casino malaysia
casino malaysia
Тағйироту иловаҳо мазмун ва мундариҷаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро  такмил бахшид

wrapper

Ҳар як қонун дорои ҳадафи мушаххас буда, ба хотири ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳо таҳия ва қабул карда мешавад, аммо вобаста ба талаботи давр ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятӣ банд ва моддаҳои он бетағйир мавриди амал қарор гирифта наметавонанд. Раванди инкишоф, дигаргуниҳои дар ҳаёти ҷамъиятӣ рухдода боис ба он мегарданд, ки ба мазмун ва сохтори қонун тағйироту иловаҳо ворида карда шуда, банд ва моддаҳои он ба талаботи нав мутобиқ гардонида шаванд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки 2 августи соли 2011 қабул гардида, то моҳи июни соли 2024 мавриди татбиқ қарор дошт, аз чанд нуктаи баҳсталаб ва ислоҳпазир орӣ набуд. Бинобар ин, барои рафъи ин нуқсонҳо ё саҳвҳои ҷойдошта, заруратро барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба он, пеш овард.
Аввалан, ба ҷойи мафҳуми «фарзанд» истифода бурдани мафҳуми «кӯдак» ва дар ин замина ворид намудани тағйирот ба номи қонун асоси мантиқӣ дорад (боби 1, моддаи 1). Зеро мафҳуми «фарзанд» хусусияти умумӣ дорад, зеро барои волидайн то дами вопасини умр ҳамаи кӯдакон (новобаста аз синну сол) фарзанд мебошанд. Инчунин, баъди фавти онҳо низ ба сифати фарзанди ҳамон волидайн муаррифӣ карда мешаванд. Умуман, фарзандро ба марҳилаҳои синнусоли тақсим намудан оҳанги ғайримантиқӣ медиҳад.
Мафҳуми «кӯдак» бошад, марҳилаи муайян ё як давраи мушаххас, на ин ки тамоми ҳаёти фарзандро ифода медорад. Аз ин рӯ, дар доираи қонун мушаххас кардани синну соли ниҳоии кӯдак дар тарҳи нави қонун ба мақсад мувофиқ буда, камбудии ҷойдоштаи қонуни қаблиро бартараф намуд.
Дуюм, тағйироту иловаҳо ба сохтори қонуни мазкур дар тарҳи нав аз як тараф, мазмуни қонунро мукаммал кард, аз тарафи дигар, ҳуқуқ, вазифа ва уҳдадориҳои се ниҳоди муҳими иҷтимоӣ: оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеаро, ки дар раванди таълим ва тарбияи кӯдак ҳар кадом нақши калидӣ мебозанд, дақиқ ва возеҳ мушаххас намуд. Минбаъд барои вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, даст задани кӯдак ба амалҳои норавою ношоиста ва дигар корҳои номатлуб на фақат волидайн, балки масъулони муассисаҳои таҳсилотӣ ва ҷомеа (кумитаи маҳал, мақомоти идоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ячейкаҳои он) ҷавобгар ҳисобида мешаванд. Бинобар ин, ин тағйирот минбаъд боис бар он мегардад, ки робитаи мустақим байни ин се ниҳоди иҷтимоӣ вусъат ёбанд ва дар раванди таълиму тарбияи кӯдак, фарзандони ояндаи солеҳ ва солими кишвар якҷоя тадбирандешӣ ва ҷиддӣ муносибат намоянд, худро бетафовут нишон надиҳанд. Яъне, агар қонуни қаблӣ аз 6 боб ва 17 модда иборат бошад, дар тарҳи нави қонун бобҳои он ба 7 ва моддаҳояш ба 25 расонида шуданд.
Сеюм, агар дар Қонуни қаблӣ вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд, баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд,  уҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд, уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар, ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд,  ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд ниҳоят маҳдуд мушаххас шуда бошад, пас дар тарҳи нави қонун принсипҳои масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборатанд, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, вазифаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар,  хуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак, уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, ҳуқуқҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак, чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ба таври возеҳ ва равшан муайян карда шудаанд, ки кору амали ниҳодҳои марбутаро дар ин самт осон ва масъулияташонро дар раванди таълиму тарбия ҷиддитар мегардонад.
Ба шакли тавсия зарур мешуморам, ки бобҳо ва моддаҳои қонуни нав метавонад ба сифати як дастурамали арзишманд барои фаъолияти амалии масъулини ниҳодҳои калидӣ ҷиҳати таҳияи нақшаи чорабиниҳо, ташкил ва баргузор кардани вохуриҳо бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраку деҳот, ҷаласаҳои муштараки байни ниҳодҳои оила, муассиса ва ҷомеа (зернизомҳои он) хизмат намояд.
Дигар ин ки, дар байни мардум банд ба банд фаҳмонидан ва таъмин намудани иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби олимону донишмандони ҷомеашинос ва риштаи илмҳои тарбиятӣ (Педагогика ва психология) мушкилоти ҷомеаро дар раванди таълиму тарбия бартараф намуда, кӯдаконро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангии он, ташаккул додани андешаи миллӣ ва ғайра тарбия менамояд. Чунки Қонуни мазкур – аз зумраи Қонунҳои миллист ва ифодакунандаи сиришти миллат.
 
 
Бобоҷон Самиев
мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги
Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ
 ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia