casino malaysia
casino malaysia
ИЛМ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ МАЪНАВИИ МИЛЛАТ (дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

wrapper

     Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли љорї баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон њамаљониба тањлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояњои давлатдории миллї ва инкишофи њаёти ҷамъиятию сиёсї ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад. Суханронии Пешвои муаззами миллат хеле фарогир буд, аммо инљо мехостем танњо ба чор нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ дошта бошем.
Аввалан, Пешвои миллат дар бораи дастовардњои илмї ва дастгирињои Њукумати мамлакат аз соњаи илм сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ин соњаро њамчун яке аз самтњои афзалиятноки сиёсаташон пайваста дастгирї намудаанд ва ин амал минбаъд низ идома хоњад ёфт. Дар њаќиќат њам, дар даврони соњибистиќлолї, чун дар баъзе кишварњои њамсоя фаъолияти нињоди асосии илмї дар љумњурї - Академияи миллии илмњои Тољикистон ќатъ карда нашуда, баръакс маќоми баландтарро соњиб гардид. Дар њайати ин Академия сохторњои зиёди љавобгўи талаботи даврон таъсис ёфта, маблағгузории корњои илмию тањќиќотї пайваста зиёд гардид ва њоло тасмим гирифта шудааст, ки сохторњои дахлдор “ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд”. Ин амал метавонад ба он мусоидат кунад, ки маблағгузории илм дар љумњурии мо то сатњи давлатњои пешрафтаи олам боло бурда шавад.
      Дуюм, Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар соњаи илм дар даврони соњибистиқлолӣ ислоњоти куллӣ гузаронида шуда, нињодњои илмї мунтазам бо дарназардошти талаботи љомеа дигаргун карда шуданд. Аммо дар љањони имрўзаи зудтағйирёбанда, нињодњои соҳаи илм, махсусан, Академияи миллии илмњои Тољикистон имрӯз низ ба ислоњоти сохторї эњтиёљ доранд. Бо њамин сабаб ва барои таъмини фаъолияти самарабахши соҳаи илм Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар ин самт “зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст”. Эътимоди комил дорем, ки иљрои ин дастури Сарвари давлат на танњо ба фаъолияти Академияи миллии илмњо, балки тамоми нињодњои илмии Тољикистон як такони љиддї мебахшад.
       Сеюм, дар суханронї дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид гардид, ки дастовардњои илми тољик дар зиёда аз сї соли соњибистиќлолї кам нестанд, аммо камбудию норасоињо низ дар ин самт вуљуд доранд, ки бояд бе таъхир бартараф карда шаванд. Ин гуна норасоињо, ќабл аз њама, дар самти татбиќи дастовардњои илмї дар истењсолот ва тарбияи кадрњои илмї ба мушоњида мерасанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат пешнињод намуданд, ки минбаъд фаъолияти њар як олим дар кишвари мо аз рўйи ду меъёри асосӣ арзёбї карда шавад: “ аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. Дарвоќеъ, муайян сохтани чунин меъёрњо на танњо масъулияти олимону донишмандонро баланд мекунад, балки барои бартараф сохтани норасоии кадрњои соњиби дараљаю унвонњои илмї дар тамоми муассисањои илмию тањќиќотї ва тањсилоти олии касбии ҳумҳурӣ мусоидат намуда, робитаи илму истењсолотро таќвият мебахшад.
       Чорум, чунонки маълум аст, илм дар њар давру замон дар таърихи башар на танњо василаи ягонаи рушди техникию технологӣ будааст, балки вазифаи хеле муњимми иљтимоиро ба иљро расонида, инсониятро аз фалокатҳои маънавї низ эмин нигоњ доштааст. Мањз ташаккули љањонбинии дуруст ва илман асоснок дар тули таърихи тулонӣ ба инсоният имкон додааст, ки на танњо эњтиёљоти моддии худро ќонеъ созад, балки саодати ҳақиқии ҳар як инсонро дар соҳаи ахлоқу маънавиёт низ таъмин созад. Ин рисолати илм аз он бармеояд, ки он ҳар як шахсро бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ мусаллаҳ сохта, имкон медишад, ки ҳаёти иҷтимоии худро ба таври дуруст танзим намояд. Аз ин рў, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар замони муосир низ, танњо “илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат” ба шумор мераванд. Аз ин рў, њар як олим, корманди соҳаи илм ва зиёиёнро зарур аст, ки дар ташаккули ҷаҳонибинии илмии насли наврасу ҷавонон ва тафаккури илмию техникии онњо саҳм гузошта, бо ин роҳ умеди мардуми моро ба ояндаи дурахшони миллат ва давлати соњибистиқлоли тољикон боз ҳам боэътимодтар созанд.
    Дар маљмуъ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, нишон дод, ки миллати тољик ва Пешвои муаззами он тамаддунофару илмпарваранд ва дар вањдату ҳамбастагӣ, бо такя ба ҷањонбинии илмӣ ќодиранд, ки дар даврони муосир низ ворисони Ибни Сино будани худро собит сохта, Тоҷикистони азизи соњибистиқлолро ба яке аз кишварњои пешрафтаи олам табдил диҳанд.

Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia