casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Таджикистан и Азербайджан: новые горизонты и перспективные направления сотрудничества

      Реализация действующей Концепции внешней политики Республики Таджикистан от 27 января 2015 за № 332 ведётся последовательно и закладывает надёжную основу для расширения сотрудничества. Ярким примером выступает расширение сотрудничества с Азербайджанской Республикой, которое имеет важное историческое значение для двусторонних отношений. Развитие отношений, с момента установления дипломатических отношений 29 мая 1992 г. приобретают закономерную динамику в двусторонних отношениях Таджикистана и Азербайджана, которые развиваются традиционно в духе взаимного уважения и партнерства.
За этот период сформировалась повестка двустороннего сотрудничества, сегодня она охватывает политическую, экономическую, научно-техническую и гуманитарную сферы, ориентированные на долгосрочное партнерство. Нормативно – правовая база насчитывает десятки соглашений и договоров, главными из которых являются:
- Договор о дружбе и сотрудничестве между Республикой Таджикистан и Азербайджанской Республикой от 16 марта 2007 года;
- Декларация о стратегическом партнерстве между Азербайджанской Республикой и Республикой Таджикистан от 23 мая 2024 года.
     Нынешний визит Основателя мира и национального единства — Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона в Азербайджан имел статус государственного визита, который является самым высоким уровнем визита. Формат визита свидетельствует о стремлении глав государств поднять двустороннее сотрудничество на качественно новый уровень.
     Как отметил глава Азербайджана Ильхам Гейдарович: «Мы сегодня и в расширенном составе с участием членов делегаций, а также на встрече тет-а-тет обсудили широкий спектр вопросов нашего взаимодействия, дали конкретные поручения членам правительств наших стран по реализации многих проектов экономического характера, проектов, связанных с промышленной кооперацией, сотрудничеством в гуманитарной сфере. И к концу года, когда Эмомали Шарипович вновь нас посетит, мы еще раз пройдемся по всем вопросам и будем контролировать реализацию данных поручений».
Также, Ильхам Гейдарович отметил: «Я пригласил Президента Таджикистана принять участие в климатической конференции в ноябре. Это приглашение было принято. Мы активно готовимся к проведению этого международного мероприятия и рассчитываем на активное участие Таджикистана. Уверен, что наши таджикские друзья внесут большой вклад в успешное проведение этой конференции и достижение хороших результатов».
     В свою очередь, глава Таджикистана Эмомали Рахмон отметил, что «Очень рад посетить в очередной раз прекрасный город Баку с древней историей, который сегодня является одним из крупнейших промышленных, экономических и научно-технических центров региона. Неповторимый облик столицы Азербайджана является воплощением динамичного социально-экономического развития страны и устойчивого роста благосостояния азербайджанского народа».
«Наши сегодняшние встречи прошли в конструктивной и доверительной атмосфере, характерной для таджикско-азербайджанских отношений дружбы и сотрудничества. В ходе переговоров мы обстоятельно обсудили весь комплекс взаимоотношений двух стран. Достигли ряда важных договоренностей, которые значительно укрепляют базовую основу их долгосрочного развития».
      В свою очередь «Как отметил уважаемый Ильхам Гейдарович, сегодня мы приняли историческое решение, которое поднимает уровень наших межгосударственных отношений до стратегического партнерства. Данное решение, безусловно, открывает новую страницу в истории нашего сотрудничества. Со своей стороны, хотел бы отметить важность поддержания регулярного политического диалога на всех уровнях».
       Президент Азербайджанской Республики, уважаемый Ильхам Гейдарович в своей речи подчеркнул, что: «Я еще раз, уважаемый Эмомали Шарипович, Вас от души приветствую. Благодарю, что приняли приглашение, совершаете государственный визит. Желаю братскому народу Таджикистана под Вашим руководством новых побед. Я как человек, который посещает Таджикистан уже на протяжении почти что 20 лет, каждый раз являюсь свидетелем масштабных преобразований, экономического, социального развития, успехов в градостроительстве. И каждый раз, посещая Душанбе, вижу насколько становится город красивее и удобней для жителей и гостей. Поэтому еще раз поздравляю со всеми свершениями. Желаю Вам и братскому таджикскому народу новых успехов».
Государственный визит Основателя мира и национального единства — Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона в Азербайджан придал новый импульс в развитии отношений между Таджикистаном и Азербайджаном и определяет новые горизонты в развитии двух дружественных народов.

Отдел политологии Института философии, политологии и права им. А. Баҳоваддинова НАНТ.
Муфассал ...
Хондан 140 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

 Постмодерн и право: апофеоз абсурда

               В последнее время наблюдается стремление части авторов внедрить в правовую науку идеи постмодернистской философии и трактовать правовые явления и концепты через призму философии постмодерна. В науку права предлагается ввести новый вектор развития – так называемый феноменолого-коммуникативный подход, в рамках которой рассматривается широкий набор видоизмененного понятийного аппарата классической юриспруденции. Общая теория права в этом векторе интерпретируется в контексте феноменолого-коммуникативного подхода. Научным центром таких теоретических новшеств является Московская государственная юридическая академия, где в основном изданы крупные монографические исследования в анализируемой области.
    Феноменолого-коммуникативный подход к праву связывает право не с какими-либо конкретными социальными факторами: государством, политической системой, организацией социальной власти, и не с абстрактными ценностями справедливости, свободы, равенства и т.д., а с человеком как homo communicatius (человеком коммуникативным) [5, 115].   Муфассал ...
Хондан 152 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Терроризм-вабои аср.

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Э.Раҳмон
Яке аз проблемаҳои љиддие, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  љаҳониро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. 
Барои ба ҳадафҳои нопоки худ  расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. 
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Муфассал ...
Хондан 133 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Муқовимати дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизм беш аз пеш муҳимтар шудааст

    Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ пурзӯр намудани муқовимат ба зидди экстремизм, терроризм, радикализм ва фундаментализм масъалаи глобалӣ ба шумор меравад. Коршиносон қайд мекунанд, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ амали ошкорою пинҳонӣ доранд. Ин созмону ташкилотҳои хунхор ба мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ то 20 миллиард доллар маблағ сарф мекунанд. Таҳдиди экстремизм ва терроризм ба амнияти давлат ва ҳаёти шаҳрвандон, ба суботи ҷомеа ва муносибатҳои байналхалқӣ ҷомеаи ҷаҳониро маҷбур мекунад, ки чораҳои қатъӣ андешида, пеши роҳи чунин амалҳоро гирифта тавонад.
    Коршиносону муҳаққиқони масъала чунин навҳои терроризмро номбар мекунанд: терроризми сиёсӣ, терроризми миллатгаро, терроризми динӣ, терроризми сепаратистӣ, терроризми антиглобалӣ, терроризми технологӣ, терроризми кибернетикӣ ва ғ.
     Террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсаду маром ва нияту манфиатҳои нопоку хатарзо буда, барои амнияти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон оқибатҳои даҳшатовар дорад. Агарчи мақсаду маром, шиору ғояҳо ва далелу баҳонаи амалҳои хунхоронаи сарварони созмону гурӯҳҳои террористӣ гуногун вонамуд карда мешавад, вале дар таҳдиду зӯроварӣ, ваҳшонияту куштор ҳамаи террористон ба ҳам монанданд. Аз ҷумла, дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолияти зиддиинсонии Ташкилоти террористии Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ташкилоти эктремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, Толибон дар Афғонистон сокинони минтақаро сахт ба ташвиш овардааст.
     Дар шароити ҷаҳонишавӣ экстремизму терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашарӣ касб намудааст. Фақат дар даҳсолаи охир зиёда аз 100 мамлакат ҳадафи амалҳои террористӣ қарор гирифтааст. Яъне терроризм марзу буми алоҳида надорад, сарҳад надорад, он ба тамоми минтақаҳои ҷаҳон паҳн шуда, амнияти сокинони сайёраро зери хатар мегузорад. Ҳамзамон бояд эътироф кунем, ки экстремисту террорист ҳеҷ гоҳ ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Масалан, дар сафҳои созмони терррористии «Давлати исломӣ» шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат, аз ҷумла шаҳрвандони давлатҳои аврупоӣ, ИДМ ва ғайра меҷангиданд.
    Террористон дар бераҳмӣ ҳамто надоранд. Фақат аз соли 2000 то соли 2016 дар ҷаҳон беш аз 70 ҳазор ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар он ҳудуди 170 ҳазор нафар кушта ва беш аз 260 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин муддат дастикам 35 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ҳамчун террорист маҳкум карда шудаанд.
      Бояд дар мадди назар дошт, ки террористон ва экстремистон асло шарму ҳаё, масъулият, шарафи миллӣ надоранд ва аз оқибати фалокатбори кору пайкори худ намеандешанд. Саҳифаҳои таърихи кишвари мо бараъло нишон медиҳанд, ки ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар андохтани амнияти давлат, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар байни мардум, паст задани шаъну эътибор ва дастовардҳои мусбати Ҳукумати ҶТ тактикаи пешгирифтаи террористону экстремистон аст ва фақат ҳамин барояшон «роҳат» мебахшад. Онҳо барномаи дигар, ки ба манфиати мардум ва пешрафти мамлакат бошад, надоранд ва манфиатҳои худро болотар аз ҳамаи арзишу идеалҳои ҷамъиятӣ мегузоранд.       
      Ташфиқоти фиребандаи сарварони ин ташкилотҳои носолим, хусусан роҳбарияти ҲНИ сабаб гардида буд, ки садҳо ҷавонони гумроҳшудаи тоҷикистонӣ ба сафи неруҳои хунхори ДОИШ пайвастанд ва нобуд шуданд. Идеологияҳои терроризм дар ҷомаи динӣ пинҳон шуда, аз эътимоди мардум суистифода карданд,  ҳол он ки дини ислом гумроҳкунӣ ва куштори ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳро маҳкум мекунад.
   Натиҷаи «корнома»-и онҳо ҳамин шуд, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИТ 150 нафар шаҳрванди хориҷиро, ки кормандони созмонҳои байналмилалӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони динҳои дигар ва нозирони СММ буданд, гаравгон гирифта, қатл карданд. Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо кушта шуданд, 2 миллион нафар шаҳрвандони кишвар бесарпаноҳ монда, гуреза ва муҳоҷири дохилӣ гардиданд, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маблағи то 10 миллиард доллар зарари моддӣ расонида шуд. Ин фоҷиаи миллат буд.
     Маҳз ҷаҳду талоши Президенти мамлакат ва қувваҳои солимфикр буд, ки мардуми кишвар ба сулҳу салоҳ омад, оромии ҷомеа таъмин гардид. Аммо баъзе гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва душманони миллат ба қадри сохтани давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ нарасиданд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад: истисмори омма, террор, суистифода аз боварии мардум, ивғоангезӣ, бегонапарастӣ, режими сахти теократӣ, зулму ситам аз қабили мафҳумҳои муқаррарии луғати онҳо аст. Онҳо бояд ба гӯш гиранд, ки давлати имрӯзаи Тоҷикистон, нисбат ба солҳои 90-и асри ХХ, нерӯю имконоти бештар барои пешрафту тараққиёт дорад, таманнои миллати тоҷик фақат суботу рушд, созандагӣ ба хотири фардои неки кишвар аст. Метавон бо боварии комил гуфт, ки душманони миллат – террористону экстремистон ба мақсадҳои ғаразноки худ нахоҳанд расид, зеро давлати мо ҳамеша барои ҳифзи мардуми кишвар чораҳои зарурӣ меандешад ва бар зидди чунин гурӯҳҳои хунхор беамон мубориза мебарад.  
    Имрӯз ҳама дарк мекунанд, ки ягон кишвари ҷаҳон дар танҳоӣ дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои экстремистию террористӣ пурра пирӯз шуда наметавонад. Беш аз пеш дарк мегардад, ки фақат бо талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ пеши роҳи амалҳои экстремистию террористиро гирифтан мумкин аст. Гузашта аз  ин, муттаҳидсозии талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризм яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон хоҳад буд.
     Доир ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи давлати Тоҷикистонро чунин баён кардаанд: «Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».
     Дар ин самт дар асоси дарназардошти таҷрибаи амалигардонии Стратегияи қаблӣ қабул ва татбиқ кардани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Академияи миллии Тоҷикистон дар иҷрои 14 банди ин Стратегия бевосита ҳиссагузорӣ мекунад.
Дар фарҷоми сухан, хулосагирӣ кардан мумкин аст, ки:
  1. Терроризм ва экстремизм акнун як падидаи истисноии миллӣ нест, чуноне ки як замон буд.
  2. Терроризм ва экстремизм аз лиҳози ҷуғрофию сиёсӣ ва дар баъзе ҷанбаҳои ташкилӣ ба як падидаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Террористону экстремистон имрӯзҳо қариб дар тамоми қитъаҳо амал мекунанд, фаъолияти худро ҳамоҳанг мекунанд ва дар сафҳои худ акнун на садҳо «пинҳонкорон», балки даҳҳо ҳазор ҷангҷӯёни мусаллаҳ бо аслиҳаи муосирро (масалан, дар сафи ДОИШ ё Толибон) мутамарказ кардаанд.
  3. Таҳдидҳо ва даҳшати амалҳои экстремизм ва терроризми байналмилалӣ имкони мавҷудияти минтақаҳои амни комилро дар сайёра истисно мекунад.
     Дар ҷодаи пурзӯр кардани мубориза ба зидди терроризм ва экстремизм мо – аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки пайваста ҳувияти миллиро тақвият бахшем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, тафаккури солимро намоиш диҳем, бетарафӣ накунем, аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ кунем ва пайравони Сарвари давлат бошем.
 
 
Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори илмҳои
 фалсафа, дотсент, сарходими илмии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Муфассал ...
Хондан 230 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(12 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia