casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Одаму либос, хонаву палос

Тоҷикон як мақоле хубе доранд, ки «Одаму либос, хонаву палос», яъне одам бо либосаш зебост ва хона – бо гилему палосаш. Ин суханони халқӣ ба пуррагӣ ба талаботи илман асоснок ба либоси одам мувофиқат доранд, зеро либос ду вазифаи асосӣ – утилитарӣ (амалӣ) ва эстетикӣ, зебоишиносиро иҷро мекунад. Дар асоси ин либосро ба чунин навъҳо тақсим кардаанд: кӯдаконаву бачагона, мардона ва занона. Инчунин, вобаста ба мавсими сол либосҳо тобистонаву зимистона, байнимавсимӣ ва барои ҳама мавсимҳо тақсим мешаванд. Муфассал ...

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун стратегияи мутобиқшавии оилаҳо дар шароити дигаргуниҳои иҷтимоӣ иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон

Дар ҷомеаи муосир оилаҳо барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ аз стратегияҳои гуногуни мутобиқшавӣ ба муҳити тағйирёбандаи ҷомеа истифода мебаранд. Яке аз чунин стратегияҳо танзими меъёрҳои иҷтимоӣ, махсусан, танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо мебошад.
Меъёрҳои иҷтимоӣ, мисли урфу одат, расму русум, анъанаҳо, маросимҳо аз замонҳои қадим муносибатҳои иҷтимоии одамонро ба танзим дароварда, бо ин восита тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамуданд. То асри ХХ ин меъёрҳои иҷтимоӣ ягона воситаи коммуникатсия ва ҳамгироии иҷтимоии одамон ба ҳисоб мерафтанд. Муфассал ...

Истиқлолият -таҳкимбахши давлатдории миллӣ

         Дар ҳар як марҳилаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик  мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон барои бақои миллат, маърифатноку худогоҳ кардани неруи зеҳнӣ, тақвият бахшидани ифтихори ватандорӣ, расидан ба қадри ваҳдат ва ғайра талош варзида, идеяҳои ақлонию созандаро тарғиб менамуданд. Яъне аз як тараф, барои худогоҳ ва худшинос гаштани мардум омилҳои асосиро нишон дода, аз тарафи дигар, саъй медоштанд, ки бо асарҳои пурмазмуну нодири худ арзиш ва анъанаҳои миллиро зинда дошта, аз насл ба насл интиқол диҳанд. То насли баъдина ифтихор аз нобиғаҳо, чеҳраҳои мондагор, аз анъанаву арзишҳои миллӣ карда, дар тинати худ ҳисси ватандориро бедор намоянд, ҳикматҳои онҳоро сарманшаи такмили маърифатнокӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа созанд. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia