Институт
- Душанбе, 15 Июл 2024
Хатари ифротгароии динӣ ба ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он
Дар ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳони ислом беш аз пеш ба тариқи сиёсисозии ислом сурат мегирад. Сиёсисозии ислом бошад дар навбати худ экстрремизми диниро тавлид менамояд,[1] ки он яке аз омилҳои асосии гуногуни афрухтани низоъҳои динӣ-мазҳаби мебошад. Имрӯз экстремизми динӣ низоъҳои мазҳабиро ба як падидаи иҷтимоӣ табдил доданист, ки ба амну суботи ҷомеаи мусалмони аз ҷумла ҷомеаи тоҷик таҳдид менамояд.
Низоъи динӣ ҳамчун як зуҳуроти гуногунҷабҳа (тахрибкории ҳадафҳо, тахрибкории василаҳо, тахрибкории таъсир ба шахсият, тахрибкории номуайянии оқибатҳо ва доираи ба зиддиятҳои байни гурӯҳҳо ва ниҳодҳо ҷалбшуда ва тахрибкории таҷрибаи таърихӣ) тахрибкории иҷтимоӣ, шарри бечунучарои иҷтимоӣ мебошад. Он зиддиятҳоеро, ки дар фазои динии ҷомеа ба миён меоянд, тезу тунд гардонида, онҳоро ба соҳаҳои дигар паҳн мекунад, инчунин ба самти тахрибкориҳои мураккаби иҷтимоӣ, ки онро оқибати низоъи динӣ ҳисобидан мумкин аст, равона месозад.
Барои дарки масъалаи низои динӣ ва нақши гурӯҳҳои динӣ ифротӣ дар барангехтани низои динӣ дар ҷомеаи тоҷик аз ҷониби мутахасисон таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи назарсанҷии сотсиологие, ки дар моҳи ноябри соли 2016 гузаронида шуд, зарурати муайян сохтани динамикаи муносибати шаҳрвандон ба масъалаи мавриди назар на танҳо сабаби таҳдиду хатари ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннати динии ифротиро ба амнияти кишвар баён месозад, ҳамчунин натиҷаҳои кори идеологӣ ва сатҳи муборизаи мақомотҳои дахлдор дар самти пешгирӣ кардан аз паҳншавии таъсири ин ҳаракатҳо дар ҷомеаро нишон медиҳад[2].
Муфассал ...
- Душанбе, 15 Июл 2024
Низоъҳои динӣ-сиёсӣ ва роҳҳои бартарафкунии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бознашр аз маҷаллаи илми ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. ttps://www.izvestiya.ifppanrt.tj/AkhborANRT/2024/Akhbor_2024_1.pdf)
Ҷомеаи муосир дар баробари миллатгароӣ инчунин дин олати муҳимтарини таъсиррасонӣ дар соҳаи сиёсат ва ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Дар аксар мавридҳо шиддатнок гардидани низоъҳои мусаллаҳона ва ҷангҳо дар заминаи тезутундшавии муносибатҳои байни гурӯҳҳои миллӣ-этникӣ ва динӣ инкишоф меёбанд. Чунин ҳолат барои амният, комилият ва истиқрору устувории сулҳи на танҳо кишварҳо ва минтақаҳои муайян, балки умуман системаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, зеро чунин бархӯрдҳо аксаран сабаби дахолат кардани баъзе давлатҳо ба корҳои дигар давлатҳо мебошад. Вобаста ба ин яке аз муҳимтарин амале, ки онро бояд анҷом дод таҳлили системавии сабабҳо, шаклҳои зоҳиршавии онҳо ва роҳҳои бартараф кардани низоъҳои динӣ дар доираи масъалаҳои геополитикӣ мебошад. Яке аз масоили мубрами замони муосир, ки бидуни шак дар қатори масоили глобалӣ қарор дорад, масъалаи низоъҳои динӣ-сиёсӣ мебошад. Таҳлили ҳамаҷонибаи назариявӣ-методологӣ ба муаллиф кӯмак намуд, ки моҳияти онро кушода, унсурҳои асосии онро ошкор карда, алоқаи онро бо дигар масоил, аз ҷумла омилҳои иҷтимоӣ-сиёсии сар задани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро муайян намояд. Муаллиф нишонаҳои хоси низоъҳои динӣ-сиёсиро ҷудо намуда, роҳҳои асосии ҳаллу фасли онҳо, ҳадаф ва дурнамои онро мушаххас ва муайян намуд.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 11 Июл 2024
Хурофотпешаҳо пойбанди ҷаҳланд (бознашр аз саҳифаи газетаи Ҷумҳурият. https://jumhuriyat.tj/bahsho/3697-hurofotpeshao-pojbandi-aland.html)
Тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ домуллоҳои афғон, ки худ аз исломи ноб фарсахҳо дуранд, доир ба сарулибоси миллии бонувони тоҷик суханҳои ноҷо гуфта, алайҳи Тоҷикистон сарусадоҳо баланд карда истодаанд. Табиист, ки чунин вазъ ҷомеаи фарҳангпарвар ва солимандеши тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Дар иртибот ба ин мавзуъ директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, профессор Нозим Маҳмадизода ва узви Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” андешаҳои хешро иброз доштанд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
Нозим Маҳмадизода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ:
– Қабл аз ҳама, ҳадафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ – ин, пеш аз ҳама, ҳифзу побарҷо мондани анъанаву суннати ниёгонамон мебошад, зеро гузаштагони мо тарзи хоси либоспӯшӣ доштанд ва ин фарҳанги либоспӯшии занону модарони мо бо тамоми унсурҳояш муаррифгари миллати тоҷик буд.
Бояд таъкид сохт, ки либоси миллии мо ба талаботи дини мубини Ислом ҷавобгӯст. Вале, мутаассифона, мо дар марҳалаи муосири инкишофи Тоҷикистон зери таъсири бархӯрдҳои фарҳангҳои бегона, ки дорои хусусияти мазҳабиянд, қарор дорем. Имрӯз рӯзгоре ба сар дорем, ки, бо истилоҳ, ба ҳам омехташавӣ ё наздикшавии фарҳангҳои гуногуни олам тавсеа меёбад. Аммо набояд фаромӯш кунем, ки миллати тоҷик аз азал соҳиби фарҳанги ба худ хос буда, гузаштагонамон онро то ба мо расондаанд ва мо вазифадорем, ки ин фарҳанги куҳанро пос дошта, ба ояндагон ба мерос гузорем.
Тавре мушоҳида менамоем, тайи рӯзҳои ахир домуллову мавлавиҳои кишвари ҳамсоя оид ба либоси миллии тоҷик дар фазои маҷозӣ шӯру валвала бардоштаанд, ки боиси ҳайрат мегардад. Оё онҳо фаромӯш кардаанд, ки маҳз побанди ҷаҳлу хурофоту фасодкорӣ будани мавлавиҳою домуллоҳо Афғонистонро солиёни зиёд миёни обу оташ қарор додааст.
Мо ба тавсияву маслиҳат ва фатвоҳои касе ниёз надорем, зеро ҳар ҳарфи Роҳбари кишвар барои мо раҳнамоянд. Тамоми олам шоҳид аст, ки Сарвари таҳаммулпазири Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, аз дини мубини Ислом пайваста дастгирӣ менамоянд ва ҳар суханашон пероста аз ояҳои Қуръони кариму ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) мебошанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд имрӯзҳо аз ҳарвақта бештар дар гирди Сарвари маҳбуби хеш сарҷамъу муттаҳид бошем.
Маҳмуд Сангалиев, узви Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон:
– Имрӯз мардуми мо озодона ва бе ягон монеа метавонанд аз китоби муқаддаси Қуръони карим, ки бо тарҷумаи тоҷикӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ройгон тақдим гардидааст, доир ба талаботи динашон ба сарулибос маълумоти зарурӣ гиранд. Доир ба ҳамин мавзуъ дар 72 китоби мазҳабии мо, яъне мазҳаби Имоми Аъзам, сухан меравад. Либосҳои миллии мо куллан ба либосҳои исломӣ наздикӣ доранд. Аммо, имрӯзҳо аз сабаби нофаҳмӣ бархе аз кӯрдилону дар банди ҷаҳолат мондагон, оид ба либоси миллии мо нуктагириҳо мекунанд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ садо баланд кардаанд, ки дини мубини Ислому анъанаву суннатҳои он дар Тоҷикистон зери хатар қарор доранд. Ин муғризон бояд донанд: даъватҳои Роҳбари давлат дар ин ҷода танҳо ва танҳо ҳифзи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик аст; дар Тоҷикистон калонтарин масҷиди Осиёи Миёна қомат афрохта, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам фаъолият менамояд; дар кишвар, ки аксарашон мусалмонанд, чор ҳазор масҷид дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Пас, суханҳои онҳо ба ҷуз ҳарзаву ёва чизи дигаре несту мақсадашон миёни мардум иғвоангезӣ. Онҳо набояд фаромӯш созанд, ки мардуми тоҷик дар гирди Пешвои муаззами миллати хеш сарҷамъу муттаҳиданду ваҳдати тоҷикон шикастнопазир аст.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125