Институт
- Панҷшанбе, 25 Июл 2024
Маълумотномаи “ҷилди i-и «осор»-и Абӯалӣ ибни Сино”
Дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, “Осор”-и Абӯалӣ ибни Сино тарҷума, таҳия ва таҳқиқ мегардад, ки то имрӯз 16 ҷилди “Осор”-и Абӯалӣ ибни Сино аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва пешниҳоди хонанда гаштааст.
Ҷилди I «Осор»-и Абӯалӣ ибни Сино бо талошу кӯшишҳои донишмандон ва тарҷумонҳои забардасти ҷумҳурӣ аз қабилӣ М. Илолов, М. Диноршоев, А. Шарипов, Ғ. Ашӯров, Х. Додхудоев, А. Комилов, К. Қурбонов, Т. Мардонӣ, Ғ. Мироҷов, А. Муҳаммадхоҷаев, Ю. Нуралиев ва С. Сулаймонов соли 2005 ба нашр расидааст.
Академик Мусо Диноршоев дар ин ҷилд бо номи “Афрӯзандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат” муқаддима навиштаанд. Хонандаи огоҳ медонад, ки М. Диноршоев яке аз файласуфони соҳибмактаб ва синошиносӣ бузург буданд. Дар муқаддима эшон доир ба кору пайкори донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино маълумот дода, нақши эшонро дар илмҳои фалсафа, мантиқ, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт ва тиб муайян намудаанд.
Дар китоб таълифоти зерини Ибни Сино: “Рисолаи саргузашт”, “Донишнома” - бахшҳои “Мантиқ”, “Илоҳиёт”, Табииёт, “Ишорот ва танбеҳот”, “Мабдаъ ва маод” ва рисолаи “Азҳавия” тарҷума, таҳия ва нашр шудаанд.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 24 Июл 2024
Истиқлолияти давлатӣ мояи ифтихори миллат аст
Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ барои ҳар як халқу миллати ҷаҳон неъмати беҳтарин ва гаронмоя арзёбӣ шудааст. Расидан ба истиқлолият орзуи деринаи миллатҳои озодандеш, хосса тоҷикон буд. Истиқлолият калиди бахткушои миллат, иди пирӯзиҳои он аст. Инак, 33 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол аст. Дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ноил гардид, хеле бузург аст.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 24 Июл 2024
Олими тавоно ва шахсияти воло (Бахшида ба зодрӯзи камолоти академик Кароматулло Олимов)
Кароматулло Олимов олими намоён, ходими давлатӣ ва сиёсатмадор, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муҳаққиқи шинохтаи таърихи фалсафаи тоҷик буда, дар байни аҳли илму адаби тоҷик ва бисёр кишварҳои хориҷӣ ҳамчун як шахсияти бонуфузу хирадманду тавоно маълуму машҳур аст.
Кароматулло Олимов дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, айёми кудакию навҷавонии хешро дар ҳамон ҷо гузаронидаанд. Падарашон ба унвони табиби анъанавӣ-мардумӣ ба табобати мардуми диёри хеш машѓул буданд. Модари бузургвори Кароматулло Олимов фарзанди мударриси шинохтаи ибтидои асри ХХ Киромии Истаравшанӣ буда, аз занҳои босаводу донишманд ва донандаи шеъру адаб буданд. (Ёдашон ба хайру рӯҳашон шод бошад). Устод Кароматулло тарбияи чунин падару модарро гирифтаанд, ки ҳамчун як шахсияти комилу солим ва дорои фазилатҳои хосеанд, ки ифтихори мардуму миллатамон мебошанд. Аз ин ҷо, «Кароматулло Олимов инсони комиланд – барои дӯстон беҳтарин рафиқу ҳамсафар, барои шогирдон – накутарин устоду мураббӣ ва барои фарзандону наберагон – мушфиқтарини падару бобоянд. Ин хислатҳои эшон мерос аз волидайни зиёӣ, самараи тарбият дар оилаи фарҳангӣ… аст».[1]
Кароматулло Олимов соли 1964 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм намуда, ҳамон сол ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ дохил мешаванд. Соли 1971 дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Саноии Ѓазнавӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Фалсафаи Хуросон» (Таҳлили таърихӣ-фалсафӣ) дар шаҳри Тошканд бо муваффақият дифо намуданд.
Муфассал ...