casino malaysia
casino malaysia
“Мавъизаи як рӯҳонӣ” ё фатвои Поп Гапон?

wrapper

          Чанд муддатест, ки як идда рӯҳонияти кишвари ҳамсояи Афғонистон, бо ном муллою мавлавию фақеҳ ва ғайра, вале дар асл ифротию такфирию ҷиҳодӣ, гӯё ҳама масоили иҷтимову иқтисоду маънавиёти ҷомеаи худро ҳаллу фасл кардаанду ба итмом расонидаанд, акнун бар масоили дохилии дигар кишварҳо, аз ҷумла бар фазои маънавию динии Тоҷикистон ангушти маслиҳату надомат дароз доранд.   
     Фазои мазҳабӣ ва равандҳои диниву эътиқодӣ, агар аз дидгоҳи таълимоти ислом низ бингарем, барои як соҳиби мавъиза ва фатводиҳанда дар баробари огоҳӣ доштанаш аз аслу моҳияти таълимоти дин, соҳиби эътибор ва марҷаи фатво будану машруъияти онро соҳиб буданаш, инчунин одобу ахлоқи динро талаб менамояд. Ин падида дар фарҳангу дар таълимоти исломӣ зери мафҳуми “диёнат” роиҷ аст. Дин як чиз аст, диёнат чизи дигар аст. Диёнат фарҳангу одоби иҷроиши муқаррароти динӣ аст, ки ин муқаррароту таъйиноти динӣ аз тарафи як эътиқодманд, ё як пешвои мазҳаб ва ё ягон фақеҳ дар баробари донистану дарк кардани асли дин, он чӣ тавр ба иҷро мерасад ва ё чӣ тавр ба ҷомеа пешниҳод мешавад. Дин метавонад дар аслу ҷавҳари худ поку тоза бошад, вале дар раванди иҷрои муқаррароти он, дар тафсиру шарҳи усул ва иҷрои  аҳкомаш дар шароитҳои гуногун ба роҳу самти нодуруст равона шавад, ки таърихи инсоният инро чандин маротиб собит намудааст. Ин гуна амалу тафсир борҳо сабаби нооромии вазъи ҷомеаҳо ва фоҷеаҳои азими халқу кишварҳои мухталиф гаштаанд.
   Ин мавъизаю фатвоҳои чанде аз рӯҳонияти бо ном “мавлавиҳо”-и такфирии кишвари ҳамсоя Афғонистон, ки кишварашон дар давоми чандин сол боз дар гирдоби мушкилоти бузурги иҷтимоию амниятӣ ва маънавию фарҳангӣ қарор дорад ва роҳи баромад аз онро намеёбанд, ба сӯи ҳамсоякишварҳо ва махсусан Тоҷикистони мо равона шудаанд. Муллонамоҳое, аз қабили Аҳмади Фирӯз ва Мулло Абдулқодир мавъизаҳои пештозони дигари такфирии худ аз қабили Муҷибурраҳмони Ансорӣ ва ҳампешаи дигари ӯ Абуубайдуллоҳи Мутаваккилро идома дода, дар фазои маҷозӣ бо баҳодиҳии вазъи динӣ ва бадномкунию илҳодхонии кишвари мо сар кардаанд ва ҳатто ба гуфту ба ақли кӯтоҳи худашон аҳли кишвари моро ба “ҷиҳод” даъват доранд, ё дар ин кишвар фатвои “ҷиҳод” медиҳанд. Аслан, гуфтаву сухан ва даъвати ин гуна бо ном “рӯҳониёну мавлавиҳо”-и такфирӣ шоистаи таваҷҷуҳ ва ҷавоб ҳам нест, вале барои он, ки баъзе зеҳнҳои заифу ноташаккулёфтаи дохилию хориҷии мо хомӯширо нотавонӣ ва ризоият ба гуфтаи онҳо гумон накунанд, ба ин гуна афрод ҷавоб гардонидан лозим аст.
      Мардуми огоҳ ва афроди соҳибақл бояд бидонанд, ки як сабаби фоҷеаву мушкилоти зиёда аз чилу панҷ сол идомаёбандаи ҷанги Афғонистон мавъизаю фатвоҳои ҳамин гуна рӯҳониёну мавлавиҳои такфирӣ аст. На танҳо мушкилоти Афғонистон, балки мушкилоту нобасомонии дигар кишварҳои Шарқи Наздику шимоли қитъаи Африқо низ аз ҳамин гуна фатвоҳо об мехурад. Вале, мо дар ин ҷо набояд фаъолияту амали рӯҳониёни муътадилу таҳаммулгаро ва ватанпарасти миллиро, ки дар ғаму кулфат ва  мушкилоти иҷтимоию равонии шаҳрвандон дар паҳлуи онҳо ва ҳамроҳи онҳоянд, ба ин “мавлавиҳо” - и такфирии инсонситезу фарҳангситез ва ҷангҷӯю доиёни ҷанг омехта кунем. Амалу фаъолият ва шеваи онҳо куллан аз ҳам фарқ мекунад ва он пеш аз ҳама дар равиши диёнати онҳо зоҳир мешавад.
      Бубинед, ин Аҳмади Фирӯзу Мулло Абдулқодир, ки дар як ҷомеаи кулфатзадаю мотамзада ва пур аз мушкилоту моҷаро зиндагӣ доранд, дар ҷомеае, ки ду соле пеш ҳангоми сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон ва хуруҷи тайёраҳои Амрико ҳамвандонашон барои берун кардани худ аз ин кишвари офатзада, ҳатто ба чархҳою болҳои тайёра овезон шуда, ё рӯйи ин болҳо баромада ба осмон хестанд ва худро аз Афғонистон берун бурданӣ буданд. Ин дар ҳоле буд, ки комилан марги худро пай мебурданд, вале ин амалро онҳо охирин шонси зиндагии инсонмадорона медонистанд. Имрӯз бошад, ин муллоҳо дар ин кишвар дигар мушкилотеро намебинанд ва бояд бо фатвою мавъизаҳои худ ба масоили дигар кишварҳо нӯл бизананд. Дар кишваре, ки давоми ду сол боз зану модарро дар кӯчаю хиёбон шаллоқзанию дурразанӣ доранд, дар кишваре, ки аксари раъияташ дар сатҳи пасттарини камбизоатию гуруснагӣ қарор дорад, фарзандони худро барои зинда мондан ва нони хӯрданӣ ёфтан бо панҷоҳ доллар мефурӯшанд, истеҳсолоти ватанӣ комилан ба сифр рафтааст, навад фисади дабиристону бемористонҳо кор намекунанд ва ғайра ин муллоҳо магар мавзуе дигар барои баҳси худ наёфтаанд. Не, масъалаҳо фаровонанд ва мавзуот ҳам фаровонанд, вале барои ин рӯҳоният матраҳ кардани ин мушкилот муҳим нест. Муҳим барои онҳо дар маркази ом будан, мафкураи ҷомеаро ба дигар ҷониб кашидан, дар ин росто лабу лунҷи худро равғану чарбу молида бозори худро гарм кардан, дар бадбахтию кулфати дигарон барои худ мартабаву ҷоҳу ҷалол сохтан ва аз ин мавъизаю фатовӣ онҳо зиндагӣ доранд. Дар кишвари худашон онҳо чӣ кор кардаанд, ки боз бар раванди фарҳангиву маънавии дигар кишварҳо мудохила доранд?
      Онҳоро масоиле аз қабили ҳиҷобу сатри занон, риши мардон, иҷрои маносики ҳаҷҷи мардуми Тоҷикистон ба ташвишу нооромӣ овардааст. Вале ин рӯҳонияте, ки аксарашон тоҷиктаборони Афғонистон мебошанд, манзараи ба таври оммавӣ аз тарафи гурӯҳи Толибон аз ҷануби кишвар кӯчонидани қабоили паштунро ба шимол ва дар хонаву манзили тоҷикон, узбакҳо ва ҳазораҳо ҷойгир кардани онҳо ва соҳибхонаҳоро аз дару кошонаашон берун кардан, ба ташвишу нигаронӣ намеорад, аҷабо. Мардуми мо як матали хубе доранд, ки “ту аввал гиребони худатро бӯй кун, пасон бар куртаву ҷомаи дигарон кордор шав”. Вале, ин андарзҳо барои ашхосе, ки дар назди инсону дар назди ҷамъияти худ масъулият надоранд, гуфтаи динашон дигару диёнаташон дигар аст, барои амали динияшон низ масъулият бар дӯш намегиранд, ҳеҷ таъсире надорад.   
        Чунончи таъкид шуд, як сабаби мушкилоти Афғонистон фатвоҳои ҳамин рӯҳониёни ифротӣ аст. Замони ҷанги Шуравӣ маҳз ҳамин гуна рӯҳониёну мавлавиҳо фатвои ҷиҳод мекарданд. Баъди хуруҷи Артиши Шуравӣ онҳо бар муқобили муҷоҳидони аввала аз тарафи дигар “муҷоҳидон” - и навбаромад боз ҷиҳоди нав эълон карданд. Баъди ин Ҳизби исломии Афғонистон бо роҳбарии Ҳикматёр бар муқобили Ҷамъияти исломии Афғонистон роҳбараш Бурҳониддин Рабонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҷиҳоди дигар эълон кард ва Кобул, ки дар замони он ҷо мустақар будани Артиши Шуравӣ шаҳри орому амн буд, қариб пурра хароб шуда, сокинонаш тарки он карданд.  Баъди чанде ҳаракати нави “муҷоҳид” бо номи Ҳаракати Толибон зуҳур кард ва бар муқобили ин ҳама “муҷоҳидон”-и пештара  ҷиҳоди нав эълон кард. Аз ҳар тараф чандин гурӯҳу ҳаракатҳои мухталиф бо шиори “ҷиҳод” вориди майдон шудаву бо ҳамдигар даргир шуданд ва ба қатлу куштори ҳамдигар пардохтанд. Ҳама аз ҳар тараф танҳо мусулмонҳо буданд. Бар асоси маълумоти эҳсоияи худи Афғонистон дар замони ҳокимияти Карзай баъди хуруҷи Артиши Шӯравӣ қариб се миллион шаҳрванди Афғонистон кушта шуда, миллионҳо нафари дигар аз ин зиёдтар аз ватан муҳоҷир шуданд. Мавъизахонию фатводиҳии имрӯзаи Аҳмади Фирӯз ва Мулло Абдулқодир идомаи ҳамин фатвоҳои пешина аст, ки кишвари худро валангор ва як минтақаеро ба нооромӣ кшидаанд.
      Таърих ва ҷомеаҳои дигар низ, намунаҳои зиёди даъвату ҳукми рӯҳониёни диниро медонад, ки сабаби фитнаву иғвогариҳои бузург гаштаанд. Дар кишварҳои Аврупоию дар Россия низ охири қарни ХIХ ва аввали қарни ХХ, ки даврони тезу тунди равандҳои сиёсию иҷтимоии он кишварҳо буд, фитнабозиҳову сиёсатбозиҳои аҳли рӯҳоният бархурдҳои сахттаринро дар ҷомеа эҷод кардаанд. Афроди аз таърих огоҳ даъвату ташаббусҳои кашиши масеҳӣ поп Георгий Гапонро 9-уми январи соли 1905 дар Императории Россия дар Петербург хуб дар хотир доранд. Рафти ҳодисаҳои иҷтимоии Россия он давр имконияти бо роҳи ислоҳот тағйирёбиро доро буд, ки сарвазири он кишвар Столипин ин барномаро пайгирӣ дошт. Вале, найрангбозию фитнакориҳои Поп Гапон ва чанд кашиши пайраваш маҷрои ҳодисаҳоро ба дигар тараф гардонд. Ӯ байни полиси ҳокимият ва ҷонибдорони ҳаракатҳои эссерҳо, катедҳо, болшевикҳо, халқчиҳо ва дигар ҷунбишҳои сиёсии давр найрангбозӣ карда, рӯзи 9 - уми январи соли 1905 бо истифода аз мавқеъ ва ақоиди мазҳабияш коргаронро ба роҳпаймоии назди кохи Иператори Россия бурд. Ин роҳпаймоӣ боиси “Шанбегии хунин” ва инқилоби аввали Россия соли 1905 ва куштори зиёди коргарону шаҳрвандон гашт. Ин ҳодиса заминаи дар оянда дигар моҷароҳои азими кишвари Россия гашт.
      Мавъизаю фатвоҳои ин рӯҳонияту “мавлавиҳо” - и Афғонистон, аз қабили Аҳмади Фирӯз, Мулло Абдулқодир ва дигар ҳаммаслакони бенангу беори онҳо фоҷеаи гузаштаи ҷиҳодбозии Афғонистонро такрор намуда, имрӯз ҳамин даъвату иғвогариҳо ва фитнагариҳои Поп Гапонро ба хотир меоварад.     
   Мутаассифона, онҳо ин даъвату фатвои худро имрӯз ба самти дигар, ба Тоҷикистони амну осоишта, ки занону мардонаш озодона кору фаъолият мекунанд, кӯдакони хурдсол дар боғчаву ширхоргоҳҳо фаро гирифта шудаанд, писарбачагону духтарчаҳо дар мактабу донишгоҳҳо озодона таҳсилашонро давом доранд, эътиқодмандону афроди динбовар дар зиёда аз чор ҳазор масоҷид озодона адои фароизи динияшонро мекунанд, ҳаҷҷи фарзию умраро ба анҷом мерасонанд ва ғайра равона кардаанд, ки аз фитнакориҳои ин “мавлавиҳо”-и такфириву ҷиҳодӣ гувоҳӣ медиҳад. Бинобар ин, аҳли ҷомеаи кишвари мо ва махсусан ҷавонон аз ин “ҷиҳодбозиҳо”–и бо ном “мавлавӣ”–ҳо ва фитнакориҳои пайравони Поп Гапон бояд огоҳ бошанд.   
 
Ғаффор Мирзоев, сарходими шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia