casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 24 сентябри 2024 Конфронси илмӣ-амалиро дар мавзӯи: «Вазъ ва тамоюли рушди фалсафаи муосири тоҷик» (дар асоси фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматуло Олимов) баргузор менамояд.
Мақсади баргузории Конфронс баррасии илмӣ-методологии масъалаҳои мубрами фалсафа дар ҷаҳони муосир мебошад.
Дар Конфронс масъалаҳои зерин баррасӣ ва муқокима мешаванд:
  1. Масъалаҳои мубрами фалсафаи ҷаҳони муосир;
  2. Ҳолат ва самтҳои эҳтимолии рушди фалсафаи муосири тоҷик
  3. Фаъолияти илмӣ-назариявии академик К.Олимов
  4. Академик К.Олимов – родмарди майдони сиёсат, фарҳанг ва тамаддун
Талаботи умумӣ ба мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда:
Ҳаҷми мақола бояд то 10 саҳифаи компютерӣ, иқтибосҳо дар охири матн оварда шаванд. Ному насаби муаллиф дар кунҷи болои тарафи рости саҳифа баъд аз номи мақола ҷойгир карда шавад. Андозаи ҳошия аз чап - 30 мм, рост – 10 мм, болоӣ – 20 мм, поёнӣ – 20 мм. Фосилаи байни сатрҳо 1. Кегл. 14. Шрифт Times New Roman (бо забонҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj (бо забони тоҷикӣ), барномаи – Word
Забони кории конфронс: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ мебошад.
Мӯҳлати ниҳоии ирсоли мақолаҳо то 20 сентябри 2024 с.
Суроѓаи электронӣ ҷиҳати қабули мақолаҳо: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Масъулони тамос: Б.Каримова, М.Шамсов
Рақами телефон барои тамос: (+992) 221-07-28
Муфассал ...

Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст  (Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бахшида ба «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ»)

 

Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, ба вижа баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҷойгоҳи хоса дорад. Ба он хотир, ки бо баҳои сазовор ва арзандаи Пешвои миллат “Маҳз омӯзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад. Пешрафти ҷомеа ва ташаккули шахсиятҳои номбардори миллат натиҷаи фаъолияти хастагинопазири омӯзгор аст”.
Махсусан, бо дастгирӣ, ҳидоятҳо ва ташаббусу роҳнамоиҳои  бевоситаи Сарвари давлат дар тӯли даврони Истиқлол маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа эълон шуда, омӯзгор ба сифати афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш манзалат пайдо кард. Ин тадбири ҳакимона андешида имкон дод, ки дар ин ҷода тағйироту дигаргуниҳои кулии бунёдӣ рух диҳанд, иншоот ва муассисаҳои таҳсилотии замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Чунки “Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Барҳақ аст, ки омӯзгорро меъмори руҳи инсон номидаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳаё созем”.  Муфассал ...

Краткое сообщение о втором томе «Сочинений» Абу Али ибн Сина (Авиценна)»

В 2005 году в честь 1025 – летия великого мыслителя Авиценны по инициативе и по поручению лидера нации, Президента РТ, уважаемого Эмомали Рахмона началось подготовка, перевод и издание сочинении Абу Али ибн Сины на таджикском и русском языках. Тогда же в 2006 году был основан Центр авиценноведения при ИФПП НАНТ на котором была возложена эта титаническая работа-сбор, перевод и издание всех доступных работ Шайхурраиса.

В 2005 году были изданы два первых тома на таджикского и русском языках с обобщающим и содержательным предисловием академика М. Диноршоева.

В втором томе включены следующие труды Ибн Сины: «Восточная философия», «Руководство по философии»,- «Родники мудрости» и трактаты «Об определения» «О любви», «Об этике», «Живой, Сын Бодрствующего», «Саламан и Абсаль», «О Птицах», «О душе» и «Комментарии к Корану» - перевод . С Сулаймонова.

В подготовке тома к изданию приняли участие Мусо Диноршоев, Таджиддин Мардони, Ибодат Хакимова и Бахтиёри Ахлиддин.

 

Рамазониён Ахтам Бобосафар - научный сотрудник Центр авиценноведения

Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia