бознигории андешаҳо дар партави таҳаввулоти замон ҳамаро ҳушдор медиҳад, ки дар амри кӯшишу талошҳо барои густариши ҳамбастагӣ ва роҳбарии он ба сӯи ҷомеаи мутамаддин тарҳи рӯ дошта бошанд.
Ҷунбиши ваҳдату истиқлоли миллӣ ростгориву шукуфоии Тоҷикистон аст ва фурсатеро фароҳам овардааст, то миллат иродаи худро дар роҳи шукуфоӣ ва пойдории ватан бo кори халлоқона густариш бидиҳад.
Имрӯз бояд аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ун­сури муқовиматҳои дохилӣ, бо назари пешгирии густариши муқовиматҳо, таҷдиди назар сурат бигирад, то ин ки шикастҳои дирӯза боз шикастҳои тоза наоварад.
Ваҳдату истиқлоли Тоҷикистон аз лаҳни лакнатдори шикасти гурӯҳҳои тунднигар ва каноргузории онҳо бозтоб аст: пашшаву ҳашарот ҳар мавсими гул дар дили гулҳо тухмгузорӣ карда, ба рушду нуму мепардозанд ва ба сурати кирм дармеоянд. Баъзан меваҳо пеш аз пухта шудан мепӯсанд ва меафтанд, вале кирмҳо мубаддал ба пашшаву ҳашарот гардида, дубора ба парвоз меоянд ва ба ҷамъи хеш мепайванданд.
Албатта, беинсофӣ аст, ки дар ин миён мо андешаҳои ваҳдату истиқлоли худро, ки имрӯз ба рушди ҷомеа бастагӣ дорад, нашунавем ва онро нодида гирем. Арзишҳои ваҳдату истиқлол, дар баъзе мавридҳо хеле асабонӣ пазируфта мешаванд, ҳол он, ки онҳо беҳтарин ҳолати танзимкунандаи робитаи ми­ёни ҷомеа ва давлатанд. Диндорӣ, меҳмоннавозӣ, нангу номусдорӣ, эҳтиром ба бузургони гузашта, меҳрубонӣ ба забону фалсафа, дифоъ аз ватан ва монанди инҳо бахшҳои арзишманди ваҳдату истиқлоланд, ки дар беҳтарин ҳолат ҷомеа ва давлатро дар партави силсилаҳои арзишҳои сиёсӣ идора мекунанд.
Амали натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бедории миллатро ба миён овард. Ин талошҳо ва ин ғайратҳо миллати тоҷикро аз сукути чандасра берун кард. Даричаҳои баста ба ҷаҳони зиндагии ҷадид кушода шуданд. Дар партави давлатдорӣ хештаншиносӣ эҷод гардид.
Тоҷикистон, ки дар бароба­ри сафҳои фишурда ва тафриқаҳо қарор дошт, дар рӯзҳову моҳҳои нороҳатӣ ба хотири рӯшании фардо ин сафҳоро шикаст. Гурӯҳҳои сиёсӣ, ки аз қавми мо нестанд ва то имрӯз сулҳи тоҷиконро эътироф надоранд, худро бӯқаламунвор ҳимоягари дину миллат нишон медиҳанд. Ҳарчанд ки нотавонбинони Toҷикистон ҳанӯз чашмонашон ба дидани нури истиқлолу ваҳдати мо хира аст ва одат накардаанд, чеҳраҳои навро шиносанд ва наметавонанд рисолати истиқлолу ваҳдати моро эътироф кунанд ва тибқи маъмул, ҳар яки онҳо дар acoси сӯҳбатҳои пешин, собиқаҳои пешин муносибати худро нисбати мо чун тамиз ва таъинот муқаррар менамоянд. Аммо касоне, ки ҳушёрӣ нисбати онҳо доранд, воқеиятро дар асоси хислатҳои зотӣ ва шеваҳои мантиқии онҳо бетиру шона мешиносанд. Вале онҳо наметавонанд инкор кунанд, ки Тоҷикистон дар ин ҳаракати ҷадид чун давлат пайдо шудааст, ки зобитаҳои худро дорад ва масъулиятҳои худро ҷилавгирӣ мекунад. Mo акнун донистем, ки истиқлолу ваҳдат амиқтарин ва шадидтарин таъсирҳо дорад, ки тағйироти арзишҳоро тақозо мена­мояд.
Ваҳдату истиқлоли Тоҷикистон мавҳи ҷадид аст, ки акнун ҳаракати навин ёфтааст ва насли ҷавонро огоҳӣ медиҳад. Ваҳдату истиқлоли Тоҷикистон, ки ҷаҳонбинии фарох, бозгашт ба давлату давлатдорӣ аст, ки дар замони ҳозири мо мушаххас мешавад ва тоҷикон худро аз побанди cypxy сиёҳ ҷудо месозанд ва дар масири дардҳову ниёзҳову opмонҳои худ тақвият меёбанд. Ваҳдату истиқлол ба вижа аносири созанда ва ба сурати як фалсафаи қудрати ҳоким аст.
Акнун, ки ваҳдату истиқлол миллати тоҷикро баъди солҳои интизорӣ ба марҳилаи пирӯзии давлатдорӣ овард ва масъулияти мо дар ҳифзи он сангинтар гардид ва вазоифи афзунтар низ дар пеш аст. Дар чунин марҳила, ки миллат аз эҳсосияти замона бархурдор аст, ҳар ҳаракати истиқлолиятхоҳии мо, дар ҳукми вазифа, дар талош, дар афзунгардонии падидаҳои ваҳдат ёрест баҳри густариши истиқлолияти давлатӣ. Дар ин марҳила, бо ҳама эҳсосот ваҳдати миллӣ фурутарин ниёзи мо аст. Дар чунин марҳила, ҳар фикр, ҳар ақидаи фаровон, дар тақвияти ваҳдату истиқлол мусоидат менамояд. Дар чунин шароит, фарҳанги давлатдории пурситора ҳар гуна таззоду тафриқаву даргириҳоро мансуб ба шароити имрӯз муттаҳам месозад.
Имрӯз он чӣ ки сабаби дар миё­ни гурӯҳҳои мухталиф ба миён омадани ин ҳама муштаракоти ихтилофӣ дар шакли фикр ё тарзи амал пеш омадааст, назару амали ин гурӯҳҳо маълум аст, ки маҳз аз ихтилофоти миёни онҳо ба миён омадааст. Ин ширкҳоро бояд ба ҳар амалу восита ба сарчашмаи ваҳдату истиқлол пайваст кард. Ин ҷӯйҳои мухталифpo ба чашмҳои қиёми ваҳдату истиқлол бояд пайванд кард ва ба ин ва­сила ваҳдатро ба айни ваҳдат табдил дод. Аммо ин ҳама вақте таҳти сурати таҳқиқи худ қарор мегирад, ки агар ҳар кас ва ҳар ҷамъият итоатро ба қонун, на аз ҳавои нафсу ният, балки дар сурати ҳамбастагии миллату истиқлол эҳсос намояд. Бинобар ин, дар ин шароит ҳар фард баҳои айбҷӯӣ аз дигарон ва ҳар гурӯҳ ба ҷои манфиати гурӯҳӣ бояд ваҳдатро ҳифз намоянд. Ba бояд донист, ки ҳар гуна эҷоди тазо­ду тафриқаву даргирӣ, билохира ҷавобгарӣ аст.
Паёми истиқлол ваҳдат аст. Оинаи ваҳдат истиқлол аст. Тоҷикон оинаи ваҳдат доранд ва истиқболу тараннуми он унвон шудааст. Тайи истиқлол ваҳдат чун шароити зиндагӣ дифоъ карда шуд ва ҳама даъват аз истиқлолу ваҳдат ва ҳамбастагӣ баҳри сарбаландии Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон дар масири давлатдорӣ ҳамбастагӣ, ҳамсӯӣ ва ваҳдатpo ваҷҳи ҳиммати худ қарор дод. Ҳамбастагӣ ин бовар аст, ки бе тафовути дар шароити ҳозира далели нохушнудӣ, шахсиятҳои гурӯҳӣ, муқовиматҳои мавҷударо ба дуриҳо мебарад. Наҳзати ваҳдату истиқлоли миллӣ ростгориву шукуфоии Toҷикистон аст ва фурсатеро фароҳам меоварад, то миллат иродаи худро дар роҳи пойдории ватан иброз намояд.
Имрӯз, таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуну рукнҳои ваҳдату истиқлол чун арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ ва идоравӣ муҳим аст, зеро ин арзишҳо дар таҳаввулотпазирӣ, тавсиаи ҳамбастагӣ амри муҳим аст. Дар Тоҷикистон ваҳдату истиқлол ба арзишҳои зиндагӣ табдил ёфтаанд ва ин арзишҳо ҳокиманд. Ин нуқта низ муҳим аст, ки маҳз дар мавриди авҷи ин арзишҳо зиндагии маъданӣ ҳоким хоҳанд шуд. Набудани ин арзишҳо суннатҳои ваҳдату истиқлолро муассир хоҳад кард ва дар роҳи таҳаввулотпазирӣ ва тавсеаи ваҳдату истиқлол амри муҳим тарбияи он аст.
Ҷомеаи Тоҷикистон чун соири ҷомеаҳои демократӣ нахустин гoмҳоро дар эъмори давлатдории худ гузошт. Албатта, ҷомеаи Toҷикистон натавонист аз офату xeзҳои дохилӣ таъбир кунад, ҷомеаpo дар ин росто мувофиқ намояд, зеро барои наҷот аз ҳама гурӯҳҳо ва мухолифатҳо фурсати зиёд сарф кард. Пас, ҷомеае, ки аз ҳаракату таҳвили худ огоҳ аст, бору дучори парешонӣ намегардад, аз манбаи огоҳӣ, фарҳангу шинохт огоҳ аст ва ин аз мудохилаи бегона аст, дap канор мемонад.
Сиёсат эҷод намудан кори душвор аст. Иштибоҳ дар сиёсат зарофатро ба миён меорад, давлатдориро хира мекунад, такон ва ҳаракатҳоро бар хилофи одат метезонад, нокомӣ ва қаҳри ҷомеаро афзун мегардонад ва дар ниҳоят ба амрози ҷонӣ дучор мегардад. Сиёсати имрӯзи Тоҷикистон мисли бозҳои тавоноест, ки ҷомеаро ба хеш бовар кунонид. Роҳбарии миллат ба ӯҳда гирифта шуд. Барои ҷомеа, дар зӯроварӣ, фишор, муқовимат ва таҳдиди гуруснагӣ боварӣ ба Пешвои миллат таҳсин ёфт ва фузун гашт. Сулҳу суботи бо заҳмату талошҳо ба даст омада ҷомеаро насим бахшид. Ҷомеа ба рӯи одатҳо, анъанаҳо, ҷилваҳо ва арзишҳои зиндагӣ, ки идора мешаванд, қарор ва ором гардид. Матлаби эъмори давлатдорӣ оғоз гардид. Нисбати ҳама гуна гарошиҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, ки барномаи «шоядҳо» доштанд, ҷойгоҳи миллат apзёбӣ карда шуд.
Роҳбари сиёсии давлат нақши давлатдории дилписанди демократиро эҷод кард ва он чи, ки дар ин ҷода мехост, ба даст овард. Натиҷаи амали ин ҳама заҳматҳо бедории миллатро ба миён овард. Ин ҳаракатҳо ва талошҳо миллати тоҷикро аз сукути чандасра берун овард. Даричаҳои бастаро ба ҷаҳону зинда­гии ҷадид вокушод. Ҷомеаро аз хоби амиқи асрҳо берун кашид. Дар партави демократӣ афкору адёни хештаншиносиро эҷод кард. Такрори чандасраи зиндагии миллати худро аз саҳнаи зиндагӣ берун сохт.
Тоҷикистон, ки аз имтиҳони сангини таърих гузаштааст, нақши хешро қавӣ мешиносад ва хости миллатро дар партави лутфи Парвардигор унвон кардааст. Талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷиҳати оромии ҷомеа, даъват аз мардум ҷиҳати дилсӯзӣ ба ватан, хизмат ба ватану миллат, таъмини ваҳдату истиқлолият, шароити оромиву ҳамбастагиро таъмин кард.
Дар Тоҷикистон бо кӯшишҳои пайгирона шеваҳои ваҳдату ҳамбастагӣ амалӣ гарди­данд. Таҳкими ваҳдату истиқлол бо пешниҳодҳо ғанитар шуданд. Тоҷикистон наҷот ёфт ва ин ҳамбастагиро эҳтиром мегузорад…
Ниёзи ваҳдат, ниёзи миллат аст. Итминони комил аст, ки мил­лати сулҳофарини мо дар равшании давлатдорӣ ваҳдати хешро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамояд.
 
Саидзода М.Ё. – ходими хурди
шуъбаи Хуқуқи давлатии
ИФСҲ АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia