casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ваҳдат пояи рушди миллат аст

         Бешубҳа, аҳамияти ваҳдати миллӣ ва ваҳдати ҷомеа барои мардуми ҳар кишвар мақоми хоса дорад. Бе ваҳдати миллӣ бақои кишвару миллат ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ ба ҷомеъаҳои соҳибистиқлол маънӣ бахшида, яке аз шартҳоест, ки пояи ҳамбастагӣ ва динамизми як низомро ташкил медиҳад ва нишонаи доимӣ будани он аст. Бинобар ин метавон гуфт, ки ваҳдат омили муҳими пешбарандаи ҷомеа буда, имкон медиҳад, ки мардум дар ҷараёни пешравӣ ба сӯи пирӯзиҳо аз монеаҳо ва душвориҳо убур намоянд, нотавононро тавонотар, душвориро осон ва имконнопазирро имконпазир месозад. Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад. Муфассал ...

Оила ҳамчун олати асосии муқовимат бо экстремизм ва терроризм

Тавре маълум аст, ба экстремизм ва терроризм бештар ҷавонон моил мебошанд. Барои ин гуна тамоюл пайдо кардани ҷавонон ниҳодҳои гуногун масъуланд. Дар миёни ин ниҳодҳо оила яке аз олатҳои асосии муқовимат бо экстремизми хушунатомез ва терроризм  дониста мешавад. Маҳз дар оила тарбияи шаҳрванди оянда оғоз мешавад ва падару модар ва хешовандони наздик вазифадоранд дар кӯдак эҳсосот ва арзишҳое чун эҳтироми калонсолон, ба якдигар ёрӣ расонидан, ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандї, ҳаммаромӣ, меҳрубонӣ ва масъулияти ҳамрайъиро парвариш диҳанд. Бидуни баҳс, маркази асосҳ ва таҳрикдиҳандаи равандҳои омӯзишӣ, тарбиявӣ, равониву педагогӣ ва ҳуқуқиву иҷтимоӣ бояд оила бошад.
Бояд таъкид кард, ки носозгории моддӣ ва ё маънавӣ дар оила, камбуди робитаи кӯдакон бо падару модар, ғамхории кам нисбат ба хурдсолон ва ё нофаҳмӣ миёни онҳо, қатъи равобити “оила-мактаб-ҷомеа” ва ҷазби наврасон аз сӯйи фазои маҷозӣ падидаҳои манфие чун хушунат, майл ба маводи мухаддир, худкушӣ, фоҳишагарӣ, канорагирӣ ва нигилизми ҳуқуқиро ба бор меоваранд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷомеаҳои хурд бояд муҳити асосии тарбия, ҷойи нигаҳдорӣ ва василаи интиқоли иттилоъ, фарҳанг ва арзишҳои суннатии ҳар ҷомеа боқӣ бимонанд ва  бояд пуштибонии эҳсосӣ, моддӣ, иҷтимоӣ ва рушди ҳамоҳангу такомули онро таъмин намоянд.
Имрўз нақш ва моҳияти оила дар муносибатњои ноболиғоне, ки  таҳти таъсири ташкилкунандагон ва идеологҳои ҷаҳонбиниҳои тахрибкор қарор гирифтаанд,  ба таври қобили мулоҳиза меафзояд. Зербинои кор бо чунин наврасон бояд  назорати равиши зиндагӣ ва доираи муносиботи кӯдак маҳз аз тарафи наздикону пайвандонаш бошад.  Аз як тараф, чунин шакли назорат бояд бидуни таъхир, системанок ва комил ва аз тарафи дигар  - оромона, боодобона ва номаълум сурат гирад.
Муњаќќиќон ҳамчунин муҳиммияти шаклгирии арзишҳои маънавии шахсиятӣ, пеш аз ҳама дар давраи буҳрони ахлоқӣ, давраҳои гузариш, рукуди ҷомеа,  дар шароити мушкили ҳифз ва интиқоли арзишҳои умумиэътирофшуда ва ҳадафҳои ҳаётиро таъкид мекунанд. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки имрӯзҳо пуштибонии “ячейка”-и аввалини ҷомеа ва рушди  микроиқлими оилавӣ мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, буҳрони маънавии ҷомеа  ва дар баробари ин, коҳиш ёфтани арзишҳои анъанавии хонаводагӣ, таназзули ҳадафҳои маънавӣ ва ахлоқии насли наврасро ба бор овардааст.
Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 қонун барои боло бурдани масъулияти падару модар дар тарбияву таълими фарзандон  дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумиинсонӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон қабул шуд. Аз ин рӯ, оилаҳо вазифадоранд, ки ин масъулиятҳои худро, ки қонун пешбинӣ намудааст, дар сатҳи зарурӣ иҷро кунанд.  Аз љумла, дар Қонуни мазкур талабот оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд муайян гардидаанд.
Зарур аст, таъкид шавад, ки оила дар ҳама ҳолат бояд нақши калидӣ, пешбаранда ва стратегиро дар пешгирии инҳирофоти иҷтимоӣ дар рафтори наврасон дошта бошад ва меҳвари асосӣ дар секунҷаи “волидайн – кӯдак - мактаб” бошад. Ба ибораи дигар, фарзандон барои волидайни худ ҳамеша ҳамчун кӯдаки хурдсол боқӣ мемонанд, аз ин рӯ нақши тарбиявии наздикону пайвандон дар ҳеч сурат, ҳатто ҳангоми зиндагии мустақили фарзанд набояд моҳияти худро гум кунаду дуюмдараҷа гардад, балки бояд хосияти ҳамешагӣ дошта бошад.
Нақши оила хусусан дар огоҳкунӣ аз экстремизми динӣ хеле муҳим аст. Экстремизме, ки ангезаи динї дорад, имрӯз яке аз таҳдидҳои  тезутунду ҳаётан муҳими манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат гаштааст. Ҳамчун падидаи иҷтимоӣ он бар пояи дур кардан ва маҳрум мондани шахс аз чизе, дастрасӣ надоштани он ба эҳтиёҷоти гуногуни моддӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, ҳиссӣ ва ғайра бунёд мегардад.
Аз рӯйи моҳияти тарбиявӣ, иҷтимоӣ доштанаш нақши оила бо ҳеч ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ қобили муқоиса нест.  Оила арзишҳои бунёдӣ ва ормонҳо, меъёрҳою анъанаҳо, асосҳои ҷаҳонбинӣ ва рафтор, муносибатҳо, ҳувиятро поягузорӣ мекунад, ки дар асоси онҳо вижагиҳои қобили таваҷҷуҳи шахсият ташаккул меёбанд. Оила ба шахс ҳама чизро медиҳад. Он эњтиёљоти асосӣ – моддӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, зеҳнӣ ва ҳиссиро қонеъ мегардонад.  Маҳз дар оилаи тифоқ ва дӯст асосҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ, меҳнатӣ ва шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ бунёд карда мешаванд, ки дар асоси онҳо иммунизатсияи иљтимої аз  радикализму ифротгароӣ сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, дар оилае, ки дар он муҳаббат, таваҷҷуҳ, ғамхорӣ,  муносибатҳои эҳтиромона нисбати якдигар вуҷуд надорад, ҳама вақт бепарвоӣ, маломат, танқид, баҳсҳо, мухолифатҳо, ҷабри падару модар, хушунати хонаводагӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Оилаи мушкилдору зиддиятдор  аъзои худро аз якдигар дур, золим, бадхашм ва радикал мекунад. Дар натиҷа онҳо барои пайдо кардани оилаи ҷойгузин ва иҷтимоишавии ҷойгузин кўшиш мекунанд. Аксаран барои фардҳо оилаи нав гуруҳҳои динӣ ва ё равияҳои динӣ мегарданд.
Ин гуна оилаҳои “ҷойгузин” оилаҳои суннативу ҳақиқӣ, робитаҳои хонаводагиву хешутаборӣ,  арзишҳои ахлоқиву появиро тахриб мекунанд ва талош мекунанд, ки худро ҷойгузини оилаҳои ҳақиқӣ кунанд.  Ба ҷуз ин, онҳо одамонро дар муқобили ҳам мегузоранд, онҳоро ба “худӣ”-ву “бегона” ҷудо карда, таассуб, бетаҳаммулӣ, душманӣ дар баробари дигарандешонро пањн мекунанд, бадбинӣ, ғайриахлоқӣ шудан ва ғайраро ба бор меоваранд. Ин гуна гурўҳҳо дидгоҳҳо, ормонҳо, манфиатҳои бегонаро таҳмил мекунанд ва рахна дар ҳувияти фарҳангию миллӣ ва шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ эҷод месозанд.
Зарур аст бидонем, ки барои ба гурўҳҳо ва равияҳои динӣ ҷалб кардан саркардагони онњо технологияҳои хоси равониро истифода менамоянд. Дар миёни онҳо чунин амалњоро зикр кардан имкон дорад:
- «бомбаборон кардан бо дӯстдорӣ» - бо дӯстдорӣ ва таваҷҷуҳи хосса фаро гирифтани шахсе, ки ба онҳо мурољиат кардааст;
- «шеваи бутерброд» - «асари ҳузур», вақте, ки навбовар (навгаравида)-ро ҳеч гоҳ танҳо намемонанд, касе ҳамеша ҳамроҳи ӯ қарор дорад, то фурсат барои бархурди интиқодӣ пайдо накунаду нафаҳмад, ки бо ӯ чӣ рух медиҳаду чӣ ҳол дорад;
- ошноӣ бо сиру асрор -  эътирофи “гуноҳҳо”-и гузашта бо мақсади эҷоди тарс ва эҳсоси гуноҳ барои амалҳояш, шантаж;
- қатъи робитаҳо бо ҷаҳони берунӣ, манъ кардани муносибат бо дигарон, хусусан бо касоне, ки узви равия нестанд;
- парҳез аз хоб ҳамчун навъи тамрини маънавӣ;
- хурду хӯроки нокофӣ ҳамчун парҳез барои расидан ба руҳонияти баланд ва ҷузъи маросимҳо;
- техникаҳое, ки фикррониро маҳдуд мекунанд – хониши якнавохти намоз, такрори бисёркаратаи амалҳо, ки инсонро ба ҳолати таъсирпазирии шадид, гипноз ва ғайра мебаранд.
Ҳамаи равишҳои дар боло номбаршуда – методҳои “манқурткунӣ”, “барномарезии равонӣ” ва ё “назорати ақл” мебошанд. Дар натиҷаи истифодаи онҳо, аз нуқтаи назари тиб,  дар навбовар “вобастагию халалёбии шахсият”  ва ё ба ҳолати кӯдакӣ рафтан рушд мекунад.  Ҳангоми гирифтор шудан ба чунин вазъ наврас ва ё навҷавон бояд ҳатман барои ёрӣ ба аъзои оила, омўзгор, калонсолҳо ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.
Ба ҳамин тартиб, масунияти маънавӣ дар баробари ҳама гуна инҳирофоти иҷтимоӣ, аз ҷумла  алайҳи экстремизм ва терроризм, пеш аз ҳама дар оилаи суннатии неруманд, тифоқ ва дӯстдор шакл мегирад. Маҳз чунин оила, ба шарофати бунёд кардани арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳ, ризоят, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамрайъӣ дар замири аъзои худ қобилияти муқовимат бо нотаҳаммулпазирӣ, таассуб, радикализм ва экстремизму терроризмро дорад. 
 
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор, ҷонишини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ

       Соли 1991 давраи нави инкишофи таърихии давлатдории тоҷикон сар мешавад ва дар ҷомеаи навбунёди давлатӣ равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Баъзе аз қувваҳо ва гурӯҳҳо аз ин вазъият истифода намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат шуруъ намуданд. Вазъияти сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном "ҳукумати мусолиҳаи миллӣ" имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
         Хатарнокии вазъият дар он буд, ки қувваҳое, ки барои ғасб кардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекарданд, бо шиорҳои демократӣ баромад мекарданд, гарчанде ниятҳои аслиашон дур аз осоиштагӣ ва сохти конститутсионӣ буданд. Илова бар ин, халқи Тоҷикистон ба минтақаҳо, маҳалҳо ва миллатҳо тақсим гардид, ки ҳар кадоме манфиати худро аз манфиати умумимиллӣ афзалтар медонистанд. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia