casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ваҳдати миллӣ - стратегияи мукаммали Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатии кишвар нақши ҳалкунанда бозид. Аксаран ваҳдатро ҳамчун як ҳолати ба даст омадани суботи устувор дар ҷомеа ва давлат мефаҳманд.Дар марҳалаи ибтидоии ташаккули давлатдории нав нақш ва аҳамияти ваҳдати миллӣ дар ноил шудан ба сулҳу ваҳдати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бебаҳо мебошад. Дар амалияи ҷаҳонӣ шояд ин ягона ҳолате бошад, ки ҷонибҳои даргир ба хотири ҳифзи якпорчагӣ, тамомияти арзӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳдоштани миллати тоҷик гирди мизи музокирот ҷамъ омаданд ва билохира Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расониданд. Ин санаи таърихӣ оғози раванди созандагӣ дар Тоҷикистон аст. Мо бо камоли дилпурӣ гуфта метавонем, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон дарси беназир дар масъалаи ҳалли низоъҳои ҳамсон мебошад. Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ - омили муҳимми пешрафти ҷомеа

Ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ медонанд, ки ҷараёни истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз иҷрои қарорҳои Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд. Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки ба барқарор намудани сулҳу субот дар мамлакат, ризоияти миллӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ мусоидат намуд.
Ваҳдату ягонагӣ дар ҳаёту фаъолияти ҷомеа ва давлат ҷойгоҳи муҳим дошта, махсусан дар шароити муосир он ба яке аз арзишҳои муҳимми иҷтимоии ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва устуворгардонии Ваҳдати миллӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлат қарор дорад, зеро чунин масъалаҳои тақдирсоз шарти муҳимми суботи ҳаёти мардуми мамлакат ва беҳдошти асолати миллати мо ҳастанд. Шаҳрвандони мамлакат огоҳ ҳастанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳояшон ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи ҳамватанонамонро ҷалб менамоянд ва ин бесабаб нест.
Ҷаҳони муосир мунтазам тағйир пазируфта, масъалаҳои мубрам, буҳронҳои глобалӣ беш аз пеш печидатар гаштаанд. Ин печидагиҳо аз мушкилоти ҷаҳонии молиявӣ, энергетикӣ, экологӣ, гуманитарӣ, муқовимати давлатҳои абарқудрат, ихтилофҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, мушкилоти мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ сурат гирифтаанд. Дар ин шароит табиист, ки худшиносии миллӣ, шинохти манфиатҳои миллӣ, мубориза бар зидди зкстремизм ва терроризм, ҳушёрии сиёсӣ, тафаккури илмӣ басо муҳим аст.
Насли замони Истиқлол, хусусан наврасону ҷавонон бояд донанд, ки эҳёи Ваҳдати миллии тоҷикон бо осонӣ муяссар нагардидааст. Бо нияти наҷот додани миллат аз нобудшавӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур буд, ки нақшаи дақиқро тадриҷан ва бо қатъият роҳандозӣ намояд. Иҷрои вазифаҳои мазкур, ки дар ҳамон шароити сангин на танҳо мубраму рӯзмарра, балки барои давлату миллат тақдирсоз буданд, заҳмати зиёдро тақозо менамуд.
Дар он рӯзгор ҳар як ватандӯсти асил ба хубӣ дарк мекард, ки муросои миллӣ роҳи ягонаи давомёбии таърихи он аст. Вазъи ягонагии миллат на фақат дар ҳолати нигаронкунанда, балки воқеан дар як ҳоли фоҷиавӣ ва ҳатто нобудшавӣ қарор дошт. Дар баробари ҳамаи ин масъалаҳо, басо муҳим буд, ки Ҳукумати мамлакат пояҳои давлати конститутсиониро дар мамлакат барқарор намояд.
Дар он солҳои сангин ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи миллӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, солимфикрони ҷомеа муттаҳид гашта, заҳмати зиёде кашиданд, то ки миллатамонро аз ҳалокат наҷот дода, ба мардум умед бахшанд. Дар он лаҳзаҳои таърихӣ истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ орзуи мардуми азияткашидаи мо буд.
Раванди оштии миллӣ ҳамчун роҳи ба даст овардани ваҳдати тамоми табақаҳои иҷтимоӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, аз роҳбарияти мамлакат қабули чораҳои самараноку ғайримуқаррарии мазмуни иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқӣ доштаро тақозо менамуд. Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо дарки масъулият барои ояндаи неки мамлакат тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонда, ба самти сулҳофарӣ қадамҳои қатъӣ гузошт ва тавонист, ки ба ягонагии ҳам миллат ва ҳам давлат пойягузор шавад.
Мақсади асосии роҳбарияти сиёсии мамлакат дар он солҳои вазнин аз он иборат буд, ки барои ҷомаи амал пӯшидани талаботи Шартномаи сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, барои ҳамдигарфаҳмию ҳамгироии аҳолӣ, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсию ҷамъиятӣ шароити лозимаро таъмин намояд. Ба туфайли амалӣ шудани чунин андешаи некбинона, Ҳукумати Ҷумҳурӣ тавонист, ки ҷомеа, давлат ва миллати моро аз бӯҳрони вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барорад ва нақшаи стратегии инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро тарҳрезӣ кунад.
Барои он ки Ваҳдати миллӣ барҷо бошад, миллат беш аз пеш бояд худро шиносад, таърихи худ ва рисолати кунунии хешро дар масири ҷаҳони муосир дарк намояд. Равона кардани таваҷҷӯҳи мардум ба худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ва ба нуктаҳои бунёдии асолати миллӣ ҳамеша ҷанбаи муҳимми фаъолияти роҳбарияти давлат буд. Қавӣ гардонидани эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон, нангу номуси миллии тоҷикон, шинохти аслҳои фарҳанги миллӣ ва саҳми тамаддунсозии тоҷикон ҳамеша дар мадди назар буд. Дар ин самт ба насли ҷавон омӯзондан ва фаҳмондани таърихи миллати тоҷик ва корномаи шахсиятҳои мондагори миллат аҳамияти басо муҳим дошт.
Имрӯз низ дар Ватани мо татбиқ шудани сиёсати самарабахши иҷтимоии давлат, тақвият додани таҳаммулпазирӣ дар байни омма кафили таъмини некӯаҳволӣ ва ободкории мардуми тоҷик мебошад.
Ба таърихи навтарини миллатамон назар андӯхта, гуфта метавонем, ки Ваҳдати миллӣ дар рушду нумӯи Ватани азизамон, ҳамбастагии сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, дар пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовор гардад, ки натиҷаи он расман шинохта шудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, барқарор шудани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои ҷаҳон, боло рафтани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро алҳол беш аз 190 давлати дунё ба расмият шинохтааст ва робитаи дипломатӣ дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол узви қариб ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, ба ифтихори Роҳбари мамлакати тоҷикон дар пойтахти мамлакатҳои ҷаҳон Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта мешавад.
Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки таҷрибаи таърихии раванди сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор дода шудаанд. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини Ваҳдати миллӣ барои аксари давлатҳои ҷангзадаи дунё арзёбӣ кардаанд.
Мо имрӯз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ дорем. Консепсияи рушди миллӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард, имрӯзу фардои миллату давлатро пайванд сохт ва ваҳдати миллиро устувортар гардонд, андешаи мардумро ба созандагию пирӯзиҳои бештар раҳнамо шуд.
Ҳамин тавр, дар таърихи навини мамлакатамон, ба шарофати барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ, марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз шуд, Ватану миллати азизамон аз хатари парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ, навовариҳо дар истеҳсолот, гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ бо равиши нав оғоз ёбад.
Маҳз, ба шарофати амалӣ шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз шаҳри Душанбе ба шаҳри ваҳдатнигору сулҳофар ва яке марказҳои муосири баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии байналмилалӣ ва минтақавӣ мубаддал гаштааст.
Дар марҳаллаи ҳозира халқи Тоҷикистон тамоми дастовардҳои худро бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонад. Зеро суботу оромӣ роҳи ягона ва шарти муҳимми рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, татбиқи адолати иҷтимоӣ ва ободии Ватан мебошад. Мардуми тоҷик ин нуктаро хеле хуб дарк кардаанд, онҳо ба қадри сулҳу суботи ҷомеа мерасад ва онро ҳамчун неъмати азизтарин ҳифз менамояд.
Дар замони истиқлолият илм ва фарҳанги миллӣ дар заминаи рӯҳияи гуманистӣ ва таҳаммулгароӣ ташаккул ёфта истодааст. Фарҳанги миллии мо бо дунявияти худ ба сӯи таҳаммулгароӣ ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад, ба идеяҳои таҳмилшудаи низоъангез муқовимат мекунад.
Вохӯрии ҳарсолаи Президенти мамлакат бо зиёиён, таҷлили ҷашнҳои Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва чопи асарҳои классикон, шоирону нависандагони муосир ба шакли нави ҳувияти миллӣ асос мегузорад. Нашри садҳо китобҳои аҳамияти илмию таърихӣ доштаи мутафаккирони тоҷику форс, шахсиятҳои таърихии миллӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифтани рӯзҳои мусиқии суннатии Шашмақом ва Фалак, ташкили Консерваторияи миллӣ Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, колеҷи хореографӣ, Академияи мақом, сохтмони бинои театрҳо ва қасрҳои фарҳангии нав, баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар дигар мамлакатҳо, даъват намудани эҷодкорони хориҷӣ ва гузаронидани рӯзҳо, ҳафтаҳо ва даҳаҳои фарҳангии дигар мамлакатҳо дар Тоҷикистон аз мавҷи пурқуввати эҳёи фарҳангии мамлакат ва бахусус таҳким ёфтани Ваҳдати миллӣ гувоҳӣ медиҳанд. Бо қарори СММ ҳамчун иди байналмилалӣ ҷашн гирифтани Наврӯз дар тамоми ҷаҳон, шакли расмӣ ва оммавӣ гирифтани ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Тиргон ва идҳои дигари анъанавии миллатамон аз дурандешонаю хирадмандона будани сиёсати давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Чопи асарҳои илмӣ ва адабии классикӣ ва муосир аз ҳисоби маблағҳои хазинаи Президенти мамлакат, ҳар сол ба воситаи корвони китоб ба китобхонаҳои минтақавӣ, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот дастрас кардани китобҳои илмӣ, бадеӣ, интишори рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои зиёди соҳавӣ, фаъолияти шабонарӯзии шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру тармими онҳо, аз ҷониби давлат зери назорат гирифтани онҳо низ дар нерӯ бахшидани ҳаёти маънавии халқамон падидаи нодире ба ҳисоб меравад, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имконпазир гаштааст.
Мероси илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии аҷдодони мо барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихордорӣ аз фарҳанги бостонии худ ва дар замони муосир барои рушди давлати миллиамон дар арсаи байналмилаллӣ заминаи устувор гузошт. Бояд таъкид кард, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, дар шароити фишороварии фарҳангҳои бегона ба асосҳои фарҳангии ваҳдати миллӣ, авҷгирии таҳдидҳои нави радикализми сиёсӣ ва динӣ ва ғайра маҳз сиёсати ваҳдатофари Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист ҷавобгӯӣ манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо бошад.
Имрӯз ҳар як фарди бонангу баномуси ҷомеаи тоҷик возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбад ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро усувортар гардонем. Хусусан дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои глобализатсионӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди бонангу баномус ба шумор меравад.
 
 
Назар М.А.доктори илмҳои фалсафа, дотсент,
сарходими илмии Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
Муфассал ...

Ваҳдат ҳамбастагии мост

Ҳар миллат сазовори ваҳдату истиқлол аст, агар тавонад барои ҳифзу нигоҳдошти ӯ арзишҳои воқеӣ бунёд намояд. Ин амал замоне қобили таҳқиқ хоҳад шуд , ки миллат аз нерӯҳои иттиҳоди воқеӣ ва ваҳдат баҳра гирад.
 Миллати тоҷик озодии худро аз имтиҳонҳои гарони зиндагӣ ба ҳиммати ҷони хеш раҳо бахшид. Дар хати хунини ҷанги шаҳрвандӣ бо чакидаҳои хуни худ хешро рангу машъал дод. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. To замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешраф­ти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишвар қудрати тоҷикро зери назари худ қарор дода наметавонад. Ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia