casino malaysia
casino malaysia
Нигоҳе ба дастовардҳои донишмандони асримиёнагии Шарқи исломӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ

wrapper

Саҳми донишмандони асримиёнагии Шарқи исломӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ниҳоят бузург буд, ки натиҷаҳои онро то ба имрӯз тақрибан дар тамоми ҷаҳон, бавижа дар аврупо мавриди истифода қарор медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки баъзе муҳаққиқон фазои имрӯзаи кишварҳои исломиро ба “давраи торик” мутааллиқ донистанд. Мардуми ин кишварҳоро ба ҷоҳилию нодонӣ муттаҳам мекарданд.
Мо ба баҳси дурӯдарози миёни онҳо ба иллати маҳдудияти ҳаҷми мақола дахолат накарда, ба таври мухтасар дар бораи баъзе аз дастовардҳо ва бозёфтҳои ин олимон дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ назар меафканем:
Дар соҳаи тиб
Ибн Сино (980-1037) табиб ва файласуф аст ва ба қалами ӯ асарҳои зиёд тааллуқ доранд, ки аз байнашон “ал-Қонун фи-т-тиб” маъруфияти зиёд дорад ва дар Ғарб то асри ХVII ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешуд ва дар беморхонаҳо ҳамчун дастури асосӣ ба кор мерафт. Ӯ хотираи фавқулодда қавӣ дошт, номи “медисина” аз номи шакли ғарбии вай “Авитсенна” гирифта шудааст.
Спиртро бори аввал олимони мусулмон дар асрҳои VII ё VIII кашф намуданд, ки танҳо дар марказҳои тиббӣ барои табобат истифода мешуд. Дар асри XI табиатшинос Муҳаммад ар-Розӣ (865-925) бори аввал аз тариқи қатрарезӣ истеҳсоли арақ (водка) - ро кашф намуд. Ар-Розӣ бо ду китобаш “Китоби розҳо” ва“Китоби розҳои розҳо” машҳур аст, ки дар онҳо ӯ исбот меовард, ки маъдан ин маҷмуи таркибии се унсури асосӣ - симоб, сулфур ва намак аст. Ин назария ҳарчанд хато бошад ҳам, аммо дар химия муддати тӯлонӣ мавқеъ дошт ва дар Аврупо маъмул буд. Аммо машҳуртарин осоре, ки дар он аввалин буданаш собит аст, коркарди таснифоти ҳамаи мавҷудоти барояш маълум бар се бахш буд: маъдан, наботот ва ҳайвонот, ки асрҳои зиёд давом ёфт.
Абу Қосим аз-Заҳравӣ (936-1013) бештар аз 200 олоти тиббиро ихтироъ кардааст, ки имрӯзҳо ҳам дар дармонгоҳҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Инчунин аввалин олиме буд, ки тавассути найча хунгузарониро кашф карда буд.
Мураббӣ ва муаллими Фотеҳ Султон Муҳаммад - аш - Шамсуддин (1389-1459) вуҷудияти микробҳоро кашф намуд (Баъзе муҳаққиқон ин кашфиётро ба Ибн Сино нисбат медиҳанд).
Камбур Весим (ваф. 1761) микроби касалии силро кашф кард.
* Иброҳим Ҷасур (ваф. 1009) ҳанӯз 1000 сол пеш сабаби касалии хориш ва усулҳои табобати онро пешниҳод карда буд. Ибн Хатиб (1313-1374) пешниҳоди илмиеро дар бораи хусусияти гузариши касалии вабо ба миён гузошт;
Ибн Рушд (1126 - 1198) аввалин шахсе буд, ки вазифаи бофтаҳои чашмро таҳқиқ карда буд. Асари илмии“Тазкира”- и табиби машҳури касалиҳои чашм Алӣ ибн Исо дар тӯли садсолаҳои баъдӣ ягона сарчашмае дар ин соҳа ба ҳисоб мерафт.
Олими мусулмон бо номи Аммор ҳанӯз 9 аср қабл усули фақат ба ӯ маълумбудаи ҷарроҳии чашмро истифода менамуд;
Алӣ ибни Аббос (ваф. 994) ҷарроҳии касалии саратонро, ки бо сатҳи имрӯзаи ҷарроҳиҳо баробар аст, гузаронд; китоби ба қалами ӯ навишта шудаи“Китоб-ул-Маликӣ” то ҳанӯз аҳамияти хешро дар замони мо низ аз даст надодааст.
