casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ

Воқеан ҳам соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ рисолати хеле бузургро металабад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ аз як ҷониб барои амалӣ гардонидани манфиатҳои миллӣ имконияти зарурӣ фароҳам меояд, аммо аз ҷониби дигар бори вазнини давлатдорӣ ва масъулияти тақдири ояндаи кишвар бар души миллат меафтад. Ба ҳамин хотир, ба даст овардани истиқлолият агар мушкил бошад, нигоҳ доштану ҳифз кардани он аз ин ҳам мушкилтар аст. Яъне, дар замони соҳибистиқлолӣ миллатро имтиҳонҳои сангине интизор аст. Барои мисол мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи душвори ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро паси сар намудем, ки онро муҳаққиқону донишмандони кишвар имтиҳони сангин барои миллат унвон мекунанд. Дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамин гуна мушкилиҳо зуд-зуд ба амал меоянд. Ҳарчанд 33 сол қабл истиқлолият ба даст овардаву имтиҳонҳои сангинеро паси сар намуда бошем ҳам, имрӯзҳо низ таҳдиду хатари хурофотпарастӣ, тундгароии динӣ, экстремизми сиёсӣ ва терроризми байналмилалӣ ба рукнҳои давлатдорӣ ва раванди миллатсозии кишвар таъсири манфӣ расонида истодаанд. Муфассал ...

Миллате, ки афкори халқкунанда ва озод дорад, миллати ҷовидон аст

Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҳама ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият будааст.
Гарчанде аз такутози ғосибон, ки сарзамини ин миллати соҳибқаламро ғасб карда, гӯё худро соҳиби ин сарзамин медонистанд, аммо миллати тоҷик бо қалам, бо дониш, бо хиради азалии худ бар муқобили ҳамаи яғмогариҳои ғосибони бодиянишин истодагарӣ намуда, худро аз чанги ваҳшиёни бехирад эмин доштааст.
Таърих, ин довари ҳақбину ҳақгӯ дар сафҳаҳои хеш дарҷ карда, ки миллати тоҷик ба ҳеч хоки бегона ба нияти тассаруф лашкар накашидааст. Ва агар рафта бошад ҳам, бо китобу фарҳанг рафта, на бо бедодгариву харобкорӣ. Аз ин лиҳоз, миллати тоҷик дар фузунии ганҷинаи илму дониши башарият саҳми арзандае гузоштааст. Фарзандони хирадманди тоҷик дар интелектуали мардуми сайёра нақши муассир гузоштаанд. Барои далели ин гуфторамон бас аст, ки нахустин муаллими башар-Зардуштро ёдовар шавем. Мавсуф баҳри пешрафти ҳама гуна риштаҳои фаъолияти инсон нақши назаррас дорад ва хидматҳои арзанда кардааст, зеро Зардушт оид ба ҳаёти моддиву маънавии инсоният рисолаву китобҳои судманд халқ карда, дар пешрафти зиндагии эшон таъсири амиқ гузошта, инсониятро бо таълимоти пиндору гуфтору рафтори нек чандин ҳазорсолаҳост, ки тарбия мекунад.
Имрӯз моро зарур аст, ки бетаъхир аз осору корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати худ ба тамом бархӯрдор бошем ва баҳри пешрафту такмили дониши худ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Ин ҷо арзанда аст, ки барои тақвияти гуфтаҳои боло андарзе аз бузургонамонро ба хидмати шумо, хонандагони арҷманд, бигузорем: Муфассал ...

Истиқлол ва ваҳдати миллӣ поягузори арзишҳои волотарини фарҳанги миллӣ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рушду нумӯъ кард ва барои зиндагии шоиста ва инкишофи озодонаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ баҳам омадану ҳампайванд шудан, тавофуқи ҳамдигару ба ризоияти умумӣ муваффақ гардидани миллати тоҷик мебошад. «Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».
Эътирофи сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳон чун дастоварди муҳими ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баландест ба заковати халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба фарҳанги сулҳофарии мо, ки дар хотимаи муноқишаву ҷангҳои дохилии бисёр кишвару минтақаҳо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Мухолифати тезутунди дохилиамон, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал шуд, боиси бадбахтиҳои бешуморе гардида, кинаву хусумати зиёдеро ба бор овард. Қисме аз аҳли миллатро сарсону саргардон, паҳну парешон, ғариби мулки дигарон гардонда, кишварро хароб сохт. На танҳо ҳамсоя ба ҳамсоя, балки хешу табор ба ҳамдигар бо назари шубҳа менигаристанд. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia