casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва нақши калидии он дар таҳкими ҳокимияти судӣ

wrapper

                    «Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро танҳо суде таъмин карда метавонад, ки нерӯманд ва дахлнопазир бошад».
                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон                  
       Истиқлолият, яке аз пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик, ҳастии давлат, комилҳуқуқ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро густариш медиҳад. Истиқлолият падидаи муҳими ҳуқуқӣ буда, маҳз ба туфайли он соҳибихтиёрии миллӣ, эълон гашта, шакли идораи давлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тачзияи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқу озодихои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ муайян карда мешавад.Истиқлоляти давлатӣ, ки Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 онро ба даст овард, давраи нави ташккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллиро асос бахшид.Ин давраи сифатан нави рушди қонунгузории ватанӣ буда, аз ҷумла бо пойдор намудани падидаҳои нави  судии кишвар, ки дар заминаи ҳокимияти судӣ адолатварзиро касб карданд, тобиши фарқкунанда дорад. Давлатсозии муосири тоҷик дар асоси хусусиятҳои миллӣ ва принсипҳои башарӣ бо мақсади таъмини адолати судӣ ислоҳоти куллиро дар низоми судӣ ба миён овард. Ислоҳоти конститутсионӣ такмили идоракунии давлат татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба се шоха- иҷроия, қонунгузор ва судӣ, ҷудо намуд, аз он ҷумла ҳокимияти суди, ки барои такмили низоми судӣ татбиқи принсипҳои адолати судӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.Дар асоси таѓйиротҳо ба Конститутсия ҳокимияти судӣ комилан мустақил шуда, барои татбиқи принсипи адолати судӣ, фаъолияти мустақили судҳо имконияти воқеии ҳуқуқӣ таъмин карда шуд.Ҳокимияти судӣ вазифаи ҳифз намудани ин ҳуқуқҳоро тавассути назорат бурдан, ҷорӣ намудани қонуният ҳал намудани баҳсҳо ва ба амал баровардани адолати судӣ иҷро менамояд. Боби ҳаштуми Конститутсия иборат аз нӯҳ модда пурра ба ин шохаи ҳокимият, пеш аз ҳама ба принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқии он, хусусан салоҳият ва сохтори судҳо, интихобу таъин кардан ба вазифа ва озоду бозхонди судяҳо, инчунин тарзи амалӣ намудани адолати судӣ бахшида шудааст.
              Муҳимтарин дастоварди давлатӣ дар замони истиқлолият, бешубҳа ба роҳ мондани низоми  ягонаи ҳуқуқӣ  ва судӣ дар мамлакат ба шумор меравад, зеро маҳз тавассути сиёсати давлат дар самти низоми ҳуқуқӣ фаъолияти ҷомеа танзим мешавад.Дар Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 омадааст, ки таъмини қонуният ва адолати судӣ вазифаи асосии судяҳо аст. Дар ин раванд, мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо маъсулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисона парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намояд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо судяҳо моҳи ноябри соли 2019 вобаста ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳои  дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта ибрози андеша намуданд.      
       Яке аз дастовардҳои бузурги замони истиқлолият ин таъмин намудани шароити қонунӣ барои фаъолияти судҳо гардид, ки дар натиҷаи он судяҳо дар фаъолияти худ мустақил шуданд ва аз фишори ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ озод гардиданд. Мустақилияти судяҳо тавассути дахлнопазирии онҳо, манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолитяти онҳо ва ҷорӣ намудани ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати судҳо таъмин гардид. Судяҳо ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан ба нафақа баромаданро соҳиб шуда, дар баробари ҳамин амнияти онҳо ҳамчун вазифаи давлат дар сатҳи қонун муқаррар карда шуд. Яъне моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои он дар сатҳи конститутсионӣ дақиқ муайян карда шуданд,ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ  ҳуқуқ, озодидиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», яъне судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти ҳудро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.
          Давлат дар ҷомеаи муосир нақши ҳалкунанда дорад, зеро таъмини волоияти қонун, ҳуқуқҳои инсон ва пойдории сохти ҳуқуқии ҷомеа маҳз аз фаъолияти давлат сарчашма мегирад. Ҳуқуқҳои инсон ва талаби риояи онҳо дар санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ки нисбат ба ҳуқуқи дохилидавлатӣ афзалият доранд, мустаҳкам шуда, барои давдатҳои ҷаҳон ҳатмӣ гардиданд.Ҳамчунин таъмини ҳукуқҳои шаҳрвандон дар асоси волоияти ҳуқуқ ба роҳ монда шуда, барои шароити арзандаи зиндагӣ аз тарафи давлат амалӣ мегардад.   
     Дар баробари эълон шудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991- ум, кишвари мо ба марҳилаи  нави таърих ворид гардид. Вобаста ба ин дар ҷумҳурӣ дигаргунии ислоҳотҳои куллӣ оѓоз гардиданд, ки соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатро фаро гирифтанд.Дар ҷумҳурӣ низоми мукаммали қонунгузории судӣ таъсис дода шуд, ки бо таъсири омилҳои нави ҷаҳонишавии фазои ҳуқуқӣ мунтазам рушд менамояд. Барои бартараф кардани камбудиҳои низоми судӣ давлат амалинамоии адолати судиро доимо такмил медиҳад. Моҳияти асоии фаъолияти судиро шарҳ дода, олимон вазифаи судро ҳамчун таҳқиқ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва муқаррар намудани ҷазоро мефаҳмонад. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар самти илми ҳуқуқ ин таъмини фаъолияти ниҳодҳои судӣ мебошад.Фаъолияти судҳо дорои як қатор хусусиятҳои хос мебошад ва танҳо дар доираи қонун бо тартиби низоми қонунгузории мурофиавӣ ва аз номи давлат амалӣ мегардад.
         Мақомоти судӣ пеш аз ҳама бояд ба манфиати мардум ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи ҳар як инсон дар самти озодиҳо ва манфиатҳои инсон амал менамояд.Аз ин лиҳоз мукаммалнамоӣ ва таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ниҳодҳои судӣ минбаъд ва дар оянда хоҳад шуд.
        Таҷрибаи воқеаҳои солҳои 90-уми асри  XX дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки  ҳамкории институтҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои судӣ бо оммаи мардум барои таъмини фаъолияти муътадили ҷомеа омили муҳим мебошад.Бинобар ҳамин дар дурнамо давлат нахустин вазифаро ҳамчун тарбияи ҳуқуқии ҷомеа мегузорад, зеро ин имкон медиҳад, то ки ҷомеаро ба ҳолати муътадили ҳуқуқӣ баргардонад.
       Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки бо барҳам хурдани сохти ҳуқуқи Шуравӣ, ки характери прогрессивӣ дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин низоми ҳуқуқӣ берун нашуд ва ин интихоб пеши роҳи фасодшавии низоми ҳуқуқӣ ва бунёдгароиро дар ин соҳа пешгирӣ кард. Аз ин ру роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ба масалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.Бинобар ҳамин вазифаи ҳокимияти судӣ иҷро кардани меъёрҳои констититутсионӣ мебошад ва судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бояд мутобиқи ин ҳуҷҷати таърихӣ амал намояд. Дар ин самт вазифаи суд аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо иборат мебошад ва судҳо ҳамчун кафили ҳуқуқдории шаҳрвандон, корхонаву муассиса  фаъолият мекунанд.
        Бояд гуфт, ки дар доираи сиёсати дохилӣ, дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ ҳамчун институти муҳимтарини таълимӣ дар ҷомеа дониста мешавад. Тавассути фарҳанги ҳуқуқӣ таъмини ягонагӣ ва устувории ҷомеа, танзими муносибатҳои иштирокчиёни сиёсати давлатӣ, ҳалли оқилонаи зиддият ва муқовиматҳо,таъмини муколамаи мутамаддини шаҳрвандон ва давлат амалӣ карда мешавад.Шаҳрванд ҳамчун субъекти комилҳуқуқ, танҳо дар сурати доштани донишҳои кофӣ ва маданияти ҳуқуқӣ метавонад дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошад. Ин танҳо аз заминаҳои иқтисодӣ ба мананди кори муътадили корхонаҳои саноатӣ, афзоиши ҳаҷми маъсулот, низоми устувории пулӣ ва дигар омилҳо вобастагӣ надошта, балки фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандонро низ дар бар мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат дар тамоми зинаҳои иштирок дар мурофиаи судӣ шаҳрвандон бояд бо маҷмуи қоидаҳо ва қонунҳои ниҳодҳои судӣ шинос бошад, ки онҳо қисми фарҳанги ҳуқуқиро ташкил медиҳад.
      Ҳамин тавр, мо гуфта метавонем, ки бо шарофати Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷиқистон тавонист фаъолияти ниҳодҳои судиро дар ҳамаи зинаҳо ба роҳ монад, ки ин омили муҳими афзоиши фаъолнокии ҳуқуқии шаҳрвандон барои татбиқи адолати ҳуқуқӣ мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол имрӯз расман ва воқеан аз ҷониби аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳадафу орзуи халқи мамлакат барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи озоди шҳрвандӣ таъмини зиндагии орому осуда ва ҳамбастагӣ бо ҷомеаи мутамаддини олам мебошад.Истиқлолият, ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ доштани он аз ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла кормандони мақомоти судӣ ва прокуратура ҳисси масъулият ва фидокориро тақозо менамояд.Гуфта метавонем, ки дар низоми ҳокимияти судӣ ҳамчун ӯҳдадории асосии ҳифзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва дигар субъектон, инчунин таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ ҷойгоҳи хоса дошта, тавваҷӯҳ ба самаранокии фаъоли он ба мақсад мувофиқ мебошад.Суд ягона мақомот ва шохаи ҳокимият аст, ки кафолатҳои додаи Конститутсияро оиди ҳифзи ҳуқуқ ва озодхои инсон ва шаҳрванд дар амал ҳамарӯза таъмин менамояд.Гузашта аз он вобаста ба оне, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар меҳвари сиёсати эътирофгардидаи субъектони ҷаҳони муосир ҷойгоҳ пазируфта, ҳаёти инсониро маъно мебахшад, ки дар ин рисолати суд онро ҳамчун ниҳоди зарурӣ ва фаъол дар ин ҷода зарур мешуморад.
 
 
  Алиназарова К.Ғ ходими илмии
шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia