casino malaysia
casino malaysia
Бозтоби симо ва шахсияти омӯзгор дар андешаҳои ҳакимонаи Пешвои миллат

wrapper

Омӯзгор шахсияти калидии низоми таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар ташаккулу возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, худогоҳию худшиносии муҳассилин ва тарбиягирандагон нақши асосӣ мебозад. Зеро шахсият фитрӣ тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд.
Аз ин рӯ, барои бомақсадона ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия омӯзгор бояд қобилиятҳои дидактикӣ, ташкилӣ, муоширатӣ, идрокӣ, тавсиядиҳӣ, илмӣ-маърифатӣ ва ғайраро, ки бо мазмун ва хусусиятгириҳо аз ҳам тафовут доранд, дошта бошад.
Бавижа, қобилияти дидактикӣ - ин маҳорати ба донишҷӯён дастрас, равшан ва фаҳмо пешниҳод кардани маводи таълимӣ, ҷалб карда тавонистани таваҷҷуҳи донишҷӯён ба мавод мебошад. Тавассути ин навъи қобилият фаъолияти эҷодкории омӯзгор барои ташаккул додани тафаккури эҷодӣ ва фаъолнокии донишҷӯён равона карда мешавад. Қобилияти ташкилӣ бошад, ин маҳорати муттаҳид кардани донишҷӯён барои иҷрои корҳои фоиданок, ташаккул додани муносибатҳои самимона, эҳтиром доштани ҳамдигар, барқарор доштани дӯстӣ ва ғайра мебошад. Барои амалӣ шудани ин ҳадаф омӯзгор бояд дақиқназар, масъулиятнок ва некбин бошад. Маҳорати муошират - қобилияте мебошад, ки эътимод ва хайрхоҳии донишҷӯёнро нисбат ба омӯзгори худ инкишоф медиҳад. Қобилияти идрокӣ бошад, қобилиятест, ки омӯзгор бояд сифатҳои ботинӣ, ҳолати рӯҳӣ-равонии донишҷӯро дарк карда, ба ӯ маслиҳатҳои судманд дода тавонад.
Қобилияти тавсиядиҳӣ - ин қобилияти омӯзгор барои ба даст овардани натиҷаҳои зарурӣ тавассути таъсири эҳсосӣ ва иродаӣ мебошад. Ин навъи қобилият бо сифатҳои шахсии омӯзгор, бо амал, рафтор ва гуфтори ӯ зич алоқаманданд. Қобилияти илмӣ-маърифатӣ - ин қобилияти шахси донишманд, огоҳ, босавод дар ҳама ҳолатҳо мебошад. Доштани ин қобилият ба муаллим кӯмак мекунад, ки ҳама мушкилоте, ки дар раванди таълим қарор доранд, эҷодкорона, пайваста ва дақиқтар ҳал карда, маводи таълимиро дар сатҳи баланд аз худ кунад.
Воқеан, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки раванди таълиму тарбия назди омӯзгори имрӯза вазифаҳои мусъулиятнокро мегузорад, то мушкилоте, ки дар ин самт ба вуҷуд меоянд оқилона баррасиву ҳал намояд. Барои муваффақ шудан дар раванди фаъолияти омӯзгории худ зарур аст, ки ӯ назария ва амалияро самаранок азхуд кунад, барои ташаккули малакаҳои касбӣ боғайратона талош варзад. Дар доираи ихтисос ва фанни таълимии худ маҳдуд нагашта, аз дастоварду муваффақиятҳои илмҳои соҳавӣ, тағйироту таҳаввулоте, ки дар низоми ҷомеадорӣ ба вуқуъ мепайванданд огоҳ, босалоҳият ва  ботаҷриба бошад. Зеро донишҷӯён мусаллаҳ буданро бо чунин сифатҳои касбӣ муҳимтарин сифатҳои омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ медонанд. Яъне, омӯзгор бояд мавзуъҳои омӯхташавандаро тибқи барномаи таълимӣ комилан донад ва дарк кунад, дониши амиқи касбӣ дошта бошад ва тахассуси худро доимо такмил диҳад. Таҳаммулпазир, хушмуомила, меҳрубон буда, кина ва бухлро нисбати шогирдон раво набинад. Аммо фосиларо ба хотири эҳтирому нигоҳ доштани мақомаш нисбат бо донишҷӯён риоя дорад. Камбудиҳои онҳоро ислоҳ карда, маслиҳатҳои судманд диҳад. Ҳангоми посух ба саволҳои аз ҷониби донишҷӯён додашаванда худро дағал, сахтгир ва пурвиқор нишон надиҳад.
Дар баробари ин сифатҳо омӯзгори имрӯза бояд худро бо талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ намояд, ботинан ва зоҳиран худро зебо ва ороста нигоҳ дорад. Либоси расмӣ ба бар кунад. Инчунин, маҳорати кор кардан бо воситаҳои технологияи муосир, истифода бурдани шабакаҳои интернетиро дошта, бо як ё ду забони хориҷӣ муошират карда тавонад. Доштани ин сифатҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин гуна омӯзгор ҳамқадами замон, пешрафта ва насли созандаи имрӯз аст.
Имрӯз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар рушди  соҳаи илму маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башарӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шуда, бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи инсонӣ омили муҳимтарини амнияти миллист. Бинобар ин, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммали таърихӣ дошта, аз мактаби ахлоқмеҳварӣ ва фарҳангсолории гузаштагони худ сабақ андӯхтааст, касбу пешаҳои замонавиро хуб азхуд карда, хешро ба муҳити нави ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Ё чӣ тавре Пешвои миллат барҳақ ва оқилона таъкид мекунанд: «Илму маориф дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошанд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дафтару девон сару кор дошт, китобдору китобхон буд ва дар бунёди тамаддуни башарият бо корнамоиҳои илмиву фарҳангии худ саҳми шоиста гузоштааст».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солона ва суханрониҳои худ, ки ҳамасола бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ироа медоранд ба ин паҳлуи масъала ва мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса дода, пайваста таъкид медоранд, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф  яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, омӯзгор ҳамчун як чеҳраи калидӣ таҳкимбахши рушд ва пешрафти он аст. Зеро нақши омӯзгор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, маърифатнок намудани насли наврас ва ҷавонон, ташаккули тафаккури фарҳангӣ ва техникиву эҷодкории онҳо, таҳким ва пешрафти соҳаҳои дигари ҷомеа  ниҳоят муассир аст. Яъне, «Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд».
Аз ин андешаи пурмуҳтаво натиҷабардорӣ мегардад, ки тарбияи дурусти шогирдон маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, дар раванди таълим ӯ бояд ба хатогӣ роҳ надиҳад. Чун волидайн ва ашхоси онҳоро ивазкунанда ҳамчун роҳнамои маънавӣ ва ба камол расонандаи насли солиму созанда ва шоистаи давр масъул бошад. Мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, дониш ва касбияти худро такмил диҳад, технологияи муосири таълимро омӯхта, аз воситаҳои навини технологӣ самаранок истифода барад.
Баробари вусъат бахшидани раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳким ва дуруст роҳандозӣ кардани масоили марбут ба тарбия, хусусан, ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, инсонпарварӣ, худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар миёни донишҷӯён саҳми назаррас гузорад.
Мустааҳкамкунандаи робитаи байни хонавода ва муассисаҳои таҳсилотӣ ҷиҳати дуруст татбиқ кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ омӯзгор ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тақозои замон аст, ки омӯзгорону олимон ва муҳаққиқон таълим ва илмро ҳамқадами замон созанд. Илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд, мутахассисон вобаста ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир тарбия гиранд.
Умуман, аз нуктаҳои меҳварии суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон метавон мушаххас кард, ки имрӯз омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба талаботи ҷомеаи техногенӣ ва фазои ҷаҳонии таҳсилот бояд сифатҳои зеринро доро бошад:
- воситаҳои техникӣ ва кор бо технологияи муосирро тавонад ва дар раванди баргузории машғулиятҳои дарсӣ самаранок истифода барад;
- то ҳадди муошират карда тавонистан як ё ду забони хориҷиро азхуд кунад;
- барои тақвият ва такмили ҷаҳонбинӣ, фасоҳати гуфтор дар як сол на кам аз панҷ асари бадеиро мутолиа кунад;
- ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир бошад;
- дар муҳлати панҷ сол аз курси такмили ихтисос гузашта, дониши соҳавӣ ва касбияти худро такмил диҳад;
- усулҳои нави таълимро дар раванди баргузории машғулиятҳо истифода барад;
- дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шавад;
- барои дарёфти унвон ва дараҷаҳои илмӣ бетафовут набошад;
- барои тайёр кардани шогирдон ҷиҳати иштирок дар озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор боша два ғайра.
Ниҳоят, ба хотири он ки соҳаи маорифи кишвар рушд кунад, мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа баланд гардад, мутахассисони ватанӣ дар сатҳи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазирии худро нишон диҳанд, барои мардуми кишвар зиндагии шоистаро сазовор гардонем омӯзгоронро зарур аст, ки ҳастии худро ба донишандӯзии фарзандони халқ сарф намоянд, онҳоро мисли нури чашми хеш азиз донанд, барои босаводу бомаърифат шудани шогирдон заҳмат кашанд ва ба ин восита инсони комилро ба воя расонанд.
Омӯзгорон вазифадоранд, ки тарбия кардани шогирдонро дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба роҳ монанд. Дар асоси татбиқу амалинамоии ин модел мо метавонем Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта дар самти рушди технологияи инноватсионӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ, таъмини амнияти миллӣ, сазовор будани аҳолӣ ба зиндагии шоиста, ки ҳадафи ниҳоии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аст, табдил диҳем.
 
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор
 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia