casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Кӯшишҳои пешвои миллат дар роҳи бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун»

Соли гузашта дар ҳамин моҳ (рӯзҳои 9-10-уми август) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат - Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Дар ин сафар давоми ду рӯз шонздаҳ боздиду шиносоӣ бо ҷараёни корҳо, ба истифода додани объектҳои ҷудогона, мулоқоту суханронӣ анҷом дода шуд, ки мо танҳои номгӯи онҳоро меорем: 1) Оғози сафари корӣ дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни мумфаршкунии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи «Роғун-Обигарм-Нуробод»; 2) Боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавии СТ-4; 3) Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3-и неругоҳ; 4) Боздид аз ҷараёни корҳо дар кони №17-и неругоҳ; 5) Ба истифода додани ошхонаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» дар неругоҳ; 6) Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ; 7) Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии неругоҳ; 8) Боздид аз рафти корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9-и неругоҳ; 9) Боздид аз Корхонаи сангу шағалбарории ширкати «Вибилд» дар неругоҳ; 10) Боздид аз ҷараёни корҳо дар иншооти обқабулкунакҳои доимии 1300 метр аз сатҳи баҳр ва нақби нақлиётии Т-9-и неругоҳ; 11) Боздид аз ҷараёни корҳо дар майдони назоратии «Сойи оби шӯр»-и неругоҳ; 12) Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимии неругоҳ; 13) Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз майдончаи назоратии болои «Бинои технологӣ»-и неругоҳ; 14) Мулоқот бо Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлинг; 15) Суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳ; 16) Мулоқот бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳ ва фаъолони шаҳри Роғун.
Минбаъд низ аз ҷониби Пешвои миллат давоми сол ба таври мунтазам назорати бевосита ва ҷоннок намудани рафти корҳо дар сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», муаррифии он, ҷалби сармоягузории соҳибкорон, ҷалби таваҷҷуҳи бонкҳо ва давлатҳо ҷиҳати дарёфти маблағгузории сохтмони неругоҳи мазкур ҳамчун манбаи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», ки ба манфиати минтақа ва сайёра аст, сурат гирифтааст.
Ин гуфтаҳоро мо дар мисоли кӯшишу талошҳои як соли охири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мушаххасу муъҷаз мушоҳида карда метавонем:  
  1. Паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ (08.09.2023, ш. Душанбе). Дар паёми мазкур Пешвои миллат аз ҷумла дар бораи бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар иншооти нави энергетикӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар ояндаи наздик боз як ҳадафи стратегии миллӣ – истиқлоли энергетикии кишварамон таъмин хоҳад шуд.
  2. Боздид аз намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ (14.09.2023, ш. Душанбе). Пешвои миллат бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон - дар Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид ва ҳадаф аз он муаррифии маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ба таври маҷозӣ ҷараёни корҳои сохтмониро дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» тамошо карданд.
  3. Суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023 (29.09.2023, ш. Душанбе). Дар суханронии мазкур Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузории Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори иқтисоди он «энергияи сабз», яъне бунёди иншооти гидроэнергетикӣ мебошад ва дар ин самт лоиҳаҳои сармоягузории зиёд амалӣ шуда истодаанд. Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки ҳоло дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ – неругоҳи барқи обии «Роғун» амалӣ шуда истодааст, ки имконияти бо «барқи тоза» таъмин намудани на танҳо кишвари мо, балки кишварҳои минтақаро низ доро мебошад.
  4. Мулоқот бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад (11.11.2023, ш. Риёзи Арабистони Саудӣ). Пешвои миллат дар мулоқоти мазкур аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зарурати идомаи он  барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид. Аз ҷумла ҷиҳати иштироки Фонди рушди Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидоэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии «Роғун», дастгирӣ ва мусоидат ба маблағгузории сохтмони он фикру мулоҳизаҳои судман баён карда шуд.
  5. Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер (11.11.2023, ш. Риёзи Арабистони Саудӣ). Дар вохӯрии мазкур Пешвои миллат аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми Бонкро дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ карданд. Тавре таъкид гардид, гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро дар Тоҷикистон татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо 726 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин зимни мулоқот барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардида, иштироки Бонки Исломии Рушд дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги гидроэнергетикӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023, ш. Душанбе). Пешвои миллат дар Паёми имсола аз ҷумла дар бораи бомаром идома ёфтани бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор», саҳми бисёр назарраси ҷавонон дар сохтмони онҳо, таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда, вусъат додани корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар ёдовар шуданд. Пешвои миллат бо итминон таъкид намуданд, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад.
  7. 7. Суханронӣ дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар (22.01.2024, Қатар). Пешвои миллат зимни мулоқоту музокироти мазкур имрӯзаи сатҳи олӣ иброз доштанд, ки мо ният дорем муҳокимаи роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ  ва дигар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома бахшида, онҳоро бо иқдомҳои амалӣ ғанӣ гардонем.  Дар қатори чанде аз самтҳои мушаххаси ояндадор, сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» низ аз ҷониби Пешвои миллат номбар гардид. Таъқид шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ – сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3800 мегаватт, ки имконияти бо барқ таъмин намудани кишвари мо ва минтақаро дорад, амалӣ шуда истодааст.
  8. Мулоқот бо Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild) Пиетро Салинӣ (24.04.2024, ш. Рими Италия). Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳокима гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ҷараёни сохтмони сарбанди неругоҳ, ки зимни сафарҳои корӣ ба мушоҳида мерасид, андешаронӣ намуданд. Роҳбари ширкати мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.
  9. Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд (10.06.2024, ш. Душанбе). Дар ин суханронии худ Пешвои миллат аз ҷумла хотирнишон сохтанд, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5-уми мо оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ум ва 21-уми март ҳамчун рӯзи Байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ҳамчунин зикр намуданд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ буда, ҳоло танҳо 5 – 6 фоизи онҳо истифода мегардад. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон аз рӯи истифодаи «энергияи сабз» дар ҷаҳон мавқеи шашумро ишғол мекунад ва бо бунёду пурра ба фаъолият оғоз намудани неругоҳи барқи обии «Роғун» кишвари мо аз рӯи истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷаҳон ба зинаи чорум мебарояд. Ҳамкории мо – таъқид намуданд Пешвои миллат – бо шарикони рушд дар бахши гидроэнергетика фаъол буда, он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ ҷиҳати идораи самараноки захираҳои об ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ дар минтақа аҳаммияти калон дорад. Дар суханронии мазкур ишора гардид, ки татбиқи саривақтии лоиҳаи «Роғун» имкон медиҳад, ки соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвари мо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне «энергияи сабз» 100 фоиз таъмин карда шавад.
  10. Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10.06.2024, ш. Душанбе). Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ гардида, таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаҷми 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад. Дар ин робита Сарвари давлати мо ба роҳбарияти бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори сипос намуданд.
Ҳамин тавр, аз сафарҳои дохилию хориҷӣ, мулоқоту суханрониҳо, боздиду шиносоиҳои як соли охири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баръало аён мегардад, ки раванди сохтмони ин иншооти бузурги аср барои миллати тоҷик мунтазам дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, вобаста ба ин сохтмон бомарому муваффақона идома дорад. 
 
 
 
 
Буризода Эмомалӣ Бозор д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ
 
Расулов Фотеҳ Мирқозиевич н.и.ҳ., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ
 
Муфассал ...

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва нақши калидии он дар таҳкими ҳокимияти судӣ

                    «Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро танҳо суде таъмин карда метавонад, ки нерӯманд ва дахлнопазир бошад».
                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон                  
       Истиқлолият, яке аз пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик, ҳастии давлат, комилҳуқуқ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро густариш медиҳад. Истиқлолият падидаи муҳими ҳуқуқӣ буда, маҳз ба туфайли он соҳибихтиёрии миллӣ, эълон гашта, шакли идораи давлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тачзияи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқу озодихои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ муайян карда мешавад.Истиқлоляти давлатӣ, ки Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 онро ба даст овард, давраи нави ташккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллиро асос бахшид.Ин давраи сифатан нави рушди қонунгузории ватанӣ буда, аз ҷумла бо пойдор намудани падидаҳои нави  судии кишвар, ки дар заминаи ҳокимияти судӣ адолатварзиро касб карданд, тобиши фарқкунанда дорад. Давлатсозии муосири тоҷик дар асоси хусусиятҳои миллӣ ва принсипҳои башарӣ бо мақсади таъмини адолати судӣ ислоҳоти куллиро дар низоми судӣ ба миён овард. Ислоҳоти конститутсионӣ такмили идоракунии давлат татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба се шоха- иҷроия, қонунгузор ва судӣ, ҷудо намуд, аз он ҷумла ҳокимияти суди, ки барои такмили низоми судӣ татбиқи принсипҳои адолати судӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.Дар асоси таѓйиротҳо ба Конститутсия ҳокимияти судӣ комилан мустақил шуда, барои татбиқи принсипи адолати судӣ, фаъолияти мустақили судҳо имконияти воқеии ҳуқуқӣ таъмин карда шуд.Ҳокимияти судӣ вазифаи ҳифз намудани ин ҳуқуқҳоро тавассути назорат бурдан, ҷорӣ намудани қонуният ҳал намудани баҳсҳо ва ба амал баровардани адолати судӣ иҷро менамояд. Боби ҳаштуми Конститутсия иборат аз нӯҳ модда пурра ба ин шохаи ҳокимият, пеш аз ҳама ба принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқии он, хусусан салоҳият ва сохтори судҳо, интихобу таъин кардан ба вазифа ва озоду бозхонди судяҳо, инчунин тарзи амалӣ намудани адолати судӣ бахшида шудааст. Муфассал ...

Таҳкими истиқлоли давлатӣ  ҳамчун стратегияи миллӣ   дар даврони ҷаҳонишавӣ

         Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни  сипаригардидаи кишварамон  воқеаҳои  сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард -  соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо 24 – август Эъломия дар бораи истиқлолиятро қабул намуд ва баъдан 9 – сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсии худро расман эълон намуд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабул намудани истиқлоли хеш ба монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гардид. Яке аз чунин монеаҳо ин ҷанги ҳамватанӣ буд, ки дар шакли дағалу яроқнок бо дахолати мухолифин ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо ба вуҷуд омад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia