casino malaysia
casino malaysia
Хатари ифротгароии динӣ ба ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он

wrapper

Дар ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳони ислом беш аз пеш ба тариқи сиёсисозии ислом сурат мегирад. Сиёсисозии ислом бошад дар навбати худ экстрремизми диниро тавлид менамояд,[1] ки он яке аз омилҳои асосии гуногуни афрухтани низоъҳои динӣ-мазҳаби мебошад. Имрӯз экстремизми динӣ низоъҳои мазҳабиро ба як падидаи иҷтимоӣ табдил доданист, ки ба амну суботи ҷомеаи мусалмони аз ҷумла ҷомеаи тоҷик таҳдид менамояд.
Низоъи динӣ ҳамчун як зуҳуроти гуногунҷабҳа (тахрибкории ҳадафҳо, тахрибкории василаҳо, тахрибкории таъсир ба шахсият, тахрибкории номуайянии оқибатҳо ва доираи ба зиддиятҳои байни гурӯҳҳо ва ниҳодҳо ҷалбшуда ва тахрибкории таҷрибаи таърихӣ) тахрибкории иҷтимоӣ, шарри бечунучарои иҷтимоӣ мебошад. Он зиддиятҳоеро, ки дар фазои динии ҷомеа ба миён меоянд, тезу тунд гардонида, онҳоро ба соҳаҳои дигар паҳн мекунад, инчунин ба самти тахрибкориҳои мураккаби иҷтимоӣ, ки онро оқибати низоъи динӣ ҳисобидан мумкин аст, равона месозад.
Барои дарки масъалаи низои динӣ ва нақши гурӯҳҳои динӣ ифротӣ дар барангехтани низои динӣ дар ҷомеаи тоҷик аз ҷониби мутахасисон таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи назарсанҷии сотсиологие, ки дар моҳи ноябри соли 2016 гузаронида шуд, зарурати муайян сохтани динамикаи муносибати шаҳрвандон ба масъалаи мавриди назар на танҳо сабаби таҳдиду хатари ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннати динии ифротиро ба амнияти кишвар баён месозад, ҳамчунин натиҷаҳои кори идеологӣ ва сатҳи муборизаи мақомотҳои дахлдор дар самти пешгирӣ кардан аз паҳншавии таъсири ин ҳаракатҳо дар ҷомеаро нишон медиҳад[2].
Натиҷаи ҷамъбасти назарсанҷи доир ба саволи “Ба назари шумо барои амнияти кишвар хатар доштани ҷароён ва созмонҳои динӣ-сиёсӣ хатар доранд”, нишон дод, ки имрӯз барои амнияти кишвар хатар доштани ҷараёнҳои Салафияро 81,1%, Ҳизбу-т-таҳрирро 65,5%, Ваҳҳобияро 68,7%, ДИИШ-ро 71,0%, Толибонро 68,7%, Ансоруллоҳро 57,3%, Ал – Қоидаро 57,2%, ҲНИТ – ро 61,5% - и шаҳрвандон дарк менамояд, дар байни ҷараёну ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ бештар ду-се ҳаракат таваҷҷӯҳро ҷалб намудааст, ки ин ҳолат аз таъсиргузор будани онҳо ба набзи ҳаёти сиёсии кишвар шаҳодат медиҳад. Пеш аз ҳама, хатари салафияро баён намудани 81,1% пурсидашудагон аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум таъсири идеологии онро дар ҳаёти динии кишвар бештар эҳсос мекунанд. Ва ин ҷараён боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон шудааст. Ҳарчанд эҳсоси хатарзо будани ДИИШ 71,0%, Ҳизбу-т-таҳрирро 65,5%, Ваҳҳобияро 68,7% камтар ба назар мерасад, вале дар асл ҳамаи ин ҳаракатҳо аз рӯи ҳадафҳои сиёсӣ ҳамрадифи ҳаракати салафия мебошанд. Ҳадафи манфури онҳо аслан амалисозии як мақсади умда, яъне дар зери ишораи “ихтилофи исломӣ” ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ноором сохтани амну суботи кишварҳои мусалмонист. Ҳамзамон дарк намудани хатари салафия аз ҷониби 19,9%, ДИИШ 29,0%, Ҳизбу-т-таҳрир 34,5%, Ваҳҳобия 31,3% - и мусоҳибон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин қисми шаҳрвандон ё бо ин ҳаракатҳо пайванди ақидавӣ доранд, ё аз ин ҳаракатҳо хабар надоранд ва ё қисме аз онҳо ҳанӯз доир ба хатари ин ҳаракатҳо барои амтияти кишвар маълумоти зарурӣ надоранд ва онро эҳсос накардаанд. Дар ҳар сурат таҳқиқот нишон медиҳад, ки пайравону ҳаводорони ин ҳаракатҳо дар кишвар арзи вуҷуд доранд. Масъалаи дигаре, ки диққатро бештар ҷалб менамояд, ин таъсири ҲНИ дар ҳаёти динӣ-сиёси кишвар мебошад[3].
Роҳи дигаре, ки метавонад сатҳи мушкилоти паҳншавии ифротгароии диниро поён барад институти маориф мебошад. Алоқамандии маориф ва амнияти миллӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки амнияти кишварро одамон таъмин мекунанд ва он комилан бо омили инсонӣ муайян карда мешавад. Бинобар ин, бо эътимоди комил метавон таъкид кард, ки амнияти давлат аз нигоҳи стратегӣ бо вазъи низоми маориф муайян карда мешавад. Бинобар ин, бо эътимоди комил метавон таъкид кард, ки амнияти давлат аз нигоҳи стратегӣ бо вазъи низоми маориф муайян карда мешавад[4]. Аз ин рӯ, дар шароити муосир роҳи ягона ва муҳимтарини афзун сохтани қудрати мамлакат, ин ҳифз, рушд ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии он мебошад. Масъалаи таълиму тарбияи соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Таълимоти динии кишвар ба ислоҳотҳо ниёз доранд. Чунки имкониятҳои таълимот ва таҳсилоти диниро бояд дар доираи қонуну қоидаҳои амалкунанда дар ҷомеа инкишоф диҳем. Маълум аст, ки барои амалишавии ин тарҳ дастгирии давлат ва ҷомеа вуҷуд дорад.
Фарҳанг ҳамчун ҳастии миллат дар мубориза ва пешгирии ифротгароии динӣ-сиёсӣ нақши муҳим мебозад. Фарҳанг воситаи ҳимояткунандаи дилхоҳ миллат буда, косташавии фарҳанги миллӣ хатари азим барои парокандашавии миллат аст. Бегонашавии фарҳангӣ боиси он мегардад, ки инсон эҳсосот, рӯҳия ва амалҳои худро риоя накарда, ҳатто метавонад ба таҷовуз даст занад. Маҳз ҳамин таъсири идоранашаванда ва харобкунандаи фарҳанги Ғарб зиёиёну равшанфикрон ва нухбагони сиёсии фарҳангҳои ғайр, махсусан фарҳангӣ исломиро нигарон кардааст. Онҳо аз натиҷаҳои харобиовари инкишофи ин ҳодисаҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ маълумот дода, қайд мекунанд, ки раванди тарғиб ва паҳннамоии фарҳанги оммавӣ ба кишварҳои ғарбӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонад.
Барои пешгири кардан аз паҳншавии низоъи динӣ дар ҷомеаи тоҷикистонӣ чӣ метавон кард. Пеш аз ҳама  ҷой доштани заминаҳои диндории таассубию хурофотӣ дар ҷомеа  вобаста аз сатҳи пасти таълиму тарбия умуман ва  набудани маълумоти солим дар бораи дин ва диншиносӣ хосатан мебошад. Агар ҷавонони мо дар бораи ин падидаи решадору пуртаъсири ҷамъиятӣ маълумоти саҳеҳи илмӣ нагиранд ва давлат дар ин маврид чораҷӯӣ накунаду кори тарбияи шуури солими диниро ба дасти худ нагирад ва онро ба маҷроҳи худноогоҳ (стихиявӣ) ҳавола кунад, муассисаҳои таълими динии солим набошанд, кор ба сӯи таассубу хурофотгароӣ мекашад, ки аз он то ифротгароӣ, фузунхоҳӣ, ирҳоб (радикализм, экстемизм ва терроризм) як қадам аст ва  барои пайвастан ба аҳзобу ҳаракатҳои чунин рӯҳияву хусусият дошта садде вуҷуд нахоҳад дошт. Аз ин рӯ бузургтарин хатар таассубу ифротгароӣ ва хурофот аст, ки дар заминаи набудани шуури солими динӣ мерӯяд.
Хулоса нооромии ҷамъият, бӯҳронҳои иктисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, бархурдҳои мазҳабию динӣ, сепаратизми омехта бо идеологияи динӣ ва фантизми динӣ хатари бузург ба истиқлолияти мамлакат мебошад. Дар доираи низоъҳои динӣ боз низоъҳое ба вуҷуд омадаанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, ки ин низоъҳои мазҳабӣ мебошанд. Низоъҳои иҷтимоӣ як падидаи муқаррарии ҳаёти иҷтимоӣ, хусусияти ҷудонашавандаи муносибатҳои иҷтимоӣ мебошанд. Ба ҳамин хотир қувваи созандаи ҷомеаи тоҷик баҳри роҳ надодани зуҳуроти низои динӣ равона карда шавад.
Ифротгароии динӣ ҳамчун як падидаи мураккаб, ки аз ҷиҳати замони таърихӣ, фазои густариш, манбаъ ва пайдоиши худ гуногунанд, ҳамеша дар ҳаёти динӣ ҷой доранд. Баъзеи онҳо ба таври доимӣ дар доираи қоидаҳои муқарраркардаи дин ҳамчун зернизом бо ниҳодҳои он пеш мераванд, гурӯҳи дигар бошад, на танҳо қоидаҳои дохилиро сарфи назар мекунанд, балки кӯшиш мекунанд, ки аз чаҳорчӯбаи он берун баромада, тавозуни зернизомро вайрон созанд ва устувории низоми иҷтимоиро дар маҷмӯъ зери хатар гузоранд.
Мушкилии ҷудошавӣ, ҷустуҷӯи нерӯи вайронкоронаи ифротгароии динӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҷонибҳои мухолиф бидуни шафқат, якдигарро ба ҳалокатборӣ муттаҳам мекунанд ва ба рақиб нияти баде нисбат ба ҷомеаро нисбат медиҳанд. Фазои идеологие, ки ташаккул меёбад, ҳамзамон аксар вақт пайдоиши воқеӣ, маънои низоъ ва мавқеи воқеии иштирокчиёни онро пинҳон мекунад. Барои дарки моҳияти ифротгароии динӣ ҳамчун шакли низоъ, аз як тараф тақсимоти худи ифротгароӣ ба навъҳои мухталиф ва аз тарафи дигар, мавқеи идеологии субъектҳои он ба куллӣ муҳим аст. Зеро шинохти идеологии ифротгароӣ бо мундариҷаи объективии он номувофиқ аст. Гузашта аз ин, бояд қайд кард, ки омилҳои динӣ дар ибтидо тамоюли сиёсӣ надоранд. Аммо ҳангоми шиддат ёфтани вазъ, афзоиши норозигӣ, онҳо метавонанд аз ҷониби гурӯҳҳои динӣ - ифротӣ,  роҳбарони ташкилотҳои динӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои иттиҳодиявиашон истифода шаванд. Аз ин рӯ, саривақт муайян кардани сабабҳо ва омилҳое ва пешгирии онҳо дар ҳолати пайдоиш зарурияти аввалиндараҷа мебошад.
Омӯзиши аслии динҳо ба он мусоидат мекунад, ки нисбат ба ҳар дину мазҳаб эҳтиром пайдо намоем ва он худ боиси паст кардани низоҳои динию мазҳабӣ ва ифротгароии динӣ буда метавонад. Барои пешгирии ифротгароии динӣ дар ҷаҳони имрӯза  муттаҳидии  ҳамаи  халқҳои ҷаҳон, коркарди амиқ ва пайдарҳами  амалиётҳо  зарур аст. Ҷомеаи инсонӣ бояд дарк намояд, ки ифротгароии динӣ душмани одамият мебошад. Онҳо набояд ба эҳсосоти  гурӯҳҳои нохалаф дода шаванд. Ҷомеа бояд донад, ки дар ҳама намуди ифротгароии динӣ ду тараф ширкат  меварзад ва иштирокчиёни ин ё он тараф ҳамон шахсоне мебошанд, ки дину мазҳабро воситаи сиёсии ба максадрасии худ табдил дода, тақдири одамонро сарфи назар менамоянд. Барои рух додани низоъ танҳо яксухани ноҷо бас аст. Ҳеҷ вақт фикру ақидаи худро ба касе  бор кардан лозим нест, ба шуурнокии худ ақидаи хешро баён кардан, озодона интихоб намуданро бояд ҳар як шахси ҷомеа дарк намояд.
Ифротгароии динӣ  зодаи омил ва сабабҳои ниҳоят зиёдест, ки дар бофтаи ҷомеа нуҳуфтаанд ва хусусиятҳои хосро доро мебошад, робита ва таъсири гуногун ба ҳамдигар доранд. Мақоми ниҳоят муҳимро дар байни онҳо манфиат ишғол кардааст, ки табиати мураккаб ва таззод дошта, дар шароити мушахаси таърихӣ ва дар чаҳорчӯбаи ҷомеаҳои таърихан ташаккулёфта симои хос касб менамояд. Раванд ва тамоюлҳои навин таркиб ва мазмуни ифротгароии динӣ ҷиддан дигаргун месозад. Аз як тараф, рукнҳои таркибии ифротгароии динӣ таҳти таъсири рӯзафзуни омилҳои фарокуллӣ ва умумӣ сохтор ва шакли нисбатан шабеҳ ва ҳатто монанд пайдо мекунанд ва мазмуни онҳо низ шабоҳати муайян мегирад. Аз ҷониби дигар, мураккабшавии босуръати сохтори ҷомеаи муосир ва фоъол гардидани мабдаъҳои гуногуну мураккаб ва сатҳи шидати ифротгароии динӣ афзоиши медиҳад.
Тавсия мешавад, ки барои пешгирӣ ифротгароии динӣ, қабл аз ҳама, доиман таъсири онҳоро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва қишрҳои мухталифи аҳолӣ муайян кардан лозим аст. Барои анҷоми ин кор ба ҷуз мушоҳидаҳо ва ҳуҷҷатҳои ин таъсирро инъикоскунанда, бояд таҳқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ интихобан дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ гузаронида шавад.
Мутобиқи ба дараҷаи таъсири ин равияҳо ва мазмуни тарғиботи он дар минтақа барномаҳои мушаххаси тарғиботию тарбивӣ тартиб дода шуда, онҳоро пиёда намудан лозим аст. Хеле зарур аст, ки заминаҳо ва омилҳоро, ки боиси тавсиаи ифротгароии динӣ мешаванд, таҳқиқ намуда, дастурамалу маводҳои илмӣ таҳия карда шаванд, то ин ки огоҳона кори тарбиявию тарғиботӣ ҷорӣ гардад.
Барои ҷавонони донишҷӯ таълими фанни «Диншиносӣ»-ро беҳтар сохта, соатҳои онро хусусан доир ба баррасию танқиди равияҳои ифротгаро бештар сохтан лозим аст. Дар факултетҳои гуманитарӣ курсҳои махсус доир ба ин масъала ҷорӣ намудан лозим аст.
4.Дар сохторҳои Кумитаи ҷавонон ва занон клуби илмомӯзӣ ва фарҳангӣ ташкил намуда, ҷавонон ба онҳо ҷалб карда шуда, мазмуни ғоявии онҳо бар зидди идеологияи ифротӣ равона бояд кард. Ба ин таҳлилҳо бештар ҷавонони ба корҳои давлатӣ машғул ҷалб карда шаванд. Кумитаи занон бо истифодаи сохторҳои худ кори тарғиботии зидди ин равияҳо дар маҳалҳоро бояд пурзур намояд, ба он занони фаъолу донишманд ҷалб карда шаванд.
5.Бо истифодаи имкониятҳои захираи илмии ҷумҳурӣ ҳар гунна китобҳо, буклетҳо, маводҳои дигаре, ки воқеияти ғайриилмию ғайрифарҳангии ин равияҳоро нишон дода тавонанд, омода сохта дар байни аҳолӣ паҳн карда шавад. Бо ин восита ифшои ақидаҳои иртиҷоӣ ва зарари онҳо ба ҷомеаи муосир маълум мегардад.
 
 
Маҳмадизода Н.Д. – директори Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови АМИТ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор
 
[1] ниг. Нурулҳақов Қ., Умедов М.Ҳ. Моҳияти исломгароии сиёсӣ ва баъзе шаклҳои зоҳирии он. Илм ва фановарӣ (маҷалаи илмӣ) Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ №2 (6). Душанбе, “Сино”, 2015. - С. 228-236.
[2] Миров Ф. Њисоботи натиљањои тадќиќоти сотсиологї оиди “Тањлили вазъият оид ба шомилшавии љавонон ба њизбу њаракатњои иртиљоию ифротгарої ва маърифати сиёсии љавонон». – Душанбе., 2015. – С.27.
[3] Баротзода Ф., Нурулњаќов Ќ. Вазъи динї-сиёсї дар Ҷумњурии Тољикистон. Душанбе, “ЭР-граф”, 2017. - С. 60.
[4] Қурбонов А.Ш. Таҳаввули низоми маориф дар Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)-Душанбе: Ирфон, 2019. – С. 7.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia