casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдати миллӣ - заминаи рушд ва ҳамгироии ҷомеа

wrapper

Моҳияти фалсафии “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Аз лиҳози фарҳангшиносӣ бошад, “ваҳдат”- ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҷаҳонбиниҳо мебошад. Аз дигар ҷониб, агар мо ба маънои васеъ назар кунем, пас ваҳдати миллиро метавон раванде ҳисоб намуд, ки дар он муайян намудан ва рушди ҳадафҳо, стратегияҳо, манфиатҳо ва арзишҳо, ки дар асоси танзими нишондодҳои (менталитет, арзишҳои ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ), ки аз ҷониби ҷомеа ва давлат қабул шудааст, роҳандозӣ мегардад. Ҳамин тариқ, моҳияти раванди ваҳдати миллӣ, интихобест, ки барои ташаккули ба ҳам омадан ва ба ҳам наздик шудан оварда мерасонад, ки он натиҷаи фаъолияти якҷояи афроди ҷомеа мебошад.
Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо дар  охири  асри ХХ назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар ин вазъ кишвар ба буҳрони шадиди ақидативу идеологӣ ва иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Чуноне Пешвои миллат иброз намуданд: «Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».[2]
Хушбахтона, фарҳанги бузурги миллӣ ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт, сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Бо дарки воқеият ва истифодаи хиради бузурги мардуми шарифи тоҷик ҳамаи он мушкилиҳо паси сар гардид. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар марҳилаи навро боз намуд. Маҳз сулҳу ваҳдат падидаи нодиртарини иҷтимоӣ буд, ки барои таҳкими ҷомеа ва пешрафти минбаъдаи он замина гузошт. Омилҳои тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ зиёд буданд ба монанди гузаштан аз гуноҳи якдигар, баланд гардидани ҳисси худшиносии миллӣ, ба хотири муттаҳиддии миллат ва якпорчагии Ватан кўшиш намудан, барои сарҷамъӣ ва овардани гурезагон талош варзидан ва даҳҳо дигар омилҳоро метавон номбар намуд. Албатта ҳар яке аз ин омилҳо дар мавридаш нақши худро барои таҳкими ваҳдат дар  ҷомеаи  мо  гузоштааст.
Қобили зикр аст, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳқиқотҳои муҳаққиқон дар раванди рушди давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ин нуктаро муайян мекунад, ки чанд омилҳоеанд, ки барои якпорчагии як кишвар ва ҳамгироии он мусоидат мекунад. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои тақвияти ваҳдати миллӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, аз он ҷумла: эҳёи хотираи таърихии миллат, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳи хосса намудан ба таърих ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои илмиву адабӣ, нашр ва ройгон тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и Аллома Бобоҷон Ғафуров, эҳтиром ва бузургдошти забони модарӣ, ташкил намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ – «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», бунёди роҳҳо ва нақбҳо, таъсиси мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ, сохтмон ва ба истифода додани майдончаҳои парчам ва нишони давлатӣ қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, бунёди НБО Роғун, табдил додани шаҳри Душанбе – пойтахти кишвар ба шаҳри сулҳ ва маркази ҳамгироии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ғ. Ҳамаи ин омилҳои калидие ҳастанд, ки барои якпорчагии як халқ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд.
Масъалаи рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти солим ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Паёмҳои Сарвари давлат борҳо таъкид гардидааст. Аз он ҷумла: «Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 22.12.2016. http://www.president.tj).
Ба даст  овардани  ваҳдати  миллӣ  дастоварди  беназир  дар  таърихи  муосири Тоҷикистон ба  шумор  меравад. Бо назардошти  вазъи ҷаҳони  муосир, ки ҷомеаҳо ба таври суръатнок дар зери таъсири ҷанбаҳои манфӣ ва мусбии раванди ҷаҳонишавӣ қарор гирифтаанд, таъсири ин падида ба тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии мерасад. Баъзан равандҳои манфии ҷаҳони муосир ба арзишҳои умумиинсонӣ мухолифат намуда, дар паи нобуд кардани он мебошанд. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳаракатҳои миллатгароӣ, нажодпарастӣ, террористӣ, экстремистӣ ва дигар падидаҳои номатлуб фаро гирифтаанд, ки ба арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонанд. Инчунин иддае аз ҷавонони ноогоҳро пойбанди ақидаҳои худ намуда, онҳоро бар зидди ин арзишҳо равона мекунанд. Ҳамин тариқ, ин равандҳо ва падидаҳои номатлуб ба асл ва бунёди ҷомеаҳо хатар ворид намуда, аз он ҷумла ба арзишҳои маънавӣ ва милливу фарҳангӣ, ки ваҳдати  миллӣ  ҷазъи  калидии ин  арзишҳо мебошад, таъсири ногувор мерасонанд.
Аз ин рӯ, чунин зарурат пеш омадааст, ки барои бунёди воқеан ҷомеаи мутамаддин ва ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётии кишвар, аз  он ҷумла  ҳифзи  ваҳдати  миллӣ, бевосита ватандӯст будан ва арҷ гузоштан ба ин сарзамин ва интихоби дурусти мавқеи фард-фарди ҷомеа зарур ва ҳатмист. Барои  ҳифзи  ваҳдати  миллӣ  ва  арзишҳои соҳибистиқлолӣ моро зарур аст, ки ҳисси ватандӯстиямон, танҳо дар асоси гиромидошти манфиатҳои миллии давлат ташаккул ёбад. Бо назардошти сабақҳои талхи таърихие, ки халқи тоҷик, дар бозиҳои ноҷавонмардонаи таърих чашидааст ва дарки воқеии вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, моро водор мекунад, ки ватандӯстии худро дар мафҳуми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони ягона - Ватани маҳбуби мо ташаккул ва тақвият диҳем. Ваҳдати миллӣ - бояд ифодакунандани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, эҳтирому арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, арзишҳои моддиву маънавӣ ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллии кишвар бошад.
 
Нуратулло Зокирзода ходими калони
илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
ИФСҲ-и АМИТ
                  

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia