casino malaysia
casino malaysia
Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино дар рушди тафаккури илмии ҷомеа”

wrapper

Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино дар рушди тафаккури илмии ҷомеа” баргузор гардид.
Конференсияро директори Институт д.и.ф., профессор Маҳмадизода Нозим оғоз бахшида, аз ҳузури иштирокчиёни семинар изҳори сипос намуда, дар бораи фаъолияти тарҷумонии кормандони Маркази синошиносӣ ва аҳамияти тарҷумаи осори мутаффакирони форсу тоҷикро дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ сухан гуфта, онро барои илми муосир бисёр муҳим шуморид.
Баъдан мудири Маркази Синошиносӣ д.и.ф, профессор Назариев Рамазон ба таври мухтасар доир ба тарҷумаҳо ва таҳқиқоти арзишманди муҳаққиқони тоҷик маълумот дода, нақши онҳоро ба ғайр аз таҳқиқоти осори Ибни Сино ҳамчунин дар омӯзиш ва тарҷумаи осори Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Абубакри Розӣ, Ровандӣ, Эроншаҳрӣ ва мутафаккирони дигар  бисёр арзишманд муаррифӣ намуд.
Баъдан ходими пешбари Маркази синошиносӣ Ҳоҷиев Аҳмад дар мавзуи “Иртиботи “Ҳайат”-и “Китобу-ш-Шифо”-и Абуалӣ ибни Сино бо “ал-Маҷастӣ”-и Клавдий Птоломей” маъруза намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки то ҳол рисолаи “ал-Ҳайат”-и Ибни Сино ба таври густурда ва амиқ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст ва танҳо дар “Маркази синошиносӣ” ин китоб тарҷума ва мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар идома, ходими калони Маркази синошиносӣ Аскардаев Кишвар дар мавзуи “”Нақши тарҷумонҳои Маркази синошиносӣ дар муаррифии “Осор”-и Ибни Сино” суханронӣ намуда, аҳамияти таъсиси ин Марказ ва тақши тарҷумонони ин марказро дар муаррифии “Осор”-и Ибни Сино бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.
Баъдан, н.и.ф., Ҷонбобоев Сунатулло дар мавзуи  “Мақоми тарҷумонҳои осори Ибни Сино ва имконоти шинохти нави “Осор”-и ӯ суханронӣ намуда, аҳамияти тарҷумонӣ ва таҳқиқоти муҳаққиқони тоҷикро дар иртибот бо мероси Ибни Сино ва ҳакимони дигари форсу тоҷик, дар бораи аҳамияти омӯзиши онҳо барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ҳусн ва қубҳи ин раванд ва роҳҳои беҳбуди онро муфассал таҳлил намуд.   
Дар идома, д.и.таърих. професор Аскаралӣ Раҷабов нақши Мӯсо Диноршоевро дар таъсиси Маркази синошиносӣ ва омода кардани мутахассисони Марказ, аз ҷумла Ҳоҷиев Аҳмад ва Аскардаев Кишварро бисёр арзишманд ҳисобид.
 
 
Раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia