Институт
- Сешанбе, 18 Июн 2024
Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино дар рушди тафаккури илмии ҷомеа”
Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино дар рушди тафаккури илмии ҷомеа” баргузор гардид.
Конференсияро директори Институт д.и.ф., профессор Маҳмадизода Нозим оғоз бахшида, аз ҳузури иштирокчиёни семинар изҳори сипос намуда, дар бораи фаъолияти тарҷумонии кормандони Маркази синошиносӣ ва аҳамияти тарҷумаи осори мутаффакирони форсу тоҷикро дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ сухан гуфта, онро барои илми муосир бисёр муҳим шуморид.
Баъдан мудири Маркази Синошиносӣ д.и.ф, профессор Назариев Рамазон ба таври мухтасар доир ба тарҷумаҳо ва таҳқиқоти арзишманди муҳаққиқони тоҷик маълумот дода, нақши онҳоро ба ғайр аз таҳқиқоти осори Ибни Сино ҳамчунин дар омӯзиш ва тарҷумаи осори Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Абубакри Розӣ, Ровандӣ, Эроншаҳрӣ ва мутафаккирони дигар бисёр арзишманд муаррифӣ намуд.
Баъдан ходими пешбари Маркази синошиносӣ Ҳоҷиев Аҳмад дар мавзуи “Иртиботи “Ҳайат”-и “Китобу-ш-Шифо”-и Абуалӣ ибни Сино бо “ал-Маҷастӣ”-и Клавдий Птоломей” маъруза намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки то ҳол рисолаи “ал-Ҳайат”-и Ибни Сино ба таври густурда ва амиқ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст ва танҳо дар “Маркази синошиносӣ” ин китоб тарҷума ва мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар идома, ходими калони Маркази синошиносӣ Аскардаев Кишвар дар мавзуи “”Нақши тарҷумонҳои Маркази синошиносӣ дар муаррифии “Осор”-и Ибни Сино” суханронӣ намуда, аҳамияти таъсиси ин Марказ ва тақши тарҷумонони ин марказро дар муаррифии “Осор”-и Ибни Сино бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.
Баъдан, н.и.ф., Ҷонбобоев Сунатулло дар мавзуи “Мақоми тарҷумонҳои осори Ибни Сино ва имконоти шинохти нави “Осор”-и ӯ суханронӣ намуда, аҳамияти тарҷумонӣ ва таҳқиқоти муҳаққиқони тоҷикро дар иртибот бо мероси Ибни Сино ва ҳакимони дигари форсу тоҷик, дар бораи аҳамияти омӯзиши онҳо барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ҳусн ва қубҳи ин раванд ва роҳҳои беҳбуди онро муфассал таҳлил намуд.
Дар идома, д.и.таърих. професор Аскаралӣ Раҷабов нақши Мӯсо Диноршоевро дар таъсиси Маркази синошиносӣ ва омода кардани мутахассисони Марказ, аз ҷумла Ҳоҷиев Аҳмад ва Аскардаев Кишварро бисёр арзишманд ҳисобид.
Раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Муфассал ...
- Сешанбе, 18 Июн 2024
Ваҳдати миллӣ заминае барои татбиқи илм дар истеҳсолот
Имрӯзҳо аз замони қабули созишномаи Ваҳдати миллӣ 26 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддати Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гашт ва дар сатҳи байналмилалӣ дар тамоми соҳаҳо дорои мақому мартабаи баланд аст. Сулҳу суботи кишвар, ки маҳз бо талошҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гашт, омили дигари касби ин дастовардҳо мебошад. Ин марди хирад, билҳақ, барои пешравии Тоҷикистони азиз ва тоҷикон бо роҳандозӣ намудани сиёсати Ваҳдати миллӣ хидматҳои зиёд кардаанд, ки дар таърих ҳамто надорад. Маҳз Ваҳдати миллӣ боис гашт, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш шуда, муассисаҳои илмию таълимӣ фаъолияти пурсамар дошта бошанд. Илова бар ин чандин муассиссаҳои илмию таълимӣ бевосита тавассути амру фармонҳои Пешвои миллат таъсис ёфта, дар татбиқи илм дар истеҳсолот саҳми худро гузоштаанд.
Муфассал ...
- Шанбе, 15 Июн 2024
Нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ташкил ва ташаккули парлумони касбӣ. (Ба муносибати 27-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ)
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи ҳар як давлат саҳифаи тиллоӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз тавассути истиқлолият давлат метавонад рушди ояндаи худро бо назардошти таърих, фарҳанг, анъанаву одатҳои миллӣ ва хусусиятҳои хоси ҷуғрофии ҷойгиршавии он амалӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеу овози худро пайдо кунад. Агар ба муқаррароти Эъломияи Истиқлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон назар афканем дар он қайд карда мешавад, ки Тољикистон эњёи милливу мадании халќи тољик, анъана ва русумоти неки таърихии онро таъмин намуда, инчунин ба њамаи миллатњои сокини ҷумҳурӣ њуќуќњои гражданї, сиёсї, иќтисодї ва инкишофи озодонаи милливу маданиро замонат медињад. Гарчанде дар он солҳо мо таҷрибаи давлатдориро дар шароити истиқлолият надошта бошем ҳам, муқаррароти дар боло номбаршудаи Эъломияи мазкур аз нигоҳи байналмилалӣ маънои васеъ ва диққатҷалбкунандаро дорад. Яъне давлати ҷавон дар баробари эҳёи расму оини миллии худ, ҳамзамон инкишофи озодонаи расму оини миллатҳои дигари мамлакатро кафолат медиҳад.
Муфассал ...