casino malaysia
casino malaysia
Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун стратегияи мутобиқшавии оилаҳо дар шароити дигаргуниҳои иҷтимоӣ иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон

wrapper

Дар ҷомеаи муосир оилаҳо барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ аз стратегияҳои гуногуни мутобиқшавӣ ба муҳити тағйирёбандаи ҷомеа истифода мебаранд. Яке аз чунин стратегияҳо танзими меъёрҳои иҷтимоӣ, махсусан, танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо мебошад.
Меъёрҳои иҷтимоӣ, мисли урфу одат, расму русум, анъанаҳо, маросимҳо аз замонҳои қадим муносибатҳои иҷтимоии одамонро ба танзим дароварда, бо ин восита тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамуданд. То асри ХХ ин меъёрҳои иҷтимоӣ ягона воситаи коммуникатсия ва ҳамгироии иҷтимоии одамон ба ҳисоб мерафтанд.
Албатта, ҳоло ҳам нақши анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар ваҳдату худшиносии миллӣ, якдигарфаҳмӣ, иттиҳоди мардум аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд, аммо дар тӯли асрҳо ба расму оинҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа моҳияти иҷтимоию маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мураккабу исрофкорӣ ва худнамошдиҳию хароҷотҳои беҳуда табдил ёфтаанд.
Анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар инкишофи ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ, меҳмонпазириву рӯзгордорӣ, ғамхориву шавқат ба ҳамдигар аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд. Вале чи тавре, ки нишондодҳо ва зиндагии имрӯзаи мо собит намуд, як зумра шаҳрвандон аз суннатҳои мардумиву миллӣ сӯистифода намуда, онҳоро чун воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани обрӯ ва ҳатто мартабаву мақом истифода менамоянд.
 Исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ман-манӣ боиси пастравии сатҳи маънавиёту зиндагии қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеи пешравии ҷамъият ва давлат ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардад. Ягон ҷашну маросим аз маъракаҳои азодориву идҳо, балки ҷашни домодиву арӯсӣ ва хатнасуру зодрӯз қайдкуниҳои мардум низ рабту низом надоштанд ва ҳар кадоми он хисороти бузургеро ба буҷаи ҳар як хонавода ворид месохтанд. Баъдан, бо пешрафти илму техника, воситаҳои нави коммуникатсионӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз 28 ин меъёрҳои иҷтимоӣ моҳияти худро гум кардаанд ва ниёз ба танзим доранд.
Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон анъана ва ҷашну маросимҳоро воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани мақоми иҷтимоӣ истифода намуда, ба исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ даст мезананд. Ин ҳолат, дар мадди аввал ба табақаи камбизоат паёмадҳои ногуворро ба бор меорад.
Мардуми ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо пурра хабардор нестанд, аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Тақлидкорӣ ва рақобати бемаънӣ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои зиёд шуда, сабаби аз байн рафтани буҷети оилавӣ ва гирифторӣ ба қарзҳои вазнин мегардиданд. Аз сабаби паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфтанд.
Албатта, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош дорад, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии шоистаро муҳайё созад. Бо ин сабаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии осудаи мардум бо аҳли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта қабули қонун аст.
 
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ‚Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 8 июни соли 2007 қабул гардид. Мақсади асосии қабули Қонун: паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани шарту шароити зиндагӣ ва рушди ҷомеа; ба талаботи замон мувофиқ сохтани анъанаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои халқӣ; муҳофизат ва покиза нигоҳ доштани ҷашну маросимҳои анъанавии халқи тоҷик аз олудашавӣ бо унсурҳои ҷашниву маросимҳои бегона; ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишварамон; ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ, исрофкорӣ; расидан ба зиндагии шоиста; харҷи дурусти маблағҳои пулӣ ва мувофиқи мақсад масраф намудани он; аз байн бурдани хурофот ва ҳарзагӯиҳои ношоистаи иддае аз мардуми тангназар; ба як низоми муайяну муносиб муназзам сохтани танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва умумибашарӣ; ҳимояи ҳуқуқҳои иқтисодии шаҳрвандон аз харҷи беҳуда ва бемантиқ ва ғ.
 Соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ‚баҳри баланд бардоштани масъулиятшиносии ҳар як узви ҷомеа, аз ҷумла шахсони мансабдори давлатӣ, роҳбарони муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҷиҳати бемайлон ва якхела иҷро намудани қонунҳо, мустаҳкам намудани интизом ва таъмини кафолати иҷрои амалигардонии талаботи қонуни мазкур нигаронида шуда, тағйиру иловаҳои зикршуда ба хотири таъмини амнияту суботи ҷомеъ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфаву сариштакорӣ, мустаҳкам намудани интизоми иҷрокунандагӣ, аз ҷумла интизоми таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти субъектони раванди таълиму тарбия ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шудааст. Ба ифодаи дигар, иҷрои қонуни танзими ҷашну маросим – усули устуворгардонии ин- тизоми давлатӣ ва суботи ҷомеъ аст.
Айни замон аз қабули Қонун 15 сол сипарӣ мешавад ва ин қонун ба ҷомеаи Тоҷикистон чи манфиатҳо овард. Пеш аз ҳама: расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар тадриҷан аз байн рафта, шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки бештар ба масъалаҳои беҳтар намудани саломатӣ, шароити муносиби зист барои оила ва тарбияи фарзандон аҳамият диҳанд. Аз 70 номгӯй анъана ва ҷашну маросимҳо 55 номгӯй ихтисор гардида, имрӯз танҳо 15 номгӯи онҳо боқӣ мондааст. танҳо аз танзими дар маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра миллиардҳо сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст; бо амалӣ шудани Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, харҷи бисёре аз хонаводаҳо коҳиш ёфтааст; аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд; хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун се маротиба кам гардид. Мардум тавонистанд, маблағҳои зиёде ба пешбурди рӯзгорашон амонатгузорӣ намоянд; ба шарофати амали ҳамин қонун Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ татбиқ гардид ва сатҳи некуаҳволӣ баланд шуд.
Ба шарофати қабули ин қонун сатҳи камбизоатӣ аз 53%-и аҳолии соли 2007 ба 26,3%-и аҳолии соли 2019 омада расид; қабули қонуни мазкур тафриқаи иҷтимоиро низ кам намуд ва шумораи синфи миёна зиёд гардид; ҳамчунин, амали қонун барои кам гардидани забҳи чорвои калон ва хурд шароит фароҳам оварда, барои нигаҳ доштани чорвои наслдеҳ мусоидат намуда ба амнияти озуқаворӣ мусоидат намуд; ин қонун аҳамияти равонӣ низ дорад, зеро акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ гузаронад. Инчунин бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дасти давлат дар танзими маъмурӣ-ҳуқуқии ҷашну маросимҳои мардумӣ боз шуда, мақомоти идоракунии давлатӣ бо истифода аз усулҳои маъмурӣ тавонист шаҳрвандони худпараст, зиёдахоҳ, тақлидкорро тобеъ созад.
Тобеъсозӣ ин мафҳуми сирф мутеъ кардан, ғулом намудан набуда, ин имконияти ҳуқуқӣ ва воситаи (усули) таъсиррасонии субъекти махсус (мақомоти ҳокимияти давлатӣ) мебошад. Давлат тавасути мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад бо усул ва воситаҳои таъсиррасонии маъмурӣ иродаи қонунро ҳукмрон гардонад, ашхоси ҳуқуқваронкунандаро ҷазо диҳад ва дар ҳолатҳои муайян ҳуқуқвайронкуниро пешгирӣ намояд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар замони қабл аз қабули қонун барои баргузории ҳамин миқдор маърака беш аз 1 миллиарду 203 миллиону 912 ҳазор сомонӣ маблағ лозим меомад. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд. Ба шарофати амали ҳамин қонун гузариш ва гардиши сифатан нав «аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида истодаст.
 Ҳамзамон, имрӯз аксарияти шаҳрвандон муносибати худро ба муқаррароти қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҷиддӣ намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол зиёдаравию исрофкориҳо дар таҷлили ҷашну маросимҳо шаҳрвандон паст гардида истодааст. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи 30 домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд. Дар воқеъ амали қонуни мазкур бо коҳиш додани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатиро дар байни 11 сол (солҳои 2007-2018) аз 53 дарсад то 30 дарсад кам кард. Ба шарофати амали ҳамин қонун гузариш ва гардиши сифатан нав аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида истодаст. Қонуни миллии ‚Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо‛ аз дастовардҳои ҳуқуқии даврони истиқлолият мебошад. Ба гузориши сомонаи Кумитаи дини Тоҷикистон дар пурсиши сотиологии ин мақомот дар соли 2021, ки 10 ҳазор нафар аз тоҷикистониҳо иштирок кардаанд, ‚наздик ба 92%-и аз ин афрод аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ҳимоят ва танҳо 3,4 дарсади афроди ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ бо ин қонун мухолифат карданд.
Мувофиқи ин пурсиши сотсиологии Кумитаи дини Тоҷикистон вобаста ба таъсири Қонуни мазкур ба буҷаи хонаводаҳо пурсидашудагон аксаран нақши онро мусбат арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, 55,53% таъсири мусбат ба сатҳи зиндагии мардум гузоштани онро зикр намуда, 26,87% беҳтар гардидани имкони пасандози шаҳрвандонро интихоб намуда, 11,20% нақши онро дар бобати ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон мусбат дониста, 4,04% мусоҳибон ба назар нарасидани тағйироти мусбатро дар ин замина қайд карданд ва 2,36% (83 нафар)-и боқимонда фоида надидан ва баръакс бадтар шудани вазъро вобаста ба ин самт баён доштаанд. Бо вуҷуди пешравиҳо, дар самти такмили меъёрии танзими маъмурии ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросимҳо таҷриба нишон дод, ки ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа масъалаи мазкурро ба дурустӣ дарнаёфтаанд ва санадҳои мазкурро пурра риоя намекунанд. Аввалан фарҳанги ҳуқуқии як кисмати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад. Дар соли 2020 бар асоси ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон, бо баррасии 609 мавриди нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар додгоҳҳои ин кишвар, афроди мутахаллиф ба пардохти 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуданд.
Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар соли 2019 бар асоси ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистони 686 нафар ба иттиҳоми нақзи ин қонун маҳкум ба пардохти беш аз 3 миллиону 335 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ шудаанд. Аз натиҷаи таҳқиқоти сотсиологии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сабабҳои иҷро нагардидани Қонуни миллӣ аз ҷониби По х дод во 3% 26,9 11,2 4,0 Таъсири мусбат ба сатҳи зиндагии мардум мкони пасандози аҳрвандон беҳтар гардид арзандон ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта уданд Та йироти мусбат ба назар намерасад оида надорад 31 шаҳрвандон, мусоҳибон фикрҳои гуногуни худро иброз дошта, бештари онҳо надонистани қонуни мазкурро зикр кардаанд. Барои мисол, 51,79% мусоҳибон надонистани талабот ва муҳтавои Қонуни танзимро аз ҷониби шаҳрвандон дар иҷро нагардидани он муҳим арзёбӣ намуда, 13,84%-и дигар кам будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолиро зикр намуда, 12,85% пурсидашудагон риоя нагардидани онро аз ҷониби мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон қайд намуда, 12% амалӣ нашудани онро дар хешутаборбозиву ошнобозӣ дониста, 6,28% омили ҷой доштани фасодкориро зикр кардаанд ва 3,24% бошад дар ин замина назари худро иброз нанамудаанд:
Пешниҳод карда мешавад, ки бо мақсади дарки ҳамаҷонибаи қонунҳои миллӣ, ба хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамаҷониба аз мазмуну муҳтавои ин қонун аз ҷониби омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявӣ мувофиқи мақсад таҳлил карда шавад, мақсади асосии қабули қонун ва ҷиҳатҳои тарбиявии онро ба хонандагон дуруст фаҳмонанд. Дар интиҳо бояд қайд кард, ки қабули қонуни мазкур дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар ҳаёти маънавӣ, иҷтимоиву иқтисодии мардум ва ҳимояи манфиатҳои онҳо такони ҷиддӣ бахшид, итминони комил дорем, ки қабул ва такмили чунин қонунҳои миллӣ барои зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум саҳмгузор аст ва амалишавии функсияи иҷтимоии давлатро ҷоннок менамояд.
 
Шоисматуллоев Ш. – узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор, мудири шуъбаи
сотсиологияи ИФСҲ АМИТ
Барфиев А.М. – муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи
Донишгоњи миллии Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia