Институт
- Чоршанбе, 03 Июл 2024
ТИРГОН НАМОДЕ АЗ ФАРҲАНГИ БОСТОН
Тиргон баробари ҷашнҳои Сада, Наврўз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷику форси бостон аст ба шукронаи раҳоӣ аз хушксолӣ ва ҳифозати марзҳо, ки ҷашни он дар сездаҳуми моҳи тир (якуми июл) баргузор мегардад.
Дар кишвари мо ҳам, бо ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, бо ташаббусу заҳматҳои раҳбари давлатамон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашнҳои таърихиву бостонии тоҷикон ба мисли Сада, Наврўз, Тиргон ва Меҳргон аз нав эҳё шуданд ва истиқболу ҷашнгирии ин маросимҳои ҷашнии арзишманди гузаштагонамон аз нав муяссар гардид, ки ин дар худшиносии миллии мардуми кишварамон низ нақши босазое хоҳад дошт.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 03 Июл 2024
Тағйироту иловаҳо мазмун ва мундариҷаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро такмил бахшид
Ҳар як қонун дорои ҳадафи мушаххас буда, ба хотири ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳо таҳия ва қабул карда мешавад, аммо вобаста ба талаботи давр ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятӣ банд ва моддаҳои он бетағйир мавриди амал қарор гирифта наметавонанд. Раванди инкишоф, дигаргуниҳои дар ҳаёти ҷамъиятӣ рухдода боис ба он мегарданд, ки ба мазмун ва сохтори қонун тағйироту иловаҳо ворида карда шуда, банд ва моддаҳои он ба талаботи нав мутобиқ гардонида шаванд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки 2 августи соли 2011 қабул гардида, то моҳи июни соли 2024 мавриди татбиқ қарор дошт, аз чанд нуктаи баҳсталаб ва ислоҳпазир орӣ набуд. Бинобар ин, барои рафъи ин нуқсонҳо ё саҳвҳои ҷойдошта, заруратро барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба он, пеш овард.
Муфассал ...
- Сешанбе, 02 Июл 2024
Ҷашни Тиргон ва бовару оинҳои он
Бояд тазаккур дод нахуст, ки ҷашни Тиргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ориёитаборон маҳсуб меёфтааст. Чанд соли охир Ҷашни Тиргон низ дар феҳристи ҷашнҳои миллӣ сабти ном гардида, ҳама сола онро таҷлил мекунанд.
Дар хусуси пайдоиши ҷашни Тиргон ду ривоят дар кутуби муаррихину донишварон сабт гаридидааст. Нахуст мардум ба ин бовар Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки дар ин рӯз “Тиштар”- фариштаи борон бо “Упуш”- деви хушксолӣ набард мекунад ва бо ёрии Аҳуро ба ин дев пирӯз мешавад. Ва мардум солгарди ин пирӯзиро ҳар сол ҷашн мегирифтанд. Бовари дуввум дар миёни мардум ин будааст, ки солҳои тӯлони миёни Афросиёб- шоҳи Турон ва Манучеҳр- шоҳи Эрон ҷанг будааст ва ин ҷанг мардумро дилгиру афгор карда, дар ин миён Ораши камонгир, ки ҳамчун паҳлавону далеру ғаюр дар он замон дар сарзамини Эрон маъруфу машҳур будааст, барои хатм ҷанг болои куҳи Давоман мебарояд ва барои марзи Турону Эронро муайян кардан бо камон тир партоб мекунад. Чӣ гунае, ки дар ривоятҳо омадааст, Ораш бо тамоми нерӯ камонро гирифта, тирро партоб мекунад, ки худ пора-пора мешавад ва тир омада дар соҳили дарёи Ҷайҳун қарор мегирад, марзи Эрону Турон аз рӯи ин нишона ҷудо мегардад. Мардум барои ин амали накӯи Ораш ин рӯзро ҷашн мегиранд.
Муфассал ...