Ибнун-Нафис (1210-1288) доираи хурди гардиши хунро тавсиф додааст, ки он тақрибан 300 сол аз кашфиёти аврупоиён дар ин соҳа буд ва тамои ҷузъиёти онро дар тафсираш ба китоби “ал-Қонун”- и Ибн Сино нишон додааст ва ғайра.
Ҳамзамон, дармонгоҳи нахустин дар соли 707 ҳангоми ҳокимияти халифа Валид ибни Абдулмалик аз сулолаи Уммавиён сохта шудааст ва тамоми хароҷоти он аз ҳисоби давлат буд. Дар айни ҳол, беморони гиифтори касалии хориш ва нобиноҳо бо хӯрок таъмин мешуданд. Ин дар ҳоле буд, ки Шарқи мусулмонӣ ба корҳои илмӣ шуғл дошт, аммо дар Аврупо табибонро маккорону найрангбозон ва дармонгоҳҳоро макоми шайтон меҳисобиданд. Табибоне, ки кӯшиши гузаронидани ҷарроҳӣ мекарданд, ба таъқиботи шадид рӯ ба рӯ меомаданд.
Дар соҳаи математика
Комёбиҳои мусулмононро дар соҳаи математика низ инкор карда намешавад. Ин комёбиҳо ҳатто олимони муосири аврупоиро дар ҳайрат мондаанд. Барои мисол, олими машҳури Ғарб профессор Жак Рислер гуфтааст: “Устодони математикаи Эҳёи мо мусулмонон буданд”. Олими франсавӣ профессор Э.Ф. Гаутйе низ ҳайраташро пинҳон накардааст: “Фарҳанги авруосиёӣ на танҳо аз ҳисоби алгебра, балки дигар бахшҳои математика низ аз ҳисоби комёбиҳои олимони мусулмон ғанӣ гашт; дар ҳақиқат, илми математикаи муосири Ғарб чизе нест, ба ҷуз идомаи математикаи мусулмонон”.
* Асосгузори алгебра ал-Хоразмӣ (780-850) бори аввал рақами сифр – 0 - ро истифода кард. Ӯ китоби нахустинро доир ба алгебра таҳти унвони “Ал-ҷабр ва-л-Муқабала” навишт. Калимаи “ал-ҷабр” аз номи ин китоб гирифта шуда, баъдтар дар талаффузи ғарбиён ба алгебра табдил ёфт;
* Ал-Баттанӣ (858-929) - яке аз олимони мусулмон буд, ки барои ғарбиён як намунаи ифтихор дар соҳаи математика гардид. Ба андешаи профессор Жак Рислер, маҳз ал-Баттанӣ воқеан ба илми тригонометрия бунёд гузошт;
* Мафҳуми синусро ҳам олимони мусулмон ба миён гузоштанд. Онҳо синусро бо калимаи“сейб” ифода мекарданд. Дар Ғарб ин калима ба тағйироти овозӣ ва талаффуз дучор омада, ба “синус” мубаддал гашт;
* Абу-л-Вафо (940-998) ба тригонометрия мафҳумҳои тангенс, котангенс и косекансро ворид кард.
*Насируддини Тӯсӣ (1201-1274) муаллифи асари нахустини муҳим доир ба тригонометрия буд;
* Кашфи формулаҳои тағйирёбанда ба номи Ибн Юнус (ваф. 1009) тааллуқ дорад;
* Формулаи бином, ки ба Нютон нисбат медиҳанд, аслан аз ҷониби Умари Хайём (ваф. 1123) дар алгебра ҷорӣ шуда буд;
* Ҳисоби фоcила (дифферентсӣ) пеш аз Нютона аз ҷониби Собит ибн Ғурра (ваф. 901) кашф шуда буд. Бори аввал мафҳуми алгебраи геометриро на Декарт, чуноне ки баъзеҳо меҳисобанд, балки ҳамин олими мусулмон ибн Ғурра ҷорӣ карда буд;
* Шпенглер (1880-1936) таъкид мекунад, ки мафҳуми вазифа (функтсия) - и математикӣ бори аввал дар Аврупо ҷорӣ шудааст ва ӯ дар ягон ҷои дигар ишоратеро ҳам ба он дар фарҳангҳои дигар наёфтааст. Аммо Муҳаммад Иқбол, ки дар ин соҳа таҳқиқоти васеъро анҷом додааст, ин таъкиди ӯро қотеъона рад намуда, исбот овардааст, ки маълумот дар бораи вазифа (функтсия) - ро садҳо сол пеш аз аврупоиён аллакай Берунӣ пешкаш намуда буд;
* Ғиёсиддин Ҷамшед (ваф. 1429) бори аввал низоми ҳисоби даҳкаратаро ҷорӣ намуда, асареро вобаста ба он иншо намуд. Ӯ ҳамчунин дар ҳисоби математикӣ бори аввал вергулро истифода намуд.
Дар соҳаи астрономия
Астрономия - яке аз соҳаҳои дигари илм аст, ки дар он олимони мусулмон саҳм гузошта буданд. Тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои калони давлатҳои мусулмонӣ расадхонаҳо вуҷуд доштанд. Дар онҳо садсолаҳо олимони мусулмон таҳқиқоти илмӣ гузаронида, асрори зиёди илмҳоро кашф карданд, ки баъдтар манбаи илҳоми олимони Ғарб, монанди Ҷ.Бруно (1546-1601), Н.Коперник (1473-1543), Г.Галилей (1564-1642) ва дигарон гардид.
* Олимони мусулмон устурлоб (астролябия) - ро барои муайян намудани макони ҷойгиршавии ситораҳо, чен кардани масофаи байни онҳо такмил доданд. Аз-Зарқалӣ (1029-1087) устурлоби барои он давра дақиқтарин ва муносибтаринро барои кор ихтироъ намуда буд;
* Олимони мусулмон хеле барвақттар нисбат ба ғарбиён андешаро дар бораи курашакл будани Замин ва ҳаракати даврии он баён карда буданд. Ҳанӯуз Берунӣ исбот карда буд, ки Замин дар гирди меҳвари худ ва дар гирди Офтоб давр мезанад. Дар натиҷаи таҳқиқоте, ки ӯ дар Ҳинд дар наздкиҳои шаҳри Нандан гузаронида буд, масоҳати сатҳи Заминро чен ва муайян карда тавонист. Усуле, ки дар ин ҳолат истифода шуд, дар Аврупо ҳамчун “қоидаи Берунӣ” ном гирифт;
* Ҳанӯз дар асрҳои IХ-Х бародарон Мӯсоҳо дарозии гирди Заминро ҳисоб карда буданд;
* Асарҳои ал-Фарғонӣ дар соҳаи астрономия дар тӯли 700 сол дар Аврупо ба ҳайси китоби дарсӣ истифода мешуд. Ӯ ҳатто доғҳои дар сатҳи Офтоб бударо низ кашф намуда буд;
* Улуғбек (1394-1499) ҳокими давраш буд, аммо ба илм низ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Ӯ дар Самарқанд расадхнаи калонеро бунёд намуда, ҳамчун ситорашиноси бузург машҳур гардид;
* Алӣ Қушчӣ (ваф. 1474), ки номи“Птолемеи даврони хеш”- ро гирифтааст, дараҷаи каҷравии эклиптикаро кашф кардааст ва он адади он дар ҳолест, ки аз маълумоти илми имрӯза ба ҳадди ночиз фарқ мекунад (рақами вай 23030'13” ва рақами илми имрӯза 23027');
* ал-Битруҷӣ (асри ХIII), назарияи ҳаракати сайёраҳоро аз рӯи давра дар атрофи маркази беруна рад намуда, барои кашфи минбаъдаи Н.Коперник роҳ кушод;
* Ҷобир ибни Афлаф (асри ХII) пеш аз аврупоиён кунҷи самтгир (азимут) - ро, ки аз рӯи он равшанӣ ва макони ҷойгиршавии ситораҳо муайян мегардад, дарёфтааст ва ғайра.
Дар соҳаи физика
* Аҳмад ибни Мӯсо дар асараш бо номи“Низомҳои аҷоиб”нақшаи тақрибан 100 таҷҳизотро бо низоми танзими автоматӣ кашидааст;
* Абу-л-Изз Исмоил ал-Ҳазарӣ (ваф. 1206) дар асараш бо номи “Китаб-ул-хийал” асосҳои кибернетикаро гузоштааст;
* Асосгузори оптика Ибн Ҳайсам (965-1051) бо асари илмиаш “Китоби тасаввурот” барои фаъолияти олимоне монанди Роҷер Бэкон (1214-1294), Кеплер (1571-1630) ва Леонардо да Винчӣ (1452-1519) такон бахшидааст. Ин китоб дар олами илм беш аз 600 сол манбаи асосӣ буд. Механизми инъикоси рӯшноӣ дар оинаҳои курашакл ба номи ӯ - “проблемаиал-Хазин” (Ибн Ҳайсамро дар Аврупо чунин меномиданд) гузошта шудааст;
* ал-Форобӣ (870-950) барои табиати физикии садо шарҳ навиштааст;
* Ибн Ғарор (ваф.1100) аввалин бор дастгоҳи харротиро сохтааст;
* Аҳмад Челебӣ (асри ХVII), ба пушти хеш қанотҳои уқобро баста, аз бурҷи Галата дар Истамбул то ба Доғанлар дар Ускюдар парвози муваффақиятнок анҷом додааст; Лагари Ҳасан Челебӣ, ки дар давраи ҳукмронии Муроди IV ҳаёт ба сар бурдааст, бо ихтироъи дастгоҳе дар шакли ракета ва парвози муваффақиятнок бо он машҳур шудааст;
* Олими мусулмон Ибни Фирнас дар соли 880 аввалин бор дастгоҳеро дар шакли аэроплан сохта буд. Барои сохтумони он ӯ матои ғафс ва қанотҳои паррандаҳоро истифода бурдааст. Ба ӯ муяссар гашт, ки муддати дароз дар ҳаво давр занад ва мулоим ба замин фурояд. Дар Ғарб бошад, бародарон Орвилл Райт парвози якумашонро танҳо дар соли 1903 амалӣ намуданд;
* Ибн Юнус ҳанӯз хеле барвақт то Галилей (1564-1642) аз соатҳои ақрабакдор истифода намудааст;
* ал-Ҳозинӣ дар китобаш“Мизан-ул-ҳикма”дар бораи вазн маълумот медиҳад ва вазни хоси бисёр ашёро нишон додааст;
* ал-Берунӣ бо дақиқии комил вазни хоси 18 ашёро нишон додааст (аксари натиҷаҳояш қобили муқоиса бо маълумоти имрӯзаанд) ва гаронрави (вязкость) - и обро муайян кардааст;
* Ҷобир ибни Ҳайён (721-805), ҳамчун“падари химия”, бори аввал дар бораи қувваи бузурге, ки дар дохили атом нуҳуфтааст, дар бораи имкони тақсим шудани он ва дар натиҷа ба вуҷуд омадани қувваи азиме, ки Бағдодро тахриб карда метавонист, ақида пешкаш намуда буд;
* Шогирди Насируддини Тӯсӣ - Қутбиддини Шерозӣ 300 сол пеш аз Декарт шарҳи дурусти рангинкамон (“алаим-ус-сама”) - ро додааст;
Дар соҳаи химия
* Кашфиёти Ҷобир ибн Ҳайён дар соҳаи химия аз  кашфиёти Пристли (1733- 1804) ва Лавуазйен (1743-1794) болотаранд. Дар озмоишгоҳи махсусе, ки онро ӯ чанд аср пештар ташкил карда буд, дар натиҷаи гузаронидани таҷрибаҳо якчанд намуди кислотаҳоро кашф кард ва ин кашфиёти ягонаи ӯ нест (баъзеи онҳоро дар боло зикр карда будем);
* ар-Розӣ ҳамчун табиб ва химик, кислотаи сулфур ва спиртро кашф кардааст;
* олими мусулмон ал-Башир фосфорро нисбат ба олимони Ғарб барвақт кашф карда буд ва ғайра.
Дар соҳаи география
* Сафарномаҳои Носири Хусрав (1003-1088), ки дар кишварҳои мусулмонӣ ҳафт маротиба ҳангоми сайёҳат гузарондааст ва инчунин Ибн Батута (1304- 1369), ки ҳамаи қитъаҳои оламро сайр намудааст, осори бебеҳои таърихӣ ва географӣ ба шумор мераванд;
* ал-Берунӣ вуҷудияти қитъаи Амрикоро пешгӯӣ кардааст;
* Роҳбалади Васко де Гама (1450-1554) дар сафарҳояш мусулмони баҳрнавард бо номи Ибн Маҷид (асри XV) буд;
* ал-Идрисӣ (1100-1166) ҳанӯз 850 сол пеш аз ин харитаи ҷуғрофии оламро кашида буд, ки ба харитаҳои муосир ниҳоят шабеҳ аст.
Дар соҳаи ботаника ва зоология
* Ибн Байтор (1190-1248), ботаник ва дорушинос дар осораш тавсифи беш аз 1400 растаниҳо ва алафҳои табобатиро додааст;
* Олиме бо номи ад-Дамирӣ (1349-1405) дар китобаш “Ҳайават-ул-ҳайаван” дар бораи табиати олами ҳайвонот маълумот додааст.
Дар соҳаи сотсиология
* Ибн Халдун (1332-1406), ки яке аз муаррихони маъруф буд, ҳамчун асосгузори сотсиология низ ба майдони илм баромадааст. Осори ӯ барои олимони зиёди ғарбӣ ҳамчун раҳнамо мавриди истифода қарор гирифта буд;
Дар соҳаи саноат
* Бори аввал корхонаи истеҳсоли коғаз дар соли 794 дар Бағдод аз ҷониби Ибн Фазл, писари вазир Ҳорун ар-Рашид сохта шуда буд. Чунин корхона дар Миср дар соли 800 ва дар Андалусия (ҷануби Испания) дар соли 950 сохта шуданд. Дар Аврупо чунин корхонаҳо баъдтар пайдо шуданд: дар Византия - соли 1100, дар Ситсилия - соли 1102, дар Олмон - соли 1228, дар Англия фақат дар соли 1309.
Ҳамин тавр, аз асрҳои ХI то ХIII аврупоиён ва хусусан дар Испания, рисолаҳои олимони мусулмонро ба забонҳои яҳудӣ ва лотинӣ босуръат тарҷума кардан гирифтанд ва дар натиҷа маълумотнокии баланди ғарбиён шуруъ гардид, ки дар ниҳояти кор ба трансформатсияи тамаддуни онҳо оварда расонд. Барои чӣ ҳамон роҳи рушди илмҳояшро Шарқи мусулмонӣ давом надод? То ба ҳол ба ин савол ҷавоби саҳҳеҳ вуҷуд надорад ва якчанд фарзияҳо ба миён гузошта шудаанд. Дар миёни онҳо андешае ҳаст, ки мувофиқи он то ба асри ХIII қудрати империяи Ислом дар зери фишори салибдорон ва муғулон аз Шарқ заиф шуда буд. Дар натиҷаи ҷангҳо масеҳиён Испанияро бозгашт дар зери тасарруфи хеш дароварданд (аз ҷумла китобхонаҳои олии он дар Кордова и Толедо, ки пур аз ҳикматҳои илмии мусулмонон буд). Дар натиҷа марказҳои исломии илму дониш робитаҳои байниҳамдигариро аз даст доданд ва ин ба вайрон шудани ду сутуни асосии рушди илм - иртиботҳои доншмандон ва дастгирии молиявӣ оварда расонд.
Дар Ғарб илм қобилияти ҳосил намудани дастгири молиявиро аз тариқи пешкаш намудани технологияи нав, дар мисоли муҳаррики буғӣ, бо ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ пайдо карда буд. Дар Шарқ бошад, илм то ҳанӯз аз ирода ва хоҳиши султонҳо ва халифаҳо вобастагии комил дошт. Ба ғайр аз ин, баъзе олимону мутаффакирон комилан ва дар ҳолатҳои зиёд бар зарари илм ҳамин гуна хоҳишу иродаи султонҳоро ва ё рӯҳониёнро (масалан, Ғаззолӣ, ки аз “меъёр” зиёд омӯхтани илмҳоро мамнуъ эълон карда буд) иҷро менамуданд. Туркони усмонӣ, ки заминҳои хилофатро дар асри XVI забт карда буданд, танҳо лоиқи сохтмон ва ғасб кардани заминҳои нав буданд, аммо қобилияти дар ҷодаи илм эҷод намуданро надоштанд ва маҳз дар давраи онҳо рушди илм ба суқут рӯ ба рӯ омада буд. Нуқтаи назари дигари муҳаққиони Ғарб вуҷуд дорад, ки тибқи он суқути рушди илми мусулмонҳоро ба возеҳият дарк кардан мумкин аст, агар ба он дар чаҳорчӯбаи дунёгароии онҳо назар андозем: “Бе инқилоб дар корхонаҳои саноатӣ зиндагӣ кардан мумкин аст, ба шарте ки агар шумо хӯрок ва уштурҳои кофӣ дошта бошед”, - мегӯяд доктор С. Кинг.
Илми олимони мусулмон, ки бо ҳокимиятдорони мустамликагарои Ғарб то асри ХIХ ба таҳқир дучор омада буд, аз сари нав ташнагии хешро дар нисбати омӯзиши илм ва технологияи Ғарб ва ақаллан, кӯмакҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, ки тавассути онҳо созмон мегирифтанд, зоҳир мекунад. Ислоҳотгароёне, ки ба навсозии низоми шарқии маориф бо ворид намудани илми ғарбӣ ба он муяссар гардиданд, исбот мекарданд, ки онҳо танҳо талабгори бозгашти ҳар он чизҳоеанд, ки ба онҳо тааллуқ дорад, зеро решаҳои илми Ғарб ба осори олимони гузаштаи онҳо мебарад ва ғайра.
 
 
 
Рамазон Назариев – мудири Маркази
“Синошиносӣ”-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ;
 
 
Самиев Б.Ҷ. - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia