casino malaysia
casino malaysia
Роҳи пурмашаққати бозгашт ба Ватан

wrapper

 

Яке аз масъалаҳои  асосии  дар  Иҷлосияи  таърихии  XVI - уми Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки 30 - солагии онро халқи тоҷик соли 2022 қайд кард - ба Ватан бозгардонидани фирориёни тоҷик  аз  қаламрави Афғонистон буд. Дар сафҳаи таърих сабт шудааст, ки моҳҳои октябр – декабри  соли  1992  бар  асари  ҷангҳои  дохилии  дар кишвар ба вуқуъпайваста, як қисми аҳолӣ ба мақсади ҳифзи ҷони худ ба Афғонистони ҳамсоякишвар фирор карда, асосан дар вилоятҳои Қундуз, Балх ва Бадахшон паноҳанда шуданд.
Дар  изҳороти аз  20  ноябри  соли 1992  қабулкардаи  Иҷлосияи  мазкур,  аз  ҳамаи  фирориёни иҷборӣ  даъват  гардид, ки ба ватан, деҳа ва маҳаллаи худ баргарданд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ, Раиси  тозаинтихоби он - Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  Миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон   дар аввалин  суханронии  худ  чунин  қайд карда  буданд: «Ба  хотири  истиқрори сулҳи  пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён  ба  ватан  ман  тайёр  ҳастам, ки  ҷонамро  қурбон  созам».
Ба ақидаи  банда, он замон на ҳар кас чунин масъулияти  сангинро  ба дӯш  мегирифт. Чунки  вазъияти  дохилии кишвар   бисёр муташанниҷ  буд. Аз ҳама гӯшаю канор садои тиру гулула мебаромад. Ояндаи  кишвар  номуайян буд. Абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ аз ин вазъият истифода  карда, дар  атрофи  ҷумҳурии  ҷавон  «бозиҳо» - и  худро  доштанд. То  ба  имзо  расидани Созишномаи  истиқрори сулҳи умумӣ ва ризоияти миллӣ, фирориёнро роҳи пурмашаққати бозгашт ба Ватан интизор буд.
Назар ба  маълумоти  ҳамон замон дар ихтиёрбудаи расмӣ ва ғайрирасмӣ, беш  аз  30 ҳазори  тоҷикон  ба вилояти Балх  гурехта,  дар  минтақаи  ба  ном  Дашти  морон  (байни шаҳрҳои Мазори  Шариф  ва  Хайратон)  паноҳ ёфта  буданд.  Тавассути Комиссариати  Созмони Милали Муттаҳид  оид  ба  фирориён  дар  ин  ҷо  урдугоҳи  калонтарин  таъсис дода шуд, ки дар таърих бо номи Кампи Сахӣ машҳур  гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин гуруҳи кории  шашнафара аз ҳисоби кормандони мақомоти амниятии  кишвар Маҳкамов Фарҳод  Ҳамробоевич – роҳбари  гуруҳи  корӣ, Айниев  Абдусаттор, муаллифи ин сатрҳо, инчунин, намояндаи ҷамъияти  «Пайванд» Бӯрихонов Баҳодур, кормандони телевизион ва радио, журналист Мустафоқулов  Шералӣ  ва  оператор Ғайбуллоев  Анвар, ташкил  гардид. Ба  гурӯҳи  корӣ  ваколати  ҳукуматӣ  дода  шуд  ва  4  феврали  соли  1993 он   озими  Афғонистон  гардид. Худи  ҳамон  рӯз  аз  тариқи бандари Хайратони Афғонистон, вориди шаҳри Мазори  Шарифи  вилояти  Балх гардидем.
Он солҳо вилояти Балхи Афғонистон зери нуфузи Ҷунбиши Миллии Исломии  Афғонистон  таҳти саркардагии  генерал  Абдурашид  Дӯстум  қарор  дошт.  Раванди вазъияти сиёсӣ - низомии  Афғонистон бошад, хеле  мураккабу  муташанниҷ  арзёбӣ  мешуд. Соли  1992,  яъне  баъд  аз  се  соли  хуруҷи артиши  Иттиҳоди  Шӯравии  собиқ,  ба  ҳукмронии  Президенти  Афғонистон - доктор  Наҷибулло  хотима   дода  шуд. Давлатро ҳизбу  ҳаракатҳои ба  ном «панҷгона»  ва «ҳафтгона» - и  муҷоҳидон, ба даст гирифтанд.
Тибқи тафоҳуми байни онҳо суратгирифта, роҳбарони ҳизбу  ҳаракатҳои  номбурда ҳукумати  муваққатии  интиқолии  Афғонистонро  ташкил  дода, ба  навбат ба он роҳбарӣ  мекарданд. Соли  1993 ба давраи ҳукмронии  Бурҳониддин Раббонӣ ба ҳайси  Раиси Ҷумҳури Афғонистон,  Гулбиддини  Ҳикмаёр – Сарвазири Афғонистон  ва  Аҳмадшоҳи  Масъуд – вазири  мудофиаи Афғонистон, рост омад. 
Як  рӯз  баъд  аз  расидан  ба  Мазори  Шариф, ҳайати гурӯҳи  корӣ  кӯшиш  кард, ки  бо  муҳоҷирон   дар  Кампи  Сахи   вохӯрӣ   гузаронад. Аммо,  роҳбарияти  урдугоҳ,  ки  ба  он  сардорони хоҷагиҳои  деҳконӣ ва  қавмҳо  шомил  буданд,  аз  ин  вохӯрӣ  даст  кашиданд. Танҳо  баъд  аз  миёнҷигарии  намояндагии  Комиссариати  Созмони Милали Муттаҳид  оид   ба  гурезагон   вохӯрии  якуми  Гуруҳи  корӣ бо  роҳбарияти  Кампи  Сахи  дар  қароргоҳи  ин  Комиссариат  баргузор  шуд. Вохӯрӣ  вазнин  гузашт. Роҳбарияти фирориён  хеле  эҳсосотӣ  буда,  ҳукуматро  дар ҳама  кор  айбдор  медонистанд. Вале, намояндагони гуруҳи  корӣ мавқеи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ҳифз намуда, ба гурезагон фаҳмонида доданд, ки онҳо қисми  ҷудонашавандаи  аҳолии  Тоҷикистон  мебошанд  ва   ба  Ватан  ҳатман баргардонида мешаванд.
Мухолифини тоҷик ҳукумати интиқолии  худро бо номи Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик (ИНОТ) ташкил дода буданд. Ҷосусони   онҳо ба  лагер/урдугоҳи Кампи  Сахӣ  ташвиқоти зиддиҳукуматии худро  пиёда мекарданд.
Дар рафти корҳои тарғиботӣ муайян карда шуд, ки аксарияти фирориён ба  кашмакашҳои  сиёсӣ  умуман  даст  надоштаанд. Ба  хотири  ҳифзи  ҷони  худ  иҷборӣ  ватанро  тарк  кардаанду  азоби  беватаниро  мекашанд.  Аз ин лиҳоз,  ҳозир  буданд  ба  хонаҳои  худ  баргарданд. Ҳамзамон, зимни вохӯриҳо аз тарафи фирориён  шарту талаботи зиёд вобаста ба масъалаҳои авфи умум, таъмини  амнияти  бозгаштагон, барқарор  кардани  хонаву  ҳавлиҳои  сӯзонидашуда  ва  ғайра,  гузошта  мешуд. Ҳамаи  хостаҳои  онҳо  сари  вақт  ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешуд. Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои дахлдори ташкилӣ шумораи зиёди гурезагон барои бозгаштан номнавис карда шуданд. Билохира, 22 майи соли 1993, рӯзи оғози баргашти  фирориён  эълон  карда шуд.  
Рӯзи муайянгардида аввалин қатора шомили беш аз ҳазор  фирории  иҷборӣ аз  тариқи  бандари  Хайратон  ба  вилояти  Хатлон  раҳсипор  гардид.  Дар  тамоми масири ҳаракати  қатораҳо  аз  Хайратон  то  Шаҳритус  амнияти фирориён  гирифта  шуд. Оид  ба  рафти  ҷараёни  ба ватан бозгардонии  фирориён  журналисти  ботаҷриба  шодравон Шералӣ Мустафоқулов якчанд барномаҳои телевизионӣ, мақолаҳо  таҳия карда, дастрасӣ  умум  гардонидааст.
Дар маҷмуъ то  охири соли  1993  аз  Кампи  Сахӣ   аз рӯи  омори тартибдода   Комиссариати Созмони  Милали  Муттаҳида   оид ба кор  бо  фирориён дар  ҳудуди  беш  аз  20000  фирории  тоҷик  ба  Ватан  баргардонида шуд. Хулоса дар  давоми  кори  яксолаи  худ ҳайати гурӯҳи  кории  аввалини  ҳукуматӣ  ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз уҳдаи   вазифаи ба зимма гузошташуда баромада, аксарияти фирориёни  иҷбориро ба Тоҷикистон баргардонид ва дар ин самт банда низ саҳми худро гузоштам. 
 
Сангинов Н.Н., н.и.с., ходими калони
илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои
байналмилалии ИФСҲ АМИТ
 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia