casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Файласуф ва сиёсатмадори шинохта

Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов 27 июли соли 1944 дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшан дар оилаи зиёиён - Олимхони Эшонтура ва  Макраматхон, ки бо тахаллуси Махфӣ Киромизода ба шеъру шоирӣ машғул буданд, ба дунё омадаандт. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи забони форсии  факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гаштанд. Баъди хатми ин муассисаи таълимӣ ҳамроҳи чанд ҳамсабақони хеш барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ихтисоси фалсафа шомил гардиданд. Академик Алоуддин Баҳоуддинов, ки он замон дар сафи пеши файласуфони тоҷик қарор доштанд, Кароматулло Олимовро ба шогирдӣ қабул карданд ва эшон дар соли 1971 рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафию ахлоқии Абулмаҷди Саноӣ» бомуваффақият дифоъ намуданд. Муфассал ...

Кароматулло Олимов - Инсоне аз табори аҳли фазл

Олимов Кароматулло 27-уми июли соли 1944 дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падари донишманд Олимхони Эшонтура ном дошта, аз зумраи афроди маънавиятгустар, равшанфикри навовари аввали асри XX, аз дастпарварони мактабҳои маъруфи минтақаи Мовароуннаҳр ба ҳисоб мерафт. Мавсуф, дар баробари забони модарии худ донандаи хуби забони русӣ буда, дар соҳаи тиб, ташхис ва табобати беморон низ дониши фавқулодда дошт. Ба табобати мардум машғул шуда, пайваста талош меварзид, ки хуруҷи ҳар гуна бемориҳои сирояткунандаро пешгирӣ карда, дасти мадад ба мардум расонад. Модари Кароматулло Макраматхон яке аз занҳои боиффат, фозила, донишманд, фарҳангӣ буда, аз мактаби бедилхонӣ, ки дар шаҳри Истаравшан васеъ паҳн шуда буд, тарбия гирифта, дониши заруриро дар риштаи шеъру шоирӣ, маънидодкунии мазмуни шеър ва тавзеҳи мафҳумҳо маҳз аз ин мактаб бардошт намудааст. Баъдан, бо тахаллуси Махфӣ Киромзода шеър навишта, дар муҳити адабию фарҳангии Вароруд ҷойгоҳи худро пайдо намуд. Мавзуи ашъорашро тасвири зебогиҳои табиат, ишқу муҳаббати софу самимии инсон, муҳаббату садоқат ба Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги аҷдодӣ ва ғайра ташкил медоданд. Муфассал ...

Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез

Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез

         Ҳадафи мақола баррасии мавзӯи муқовимати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризи балналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез мебошад. Яке аз баҳсҳое, ки таваҷҷӯҳи бештари назарияпардозонро дар ҷаҳони имрӯза ба худ ҷалб намудааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳми амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии амниятӣ дар замони муосир ба ҳисоб меравад, ки амнияти ҷаҳонро дар зери хатар қарор медиҳад. Ин тадқиқот нишондиҳандаи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархӯрд ва мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дар се даҳаи охирро шарҳ диҳад.

Имрӯз падидаи терроризм ва ифротгароӣ ба яке аз муҳимтарин нигарониҳои амнияти миллатҳо ва давлатҳо дар саро сари ҷаҳон табдил шудааст. Ривоҷи падидаҳои ҳамчун терроризм ва ифротгароӣ ба минтақа ва ё давлатҳои хосе нест, балки аз кишварҳои хурд шурӯъ карда то бузургтарин қудратҳои дунё бо хатароти хушунатомези ин падидаҳо рӯбарӯ ҳастанд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд. Маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо мубориза бо терроризмро боз ҳам мушкилтар мекунад. Дар баробари авҷгирии фаъолиятҳои террористию ифротгароии хушунатомез чораҳои байналмилалӣ бо мубориза бо онҳо афзоиш ёфт, аммо бо вуҷуди қонунҳо ва муқарароти байналмилалӣ барои мубориза бо ин падидаҳо нигоҳ накарда, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз натавонистааст бо ин падидаҳо ҳамаҷониба мубориза барад ва ҷаҳонро аз мавҷудияти террористону ифротгароёне ки хуни ҳазорон инсонҳои бегуноҳро рехтаанд пок намояд.

Тахминан гуфтан мумкин аст, ки аз замони ташаккули ҷомеаи байналмилалӣ ва дарки зарурати мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ кишварҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ стратегияҳои гуногунро дар раванди мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пеш гирифтаанд, ки ҳар як то андозае ба мувафақиятҳо ноил гаштаанд. Аммо ҳеҷ кадоме аз он стратегияҳо қодири мубориза бурдан ва решакан кардани терроризм ва ифротгароӣ набуда дар муддати тӯлонӣ натавонистаанд, ки аз амалҳои хушунатомези террористию ифротгароӣ пешгирӣ кунанд.

Дар олами муосир терроризм ба яке аз масоили муҳим ва мубрами доираҳои васеи илмӣ - тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Зеро, терроризм на танҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, балкӣ дар ҳаёти одамони алоҳида низ мақоми махсуси таъсиррасониро касб кардааст. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳми амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби рӯз мебошад.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ ҳамчун амал бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ба сифати ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Имрӯз амалҳои террористиву ифротӣ ва роҳҳои маблағгузории он аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, хариду фурӯши одамон, силоҳ ва фасод таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор мераванд. Равандҳои террористиву экстремистӣ ба тинҷиву оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва озодии инсонҳо таъсир расонида, намегузорад, ки таҳкиму тақвият ёбанд.

Амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам миллионҳо нафар одамонро гирифтори хавфу хатар ва дар оташи ҷангу низоъҳо қарор додаст. Дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатафкани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ солҳои охир зиёда аз 100 кишвари дунё зери ҳадаф қарор гирифта, бо сабаби онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намояд. Ҳамин тавр, ифротгароӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Имрӯз дар забони муошират, аз ҷумла, дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Ин истилоҳҳо низ ҳамин маъноҳоро ифода карда, фақат шакли лотинии пазируфташудаи ин мафҳумҳо мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳамин шакл истифода намудани ин истилоҳҳо низ дуруст аст, зеро ҳоло муҳимтар он аст, ки ин мафҳумҳо ва ин падидаҳо ба мардум фаҳмо буда, моҳият ва хатари онҳо барои мардум равшан бошад. Экстремизм, радикализм ва терроризм давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷиранд, ки дар маҷмӯъ, тафаккур, амалия ва моҳияти гурӯҳҳои ифротгароиро ташкил мекунанд.

Барои хубтару беҳтар нишон додани сатҳи омӯзиши мавзӯъ моро лозим меояд, ки ба якчанд таърифҳои илмии олимони ин соҳа рӯй оварда, онҳоро қайд намуда, дидгоҳи баъзе аз онҳоро зикр созем.

Дар фарҳаги луғати вожаҳои хориҷӣ ва ҳамчунин луғати тафсирии забони русӣ ифротгароиро ҳамчун «риояи ақида ва чораҳои ифротӣ» маънидод мекунанд марбут ба сиёсат аст.

В.И.Шулов ба мафҳуми баррасишаванда чунин таъриф медиҳад: «Терроризм падидаи ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки ҷаҳонбинӣ, идеология, усулҳои мушаххасро дар бар мегирад, ки ҳадафи он дар шароити мавҷуда куллӣ ва объективӣ ғайриимкон буда, ҷаҳон ва/ё ҷомеаро танҳо тавассути зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ тағйир медиҳад».

 Дар Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 «Дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм», ки бо Қонуни федералии Федератсияи Русия аз 10 январи соли 2003 № З-ФЗ тасвиб шудааст, Терроризм чунин маънидод карда мешавад: «ҳар амали дигаре, ки барои марг ё расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба шаҳрвандон ё шахси дигаре, ки дар амалиёти ҷангӣ дар ҳолати муноқишаи мусаллаҳона иштирок намекунад, ё расонидани зарари калон ба ягон объекти моддӣ пешбинӣ шудааст, инчунин ташкил, банақшагирӣ, ташвиқ кардан, ташвиқ кардани чунин амал, агар мақсади чунин амал аз рӯи хусусият ё мазмунаш тарсонидани аҳолӣ, вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ ё маҷбур кардани мақомот ё созмони байналмилалӣ ба андешидани ягон амал ё худдорӣ аз ин кор бошад".

Чӣ тавре, ки маълум аст дар, китобҳо, мақолаҳои илмию байналмилалӣ, конференсияҳо таъкид мешавад, ки то ҳанӯз нисбати падидаи ифротгароӣ (эктремизм), радикализм (тундгароӣ) ва терроризм таърифи дурусти илмӣ надорем. Дар бораи ин падидаҳои мазкур таърифҳои мушаххас надошта бошем ҳам аммо бисёр муҳимтар он аст, ки мо дар бораи моҳият ва хусусиятҳои асосии он шинохти дақиқи амалӣ ва воқеъбинона дошта бошем. Яъне мо бояд бидонем, ки бо чӣ падидае рӯ ба рӯ ҳастем ва бо чӣ падидае мубориза мебарем.

Аҳаммияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳаммияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонанд. Терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд.

Аз ифротгароӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳимми кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад.

Аз рӯйи чуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлати, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбанди нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Дар тамоми ҳаракатҳои тундрав терроризми миллатгаро баҳри ҳадафҳои истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза менамояд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.

Наркотерроризм. Ин навъи терроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадиди миёни қочоқ барои маводи мухаддир сар мезанад. Дар вақтҳои киштукор, ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо вусъат меёбанд. Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода бурда шудааст.

Бераҳмтарин навъи терроризм терроризми динист. Террористони динӣ дар динҳои ислом, насроният, яҳудият, ҳиндуизм, буддизм ва дигар фирқаҳои мазҳабӣ ба чараёнҳои ифротӣ мансубанд.

Кибертерроризм. Ин навъи терроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро ба роҳ мемонанд, барномаҳои парвози тайёраҳоро шикаста, садамаҳои ҳавои ташкил менамоянд.

Терроризми ҳастаи. Ин навъ гурӯҳҳои террористон кӯшиши ба даст оввардан ва истифода намудани силоҳҳои қатли омро доранд. Давлатҳое, ки дорои яроқи ҳастаи мебошанд, масъуланд онро маҳфуз нигоҳ доранд, то ки силоҳон ба дасти террористон наафтанд.

Баъзе гурӯҳҳои террористи силоҳҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти миллӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузоранд.

Дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҳифзи сохтори конститутсионии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Аз ин рӯ, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбанд. Мутаассифона, дар радифи имкониятҳо ва шароитҳои дар амал татбиқ намудани стратегияҳои мазкур, инчунин як қатор омилҳо ва хафву хатарҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки ба амнияти миллии кишвар ва дар маҷмӯъ ба сохтори конститутсионии давлат таҳдиди воқеӣ ба шумор мераванд.

Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ба хотири ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар назди ҷавонон вазифаҳое гузошта шудаанд, ки татбиқи онҳо барои таҳкими истиқлолият ва бақои давлат аҳамияти бузург дорад. Дар ин вазъият ҳушёрии сиёсӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мешавад, ки “Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-и  падидаи номатлуб буда, вабои аср эълон шуда дар ягон давру замон оммаи мардум ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд” хеле зарур аст. Ҳамчунин зарур аст, ки масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳифзи сарҳад ва муҳити зист, ҷудо кардани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ нуктаҳои марказӣ бошанд.

Бо дарназардошти чунин вазъият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2017 иброз намуданд, ки «солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротгароӣ ва террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Гурӯҳҳои террористию ифротӣ дар доираи дин махсусан дини ислом танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам бошад аз эҷод кардани хилофат дар тамоми ҷоҳон буда ва ҳадафи созмони террористии ДОИШ таҳмил додани хилофат ба давлатҳои дунявӣ ва демократӣ аст. Барои амалӣ намудани ҳадафу ѓояҳои носолиму харобиовари худ ин гурӯҳҳои ифротию террористӣ ниёзманди нерӯҳои ҷавонон мебошанд. Аз ҳамин сабаб онҳо ҷавононро ба ҳар роҳу воситае ба доми худ меандозанд.

Дин дар баробари миллатгароӣ олати тавонои таъсиррасонӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсат дар кишварҳои Осиё ва Африқо боқӣ мемонад. Дар ин ҷо, дар заминаи муносибатҳои тарафайни миллӣ-этникӣ ва ташкилотҳои динӣ қисмати асосии низоъҳои шадидтарин, муқобилати мусаллаҳона ва ҷангҳо ба вуҷуд меоянд, ки ин дар навбати худ амният, якпорчагӣ ва суботро на танҳо дар давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми низоми ҷаҳонӣ таҳдид менамояд, зеро чунин бархӯрдҳо барои дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар мешаванд, ки аксаран баҳонае беш нестанд. Дар робита бо ин таҳлили систематикии сабабҳои низоъ, шаклҳои зоҳиршавӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли низоъҳои динӣ дар матни геополитикӣ ниҳоят муҳим мебошад.

 Дар иртибот бо ин масъала қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид карда буданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд”.

Агар ба гуфтаҳои боло назар афканем, афзоиши таъсири дин, тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ, густариши бесобиқаи раванди ҷаҳонишавӣ бо проблемаҳои глобалии замони муосир манзараи хеле ҳузнангезро пеши назар меоварад.

Аз ҷониби дигар, тарафдорони ғояи таъсис додани хилофати исломӣ аз ҷониби ҷунбишҳо, ташкилотҳо, ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ, ки бо ғояи барпо кардани табадулоти давлатӣ, инқилобҳо, истифодаи терроризм ва экстремизмро дар ҷои аввал қарор дода, бетардид метавонанд ба амнияти миллӣ таъсиргузор бошанд.

Сарфи назар аз он ки дар Тоҷикистон фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва ифротию террористӣ қатъ шудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки хавфу хатари онҳо комилан барҳам хӯрдааст. Бо назардошти вазъи имрӯзаи кишвар, омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи падидаҳои чун терроризм ва ифротгароӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори онҳо ниҳоят муҳим ва зарур мебошад.

Дар ҳамин асос, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои хеш таҳдиду хатари терроризм ва ифротгароӣ, паҳншавии ғояҳои ифротгароии динӣ дар миёни ҷавонон, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи симои маънавии дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ғ.-ро мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор додааст [Аcарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон].

Бояд зикр кард, терроризм ва экстремизме ки хусусияти динӣ дошта бошад, аксар ҳолатҳо ба фоҷеа ва харобкориҳои зиёд оварда мерасонанд. Аз ҳамин сабаб дар солҳои 2000-ум бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат фаъолияти як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ манъ карда шуд. Ҳанӯз дар соли 1999 дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Мубориза бар зидди терроризм” [Ҳуҷҷатҳои расмӣ]. ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” [Ҳуҷҷатҳои расмӣ] қабул гардид. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 28 марти соли 2006, таҳти рақами № 1717 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм дар мувофиқа бо қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии дар ин соҳа қабулкардааш, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мубориза, бо мушаххас намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо дар ин самт қабул шудааст. Бо вуҷуди ин дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ баробари рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таҳдиду хатарҳои чунин гуруҳҳо ба назар мерасад. Аз ин рӯ, тадқиқ ва таҳлили самтҳои фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва раванди инкишофи ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ аҳамияти калони илмию назариявӣ дошта, мавзӯи коркарду пешниҳоди тавсияҳоро барои ошкор кардан, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ифротию террористӣ ҳадафрас мебошад.

Имрӯз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Терроризми қадим бо воситаҳои сода, бо хушунат ва вайронкорӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт. Терроризми муосир бошад аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳо хеле печ дар печ аст, террористон ғолибан худкушанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд.

Дар солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон талошҳои худро барои мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ дучанд кардааст. Мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, платформаи аслии ҷалби ДОИШ дар Тоҷикистон интернет аст. Дар Тоҷикистон 3 миллион корбарони интернетӣ ҳастанд ва 80 дарсади ин корбарони интернет ба матлабҳои ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қасдан ё тасодуфан баҳо ё ба доми фиреб меафтанд.

Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ, ҳатман ба масъалаи ҷавонон истода гузашта, пайваста онҳоро ба огоҳиву ватандӯстӣ роҳнамоӣ месозанд. Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар доир гардид, ки дар он зикр намуданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифродгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бар зиддӣ ин амали номатлуб пайваста кушишу талошҳои худро намуда истодааст ва яке аз ташаббускорони ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар саҳнаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз ташаббусҳои навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 бо ҳамкорӣ ва ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамоиши хеле муҳиму зарурии замон таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»-ро дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намуданд, ки аҳамияти байналмилалӣ ва зарурат барои аҳли ҷомеаи башар мебошад.

Мавриди қайд аст, ки баргузории ин ҳамоиши байналмилалии мазкур мантиқан давомдиҳанда ва дар натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез», рӯзҳои 3-4-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мебошад.

Инчунин дар таърихи 14 сентябр брифинги муштараки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябр дар Душанбе баргузор гардид, дар қолаби маҷозӣ доир шуд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ дар бораи барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотии Конфронси байналмилалии мазкур, инчунин «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ва маблағгузории он, иқдому талошҳо ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Намояндаи доимии кишвар итминон дод, ки Конфронси амниятии Душанбе ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои амниятӣ такони нав бахшида, «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ҳамчун платформаи муҳим барои ҳамкории созанда ва судманд барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ хизмат хоҳад кард [3].

Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Узбекистон, Тунис, Испания, Шри-Ланка, Кирибати, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Чин, Марокаш ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ зимни баромади худ дар брифинг саҳм ва ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муҳим арзёбӣ намуда, иқдоми навбатии кишвари моро оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд муҳим ва саривақтӣ хонданд.

Баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва мувофиқи мақсад буд. Зеро, кишвари мо бинобар мавқеи ҷуғрофӣ дар саргаҳи аввали муқовимат бо чунин проблемаҳои глобалии замони муосир қарор дорад. Инчунин, ҳамоиши байналмилалии мазкур ҳам дар масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм ва роҳҳои маблағгузории онҳо аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ғайра ва ҳам дар боло бурдани обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон нақши калонро иҷро хоҳад кард. Тоҷикистон бо баргузор намудани ин ҳамоиши байналмилалии мазкур фурсати муносибе барои муаррифии худ ҳамчун кишвари пешсафи мубориз бо ин таҳдиду хатарҳо ва пешгирию таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ аз он тарафи дарёи Омӯро ба даст меорад.

Дар ҷомеа марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотие мавҷуданд, ки масъулияти мураккаберо бар ӯҳда доранд. Барои онҳо дарки моҳияту хусусиятҳои ҳодиса кифоя набуда, балки зарурияти ошкор намудани масъалаҳои мухталифи тадқиқоти илмӣ пеш меояд. Яке аз вазифаи бевоситаи донишмандон ин, омӯхтани тамоми паҳлӯҳо ва оқибатҳои нохуши терроризм, тадқиқи роҳу воситаҳои самараноки мубориза алайҳи он буда, ҳангоми омӯзиши терроризм масъалаҳои зиёде пеш меоянд, ки на танҳо аҳамияти назариявию илмӣ, балки бештар аҳамияти амалӣ доранд. Махсусан, фаҳми амиқу дурусти мафҳуми “терроризм” сабабҳо, омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили шаклпазирии терроризм, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки мубориза бар зидди он, хулосагирӣ аз ҷараёни ҳодиса ва махсусан ташхиси чорабиниҳои пешгиринамоии ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам худи терроризм арзиши бештаре пайдо менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Барномаи рушди СММ барои давраи то соли 2030, Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм, қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва дигар созмонҳои дахлдорӣ СММ, Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо оид ба мақовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2016-2020, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 ва Консепсияи

миллии муқовимат ба пулшӯйӣ, маблағгузории терроризм ва силоҳи қатли омро барои давраи солҳои 2018-2025 таҳия намудааст, ки мавриди татбиқ қарор доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор амалҳои самаранок ва ҳадафнокро ба сомон расонида истодааст. Махсусан, дар самти мубориза бар зидди назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ояндаи наздик бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай сохтори махсус, Маркази зидди маводи мухаддир дар Душанбе ташкил хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки ташаббуси мазкур ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо аксари роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ташаббус ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода баланд арзёбӣ мекунанд. Кишвари мо яке аз давлатҳои пешсаф алайҳи терроризм шинохта шудааст. Ҷаҳон кишвари моро барои истодагарӣ дар самти муқовимат бо терроризм эҳтиром намуда, сипосгузор аст.

Хулоса, дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи арзишманди мубориза бо экстремизм ва терроризмро касб намудааст, ки муаррифии амиқ ва дурусти он дар 178 чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои пешбурди мубориза бо ин падидаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хеле муфид хоҳад буд. Ҳамзамон тақвият гаштани ҷанбаҳои сиёсию дипломатӣ ва таҳлилию коршиносии ҳамоиши байналмилалии мазкур метавонад дар самти мубориза бо терроризм ва экстермизм, роҳҳои маблағгузории он, аз ҷумла аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва фурӯши одамон ва рафъи ҳатару таҳдидҳои он барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон бисёр муфид бошад.

Бинобар ин, решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлат буда, барои расидан ба натиҷаи мусбат ҳамкории давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию техникӣ таъмин намудани сохторҳои қудратие, ки алайҳи терроризм хусусан дар марзҳо мубориза мебаранд шарт ва муҳим мебошад. Ҳамзамон муассисаю ташкилотҳои дахлдор аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии аҳли ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.

 

 

Зиёзода Н. И. - ходими хурди илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ

 

Зиёева З. И.  -ходими калони Шуъбаи

 фалсафаи фарҳанги ИФСҲ АМИТ

 

Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia