casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ваҳдат заминаи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Тоҷикистон

Замони муосир на танҳо бо рушди ҳамҷонибаи муносибатҳою ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва равандҳои глобализатсонӣ, балки мутаассифона, бо авҷгирии задухурдҳо, муқовимат, тезутундшавии муносибатҳо ва зиддиятҳои манфиатҳо фарқ мекунад. Ҳамзамонон бо бархурдҳои мушкилҳалшавандаи тамаддунӣ, боз тамоюлҳои муосири глобализатсонӣ бештар хусусияти таҳмил намудани ѓарбикунонии тафаккуру фарҳанги давлатҳои шарқӣ ба назар мерасад, ки нигоҳдории истиқлолияту анъанаҳои давлатҳои ҷудогонаро дар вазъияти геополитикӣ мушкил менамояд. Бархурди тамаддуние, ки дар ҷаҳони глобализатсионӣ мавҷуданд, алоқаманд бо манфиатҳои геополитикӣ, роҳҳои ҳалли худро доранд. Дар чунин вазъият барои кишварҳои ҷудогона масъалаи нигоҳ доштани на танҳо истиқлолияти давлатӣ, балки ҳастии миллату фарҳанг ҳамчун масъалаи тақдирсоз ба миён меояд. Зеро ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, бисёр олимону сиёсатмадорон сари ҳастии инсоният андеша менамоянд. Муфассал ...

Роҳи пурмашаққати бозгашт ба Ватан

 

Яке аз масъалаҳои  асосии  дар  Иҷлосияи  таърихии  XVI - уми Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки 30 - солагии онро халқи тоҷик соли 2022 қайд кард - ба Ватан бозгардонидани фирориёни тоҷик  аз  қаламрави Афғонистон буд. Дар сафҳаи таърих сабт шудааст, ки моҳҳои октябр – декабри  соли  1992  бар  асари  ҷангҳои  дохилии  дар кишвар ба вуқуъпайваста, як қисми аҳолӣ ба мақсади ҳифзи ҷони худ ба Афғонистони ҳамсоякишвар фирор карда, асосан дар вилоятҳои Қундуз, Балх ва Бадахшон паноҳанда шуданд. Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ - заминаи рушд ва ҳамгироии ҷомеа

Моҳияти фалсафии “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Аз лиҳози фарҳангшиносӣ бошад, “ваҳдат”- ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҷаҳонбиниҳо мебошад. Аз дигар ҷониб, агар мо ба маънои васеъ назар кунем, пас ваҳдати миллиро метавон раванде ҳисоб намуд, ки дар он муайян намудан ва рушди ҳадафҳо, стратегияҳо, манфиатҳо ва арзишҳо, ки дар асоси танзими нишондодҳои (менталитет, арзишҳои ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ), ки аз ҷониби ҷомеа ва давлат қабул шудааст, роҳандозӣ мегардад. Ҳамин тариқ, моҳияти раванди ваҳдати миллӣ, интихобест, ки барои ташаккули ба ҳам омадан ва ба ҳам наздик шудан оварда мерасонад, ки он натиҷаи фаъолияти якҷояи афроди ҷомеа мебошад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia