casino malaysia
casino malaysia
Эҳёи арзишу анаъанаҳои миллӣ ва нақши онҳо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

wrapper

  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии эҳёи арзишу анаъанаҳои милли миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло ва дигар арзишҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.
  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат кори давлатдории худро бо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ оғоз кард. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст ба арзишҳои миллӣ такя мекарда, то имрӯз ин гуна арҷгузориро давом дода истодааст.
  Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
  “Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем.
Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсила китоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.
Дар бунёди ҷомеаи дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯхтан ва истифодабарии мероси моддию маънавии халқ, бою ғанӣ гардондани арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Пайваста таъкид мекунанд, ки маҳз арзишҳои миллию умумибашарӣ воситаи муҳими тарбияи сифатҳои аҳлоқӣ буда, онҳо дар ташаккулдиҳии шахсияти инсон нақши муҳим доранд. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотӣ, волидон бояд донанд, ки «фарзандони мо дар қарни XXI зиндагӣ хоҳанд кард, ки дар он муттаҳидшавии кулли омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо бояд худро соҳибони давлат, соҳиби забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ  ҳисоб намоянд ва мавқеи худро дар ҷомеаи муосир муайян намоянд» - таъкид намудаанд Сарвари давлат ҳангоми вохурӣ бо зиёиёни пешқадами кишвар.
Анъана - ин маҷмӯи мероси иҷтимоию фарҳангии халқ буда, аз насл ба насл мегузарад ва дар шароити муайян аз тарафи гурӯҳи ”муайяни иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Анъанаҳои миллӣ фарҳанги тарбиявии мардумро ифода намуда, вобаста ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ, иктисодӣ ва сиёсии ҷомеа тағйир меёбанд.
Таҳлили таҷрибаи тарбиявии мардумро нишон медиҳад, ки анъанаҳо вобаста ба синну сол, хусусияти маҳаллу фарқияти ҷинсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва намунаи фаъолиятҳои инсон истифода бурда шаванд ҳам мақсад ва натиҷаи он тарбияи инсон аст.
Имрӯз дар ҷомеаи мо зарурияти истифода бурдани анъанаҳои пешқадам ба миён омадааст. Ин зарурият аз инҳо бармеояд: а) анъанаҳои пешқадам ҳамчун ташаккулдиҳандаи маънавиёти одам, воситаи муҳими тарбияи ахлоқии насли наврас дар замони ҷаҳонишавӣ буда, дар ҷомеа рафтор, амал, одобу кирдор, ҳиссиётва  олами маънавии одамонро идора менамоянд; б) онҳо арзиши фарҳангию маънавии халқ буда, дар шаклгирии шуури насли наврас нақши муҳим доранд.
Маҳз хусусияти тарбиявӣ, муттаҳидсозии мардум, ифодагари арзишҳои маънавӣ будани анъанаҳо дар муносибатҳои ичтимоӣ, фарҳангӣ ба ҳисоб гирифта ба эҳё ва рушду такомули онҳо Сарвари кишвар диққати махсус доданд. Истифодаи анъанаҳои миллиро дар баланд бардоштани масъулияти падару модар, иҷрои вазифаи анъанавии худ- таълим ва тарбияи фарзанд, танзими анъана ва расму маросимҳоро чун беҳдошти вазъи иқтисодии мардум мавриди таҳлилу баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар заминаи таҳлилу баррасии лоиҳаи ин ду қонун, бо ҷалб намудани доираи васеи мардум дар муҳокимаи онҳо лоиҳаи Қонуни ҶТ «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» (2007) ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011)[1] чун қонуни миллии кишвар қабул гардиданд. Ин амал чун эҳёи одобу анъанаҳои миллӣ, таҳқиқу комилгардонии одобу анъанаҳои миллӣ роҳандозӣ гардида, нақши онҳо дар ҳаёти мардум, беҳдошти кори таълиму тарбияи кӯдак дар хонавода боло рафт.
Халқи тоҷик дар давоми таърихи бисёрсолаи худ вобаста ба шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, табиӣ, одату анъанаҳои миллии худро соҳиб гардид. Беҳтарин анъанаҳои мардумӣ: эҳтиром ва қадршиносии калонсолон, меҳмондустӣ, хушмуомилагӣ, хоксорӣ, поквиҷдонӣ. муҳаббат ба халқу ватани хеш, дӯстӣ ва дигар сифатҳои аҳлоқӣ мебошанд, ки имрӯз симои маънавии ҳар як нафари ҷомеаро ороиш медиҳанд.
Таърихи тамаддун исбот намудааст, ки дар ҷомеа роҳу усулҳои танзиму идоракунии зиёде вуҷуд доранд, ки онҳо ба раванди тарбия, рушди фарҳангу арзишҳои маънавӣ, нақши муассир доранд. Махсусан, анъанаҳо, урфу одат, маросимҳо ва таъсири муҳити гирду атроф дар рафти тарбияи кӯдакону наврасон ҷавонону бузургсолон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Умуман, ҳар аъзои ҷамъият дар ин ё он шакл ба дигарҳо таъсири худро мерасонад ва ё дар зери таъсири дигарон қарор мегирад.
Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доимо ниёз ба танзим доранд. Онҳо бояд тибқи талаботҳои замон, пешрафти ҷомеа инкишоф ёбанд, элементҳои навро ба худ қабул намояд. Солҳои охир баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ сабаби хароҷотҳо ва исрофкориҳои зиёде гардидаанд. Ин ҳолат сабаби қабули қонун, коркарди сиёсати давлат ва Ҳуқумати Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гардид.
Бо ташаббуси Президенти кишвар ва дастгирии мардум Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Точикистон» аз 8 июли соли 2007, №272[2] қабул гардид, ки онро аввалин Қонуни миллии мардуми кишвар номидан мумкин аст. Ин Қонун дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмин намудани шароити хуби зиндагӣ барои кӯдакону калонсолон ва оғози таҳаввули афкори нав хеле муҳим аст. Инчунин, ин Қонун имконият медиҳад, ки мардум аз хурофот, одатҳои манфӣ ва анъанаҳои вазнин озод гарданд, маблағи бо меҳнат ва заҳматҳои зиёд ба дастовардаи худро дар беҳбудӣ, ободии рӯзгор, таълиму тарбияи фарзандон истифода баранд.
Дар таҳия, баррасӣ ва кабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Точикистон» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар чун роҳбари дилсӯз, ғамхори миллат барои таъмин намудани зиндагии осудаи мардум шинохта шуд. Дар таҳия, муҳокима, тасдиқи Қонуни мазкур бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуданд. Ин амал ифодагари ҷалб намудани неруи пешқадам, созандаи ҷамъият дар идоракунии давлат, ҳифзу рушди арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон, — баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебошад.
Ин пешниҳод олимони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ:фалсафа, сотсиология, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ, таърих, сиёсатшиносӣ, махсусан, педагогӣ-психологиро водор месозад, ки ҷабҳаҳои гуногуни одату анъанаҳо ва нақши онҳоро дар рушди ичтимоӣ- иқтисодӣ, фарҳангӣ-иҷтимоӣ таҳти таҳлилу тадқиқот карор диҳанд ва онҳоро дар бунёди ҷомеаи фарҳангӣ,демократи аз ҷиҳати илмию амалӣ нишон диҳанд.
Мақсади таҳия ва кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу аҳлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба хаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон аст ки иҷрои ин амалҳо барои волидон вазифа ва масъулияти онҳо аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» (14 декабри соли 2010) таъкид намудаанд, ки «одату анъанаҳои ориёӣ, ҳукуқи тамаддуни исломӣ ва ҳатто шуравӣ, роҳу равиши муҳталифи бунёди оилаи устуворро тавассути меъёрҳои мухталифи иҷтимоӣ  чустуҷӯ намуда,то ҳадде ба комёбиҳо ноил шудаанд. Меъёрҳои аҳлоқӣ, динӣ, хуқуқӣ тавасути китобҳои муқаддасу суннатии паёмбарон, асарҳои тарбиявӣ, панду андарзҳо, хатто санадҳои меъёрию хуқуқӣ сарҳади озодӣ, меъёру ҳудуди масъулияти волидон ва фарзандонро муқаррар мекарданд».
Дар шароити имрӯзи ҷомеа таҳдиду такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гардид.
Бояд қайд кард, ки ҷавонмардию ватандӯстӣ аз қадимулайём хоси тоҷикон буда, ифодагари ҳиссиёти ифтихори миллӣ аз ватану ватанҳоҳӣ мебошад. Маҳз чунин анъанаҳои миллиро рушд ва такмил додан талаботи ҷомеаи муосир аст. Ин анъана имконият медиҳад ягонагии Тоҷикистон ва якпорчагии кишвар таъмин карда шавад. Ҳиссиёти бузурги ватандӯстиву ватанхоҳӣ бештар дар муҳаббат ба модар, забони модарӣ ва лафзи модарӣ ифода мегардад. Маҳз лафзи модарӣ ба ҳиссиёт, рафтор ва амали шахс таъсир мерасонад, зеро он ба фидокорию ҷавонмардӣ раҳнамо месозад. Забони модарӣ  чун воситаи асосии аз насл ба насл додани таҷрибаи зиндагӣ, арзишҳои маънавию анъанаҳои миллӣ хизмат мекунад. Аз ин рӯ он бояд ҳифз карда шавад, такмил ёбад ва мардумро муттаҳид намояд. Аз ин рӯ сарвари кишвар ҳама вақт ба рушди забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ диққати махсус дода анъанаҳои забондонию дунёшиносиро ба ҷавонон таъкид менамоянд.
Таърихи фарҳанги ҷашнҳо аз лаҳзае, ки мафҳуми вақт ба ҳаёти ҷомеаи башарият ворид мешавад, оғоз меёбад ва вақт, ки мавзӯи огоҳӣ мегардад, бинобар ин пайдоиши ҷашн ҷараёни тӯлонӣ эътироф мешавад. Ҷашнҳо аз замонҳои қадим дар ҳама гуна ҷомеа ва фарҳангҳо мавҷуд буданд, зеро онҳо шарти зарурии мавҷудияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ифодаи мушаххаси умумияте ба ҳисоб мерафтанд, ки дар муқоиса бо ҳайвонҳо қобилияти беназири ҷашн гирифтанро доштанд. Яъне, инсонҳо шодии инсонҳои дигар ва таҷрибаро дар зиндагии худ дарк карда, онро ба ҷашн мубадал гардонида, фарҳанги бузургеро ба вуҷуд овардаанд ва ба воситаи таҷлили ҷашнҳо фарҳангро аз наслҳо ба наслҳо интиқол дода, онро такмил ва нигоҳ доштаанд.
  Таърихи фарҳанги идона маънои зиёд дорад ва ҳар як пажӯҳишгар онро мувофиқи ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқотии худ ба назар мегирад. Дар маънои оддӣ фарҳанги идона тартиб ва қоидаву принсипҳои гузаронидан ва таҷлил кардани ҷашни муайянеро аз рӯи хосият ва мақсади он мефаҳмонад. Аммо олимон нуқтаи назари гуногунро дар дарки моҳияти фарҳанги идона, ки омили тақвияти маънавиёти қишрҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ мегардад, пешниҳод намудаанд.
Ҷашнҳои миллӣ моҳият, мундариҷа ва хислати амиқи миллӣ доранд. Онҳо тарбия, анъанаҳои гуногунҷанба, маънавият ва ҳувияти таърихии миллатро инъикос мекунанд. Пайвастагии ҷашнҳои миллӣ ба наслҳои нав имкон медиҳад, ки ҳама беҳтаринҳоеро, ки таърихи пешинаи миллат ва тамоми инсоният офаридааст, аз  худ намуда, рушд диҳанд, гуногунии арзишҳои маънавии ҷомеаро дар шароити нав ғанӣ созанд.
  Дар ҳаёти ҳар миллат, аз ҷумла миллати тоҷик ҷашнҳо ва маросими гуногуни мардумӣ-фарҳангӣ мавқеи муҳимро ишғол мекарданд. Ҷашнҳои миллӣ ҳамчун воситаи ташаккули маърифати ҷомеа мақоми худро нигоҳ доштаанд. Онҳо бештар аз давраи пайдоиш то имрӯз сурудҳо, афсонагӯиҳо, муаммосароиҳо, мақолпардозиҳо, бозиҳои мардумӣ ва намоишномаҳо, рақсии даври баҳории ҷавонон, намоишномаҳои халқиро дарбар мегиранд.
Дар омӯзиши ҷашнҳои миллӣ ду тарзи муносибат вуҷуд дорад:
- муносибати таърихӣ-фарҳангӣ;
- муносибати ҷуғрофӣ-табиӣ.
  Муносибати аввал бо дарназардошти сана ва аҳамияти фарҳангии ҷашн алоқаманд аст. Ҷашнҳои миллӣ ҳамон рӯзе пайдо шуданд ва ҷашн гирифта мешаванд, ки ҳодисаи таърихие ба вуҷуд омада, аҳамияти умумимиллиро доро мебошад. Масалан, дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ғайра тамоми намояндагони миллат чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ баргузор мекунанд.
Муносибати дуюм бо ба эътибор гирифтани тағйироти табиӣ-ҷуғрофӣ ва мавсимӣ ҷашнҳо созмон дода шуда, дар шуури аксарияти мардум омили асосии муттаҳидшавӣ ва зудҳаракатии онҳо ба ҳисоб рафта, инчунин дар шинохти асрори табиат мусоидат мекунад. Масалан, ҷашни Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра.
  Санаи ҷашни миллӣ ба ҳамон рӯзе таъйин карда мешавад, ки дар таърихи ташаккули давлат ё миллат аз ҳама муҳим аст ё вобаста ба тағйироти табиӣ дар андешаи намояндагони миллат дар тӯли ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадааст ва онро аз насл ба насл интиқол дода, то имрӯз ҳифз карда истодаанд. Одатан, ин санаҳо ҳамчун рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ эътироф шудаанд ва дар саросари давлати миллӣ чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор карда мешаванд.
 
Маълум аст, ки яке аз идҳои суннатии халқи тоҷик «Наврӯз» буда, он аз қаъри қарнҳо ба мо омада расидааст. Таҷлили иди Наврӯз ва анъанаю маросимҳои он дар асарҳои Абурайҳони Берунӣ, шеърҳои лирикии Махмуди Кошқарӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва ғайраҳо тасвир гардидааст. Иди Наврӯз самту равияи гуманистӣ- инсонгароӣ дошта онро мардуми Осиёи Марказӣ таҷлил менамояд.
Призиденти мамлакат мухтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар баромадҳои худ таблиғ ва рушди анъанаҳои миллиро роҳандозӣ намуданд. Маҳз ҳадафноку пурмуҳтаво ташвиқ намудани таърих оину маросимҳои иди Наврӯз ва аҳамияти бузурги он дар ҳаёти насли ояндасози ҷомеа имконият дод, ки таҷлили иди Наврӯз ҷаҳонӣ гардад. Арзёбии аҳамият ва имкониятҳои таҷлили иди Наврӯз, ҷабҳаҳои тарбиявӣ ва инсондӯстонаи он даст дод, то кишварҳои дигар онро чун арзиши умумибашарӣ эътироф намоянд.
Ҷабҳаи инсонпарваронаи иди Наврӯз дар он аст, ки дар арафа ва дар аввалин рӯзи он мардум дӯсту наздикони худро зиёрат менамоянд ва дар ҳаққи онҳо ғамхорию дилсӯзӣ мекунанд, ранҷишу озурдагии худро аз одамони атроф дур сохта сулҳу салоҳ, оштию дӯстиро пеша менамоянд. Дар ҷомеаи имрӯзи мо чунин амалҳои инсонгароӣ то андозае коҳиш ёфтаанд. Тачлили иди Наврӯз омили муҳими эҳёи одату анъанаҳои миллӣ ва рушди одату маросимҳои неки мардумӣ аст.
 Дар табрикоти наврӯзии худ ҳар сол Призиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷабҳаҳои тарбияви,ичтимоӣ,маърифатӣ ва фарҳангии Наврӯзро таъкид менамоянд. Маҳз бо ташаббусу пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Точикистон аст, ки панҷумин маротиба наврӯзро чун Наврӯзи ҷаҳонӣ мардумони сайёра ҷашн мегиранд ва ин амал ба анъанаи умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Ҷашнгирии Наврӯзи оламафрӯз     на танҳо риояи маросиму таомулҳои мардуми тоҷик, бою ғанӣ намудани олами эмотсионалӣ,инчунин воситаи муоширату иттилооти мардум, гуфтугӯи тамаддунҳо,бою ғанӣ гардидани арзишҳои миллию умумибашарӣ мебошад.
Яке аз анъанаҳои қадимаи тоҷикон аз гаҳвора то охири умр аз худ намудани лафзи модарӣ - забони модарӣ аст. Аввалин мактаби забономӯзии тифл ин шунидани суруди алла, шеъру таронаҳои навозишию дӯстдорӣ, кофиябозии модару бибӣ ҳангоми нигоҳубини кӯдак, хондани байт ва ҳазлу шухиҳо ҳангоми оббозӣ дорондан, якчоя бо бозичахо бозӣ кардан ва ғайрахо мебошад.
Модарон дар «Суруди алла» бештар бо оҳанги махсус орзую нияти неки худро нисбати фарзанд ифода менамоянд ва ҳангоми “муоширату ҳаёти ҳаррӯза лафзи модарии худро меомӯзонанд. Махз овозу оҳанги суруди модар дикқати кӯдакро ба худ ҷалб менамояд. Кӯдакон аввалин овозу калима, баъдтар ибораю ҷумлаҳоро дар нутқи муоширатии худ истифода мебаранд ва оҳиста-оҳиста, тӯли давраи томактабӣ забони модарии худро ёд мегиранд, боигарӣ, нозукӣ ва сохтори забонро ба таври амалӣ аз худ менамояд, аз он баҳрабардорӣ мекунанд, ба доираи васеи муносибатҳои ичтимоӣ ворид гардида забонро чун муқаддасоти миллӣ мешиносанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи забон тарҳрезӣ намуда барои ислоҳи ҳама гуна ғалату ислоҳот дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои табрикотии хеш бахшида ба Рӯзи забон ба вазъи забономӯзӣ ва забондонии табақаҳои гуногуни аҳолӣ диққат медиханд. Таъкид намуданд, ки «Мо-тамоми мардуми Точикистон бояд забони модарии худ, анъанаҳои миллии худро эҳтирому риоя намоем. Суруди миллии худ, Байраки худ, Нишони давлатиамонро хор накунем», зеро «Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат хам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, окибат завол меёбад».
  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо одату анъанаҳои тарбияи оилавӣ, миллӣ, умумибашарӣ мавқеъ ва аҳамияти тарбиявии худро аз даст дода истодаанд. Омилҳои ба ин вазъият таъсиркунандаро аз инҳо иборат донистан мумкин аст:
1.Таъсири воситаҳои ахбори умум, ки онҳо ба ҷаҳонбинӣ, фаҳмишу ақидаҳои мардум таъсир мерасонанд, онҳо на ҳама вақт самти созандагӣ ва бунёдкорӣ дорад.
2.Ворид шудани кӯдакону наврасон ба раванди ҷаҳонишавӣ ба воситаи технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботи - Интернет ва расонаҳои хабарӣ.
3.Тағйир ёфтани арзишҳои ахлоқӣ, ки онҳо дар риояи қоида ва меъёрҳои рафтору гуфтори ахлоқӣ ҳатмӣ ҳисобида намешавад.
4.Тағйир ёфтани нақш ва мавқъеи калонсолон дар ҳаёту зиндагии кӯдакону наврасон,яъне калонсолон на ҳама вақт сарчашмаи донистатирии кӯдакон шуда метавонанд. Новобаста ба синну сол ӯ кӯшиш менамояд бо суолҳои худ аз васоити иттилоотӣ ва намоишӣ ҷавоб ёбад, бисёртар дониста гирад ва тахайюлоту андешаи худро шаклу мазмун диҳад.
5.Бо дигаршавии сохти иҷтимоӣ-сиёсӣ ба ҳаёт, шуур аҳлоқи одамон таъсири манфӣ расонидани назария, равияҳои гуногуни динӣ, ифротгароӣ ва ғайраҳо.
Набояд фаромӯш кард, ки «Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шевои шоирона, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оини миллӣ, хулоса аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ арзишҳои миллиро дорем ва бояд ба онҳо ифтихор намоем» таъкид намудаанд эҳёгари анъанаҳои миллии мо Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз зарурияти дасттирӣ ва пайравии мардум ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ба миён омадааст. «Анъанахои миллӣ метавонанд ба оромии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёту фарҳанг, шаклгирии одату рафтори неки одамон таъсир расонда, нигоҳдорандаи арзишхои маънавию моддӣ гарданд. Анъанаҳои миллӣ бо мазмуну ҳадафҳои созандагароӣ, бунёдкории мардуми кишвар таъсир расонда наслҳоро бо ҳам мепайвандад, худ такмил меёбад, эҳёи онҳо аз тарафи сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон рамзи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳтироми мероси маънавию дастгирии мардуми кишвар дар бунёди Точикистони ягонаи демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мадад мерасонад.
  Хулоса бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорам, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба маротиб боло меравад.
  Сарвари давлатамон он шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлол ва ваҳдат суръати хос пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанот ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд, ки ин омили муҳими дигар дар роҳи бештар шудани маҳбубияти Пешвои миллат дар байни халқаш мебошад. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар инкишоф меёбад, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат ба пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор меравад. 
  Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорам, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба маротиб боло меравад.
  Ногуфта намонад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол то сол пояҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ қавитару устувортар мегарданд. Дар тули 31 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 соли Ваҳдати миллӣ ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Маҳз бо Роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон арзишҳо ва неъматҳоеро ба даст овард, ки дар 70-соли ҳукумронии Иттиҳоди Шуравӣ ба мо муясар нагардида буд.
  Ин гуфтаҳои боло заҳмату талошҳои хастанопазир ва нақши беназир доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар устувор гардонидани арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, бори дигар тасдиқ мекунад.
Илҳом Қурбоншоев и.в. Мудири Шуъбаи
масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
 
 
[1]  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1294; аз 17.05.2018 с., № 1532).// https://mfa.tj/tg/main/view/3958/    (15.03.2023)
[2] Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бори танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикитон. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461). (15.03.2023) //https://mfa.tj/tg/main/view/3960/      

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia