casino malaysia
casino malaysia
Низоъҳои динӣ-сиёсӣ ва роҳҳои бартарафкунии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бознашр аз маҷаллаи илми ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. ttps://www.izvestiya.ifppanrt.tj/AkhborANRT/2024/Akhbor_2024_1.pdf)

wrapper

 

Ҷомеаи муосир дар баробари миллатгароӣ инчунин дин олати муҳимтарини таъсиррасонӣ дар соҳаи сиёсат ва ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Дар аксар мавридҳо шиддатнок гардидани низоъҳои мусаллаҳона ва ҷангҳо дар заминаи тезутундшавии муносибатҳои байни гурӯҳҳои миллӣ-этникӣ ва динӣ инкишоф меёбанд. Чунин ҳолат барои амният, комилият ва истиқрору устувории сулҳи на танҳо кишварҳо ва минтақаҳои муайян, балки умуман системаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, зеро чунин бархӯрдҳо аксаран сабаби дахолат кардани баъзе давлатҳо ба корҳои дигар давлатҳо мебошад. Вобаста ба ин яке аз муҳимтарин амале, ки онро бояд анҷом дод таҳлили системавии сабабҳо, шаклҳои зоҳиршавии онҳо ва роҳҳои бартараф кардани низоъҳои динӣ дар доираи масъалаҳои геополитикӣ мебошад. Яке аз масоили мубрами замони муосир, ки бидуни шак дар қатори масоили глобалӣ қарор дорад, масъалаи низоъҳои динӣ-сиёсӣ мебошад. Таҳлили ҳамаҷонибаи назариявӣ-методологӣ ба муаллиф кӯмак намуд, ки моҳияти онро кушода, унсурҳои асосии онро ошкор карда, алоқаи онро бо дигар масоил, аз ҷумла омилҳои иҷтимоӣ-сиёсии сар задани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро муайян намояд. Муаллиф нишонаҳои хоси низоъҳои динӣ-сиёсиро ҷудо намуда, роҳҳои асосии ҳаллу фасли онҳо, ҳадаф ва дурнамои онро мушаххас ва муайян намуд.
Низоъҳо ҳамеша қисми ҷудонашавандаи мавҷудияти инсонӣ будаанд. Ҳанӯз аз дунёи қадим сар карда, то ба имрӯз инсон ҳамарӯза бо низоъҳои оилавӣ, ҳокимият, ҳамкориҳои дутарафа бо дигар одамон рӯ ба рӯ шудааст. Як қабила бо қабилаи дигар, ғуломон бо ғуломдорон, як халқ қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ (геносиди) халқи дигарро аз мавқеи андешаҳои шовинистӣ ба роҳ мондааст. Мардумон бо ин ва ё он зиддиятҳои байни онҳо пайдошуда рӯ ба рӯ шуда, оқибат аз роҳи таҷриба ва хатогиҳо васоити заруриеро барои бартараф кардани онҳо пайдо менамуданд. Аммо зимни он худи падидаи низоъ, асосҳои он ва механизми ҳаллу фасл кардани онҳо мавриди тафаккуру андеша қарор дода намешуд. Ба инсоният хос будааст, ки дар тӯли асрҳо бештар амал намуда, камтар ба андеша равад.
 Дар “Фарҳанги забони форсӣ” вожаи “низоъ” ба маънои ҷидол, ҷанҷол, муноқиша, кашмакаш, ҷангу хусумат, душманӣ шарҳу тавзеҳ шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баъзе аз низоъҳои сиёсӣ бештар ба дин вобастагӣ доранд ва дин ҳамчун омили низоъҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Хусусияти бунёдии муайян кардани низоъ – муборизаи байниякдигарии субъектҳо мебошад, ки манфиатҳои мухталиф онҳоро ба миён кашидаанд.
 Хусусияти низоъи сиёсӣ субъектҳо ва характери манфиатҳо мебошанд, ки онҳоро пайгирӣ мекунанд. Низои сиёсӣ – муборизаи зиддиякдигарии субъектҳои дорои манфиатҳо, арзишҳо, назарҳо ва ҳадафҳои гуногун мебошад, ки бо ҳолат ва нақши дар системаи муносибат ба давлат ба вуҷуд омадаанд.
Аммо дар замони муосир низоъҳои этникӣ-илмӣ ва динӣ аз ҳама бештар тавсеа ёфтаанд. Гурӯҳҳои динӣ - яке аз чунин вижагие доранд, ки дар он манфиатҳои нерӯҳои бо ҳам муқобил ташаккул ёфта, бо ҳам бархӯрд мекунанд. Дар робита бо ин, қабл аз ҳама,  низоъҳои байнидинӣ, фарқиятҳои динӣ ва таҳаммулнопазирро ба назар бояд гирифт. Худоёни юнониҳои қадим доимо байни якдигар дар ҷангу низоъ қарор доштанд. Яке аз мавқеъҳои ҷаҳонбиниро интихоб намуда, шумо аз дигарҳо рӯй мегардонед, яъне ба парастиши яке аз худоён оғоз намуда,  дигар худоёнро таҳқир мекунед.
Тамоман табиист, ки ин вариантҳо дар шакли софи худ вуҷуд дошта наметавонанд. Дин ва сиёсат бо ҳам якҷо, ҳангоме, ки бояд ба таҳдиди хориҷӣ муқобилат кардан ва мубориза бурдан ба муқобили эътирозҳо дар дохили кишвар лозим буд, амал мекарданд. Аммо дар баробари ин пайваста дар байни онҳо зиддиятҳо вуҷуд доштанд. Муборизаи доимӣ, ошкоро ва пӯшида барои афзоиш додани таъсир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ кашф мешуд. Дар тӯли таърихи инсоният дар ҳамкориҳои байни дин ва сиёсат вазъиятҳои гуногун ташаккул меёфт. Дар баъзе шароит омили муайянкунанда дин ва дар дигараш айнан ҳамин нақшро сиёсат бозӣ мекард. Сарфи назар аз он ки дин дар бисёр мавридҳо сиёсатро барои мустаҳкам намудани мавқеи худ истифода мебурд ва сиёсат барои ба мақсадҳои худ расидан ба дин такя мекард, дар байни онҳо зиддиятҳо вуҷуд доштанд ва дар аксари ҳолатҳо мубориза барои омили муайянкунандаи ин муносибатҳои дутарафа идома меёфт.
Дар таърих чунин вариантҳои асосии ҳамкориҳои дин ва сиёсат, ки бештар ба чашм мерасанд, вуҷуд доранд:
- ягонагӣ, ҷудонашавандагии дин ва сиёсат;
- тобеъ будани сиёсат ба дин;
- ҷудо кардани дин аз сиёсат, худмухтории онҳо дар нисбати якдигар.
Дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазъияти иҷтимоию сиёсии давлати Шӯравӣ аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати бозсозӣ ва саҳлангории баъзе аз роҳбарони сатҳи олии сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ торафт ба гирдоби буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор мегашт. Ин вазъият дар тамоми гӯшаю канорҳои давлати паҳно ва сермиллату аз лиҳози мазҳабию динӣ гуногун таҳаввулоти азимеро ба вуҷуд меовард. Торафт паст гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар мерасид, ки дар натиҷаи он дар байни миллатҳои гуногун эътироз ва норозигиҳоро ба вуҷуд овард. Дар мамолики гуногуни империяи Шӯравӣ қувваҳои марказгурез аз чунин ранг гирифтани вазъи иҷтимоию сиёсӣ истифода намуда, мақсадҳои худро мехостанд дар амал татбиқ намоянд.
Аммо чӣ гуна метавон чунин падидаҳоеро аз қабили экстремизми динӣ ва террористони диниро шарҳу тавзеҳ дод?  Ба монанди он ки низоъ дар табиати динҳои солеҳ вуҷуд надорад, айнан ҳамин тавр, экстремизм ва терроризм ҳам дар табиати дин вуҷуд надоранд. Аммо, дар ҷомеа гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки дин ва имондории мардумро бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои гуруҳи сиёсии худ, аз қабили Ал-Қоида, Толибон ва Ҳизб-ут-таҳрир ва ғ. истифода мебурданд ва имрӯз ҳам ин амал аз ҷониби онҳо идома дорад. Ба ҳама равшану возеҳ аст, ки ин гуруҳҳо исломро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода мебаранд.
Бояд зикр кард, ки фишангҳои ягона барои ҳаллу фасли низоъҳои динӣ вуҷуд надоранд, зеро ҳар низоъ дорои чунин хусусиятҳое аз қабили шабоҳат надоштан ва тағийрёбанда буданашон фарқ мекунанд. Қабл аз ҳама бояд мафҳумҳои интиҳоёбӣ ва ҳаллу фасли низоъро муайян намоем. Ба фикри мо, се алтернативаи имконияти интиҳоёбии низоъро ҷудо кардан мумкин аст:
1.Ночориву ноилоҷӣ (низоъ бо марги яке ё ҳарду тараф ба охир мерасад);
2.Истифодабарӣ аз зӯрӣ («то замони беҳтар қатъ гардонида мешавад»);
3.Танзими осоиштаи он (ҳаллу фасли созандагии он ба даст меояд).
Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки ноком шудани яке ё ҳарду тарафҳо маънои онро надорад, ки низоъ ҳаллу фасли ниҳоии худро ёфтааст. Агар бо интиҳоёбии низоъ ҳама гуна интиҳоёбии онро бо ҳама гуна сабабҳо дар назар дошта шавад, пас зери маънои ҳаллу фасли он танҳо ин ва ё он амали асосӣ (қарор) худи иштирокчиёни низоъ ё тарафи сеюм интиҳо ёфтани мубориза ва аз миён бардоштани зиддиятҳоро бо роҳҳои осоишта ё ба воситаи неруҳо мефаҳмем. Аммо тавассути нерӯ ҳаллу фасл гардидани низоъ ва интиҳо ёфтани он дар доираи инсондӯстӣ ва ба вуҷуд овардани якдигарфаҳми тасаввуру тасдиқ кардан амали нобахшиданӣ ба ҳисоб меравад. 
Набояд онро фаромӯш кард, ки манбаи ҳаллу фасли конструктивии низоъро метавон имконияти тарафҳо ва дигар иштирокчиёнро ҳисобид, ки ба андешаи мо, оғози асосии қатъ гардидиани низоъ ва бартараф намудани сабабҳои объективии пайдошавии низоъ мебошад. Барои ҳаллу фасли низоъ бояд шароити бавуҷудоии низоъро муайян кард:
1.Методҳои муайяни ҳаллу фасли зарурӣ, институтсионализатсия ва ба танзим даровардани низоъ фароҳам ва муҳайё карда шавад;
2.Имкониятҳои ба танзимдарории низоъро мустақиман худи тарафҳо бояд ба вуҷуд оваранд;
3.Барои ҳаллу фасли низои рақобатноки ҳар ду ҷониб омили якдигарфаҳмӣ бояд мусоидат намояд.
Аз ин ҷо, барои ба танзим даровардани низоъ манбаи асосӣ ҳатман бояд вуҷуд дошта бошад:
1.Ҷонибҳои низоъкунанда бояд худ ба худ муназзам бошанд;
2.Ҳар як тарафи даргир бояд қонунӣ будани талаботи дигар тарафро эътироф намояд ва натиҷаи ба танзимдарории низоъро, новобаста ба он ки он хилофи манфиатҳои ӯ бошанд ҳам, бояд қабул намояд. Агар чунин навъи омодагӣ аз ҷониби тарафҳои бо ҳам муборизабаранда эҳсос карда нашавад, пас дар онҳо хоҳиши бартараф кардани низоъ пайдо нахоҳад шуд, махсусан, агар вай дар чизе манфиатҳои онҳоро маҳдуд мегардонида бошад;
3.Ҷонибҳои даргир бояд ба як умумияти иҷтимоӣ мансуб бошанд. Дар ин ҳолат шабоҳати системаҳои меъёрӣ, умумияти арзишҳо ва маросими алоқамандии байни иштирокчиёни низоъро сабук мегардонад ва ҳаллу фасл ва анҷомёбии онро суръат мебахшад.
Дар баробари андешаҳои дар боло зикргардида, инчунин дар раванди ҳалли низоъ ва анҷомёбии он, ҳатман муколамаи давлат ва ташкилотҳои динӣ ҳамчун унсури муҳимми раванди суботи муносибатҳои динӣ вуҷуд дошта бошанд.
Ҳаллу фасли конструктивии низоъ дорои натиҷаи хуб мебошад, зеро ҳар ду субъект ба сатҳи нави муносибатҳо мебароянд, зеро онҳо ба назар гирифтани манфиатҳои дигар тарафро алаккай омӯхтаанд ва ин дигар ба сохтори шахсиятҳои онҳо ҳамчун чизи аҳамиятнок ва арзишнок ворид мешавад. Ҳалли деструктивӣ бо натиҷаҳои нохуб барои ҳар ду субъектҳо таҳдид мекунад: муносибатҳои онҳо ба ҳолати буҳронӣ мерасанд, аммо сохтори шахсиятӣ аз системаи арзишҳои ҳаётии дигар ҳамчун шахсияти худмухторе, ки сазовори эҳтиром ва эътироф аст берун “партофта мешавад”.
То имрӯз муколамаи давлат ва ташкилотҳои динӣ унсури калидии суботи муносибатҳои динӣ - давлатӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз муносибатҳои дутарафаи давлат ва ташкилотҳои динӣ бояд қатъиян бо қонун пешбинӣ шуда, аз ҳарду ҷониб риоя кард шавад. Хатои оддитарин аз ҷониби ҳукумат нисбати ташкилотҳои динӣ метавонад ба намоишҳо, фаъолияти сепарастӣ аз рӯи нишонаҳои дин, амалиёти террористӣ ва ҳарбӣ оварда расонад. Дин ва давлат дар тӯли таърих паҳлӯ ба паҳлӯ фаъолият менамоянд, вале дар ибтидои садсолаи XXI дастгоҳи давлатӣ дарк намуд, ки фишор овардан ба дин маънӣ надорад, баръакс бояд муколамаро бо намояндагони динҳои гуногуни кишвар ба роҳ монад, то ки имконияти бавуҷуд омадани низоъро дар байни онҳо истисно намояд. Дар шуури сиёсии ҷамъиятӣ нақши дин ва таъсири он ба маданият ва сатҳи маънавиёти ҳар як шахс муайян карда мешавад.
Хулоса дар кишварҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қувваҳои марказгурез аз чунин ранг гирифтани вазъи иҷтимоию сиёсӣ сӯистифода намуда, мехостанд мақсадҳои худро амалӣ созанд, ки яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон буд. Сараввал ин норозигӣ ва муборизаҳо бо баҳсҳои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғ. оғоз ёфт. Аммо дар асл бошад, мақсади муборизаҳои ин марҳала асосан барои сарнагун сохтани режими сиёсии он ва ба сари ҳокимият омадани қувваҳои марказгурез, аз ҷумла, ҷорӣ намудани исломгароӣ ва мустаҳкам кардани ҳокимияти динӣ ба ҳисоб мерафт, байни ислоҳгароён ва демократҳо иттиҳоде ба вуҷуд омад, ки шиори асосии онҳо куллан шикастани режими коммунистӣ ва бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд.
Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо аз нерӯҳои ҳизбҳои навтаъсис ва ҳаракатҳои ба ном мардумӣ, васеъ истифода мешуд, ки дар натиҷа вазъи иҷтимоӣ-сиёсии Тоҷикистон тезу тунд гашта, ахиран ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои нохӯши он оварда расонид.
Сарфи назар аз он ки байни мафҳумҳои “дин” ва “низоъ” робитаи узвие вуҷуд надошта бошад ҳам, баробари пайдошавии динҳо низоъҳо ҳамсафари доимии онҳо будаанд.
То айни замон дар байни муҳаққиқон ва сиёсатшиносон оид ба сабабҳои низоъи байни тоҷикон андешаи ягона вуҷуд надорад: қисме аз муҳаққиқон омили диниро дар вазъи ба амал омадаи кишвар, омили асосӣ ва ҳалкунанда ҳисобида, қисми дигари онҳо қатъиян бо ин андеша муқобил мебошад. Шиорҳои асосие, ки аксари нерӯҳои навпайдо аз қабили озодӣ, демократия, озодии виҷдон, бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ ва ғайра сӯистифода бурда, онро ба олати ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсии ин ва ё он маҳалли муайн табдил дода буданд.
Низоъҳои динӣ-сиёсӣ ҳаёти ҷомеаро зери хавфу хатар гузошта, устувории инкишофи давлатро халалдор сохта, дар аксари ҳолатҳо зидди сохторҳои ҷамъиятӣ, давлати дунявӣ, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои давлат ва дин, озодии виҷдон ва ғ. нигаронида шуда, тавассути истифода аз вазъи бавуҷуд омада, мехостанд, ки дар соҳаи сиёсат, фарҳанг таъсиргузор бошанд. Хавфу хатари бузурги чунин низоъҳое, ки маҳз дар ҷалб кардани омилҳои динӣ-мазҳабӣ ба сатҳҳои гуногуни низоъҳо хавфу хатари онҳоро дучанд афзоиш медиҳад.
Динро омиле метавон ҳисобид, ки ҷомеаи шаҳрвандиро бо ҳам муттаҳид карда, онро таҳким мебахшад, аммо бадбинӣ ва таҳамулнопазирии динӣ нисбат ба эҳсосити динӣ ва арзишҳо метавонад сабаби сар задани низоъ гардад. Аз сабаби он ки низоъҳои динӣ низоъҳои арзишҳои мутлақ мебошанд, дар аксари ҳолатҳо дорои табиати музмин буда, бисёр осон фитнаангез мебошанд, ки амалан ба танзим даровардани онҳо кори саҳлу осон нест. 
Дар шароити кунунии густарши раванди ҷаҳонишавӣ боз ҳам инкишоф додани фарҳанги миллӣ, худшиносии миллӣ, маориф, илм, иҷтимоиёт шароити мусоид фароҳам оварда метавонад, ки ба интишор ёфтани ғояҳои зиддиинсонии низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар байни ҷавонон ва решакан намудани тамоми шаклҳои зӯроварӣ мусоидат карда, аз шартҳои муҳимтарини инкишофи муътадили ҷомеаи тоҷик мебошад.
 
 
Зиёв Н.И. ходими илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia